Сарчашмањои ифлосшавии об
Об яке аз муњимтарин сарватњои табиат буда, мављудияти он њам барои организмњои зинда ва њам барои кори истењсолот бисёр зарур аст. Об сарчашмаи асосии истеъмоли организмњои зинда мебошад. Об ба њайси омили экологї љои зист ё муњити зисти организмњо гуногун буда, барои обёрии заминњо, истгоњњои барќї, тараќиёти истењсолот корбаст мешавад. Дарёњо, кўлњо, бањрњо ва уќёнусњо ба сифати роњи наќлиёти арзон мавриди истифода ќарор мегиранд.
Обро пеш аз њама барои обёрии заминњои обї (корам) ба кор мебаранд. Бе истифодаи об ба даст овардани њосили пахта, шолї ва картошка имконпазир аст. Барои њосили 1 тонна пахта 4-5 хазор м3 ва 1 тонна шолї 8 њазор м3 об лозим аст.
Об њаматарафа дар саноати металлгудозии сиёњ, химия, нефту химия ва селлюлоза истифода мешавад. Масалан барои истењсоли 1 тонна пулод 115 м3, 1 тонна мис 500 м3, нурињои маъданию нитрогенї 350-400 м3 ва каучуки сунъї 200 м3 об истифода бурда мешавад.
Тоза кардани об маблаѓи зиёдеро талаб мекунад ва усулњои тозакунии он низ гуногун мебошад.
Сарчашмањои ифлоскунанда |
Партови хориљшаванда |
Дар 1 литр об ба њисоби грамм |
Таъсир ба организмњои зинда (мохињо) |
Муддати фавти мохињо |
Заводњои химиявї ва газ |
Хлориди аммоний |
0,7 |
Карпи хурд |
1 соат |
Фабрикаи бофандагї |
Хлор |
0,005 |
Гулмоњї |
3 соат |
Заводи собунпазї |
Ишќор |
0,096 |
Карп |
10 даќиќа |
Саноати маъдантозакунї |
Сурб |
0,0005 |
Мохињои гуногун |
5-10 даќиќа |
Истењсоли кокс |
Сианиди калий |
0,0005 |
Гулмоњї |
15 даќиќа |
Корхонањои нафттозакунї |
Нефт ва ѓайра |
0,003 |
Мохињои гуногун |
30-35 даќиќа |
Корхонањои намакњосилкунї |
Мањсули намакоб |
то 220 |
Мохињои обњои ширин |
15-20 даќиќа |
Њаллу фасли ин масъалањо барои истифодаи комплексї, барќарорсозї ва танзими ањамияти калон доранд. Омўхтани ин далелу раќамњо љойгир шудани муассисањои саноатиро аз рўи њисобњои дурусти иќтисодї метавонад ба роњ монад.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.