"Что такое независимость?" на таджикском языке
Оценка 4.7

"Что такое независимость?" на таджикском языке

Оценка 4.7
Мероприятия
docx
воспитательная работа
8 кл—11 кл
02.11.2020
"Что такое независимость?" на таджикском языке
Истиклолият чист.docx

Дарси тарбиявї дар мавзўи «Истиќлолият чист?»

 

Зумратов А.Х.: Истиќлолият ифодагари рамзи саодат, озодї, худогоњиву худшиносї ва ватандорию соњибдавлатии миллати сарбаланди тољик аст. Мусаллам аст, ки дар таърих на њар халќу миллат метавонад ба ин неъмати муќаддас муваффаќ гардад. Боиси хушбахтї ва сарфарозист, ки тољикон аз шањди истиќлол бањравар гаштанд. Чист Истиќлолият?

1.Исоќов Бурњониддин:

Сарбаландиву сарфарозї ба љон,

Ќадри худ бишнохтан то љовидон.

Ќасри бунёди саодатмандї аст,

Нахли ширинмеваи пайвандї аст.

 

2.Завќова Шабнам:

Дар Бадахшони сухан лаъли Яман,

Зар шумурдан зарраи хоки Ватан.

Ишќро омехтан бо љону тан,

Аз ќафас парвоз бар сўи чаман.

 

3.Одинаев Ќадриддин:

Дар сари минбар сари нанг асту ном,

Гул шамидан аз гулистони маќом.

Бошад аз аљдоди Сосонї паём,

То њамин донед умри бардавом.

 

4.Ќурбонова Анора:

Ќуллаи умедњоро сохтан,

Парчами фахру фарањ афрохтан.

Най ба таъми найшакар бинвохтан,

Деви навмеди ба чоњ андохтан.

 

5.Одинаев Умарљон:

Пайки бахту муждаи озодї аст,

Дар Ватан сарманшаи ободї аст.

Мањви чуѓзи ѓам зи тири шодї аст,

Ишќи Ширин дили Фарњодї аст.

 

6.Сайдалиева Лола:

Дидаву дилро зиё бахшидан аст,

Бар ятиме муттако бахшидан аст.

Бенавоеро наво бахшидан аст,

Интињоро ибтидо бахшидан аст.

 

7.Ќодиров Шањбоз:

Рањ кушудан дар дили кўњи Ватан,

Роњ паймудан ба сўи анљуман.

Боѓи умедест дар дашту даман,

Тоби хуршедест андар љони ман.

 

8.Халифаева Сабрина:

Бар Ватангумкардакон огоњї аст,

Шањсутуни бахту тахти шоњї аст.

Ибрате аз мењру обу моњї аст,

Дар ватандорї муњаббатхоњї аст.

 

9.Сайфуллоева Ганљина:

Мояи эњсосу дарки ифтихор,

Дар дили фасли хазон пайки бањор.

Иттињодеро намудан устувор

Бошад ин армони ќавми тољдор.

 

10.Собирова Сарвиноз:

Муњри мањтоб аст аз сандуќи шаб,

Номаи муњрест аз асли насаб.

Ояти шукрона пиндораш ба лаб,

Вањдати моро њамин бошад сабаб.

 

11.Болтаева Манижа. Истиќлолият - худшиносии миллї ва ифтихори ватандорї мебошад.

 

12.Раљабов Авазбек. Истиќлолият - волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тољдори тољик аст.

 

13.Њомидов Фаромўз. Истиќлолият - ин дўст доштани ватан, модар, забон, таърих ва арзишњои фарњангї мебошад.

 

14.Негматов Суннатљон. Истиќлолият - ин ягонагї ва њукмравоии њокимияти давлатї мебошад.

 

15.Дадабоева Мењрона. Истиќлолият - шиносномаи њастии давлат, комилњуќуќї ва сохибихтиёрї, низоми давлатдорї ва бузургии миллат аст.

 

16.Садуллоев Исмоил. Истиќлолият - ин соњибихтиёрии давлат дар муносибатњои хориљї мебошад.

 

17.Фозилова Умеда. Истиќлолият - ин шиносномаи њастии давлати комилњуќуќ мебошад.

 

18.Нозимова Шањзода. Истиќлолият - ин нишони барљастаи пойдории давлат, бањои симои миллат, рамзи асолату њувият, мазњари идеалу ормонњои таърихї, шиносномаи байналмилалї ва шарафу эътибори ба љањони мутамаддин пайвастани кишвари соњибистиќлоли Тољикистон мебошад.

 

19.Раљабов Алиакбар. Истиклолият - ин арзиши олї доштани инсон, њуќуќ ва озодињои ў мебошад.

 

20.Рафиева Муниса. Истиќлолият - ин дахлнопазирии њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон мебошад.

 

21.Ањроров Ањмадљон.

Бод Истиќлол љовид, дар фазои Тољикистон,

Дар дили ман дар дилу ту, њамватан, чун ишќу дармон.

Сози Истиќлол эъљоз аст, миллати мо бас сарфароз аст,

Кафтари умеди зебояш, дар фазои сабзи парвоз аст.

 

22.Сафарова Сабрина.

Хандаи хуршеди Истиќлол, файз мерезад ба љони мо,

Зиндаву поянда медорад, парчами сабзу забони мо.

Илму фарњанг аст Истиќлол, тахти авранг аст Истиќлол,

Њамватан, бањри ману ту, парчами нанг аст Истиќлол.

 

23.Давлатов Шоњрух. Истиќлолият - таъмини волоияти ќонун ва тартиботи њуќуќї мебошад.

 

24.Ѓалатова Сафина. Истиќлолият - ин тантанаи сулњ дар Тољикистон аст.

 

25.Шарипов Хайриддин. Истиќлолият - ин њувияти миллї ва њидоят ба вањдат мебошад.

 

26.Хазирова Фариза. Истиќлолият - ин арљ гузоштан ба муњимтарин муќаддасот ва арзишњои аљдодї мебошад.

 

27.Сайдалиева Лола. Истиќлолият - ин неъмати бебањои таќдири миллат мебошад.

 

28.Валиев Саъдї. Истиќлолият - ин оѓози сиёсати созандагї ва бунёдкорона мебошад.

 

29.Саъдиев Хуршед. Истиќлолият - ин садоќат ба Ватан ва мењнати софдилона ба нафъи љамъият мебошад.

 

30.Шарипов Муњаммадљон. Истиќлолият - ин якпорчагии мамлакат, худогоњиву худшиносї дар љомеа мебошад.

 

31.Сайфуллоева Ганљина. Истиќлолият - ин љидду љањд ва талоши њар як фарди баору номус барои ободии Ватан ва осудагии мардум аст.

 

32.Довудов Тољиддин:

Роњ ба сўи нури хуршед аст, Истиќлол,

Саргањи дарёи умед аст, Истиќлол.

Миллати ойинадил, ойинаандешам,

Мазњари пояндаи дид аст, Истиќлол.

 

33.Сулаймонова Гулнора:

Суннати љамшедиям аз Ориё боќист,

Ёдгори Тахти Љамшед аст, Истиќлол.

Бо таманнои висолат зиндагї кардем.

Бо ту њар як рўзи мо ид аст, Истиќлол.

 

34.Шарипов Шомилљон:

Дар диёре, ки хирад оњанги бедорист,

Шоми моро субњи умед аст, Истиќлол.

Лаззати вањдат бувад дар дўстї моро,

Дар Хуросон шеъри тавњид аст, Истиќлол.

 

35.Нозирљонзода Нурафрўз:

Инак, аз чашмони бинои Ватан хонам:

Сўи фардо роњи испед аст, Истиќлол,

Эй хушо, дар љону дар чашмони њар тољик,

Гавњари мењри ту љовид аст, Истиќлол.

Зодрўзамро зи ёди хештан бурдам,

Шодбоши рўзи тавлид аст, Истиќлол.

 

36.Болтаева Манижа. Гўянд, ки ѓариби беватан булбули дур аз чаманро монад. Ман булбуле чунин будан намехоњам. Мехоњам њамеша дар оѓуши мењанам бизиям. Мехоњам њамеша дил бо номи Ватан битапад, бишкуфад. Мехоњам тамоми умр ин мисраи пурифтихори устод Турсунзода дар забон дошта бошам: «Њамеша бо Ватан будам, њамеша бо Ватан масрур».

 

37.Алиева Рисолат. Аз њавои софу беѓубори Ватан нафас мекашам. Аз табиати зебоманзараш  њаловат мебарам. Аз чашмањои мусаффояш ташнагї мешиканам... Ягонаву мањбуби манї, эй Ватан, эй сарзамини камзамини нозанини ман!

 

38.Ањмадљони Сабурљон. Субњ дамид. Дар кўчањои серодам ќадам мегузорам, суруди муњаббат ба забон дорам. Шукргузорам, ки соњибистиќлолї, Ватанам! Њар нафас аз Худои бузург  пойдории осмони софу беѓуборатро таманно дорам. Ифтихормандам, ки як зарраи туям, Тољикистони азиз, зодбуми бињиштосои ман!

 

39.Одинаев Ќадриддин. Лаб-лаби соњили дарё по мегузорам. Мављаш тарона мехонад, шамоли фораму рўњнавоз мевазад, парандагон месароянд. Гумонам, табиат истиќлолро ситоиш мекунад, истиќлолеро, ки беназир асту безавол.

 

40.Одинаев Умарљон. Њар гоње ки дар сафарам, аз дурии Ватан мањзун мешавам. Хаёлам њамеша банди оби зулоли чашмањояш, кўњњои осмонбўсаш ва њавои форамаш аст. Мехоњам бол кушоям ва ба парвоз ояму ба канори Ватан бирасам ва рўи хоки он зону занаму аз рухсораи покаш батакрор бибўсам.

 

41.Одинаев Абубакр. Ватан! Мисли модар ягонаї, мисли модар мењрубонї, мисли модар љонпарварї! Бигузор, дар оѓўшат ба воя расам, комронї кунам. Нахоњам ранги зардат бубинам, нахоњам ѓамат дарёбам. Аз бароям ягонаї, бебањої, Мењани љоно-љони манї!

 

42.Довудов Сорбон:

Њумоюн бод истиќлоли тољик,

Дили аз фахр моломоли тољик.

Паёми сабз орад кафтари ишќ,

Ба гўши миллати хушфоли точик.

 

43.Мирзозода Шоњина:

Љањони тољикон шуд ранг дар ранг,

Хуљаста мешавад иќболи тољик.

Тулўи тозааш омад дубора,

Зи баъди Оли Сомон, Оли тољик.

 

44.Одинаев Умарљон:

Рањи фардои миллат гашт пурнур,

Зи файзи хандаи атфоли тољик.

Ватандоро! Ватанро дўст медор,

Ватандорї бувад омоли тољик.

 

45.Халифаева Сабрина:

Ба Љоми Љам биёвар бодаи мењр,

Ки дар вањдат бувад иќболи тољик.

Куњансолу куњанаљдоди дањрем,

Набошад миллате амсоли тољик.

 

46.Одинаев Абубакр:

Љањон донад, ки аз рўзи азал буд,

Самарќанду Бухоро моли тољик.

Ба сар бояд давидан, эй азизон,

Ба побўсии Истиќлоли тољик.

 

47.Убайдуллозода Њољиёќуб. Тољикистон! Истиќлолият бароят неъмати зиёд овард, њарчанд ба ивазаш нархи гарон додї. Шањидоне, ки љоннисориат карданд, умеди ояндаи шукуфоятро доштанд. Њама мардони бонангу номуси Ватан буданд. Таърих он рўзњову он фидокоронро њаргиз фаромўш нахоњад кард. Шараф ба фарзандони истиќлоловарат, Тољикистон!

 

48.Довудов Тољиддин. Ман њамешавожаи Ватан сари забон дорам. Саропоям саршор аз ифтихори Ватан аст. Мехоњам ба ќуллаи баландтарин барояму аз самими дил фарёд бизанам: - Ту ягонаи манї, Тољикистони хуршедии соњибистиќлол!

 

49.Собирова Сарвиноз. Бонувон ба фарорасии истиќлолият бештару амиќтар дарк намудаанд, ки духтари тољикистонї мањбуби њамагон аст, њунарманд аст, беназир аст. Эй Тољикистони соњибихтиёр, бонувони канори ту ба корсозињову комёбињо омодаанд. Омодаанд, дар партави парчами нурафшонат аз минбарњои баланд сухан гўянд, аз соњибистиќлолият њарф зананд. Эњдогари хушбахтии бонувонї, Тољикистони мањбуб!

 

50.Шарипов Шомилљон. Ватан! Чї вожаи гуворову дилрабої. Мењру муњаббати ман ба Ватани азиз сол то сол афзун мегардад. Ман ќатъан бовар дорам, ки Ватани мо бењамтост. Ман бовар дорам, ки фардои кишварам шукуфотар аст. Ва ин њама боварї бояд нерубахш бувад.

 

51.Ќурбонова Анора. Боз дар сафарам. Мањзун аз дури садоят, аз њасрати њавоят. Њама чиз бо ман аст, вале бе Ватан  њама чиз ба назар њељ аст. Чашмонам пайваста манзарањои зебои табиати Ватанро мељўянд. Куљої, то маро таскин бубахшї, эй Ватани беназиру дилпазирам, Тољикистони нозанинам?!

 

52.Мусоева Мањваш. Бароям бењтарин сухан Ватан аст. Рењлати нобањангоми модар маро бо Ватан бештар пайванд сохт. Мењраш дар ќалбам боз њам афзуд Ватан ва Модар ду шохаи як буттаи гуланд. Њељ чизеву неруе љойгузини эшон буда наметавонад. Бењуда Ватан-Модар нагуфтаанд бузургон.

 

53.Нозирзљонзода Нурафрўз. Истиќлолият барои Ватанам ганљи бебањост. Муборак бошадат, эй Тољикистон, соњибихтиёрию баркамолї. Муборак ин њама ободиву бунёдкорї, ки бо мењнати пурсамари халќи азияткашидаат ба даст овардї. Ватани азизу мањбубам, Тољикистон, дигар њаргиз дарду доѓатро набинам!

 

54.Убайдуллозода Њољиёќуб:

Нурест ба дидагони мо, Истиќлол,

Зўре ба тану равони мо, Истиќлол.

Як миллати пошхўрдаро љамъ овард,

Пайвандгари љањони мо, Истиќлол.

 

55.Хазирова Фариза:

Бо пайки хушаш њама ватансоз шудем,

Ному насабу забони мо, Истиќлол.

Соњибватанему соњиби ќисмати хеш,

Муъљизаи шаъну шони мо, Истиќлол.

 

56.Исоќов Бурњониддин:

Равшан шудааз чароѓи чашмаш рањи мо,

Моњест дар осмони мо, Истиќлол.

Эй њамќалами азиз, васфаш бисаро,

Зебоии достони мо, Истиќлол.

 

57.Фозилова Умеда:

Шукрона, ки дар канори ў масрурем,

Ободии хонадони мо, Истиќлол.

Шањномаву Шањриёру Шањрия турост,

Тољи шарафу нишони мо, Истиќлол.

 

58.Сафарова Сабрина. Дар 29-умин солгарди истиќлолиятат, Тољикистони азизам, чун љавони 29-сола ќадам мегузорї! Сарбаландиву дар њама соња рушд дорї. Аз минбарњои баланд Пешвои арљманду хирадоинат муаррифиат кардааст. Моро љањониён шинохтаанд, эй Ватанам! Шинохтанду эътироф намуданд. Фархунда бош, Ватани беамсоли мо!

 

59.Мусоева Мањваш. 29 ќадами устувор тавонист натанњо ќомат рост кунад, балки дар љањон машњурат кунад, Тољикистони ман! Эй кишвари куњанбунёду аљдоди мо! Ба љуз ту сарвате надорем дар ин љањони пурсарват. Шиори њар яки мо инчунин бувад: «дигар сарват нахоњам, сарвати ман Тољикистон аст!»

 

60.Дайхудоев Сорбон. Осмони софу беѓуборат, вањдати нерўмандат моро аз он ки чунин Ватан дорам, бештар ифтихорманд мекунад. Кўр бод чашми биное, ки шукуфоии туро нодида мегирад. Вањдату ягонагии тољикон поянда бод! Љуз ин дуо дигар њарфе ба забон надорам ман.

 

61.Муњаммади Бахтиёрзода. Истиќлолият вожаи пурсурур аст. Бо шунидани он садои обшорон ба гўш мерасад, ќуллањои сар ба фалак пеши назар љилвагар, манзарањои марѓубу дилошўб њувайдо мегарданд. Истиќболи солгарди Истиќлол ба мардум фарањи тоза мебахшад.

 

62.Кенљаева Шарифамоњ. Бароят љони худ бубахшам, бароят тамоми њастии худ бубахшам, Тољикистон! Шукр гўям, ки ту бо ман њастию ман бо туям, Ватан! Бароям беназириву бењамтої, гулбезу гулрезу гулафшонї, буду набуди манї, Тољикистон!

 

63.Муњаммади Бахтиёрзода:

Месароям маснади волои Истиќлол,

Медамад хуршед аз фардои Истиќлол.

Зери бори минати ѓайре будан талх аст,

Коми мо ширин шуд аз њалвои Истиќлол.

 

64.Завќова Шабнам:

Њафт шањри ишќро Аттор гашту лек,

Аз љањони ишќ буд љўёи Истиќлол.

Пири Тусї кард эњё то Хуросонам,

Шоњнома худ бувад эњёи Истиќлол.

 

65.Ќодиров Шањбоз:

Миллати мо зист бо фарњанги андеша,

То музаффар гашт дар дунёи Истиќлол.

Ќисса шуд шеъру забони шакарї моро,

Шеъри мо дорад њама маънои Истиќлол.

 

66.Алиева Рисолат:

Сурањои ишќ орам ман ба номаш беш,

Оят-оят мекунам ифшои Истиќлол.

Њамватан! Ай љони ман, дасто ба даст имрўз,

Саљда бояд кард хоки пои Истиќлол.

 

Омўзгор:  Мегўянд, Тољикистон хонаи умеди тољикон аст. Ин хона ободу файзбор бод мудом! Умеди њар тољикистонї Ватану хонаи ободу дастархони пурфайз аст. Умедворе  њаргиз ноумед мабод! Зинда бод њар диле, ки саршор аз умеду муњаббат аст! Муњаббат ба Ватан, ба халќи мањбуби хеш.  

 

 

 

 

 

 


 

Дарси тарбиявї дар мавзўи «Истиќлолият чист?»

Дарси тарбиявї дар мавзўи «Истиќлолият чист?»

Интињоро ибтидо бахшидан аст. 7

Интињоро ибтидо бахшидан аст. 7

Садуллоев Исмоил. Истиќлолият - ин соњибихтиёрии давлат дар муносибатњои хориљї мебошад

Садуллоев Исмоил. Истиќлолият - ин соњибихтиёрии давлат дар муносибатњои хориљї мебошад

Сайдалиева Лола. Истиќлолият - ин неъмати бебањои таќдири миллат мебошад

Сайдалиева Лола. Истиќлолият - ин неъмати бебањои таќдири миллат мебошад

Болтаева Манижа. Гўянд, ки ѓариби беватан булбули дур аз чаманро монад

Болтаева Манижа. Гўянд, ки ѓариби беватан булбули дур аз чаманро монад

Хуљаста мешавад иќболи тољик.

Хуљаста мешавад иќболи тољик.

Шарипов Шомилљон. Ватан! Чї вожаи гуворову дилрабої

Шарипов Шомилљон. Ватан! Чї вожаи гуворову дилрабої

Фозилова Умеда: Шукрона, ки дар канори ў масрурем,

Фозилова Умеда: Шукрона, ки дар канори ў масрурем,

Завќова Шабнам: Њафт шањри ишќро

Завќова Шабнам: Њафт шањри ишќро
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
02.11.2020