МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИЯ И НАУКИ РЕСПУБЛИКИ КАЗАХСТАН
НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ ОБРАЗОВАНИЯ ИМ.И.АЛТЫНСАРИНА
ТАДЖИКСКИЙ ЯЗЫК
учебная программа
для 5-9- классов уровня основного среднего образования
Астана
Утверждена приказом Министра образования и науки Республики Казахстан от 3 апреля 2013 года №115.
Зарегистрирована в Министерстве юстиции Республики Казахстан №8424 от 10 апреля 2013 года.
Таджикский язык: Учебная программа для 5-9 классов уровня основного среднего образования. – Астана: НАО им. И.Алтынсарина, 2013. – 19 с.
© Национальная академия образования
им. И.Алтынсарина 2013
Приложение 55
к приказу Министра образования
и науки Республики Казахстан
от 3 апреля 2013 года № 115
Типовая учебная программа по предмету «Таджикский язык»
для 5-9- классов уровня основного среднего образования
1. Тавзеҳот
1. Мувофиқи стандарти умумитаълимии давлатӣ, ки бо қарори тасдиқшудаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 23 августи соли 2012 №1080, барномаи музкур дар асоси принсипҳои инкишоф ва таълиму тарбия, давомоти муттасилӣ сохта шудааст. Забони тоҷикӣ дар миқёси ҷаҳон аз забонҳои бой ва таърихи қадимидошта мансуб меёбад. Мо ворисон, маҳз тавассути он аз таъриху маданияти ғаниву рангини гузаштагонамон огоҳӣ ёфта, имрӯз бо ҳамин забон баҳри рушду нумӯъ ва пешбурди тамоми фаъолияти ҷамъиятиву иҷтимоии дар ҷумҳуриамон мавҷуда талош меварзем. Аз ин рӯ, дар мактаб ба таълими забони тоҷикӣ, ҳамчун ба таълими яке аз фанҳои воломақом, бояд бештару беҳтар эътибор дода шавад.
2. Баҳри ноил гардидан ба ҳамин мақсаду вазифаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаб барномаи мазкур на танҳо бо назардошти принсипҳои илмиву пайдарҳамӣ ва фаҳмо будани маводи таълим, ҳамчунин бо риояи талаботи педагогӣ ва равоншиносиву методӣ, ки дар маҷмӯъ принсипи аз осон ба душвор гузаштанро таъмин месозанд, мураттаб гардидааст. Аз ин ҷиҳат, барнома дорои маводе мебошад, ки он мутобиқи вазифаи омӯзиши мафҳумҳои забон доир ба фаслу кисматҳои таркибии фонетика, калима (луғат), калимасозӣ, морфология, синтаксис, услуб (тарзи баён), имло, аломатҳои китобат ва боз дигар нуқтаҳо дар тафаккуру фаъолияти хонандагон созмондиҳандаи меъёрҳои забони адабии имрӯзаи тоҷик пешниҳод гаштааст.
3. Дар системаи таълим ва омӯзонидани мавзӯъҳои таркибии фаслу бобҳо, пеш аз ҳама синтаксис(бештар) ва баъзан дар омӯзиши мавзӯъҳои таркибии фонетика, морфология дар барнома ба тариқи таҷриба (эксперимент) баъзе дигаргуниҳо ворид карда шавад, ки муҳимтаринашон инҳоанд:
1) Маьлум, ки синтаксис илм дар бораи ибора ва ҷумла аст. Аммо дар қиёс бо ҷумла дар барномаҳои пешин доир ба ибора басо маълумоти маҳдуд додан талаб карда мешуд, ҳол он ки мувофиқи ақидаи баьзе аз олимону методистони машҳур, таълими муфассали ибора дар мактаб боиси аз тарафи хонандагон беҳтар аз худ намудани чандин мавзӯъҳои синтаксиси ҷумлаҳои содда ва мураккаб мегардад. Ана ҳамин муҳимиятро ба эътибор гирифта, дар барномаи синфи VIII марбут ба фасли «Ибора ва ҷумла» таълим додани масъалаҳои алоқаи калимаҳо дар ибора, маънои луғавӣ ва грамматикии ибора низ таъкид карда шуд;
2) Таълим додани ҷумлаи пайрави мубтадо ва хабар дар синфн IX пас аз таълими ҷумлаи пайрави муайянкунанда, яъне пеш аз таълими ҷумлаҳои пайрави ҳол мувофиқтар дониста шуд. Зеро, чунон ки таҷрибаи омӯзгорон нишон медиҳад, дар рафти омӯзиши ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аввал таълим додани ҷумлаҳои пайрави мубтадо ва хабар аксари мавридҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Азхудкунии ин мавзӯъҳо басе душвор буда, ҳамчунин истеъдодашон низ дар забони адабии тоҷик нисбат ба хелҳои дигари ҷумлаҳои пайрав, хусусан, нисбат ба ҷумлаҳои пайрави пуркунандаву муайянкунанда камтар аст;
3) Дар бобати ҷо ба ҷо гузоштани мавзӯъҳои таркибии бобҳои «Исм», «Зарф», дар қисмати синтаксис доир ба тартиби омӯзиши хелҳои ҳол ва ҷумлаҳои пайрави ҳол тағйирот ворид карда шуд, ки он низом дар рафти таълим бояд риоя карда шавад;
4) Дар синфи VI таълим додани мавзӯи «Феъли ҳол», ҳамчун яке аз қисматхои мураккаби боби «Феъл», пас аз фасли «Сифати феълӣ» низ муносиб дониста шуд, ки дар як фосилаи наздик ва дар муқоиса бо сифати феълӣ таълим додани он низ мантиқан ҷавобгӯи талабот хоҳад буд ва ғайра.
4. Дар барномаи ҳар синф - аз синфи V то IX - пеш аз такрори солона таҳти унвони «Нутқи мураттаб» фасли махсус пешниҳод мешавад. Албатта, номгӯи мавзӯъҳои дар ин фасл зикршуда, дар асл, намунавӣ буда, маҳз мутобиқи он кор бурдани омӯзгорон талаб карда намешавад. Дар интихоби мавзӯъҳои таълимии марбут ба нутқи мураттаб муаллим озод аст, вале дар назар бояд дошт, ки мавзӯъҳои интихобнамудаи ӯ ба ин ё он услуби нутқ мувофиқат кунад. Дар баробари ин, бояд донист, ки мавзӯъҳои фасли мазкур («Нутқи мураттаб») чун мавзӯъҳои таркибии боби «Исм» ё «Феъл» на пай дар пай, балки дар давоми соли таҳсил вобаста ба миқдори соати ба он муқарраркардаи барнома алоқамандона бо омӯзиши ин ё он боб таълим дода мешаванд. Чунончи, дар як соли таҳсил, дар барномаи синфи V ба таълими фасли мазкур - «Нутқи мураттаб» ва дар синфи VI - пешниҳод гардидааст, ки аз рӯи чунин миқдори соатҳо дар синфи V дар ҳар ду ҳафта ва дар синфи VI дар якуним ҳафта як соат таълим додани дарсҳои ба ном «Инкишофи нутқи мураттаб» рост меояд.
5. Маводи забони тоҷикӣ дар синфҳо ба тариқи зерин гурӯҳбандӣ карда шудааст. Дар синфхои V - VII фонетика, калима (луғат), калимасозӣ, морфология ва имло таълим дода мешавад. Дар синфҳои VIII- IX бошад, таълими муттасил ва ё пайдарпайи синтаксис дар ҳадди назар мебошад. Аммо роҷеъ ба синтаксис дар синфи V таълими курси муқаддимавии он бо номи «Синтаксис ва аломатҳои китобат» пешниҳод гардидааст, ки ин амал мақсаднок буда, минбаъд имконияти дар заминаи донишҳои аввалини синтаксисӣ таълим додани морфологияро таъмин месозад. Ин нуқта яке аз талаботи мубрами принсипи умумидидактикии таълим - алоқаи байни қисмҳои гуногуни забон ва методикаи забони тоҷикӣ дониста мешавад.
6. Дар барномаи ҳар синф аз хелҳои дарси такрор (такрори аввали сол, такрори ҷорӣ, такрори боб ва такрори солона) доир ба такрори аввали сол ва такрори солона вақт ҷудо карда шудааст. Вале соатҳои барои такрори ин ё он боб ва соатҳо барои корҳои хаттии санҷишӣ (диктанти санҷишӣ, нақли хаттӣ ва ғайра) маҳз аз ҳисоби соатҳои барои таълими ин ё он боби омӯхташаванда ҷудо карда мешаванд, на аз ҳисоби соатҳои такрори солона. Соатҳои барои такрори солона муқарраршуда бояд танҳо дар охири соли таҳсил (моҳи май) бо мақсади ҷамъбасту мустаҳкам намудани донишҳои хонандагон ва барои ба имтиҳони хатмкуниву азсинфбасинфгузаронӣ омода намудани хонандагони синф истифода карда шавад.
7. Дар аввали барномаи ҳар синф миқдори умумии соатҳои таълимӣ, дар синфҳои V - IX 102-соатӣ муқаррар карда шудааст. Ҳамчунин барои як андоза осон намудани кори муаллимон ин микдори соатҳо ба фаслу бобҳо низ тақсим карда шуда бошад ҳам, чунин тақсимот нисбист. Дар ин бобат муаллимон мохияти масъаларо ба ҳисоб гирифта, миқдори соатҳои фаслу бобҳоро метавонанд каму зиёд кунанд.
8. Ҳаминро ҳам бояд дар назар дошт, ки дар мактаб омӯзиши ҳар як фасли забони тоҷикӣ, ҳатто таълими ҳар як мавзӯи таркибии он фаслҳо ба инкишофи тафаккур ва нутқи хонандагон бояд мусоидат намояд. Ин нуқта - инкишофи тафаккур ва нутқи хонандагон дар мавридҳои зерин амалӣ хоҳад гашт:
1) агар ба хонандагон дар ҷараёни омӯзиши забони адабии тоҷик тарзи талаффуз, меъёру роҳҳои калимасозӣ, ибораю ҷумласозӣ ва амсоли ин дуруст ёд дода шавад, то ки онҳо аз истифодаи калимаҳои шевагӣ худдорӣ намоянд;
2) агар омӯзгорон ба ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва сохти грамматикии нутқи хонандагон муваффақ шуда тавонанд. Дар ин бобат шарти асоси ин аст, ки агар омӯзгорони ҳамаи фанҳо дар рафти таълим ба ин масъала низ эътибори ҷиддӣ диҳанд;
3) Агар ба воситаи иҷрои машқҳо - матнҳо ва нақлу иншоҳои гуногуни таълим маҳорат ва малакаи нутки мураттаб (чӣ шифоҳӣ ва чӣ таҳрирӣ) дар хонандагон ташаккул дода шавад. Дар ин ҷо хониши ифоданок ҷузъи доимӣ ва воситаи ҳатмии инкишофи нутқ буда, он барои фарқ кардани овозҳо дар нутқ, талаффузи саҳеҳу буррои онҳо, фарқ кардани ҳиҷои заданок, задаи мантиқӣ, муайян кардани ҳудуди ҷумлаҳо ва хусусиятҳои дигари онҳо низ мусоидат менамояд.
9. Дар рафти таълими ҳар фасл робитаи байни фанҳо ҳама вақт дар мадди назар дошта мешавад. Одатан, дар охири мавзӯъҳои таьлимии ҳар фасли дар ин ё он синф омӯхташаванда пас аз сархати дуввуми римӣ, ки корҳои амалиро дар бар мегирад, дар робита бо кадом фанҳо таълим додани он фасл махсус таъкид карда мешавад. Аммо дар ин барнома чунин амал махсус пеш гирифта нашуд. Зеро омӯзгорон аз курси методикаи таълими ихтисос медонанд, ки дар ҳар дарси забон, пеш аз ҳама, маводи дарсҳои адабиёт истифода бурда мешавад. Яъне дар ҳар дарс робитаи фанни забон бо адабиёти тоҷик риоя мегардад. Дар мавридҳои дигар вобаста ба хусусияти мавзӯи таълим фанни забон бо фанҳои таърих, ҷуғрофия, риёзӣ, санъати тасвирӣ ва ҳатто бо забонҳои дигар алоқаманд карда мешавад. Робитаи фанҳо чунон барқарор гардад, ки аз натиҷааш хонандагон баҳрае бигиранд.
10. Дар маҷмӯъ омӯзиши курси пайдарҳами забони тоҷикӣ дар синфи IX хотима меёбад. Дар ин муддат чунин хонандагоне ба воя расонида шаванд, ки дорои дониш ва хату саводи комил буда, дар оянда тавонанд, ки мустақилона донишашонро роҷеъ ба забон такмилу равнақ диҳанд.
11. Мақсад аз омӯзиши фанни забони тоҷикӣ: мақсад ва вазифаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаб ин аст, ки хонандагонро: ба фаҳмиши асолати забон ҳидоят намуда, дар бораи забони адабии ҳозираи тоҷик маълумоти қонеъкунанда диҳад; маҳорату малакаи дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ва ҳаёти ҷамъиятӣ моҳирона истифода бурдани он донишҳоро (чӣ дар нутқи шифоҳӣ ва чӣ хаттӣ) омӯзанд; ба мустақилона дониш андӯхтан ва мунтазам такмил додани нутқи хеш ҳидоят намояд; донишҳои доир ба имло ва аломатҳои китобат гирифтаи хонандагонро ба низом дароварда, дар ин бобат маҳорату малакаи онҳоро таҳким бахшад.
12. Вазифаҳои таълими забони тоҷикӣ:
1) дарки ҷиҳатҳои ҷамъиятӣ - иҷтимоии забон;
2) омӯзиши робитаи байни забонҳо;
3) шиносоӣ бо воҳидҳои забон ва дараҷаҳои онҳо;
4) аҳамияти забон дар сохтани матн;
5) истифодабарии забони адабӣ дар матнсозӣ;
6) дарк кардани тафовути байни забони адабӣ ва забони гуфтугӯӣ;
7) маълумот дар бораи овоз, калима, ҷумла ва матн;
8) ташаккулдиҳии фикри мантиқии хонандагон;
9) баланд бардоштани саводнокӣ ва забондонии хонандагон;
10) азхудкунии меъёрҳои забони адабӣ;
11) дарк кардани робита ва одоби муошират;
12) истифода намудани ҷиҳатҳои эстетикии забон;
13) роҳнамоӣ кардан ба ҷустуҷӯи эҷодии хонандагон;
14) кори мустақилона бо матн.
13. Бо воситаи забонҳои гуногун ва адабиётҳо: адабиёти тоҷик, забони қазоқӣ, адабиёти қазоқӣ, забони русӣ, адабиёти русӣ, забони хориҷӣ алоқамандии зич дорад. Дар забони тоҷикӣ мисли фанҳои номбаршуда терминҳо (фонетика, лексика, морфология, синтаксис, услуб ва грамматика) якранг омӯзонида мешавад.
14. Бо воситаи адабиёти тоҷик – Забони тоҷикӣ бо адабиёт вобастагӣ дорад. Забон – сарчашмаи адабиёт. Асарҳои бадеӣ ва дилхоҳ маҳсули эҷодӣ дар ҷараёни омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамчун маводи гаронбаҳо ба ҳисоб меравад. Дар рафти омӯзиши асари бадеӣ бояд услуби эҷодии муаллифро муайян кардан лозим. Ба воситаи таълими асарҳои бадеӣ ба ҳиссиёти ботинию зоҳирии хонандагон тарбияи эститикӣ бахшидан. Тавассути таҳлили асарҳои адабӣ ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ:
1) бо воситаи таърихи Қазоқистон: Алоқамандии таърихи Қазоқистон забонро ҳамчун боигарии миллӣ шинохтани хонандагон имконият медиҳад. Алоқамандии таърих ва забон барои асоснок ифода намудани ҷаҳонбинии миллӣ ва захираи илмӣ хизмат мекунад. Аз сабаби робитаи зич доштани таърих ва забон хонандагон аз далелҳои таърихӣ истифода бурда таърихи пайдо шудани забонро омӯхта метавонанд, ки дар натиҷа ба фикру мулоҳизаҳои шахсӣ соҳиб мегарданд.
2) бо воситаи фанҳои дақиқ: дар мавридҳои дигар вобаста ба хусусияти мавзӯи таълим фанни забон бо фанҳои ҷуғрофия, риёзӣ, физика, санъати тасвирӣ алоқаманд карда мешавад. Дар ҳар дарс робитаи фанни забон бо фанҳои дигар риоя мегардад. Робитаи фанҳо чунон барқарор гардад, ки аз натиҷааш хонандагон баҳрае бигиранд.
15. Ҳаҷми фанни таълимӣ. Мувофиқи барномаи стандартии умумитаълимии Ҷумҳурии Қазоқистон ба сарбори омӯзиш тавсия карда шудааст.6 – илова:
1) синфи 5 – дар як ҳафта 3 соат, ҳамагӣ - 102 соат;
2) синфи 6 – дар як ҳафта 2 соат, ҳамагӣ - 68 соат;
3) синфи 7 – дар як ҳафта 3 соат, ҳамагӣ - 102 соат;
4) синфи 8 – дар як ҳафта 3 соат, ҳамагӣ - 102 соат;
5) синфи 9 – дар як ҳафта 2 соат, ҳамагӣ - 68 соат.
16. Мазмуни қисми вариантивии фанни забон. Синну сол ва шахсияти гуногунии хонандагонро ба назар гирифта, мувофиқи талаботи хонандагон барои инкишофи тафаккур ва нутқи хаттию шифоҳии онҳо дарсҳои махсус ташкил кардан мумкин аст. Мисол: дар синфҳои 5-6 “Сеҳри калима”, “Ибора ва ҷумла”; барои синфҳои 7-8 “Ибораҳои рехта”, “Ҳиссаҳои номустақил”, барои синфи 9 “Ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ”, “Таърихи пайдоиши хат”.
2. Мазмуни асосии дониш ҳангоми омӯхтани фан
17. Синфи V (дар як ҳафта 3 - соат, ҳамагӣ -102 соат):
1) аҳамияти забон дар ҷамъият - 2 соат. Забони давлатӣ – ифтихори мо. Забон ва тафаккур;
2) такрор ва ҷамъбасти маводи синфҳои I - IV - 4 соат. Дар матн муайян кардани ҳиссаҳои асосии нутқ: исм, сифат, феъл. Дар ҷумла муайян намудани аъзоҳои асосӣ - мубтадо ва хабар;
3) фонетика (овозшиносӣ) ва имло - 13 соат. I.Маълумот дар бораи фонетика. Дастгоҳи гуфтор ва вазифаҳои он. Овоз ва ҳарф. Алфавит (алифбо).Овозҳои садонок ва ҳамсадо, умумият ва фарқи онҳо. Ҳамсадоҳои ҷарангкок ва беҷаранг. Таснифоти садонок ва ҳамсадоҳо вобаста ба ҳаракати дастгоҳи нутқ. Ҳарфҳои ётбарсар ва имлои онҳо.Имлои ҳарфи И ва Ӣ - и заданок. Имлои садонокҳои Э, У ва Ӯ. Аломати сакта (Ъ), вазифа ва имлои он. Ҳодисаҳои фонетикӣ дар гуфтор, (овозҳои д, т, ҳ). Ҳамсадоҳои шадда (такрор) дар калима.Ҳиҷо ва хелҳои он. Зада ва мавқеи он дар калима. Қоидаҳои аз як сатр ба сатри дигар кӯчонидани ҳисса (ҳиҷо)-и калима. II. Донистани вазифаи дастгоҳи нутқ. Фарқ кардани хели овозҳои нутқ ва талаффузи дурусти онҳо дар таркиби калима, пайдо намудани малака дар муайян кардани ҷои зада дар калима ва қоидаҳои ба сатри дигар кӯчонидани ҳиссаи калима;
4) синтаксис (наҳв) ва аломатҳои китобат – 14соат. I. Ибора. Калима (ҷузъ)-и тобеъкунанда ва тобеъшавандаи ибора. Воситаҳои алоқа дар байни ҷузъҳои ибора. Фарқи ибора аз калима.Ҷумла. Ҷумлаҳои содда ва хелҳои он аз ҷиҳати мазмуну оҳанги талаффуз: хабарӣ (ҳикоягӣ), саволӣ, амрӣ ва хитобӣ.Аъзоҳои ҷумла. Сараъзоҳои ҷумла: хабар ва мубтадо. Маълумоти умумӣ дар бораи аъзоҳои пайрави ҷумла: пуркунанда, муайянкунанда ва ҳол.Ҷумлаи хуллас ва тафсилӣ. Ҷумлаҳои чидааъзо ва мавқеи вергул дар онҳо. Ҷумлаҳои дутаркиба ва яктаркиба (бе номбар кардани хели ҷумлаҳои яктаркиба). Мухотаб ва мавқеи аломатҳои китобат дар истифодаи он.Маълумоти умумӣ дар бораи ҷумлаҳои мураккаб (бояд ҳар як ҷумлаи соддаи дохили онҳо дутаркиба бошад). Пайвандакҳои ва, аммо, вале, ки, чунки, агар, ё, ё ки дар ҷумлаи мураккаб.Нутқи айнан нақлшуда пеш аз ва баъд аз сухани гӯянда (муаллиф). Муколама.II. Фарқ кардани ибора аз калима. Бо воситаҳои гуногунии алоқа тартиб дода тавонистани ибораҳо. Аз рӯйи воситаҳои алоқа дақиқ муайян намудани ҷузъи тобеъкунанда ва тобеъшавандаи ибора. Фарқ кардани ҷумлаҳои содда ҳангоми гуфтор, риояи тарзи талаффуз. Истифодаи дурусти аломатҳои китобат дар онҳо. Донистани мавқеи истифодаи аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои чидааъзо, нутқи айнан нақлшуда ва муколама;
5) калима (луғат) - 6 соат.I. Калима ва маънои луғавӣ (лексикӣ)-и он. Маънои аслӣ ва маҷозии калима. Калимаҳои якмаъно ва сермаъно. Синоним (муродиф) ва антонимҳо (мутазод). Омонимҳо (ҳамгуна).Луғатҳои тафсирӣ ва дузабона.II.Дарк намудани маҳфуми калима. Донистани аҳамияти истифодаикалимаҳои маҷозӣ ва синониму антонимҳо дар нутқи шифоқӣ ва хаттӣ (таҳрирӣ);
6) морфология (наҳв) ва имло. Калимасозӣ ва имло - 6 соат.I. Таркиби калима: реша, суффикс (пасванд) ва префикс (пешванд), асос вабандак. Калимаҳои ҳамреша. Бадалшавии овозҳо дар реша (дар асосҳои феъл).Бандаки изофӣ. Бандакҷонишинҳо. Бандакҳои феълӣ ва хабарӣ.II. Пайдо намудани малака дар муайян кардани таркиби калима. Донистани фарқи таркиби калима аз асоси калима. Донистани вазифа ва дар заминаи мисолҳо нишон додани фарқияти аз ҳам доштаи бандакҳои забони тоҷикӣ. Бо аломатҳои шартӣ тартиб додани тарҳи (схемаи) гуногуни калима ва баръакс аз рӯйи схемаҳо сохтани калима ва ё овардани мисолҳо;
7) маълумоти умумӣ дар бораи ҳиссаҳои нутқ – 1 соат. Омӯзиши ҳиссаҳои мустақил ва номустақили нутқ;
8) исм– 15 соат. I. Исм ҳамчун ҳиссаи нутқ. Аломатҳои морфологии исм. Вазифаи исм дар ҷумла. Шумора дар исм (ҷамъбандии исмҳо). Хелҳои исм: шахс ва ғайришахс, хос ва ҷинс, моддӣ ва маънӣ, кул ва ҷузъ. Калимасозии исм-сохти исм: исмҳои содда, исмҳои сохта (бо префикси ҳам- ва суффиксҳои - чӣ, - гар, - гор, - анда, - гоҳ, - зор, - истон, -дон, - а (- я), -ак, - ӣ, - гарӣ, - иш, -ор). Суффиксҳои ифодагари маънои хурдию навозиш. Исмҳои мураккаб ва таркибӣ. Имлои исмҳо (исмҳои хоси таркибӣ ва мавридҳои истифодаи нохунак дар навишти исмҳои хос). Ихтисораҳо дар исм. II. Донистани хелҳои исм ва фарқи онҳо аз ҳамдигар. Пайдо намудани малака дар навишти исмҳои хоси таркибӣ, дар сохтани исмҳо бо префикси ҳам- ва суффиксҳои маъмули исмсоз. Иҷрои машқҳои гуногун дар бобати дар матн озодона иваз намудани исмҳо бо синонимҳояшон;
9) феъл– 20 соат. I.Феъл ҳамчун ҳиссаи нутқ. Аломатҳои морфологии феъл. Шахсу шумора дар феъл. Вазифаи феъл дар ҷумла.Ду асоси феъл ва фарқи он аз асоси таркиби калима. Мухтасар дар бораи шаклҳои тасрифнашавандаи феъл. Масдар ва хусусиятҳои он. Тасрифи феъл бо бандакҳои феълӣ ва хабарӣ.Намудҳои феъл: мутлақ ва давомдор. Феълҳои монда ва гузаранда. Сиғаҳои феълӣ: хабарӣ, амрӣ, эҳтимолӣ ва шартию хоҳишмандӣ. Замонҳои феъл. Замони гузашта ва хелҳои он. Феъли замони ҳозира ва ду намуди он: ҳозираи давомдор ва ҳозира-оянда. Феъли замони оянда (хоҳам хонд, хоҳи хонд...) Сохти феъл: содда, сохта ва таркибӣ. II. Сарфаҳм рафтан ба хусусиятҳои барҷастаи феъл: замон, шахсу шумора дар феъл, фарқ кардани сиғаҳои феъл ва шарҳи онҳо бо мисолҳо. Дар замонҳои гуногун тасриф намудани асосҳои феъл тавассути бандакҳои феълӣ ва ҳам хабарӣ. Донистани фарқи феълҳои таркибии феълӣ аз феълҳои таркибии номӣ. Дар матн иваз карда тавонистани феълҳо бо синонимҳояшон;
10) нутқи мураттаб - 15 соат. Маълумот дар бораи матн ва фарқи он аз ҷумла. Нақли хаттӣ бо унсурҳои тасвир (аз рӯйи интихоби муаллим). Маълумоти умумӣ дар бораи услубҳои забони адабӣ: оммавӣ-публитсистӣ, бадеӣ. Навиштани хабар ба рӯзномаи мактаб (иборат аз як ё ду сархат). Нақл кардани афсонаи хурд, латифа ё ҳикояи хурд (дар синф), навиштани мазмуни асосии онҳо (дар хона). Иншо дар мавзӯи «Як лаҳзаи аз ҳама хуби ҳаёти ман» (дар хона), қироат вамуҳокимаи он (дар синф). Навиштани мактуб ва пур кардани лифофа. Машқи навиштани забонхат. Нақли муфассали мазмуни матни ҳикоягӣ. Тартиб додани ду - се нақшаи соддаи ҳикоя ва афсонаи нақлшуда. Тартиб додани як нақшаи мураккаб (муфассал) аз рӯйи матни ҳикоя ёафсонае. Нақли мухтасари ягон филм ё намоишнома. Муколама ва баҳодиҳӣ ба намоиши телевизион ё гуфтори радио. Мубоҳиса: Баҳо додан ба хислатҳои одамон. Озмун: Қироати шеърҳо дар васфи баҳор, модар ва «Наврӯз». Озмун: Навиштани иншои хурд дар мавзӯъҳои «Баҳор» ё «Модар»;
11) Такрори солона - 6 соат.
18. Синфи VI (дар як ҳафта 2 - соат, ҳамагӣ - 68 соат):
1) забон ва ҷамъият - 2 соат. Роли забон дар ҷамъият. Забон донӣ – ҷаҳон донӣ;
2) такрор ва ҷамъбасти маводи синфи V - 5 соат.Фонетика ва мавзӯъҳои асосии он. Аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои содда ва мураккаб. Аломати тире ва нохунак дар нутқи айнан нақлшуда. Калимаҳо аз рӯйи маъно: аслӣ ва маҷозӣ.Сермаъноии калимаҳо. Омоним, синоним ва антонимҳо. Роҳҳои асосии калимасозӣ. Сохт ва имлои исмҳо. Сиға ва замонҳои феъл;
3) сифат - 14 соат. I. Сифат ҳамчун ҳиссаи нутқ. Вазифаи сифат дар ҷумла. Сифатҳои аслӣ ва нисбӣ. Дараҷаҳои сифат. Алоқаи сифат бо исм. Калимасозии сифат. Суффиксҳои сифатсози - ӣ, - чӣ, - вӣ, - ип, - гин, -о, - он, - она (- гона, - ёна), - нок, - манд, - а, - я, - ак, - ча, - тоб. Префиксҳои сифатсози ба -, бо -, бар -, бе -, то -, дар -, но -. Сохти сифатҳо: содда, сохта, мураккаб ва таркибӣ. Роҳҳои сохта шудани сифатҳои мураккаб. Ба вазифаи исм омадани сифатҳо. Имлои сифат.II.Шинохтани сифат ва истифодаи он дар нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ. Фарқ карда тавонистани вазифа ва тобишҳои маънои префикс ва суффиксҳои сифатсоз. Мавридҳои хусусияти синонимӣ доштани префикс ва суффиксҳои сифатсозро донистан. Донистани зарурати истифодаи сифатҳо дар матн ва дар нутқи шифоҳӣ. Ба исмҳои гуногун интихоб карда тавонистани сифатҳо;
4) сифати феълӣ - 7 соат. I. Сифати феълӣ хамчун шакли махсуси феъл. Вазифаи сифати феълӣ дар ҷумла. Замонҳои сифати феълӣ ва шаклҳои он. Имлои сифати феълӣ. II. Фарқ карда тавонистани сифати феълӣ аз сифат. Шинохтани замонҳои сифати феълӣ дар матн. Истифодаи бамавриди сифати феълӣ дар нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ. Тартиб додани ибораҳо бо истифода аз сифати феълӣ;
5) феъли ҳол - 6 соат. Феъли ҳол ҳамчун шакли махсуси феъл. Шакл ва имлои феъли ҳол. Шаклҳои мутлақ ва давомдори феъли ҳол. Замонҳои феъли ҳол. Вазифаи феъли ҳол дар ҷумла. Умумият ва фарқи феъли ҳол аз сифати феълӣ. Дар ҷумла шинохтан ва фарқ кардани феъли ҳол аз феъл ва сифати феълӣ. Дуруст истифода карда тавонистани феъли ҳол дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
6) шумора - 6 соат. I. Шумора ҳамчун ҳиссаи нутқ. Вазифаи шумора дар ҷумла. Хелҳои шумора: миқдорӣ (аслӣ, тахминӣ, касрӣ) ва тартибӣ. Сохти шумора: содда, сохта, мураккаб ва таркибӣ. Имлои шумора. Нумеративҳо ва мавриди истифодаи онҳо. Масъалаи мувофиқати шумора бо исм ва феъл (хабар) дар ҷумла. II. Истеъмоли дурусти шумораҳо ва нумеративҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. Бехато навиштани шумораҳо бо рақам ва тариқи ҳарфҳо дар калима. Истифодаи шумора дар таркиби ибораҳо;
7) Ҷонишин - 8 соат. I. Таърифи ҷонишин. Вазифаи ҷонишин дар ҷумла. Хелҳои ҷонишин: шахсӣ (тобишҳои маъноии ҷонишинҳои шахсӣ), саволӣ, ишоратӣ, таъинӣ, номуайянӣ, манфӣ, нафсӣ (таъкидӣ). Бандакҷонишинҳо (бандакҳои соҳибӣ). Сохти ҷонишин: содда, сохта, мараккаб ва таркибӣ. Имлои ҷонишинҳо. II. Дар матн шинохтан ва бамаврид истифода кардани ҷонишинҳо. Истифодаи дурусти ҷонишинҳо вобаста ба эҳтироми шахс. Озодона ва ба тариқи мувозӣ истифода кардани ҷонишинҳои шахсӣ ва бандакҷонишинҳо. Амалан донистани мувофиқати хабар бо мубтадоҳои бо ҷонишинҳо ифодаёфта;
8) нутқи мураттаб - 16 соат. Интихоби матни дилхоҳ ва навиштани мазмуни он. Маълумоти умумӣ дар бораи услуби расмӣ - коргузорӣ. Навиштани ариза (ба директор ё роҳбари синф). Навиштани маълумотнома ва забонхат. Нақли мухтасари мазмуни ҳикоя. Мубоҳиса: «Хуб чисту бад чист?» Тарзи навиштани боваринома. Навиштани иншои хурд аз саёҳати охирин. Баёни мулоҳизаҳо доир ба филм ё намоишномаи маъқулшуда. Иншо аз рӯи расми сужетнок доир ба манзараи табиат. «Мактуби саломатӣ» ва тарзи навиштани он. Иншо баъди таътил: «Як рӯзи таътили ман». Навиштани тавсифнома (дар бораи ҳамсинф ё дӯст). Муҳокима: Забондонӣ чӣ аҳамият дорад? Мусоҳиба: Шеърдонӣ ва аҳамияти он. Қироати шеърҳои азёдшуда. Навиштани табрикнома бахшида ба зодрӯз ё ба муносибати идҳо (ба каси дилхоҳ). Иншо дар мавзӯи «Баҳор». Ба тарзи луғат навиштани синоним ва антонимҳои калимаҳои мустақилмаънои як матни дилхоҳ. Ба наср баргардонидани порчаҳои шеърӣ. Сӯҳбат дар атрофи мавзӯи «Модар - Ватан». Нақли муфассали мазмуни матни интихобшуда;
9) Такрори солона - 4 соат.
19. Синфи VII (дар як ҳафта 3 - соат, ҳамагӣ -102 соат):
1) забон ва сухан – 2 соат. Олитарин зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Муҳаббат ба забони модарӣ;
2) такрор ва ҷамъбасти маводи синфи VI - 8 соат. Хелҳои сифат ва сохти он. Сифати феълӣ, шаклҳо ва замонҳои он. Феъли ҳол, шаклҳо ва имлои он. Хслҳои шумора ва мавқеи нумеративҳо дар нутқ. Хел ва имлои ҷонишинҳо. Вазифаи сифат, шумора, сифати феълӣ ва феъли ҳол дар ҷумла;
3) зарф - 12 соат. I. Зарф ҳамчун ҳиссаи нутқ. Аломатҳои морфологии зарф. Умумиятва тафовути зарф аз сифат. Вазифаи зарф дар ҷумла.Хелҳои зарф: тарзи амал, замон, макон,- микдору дараҷа, сабаб вамақсад. Калимасозии зарфҳо - сохти зарфҳо: содда, сохта, мураккаб ва таркибӣ. Имлои зарфҳо. II. Дар матн муайяи карда тавонистани хелҳои зарф ва истифодаи бамавқеи онҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. Муқоиса карда тавонистани зарфҳо босифатҳо. Дарк намудани ҷои зарфҳо дар муқоиса бо дараҷаҳои сифат;
4) калима ва фразеология (таъбирҳо)—14 соат. I. Калимаҳои аслан тоҷикӣ ва иқтибосӣ. Калимаҳои шевагӣ ва соҳавӣ (касбӣ). Таърихи баромади баъзе калимаҳо. Маълумот дар бораи воҳидҳои фразеологӣ ва фарқи онҳо аз таркибу ибораҳо (ибораҳои озод). Аҳамияти истифодаи таъбирҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. Манбаъҳои пайдоиши таъбирҳо дар забони тоҷикӣ. II. Дарки як манбаи бойшавии забон будани шеваҳо ва воситаи муассиргардонии нутқ будани таъбирҳо. Истифодаи бамавриди калимаҳои соҳавию шевагӣ ва таъбирҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. Дар матн шуурона иваз карда тавонистани калимаҳои аслӣ бо маҷозиву таъбирҳо ва баръакс. Ӣстифодаи луғати имло ва фарҳангҳои махсуси фразеологӣ дар навиштаҷот;
5) маълумоти умумӣ дар бораи ҳиссаҳои номустақили нутқ - 1 соат. Омӯзиши пешоянду пасоянд, пайвандак, ҳиссача ва нидо;
6) пешоянд ва пасояндҳо - 12 соат. I. Пешоянд ҳамчун ҳиссаи ёридиҳандаи нутқ. Хелҳои пешоянд: аслӣ (аз, ба, бо, бе, дар, барои, то) ва номӣ (пеши, назди, рӯйи, болои, паси, ғайри, дар хусуси, ғайр аз, ҷуз аз...). Сохти пешояндҳо: соддаи беизофа (аз, ба, бо, бе, дар, то, ҷуз) ва изофӣ (пеши, рӯйи, болои, паси, барои, ҳангоми...); пешояндҳои таркибии изофӣ (ба пеши, дар назди, ба рӯйи, аз паси, ба пеши, ба тариқи, аз хусуси, дар вақти...) ва беизофа (ба ҷуз, ҷуз аз, то ба, баъд аз, пеш аз, нисбат ба, оид ба, бахшида ба, назар ба, ғайр аз...). Пешояндҳои такрор: рӯ-рӯйи, пас-паси, пеш-пеши, лаб-лаби... Пасояндҳо- ро, боз, ин ҷониб, замон (дидан замон, шунидан ҳамон...). II. Дарки дурусти вазифа ва тобишҳои маъноии пешояндҳо дар бобати фикри томро эҳё намудани онҳо. Истифодаи бамавриди онҳо дар нутқи шифоҳӣ ва навиштаҷот, худдорӣ аз истифодаи пешоянду пасояндҳои шевагӣ;
7) пайвандакҳо - 9 соат. I. Пайвандак ҳамчун ҳиссаи ёридиҳандаи нутқ. Умумият ва фарқи пайвандакҳо аз пешояндҳо. Сохти пайвандакҳо: содда, мураккаб ва таркибӣ. Хелҳои пайвандак: пайвасткунанда ва тобеъкунанда. Мавқеи пайвандакҳо дар таркиби ҷумлаҳои содда ва мураккаб. Имлои пайвандакҳо. II. Истифодаи бамавқеи пайвандакҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. Сарфаҳм рафтан ба тобишҳои маъноии пайвандакҳо дар нутқ. Донистани мавридҳои ба ҷои ҳамдигар омадани баъзе аз пайвандакҳо;
8) ҳиссача -8 соат. I. Ҳиссача ҳамчун ҳиссаи ёридиҳандаи нутқ. Вазифаи ҳиссачаҳо дар нутқ (ҷумла). Хелҳои ҳиссача: саволӣ, тасдиқӣ, инкорӣ, таъкидӣ, маҳдудӣ ва орзумандӣ. Сохт ва имлои ҳиссачаҳо. Аҳамияти ҳиссачаҳо дар нутқи шифоҳӣ ва матн. Аломати китобат дар навишти ҳиссачаҳо. II. Риоя намудан ба оҳанги талаффузи ҳиссачаҳо дар нутқ (ҷумла) мувофиқи меъёр талаффуз намудани хелҳои ҳиссача. Зарурати донистани мавқеи аломатҳои китобат дар навишти ҳиссачаҳо;
9) нидо ва калимаҳои тақлидӣ - 8 соат. I. Нидо ҳамчун ҳиссаи ёридиҳандаи нутқ. Вазифаи нидо дар ҷумла. Хелҳои нидо. Сохти нидо. Имлои нидо. Калимаҳои тақлидӣ ва хусусиятҳои онҳо. Тобишҳои маъноии калимаҳои тақлидӣ. Имлои нидо. II. Истифодаи бамавқеи нидо ва дарки калимаҳои тақлидӣ дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
10) нутқи мураттаб -20 соат. Муайян кардани услуб, мавзӯъ ва мазмуни асосии матн. Интихоби матни бадеӣ аз адабиёти муосир ва нақли мазмуни он. Интихоби матни публитсистӣ ва дуруст қироат кардани он. Навиштани хабар ба рӯзномаи девории мактаб. Иншои тасвирӣ: «Тирамоҳи заррин». Навиштани аризаи муфассал. Тавсифнома дар бораи яке аз ҳамсинфон. Тарзи гузаронидани маҷлис. Мусоҳиба: «Дӯст кист ва дӯстии ҳақикӣ чӣ гуна аст?».
Тартиб додани нақша дар мавзӯи «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» ва аз рӯйи он навиштани иншо. Навиштани баёнот. Сӯҳбат: Ҳамаи касбҳо хубанд. Иншо аз рӯи расм (ҳаёти оилавӣ, устохонаи мактаб). Иншои озод: «Модари ман», «Иди занон» ё «Наврӯз». Баҳс: Муҳокимаи филми дидашуда. Иншо: «Чаро ман баҳорро мепарастам?». Таассурот аз як вохӯрӣ бо меҳмони мактаб (хаттӣ). Сӯҳбат оид ба ҷашнҳои миллӣ;
11) такрори солона -8 соат.
20. Синфи VIII (дар як ҳафта 3 - соат, ҳамагӣ -102 соат):
1) аҳамияти забон – 2 соат. Инкишофи забони тоҷикӣ. Забон ба халқ тааллуқдор;
2) такрор ва ҷамъбасти маводи синфҳои V-VII – 4 соат Масъалаҳои асосии фонетикаи забони тоҷикӣ: Маънои лексикии калима. Сохт ва таркиби калима. Ҳиссаҳои нутқ ва вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо дар ҷумла. Мавқеи воҳидҳои фразеологӣ дар байни ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ;
3) синтаксис (наҳв) ва аломатҳои китобат. Ибора ва ҷумла - 12 соат.I. Мафҳуми ибора. Фарқи ибора аз калима, таркиб ва ҷумла. Алоқаи калимаҳо дар ибора: изофӣ, вобастагӣ (пешояндиву пасояндӣ) ва ҳамроҳӣ. Маънои луғавӣ ва грамматикии ибора.Хелҳои асосии ибора: исмӣ ва феълӣ.Мафҳуми ҷумла. Хелҳои ҷумлаи содда: хабарӣ (ҳикоягӣ), саволӣ, амрӣ ва хитобӣ. Алоқаи калимаҳо дар ҷумла.Тартиби калима дар ҷумла ва мавқеи задаи мантиқӣ дар он.II.Донистани фарқҳои асосии ибора аз калима, таркиб ва ҷумла. Фарқ кардани хели алоқаи калимаҳо дар ибора ва ҷумла. Озодона истифода намудани ибораҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. Риоя намудан ба меъёри талаффузи хели ҷумлаҳои содда. Ба тавассути задаи мантиқӣ ва тартибикалимаҳо (аъзоҳои ҷумла) муайян карда тавонистани ҳадафи асосии фикр дар ҷумла ва матн;
4) Ҷумлаҳои
соддаи дутаркиба. Сараъзоҳо - асоси грамматикии ҷумла - 8 соат.I.Мубтадо
ва ифодаи он. Мубтадо аз ҷиҳати таркиб: содда ва таркибӣ.
Ҷои мубтадо дар ҷумла.Хабар ва
ифодаи он. Хелҳои хабар: феълӣ ва номӣ. Хабарҳо аз ҷиҳати таркиб: содда ва таркибӣ.
Маънои луғавӣ ва грамматикии хабар.Ҷои хабар дар ҷумла.
Мувофиқати хабар бо мубтадо. Тире
дар байни мубтадо ва хабар.II.Дар ҷумла ва матн шуурона муайян карда тавонистани
мубтадо вахабар. Асоси грамматикии ҷумла будани мубтадо ва хабарро даркнамудан.
Донистани мавридҳои асосии мувофиқати хабар бо мубтадо ва
риояи он дар гуфтор ва навишт;
5)аъзоҳои пайрави ҷумла - 17 соат. I. Пуркунанда ва ифодаи он. Хелҳои пуркунанда: бавосита ва бевосита.Ҳол. Хелҳои ҳол: замон, макон, миқдору дараҷа, тарзи амал, сабаб ва мақсад, шарт ва хилоф. Ифодаи ҳолҳо.Муайянкунанда ва ифодаи он. Муайянкунандаҳои изофӣ ва беизофа. Баёния ва фарқи он аз муайянкунанда. Ҷои аъзоҳои пайрав дар ҷумла. II. Дар матн шинохтани аъзоҳои пайрав ва фарқи онҳо аз сараъзоҳо (аз ҷумла, пуркунанда аз мубтадо). Шуурона иваз намуда тавонистани ҷои аъзоҳои пайрав дар алоқамандӣ ба ҷои сараъзоҳо дар ҷумла ва матн. Сарфаҳм рафтан ба моҳият ва зарурати тафсил додани ҷумлаҳои хуллас бо аъзоҳои пайрав;
6) Ҷумлаҳои соддаи яктаркиба - 5 соат. I.Ҷумлаҳои муайяншахс ва номуайяншахс. Ҷумлаҳои умумишахс ва бешахс. Ҷумлаи унвонӣ. Оҳанги талаффуз дар ҷумлаҳои яктаркиба. II.Фарқ кардани ҷумлаи яктаркиба аз ҷумлаҳои дутаркиба. Баргардонидани як хели ҷумлаи яктаркиба ба дигараш: муайяншахсро ба дутаркиба ва ба номуайяншахс, умумишахсро ба бешахс. Донистани фарқи ҷумлаҳои унвонӣ аз калима ва таркибу ибораҳои озод;
7) маълумот дар бораи ҷумлаи пурра ва нопурра. Ҷумлаҳои нопурра дар муколама - 6 соат Омӯзиши ҷумлаи пурра ва нопурра. Фарқи ҷумлаи пурра аз нопурра;
8) Ҷумлаҳои чидааъзо - 6 соат. I. Ҷумлаи чидааъзо ва хелҳои он (бо мубтадо ва хабарҳои чида, бо пуркунанда, муайянкунанда ва ҳолҳои чида). Воситаҳои грамматикии алоқа ва мавқеи пайвандакҳо дар ҷумлаҳои чидааъзо. Аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои чидааъзо. Калимаҳои хулосакунанда дар ҷумлаҳои чидааъзо ва мавридҳои истифодаи аломатҳои китобат дар чунин ҷумлаҳо.II.Дарк кардан ва фарқ намудани ҷумлаҳои чидааъзо аз хелҳои дигари ҷумлаҳои содда. Донистани тарзи талаффузи ҷумлаҳои чидааъзо ва мавридҳои истифодаи аломатҳои китобат, умуман, дар ҷумлаҳои чидааъзо. Аз рӯйи нақшаҳо (схемаҳо) тартиб додани ҷумлаҳои чидааъзо ва ҳамчунин ҷумлаҳое, ки дорои калимаҳои хулосакунанда бошанд;
9) Мухотаб - 4 соат.I. Мухотаб ва ҷои он дар ҷумла. Аломатҳои китобат дар мавриди истифодаи мухотаб дар ҷумла. Мавқеъ ва аҳамияти мухотаб дар нутқ. II. Дарк кардану шинохтани мухотаб ва фарқи он аз мубтадо. Риояи меъёри талаффузи мухотаб ва истифодаи он дар нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
10) Аъзоҳои туфайлии ҷумла - 6 соат. I. Калима, таркиб, ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ. Хелҳои воҳидҳои туфайлӣ ва ҷои онҳо дар ҷумла. Истифодаи аломатҳои китобат вобаста ба ҷои омадани воҳидҳои туфайлӣ дар ҷумла. II. Шинохтани аъзоҳои туфайлии ҷумла ва фарқ кардани он аз мухотаб дар ҷумла. Истифода ва риояи меъёри талаффузи аъзоҳои туфайлии ҷумла (нутқ), кор фармудани аломатҳои китобат дар навишти онҳо;
11) аъзоҳои истисноии ҷумла
- 4 соат. I. Маълумоти умумӣ дар бораи аъзоҳои истисноии ҷумла. Истифодаиаломатҳои китобат марбут ба ҷои
аъзоҳои истисноӣ. Баёнияи истисноӣ
ҳамчун навъи махсуси аъзоҳои истисноии ҷумла.
II. Шинохтан ва дар матн бамаврид истифода кардани аъзоҳои
истисноии ҷумла ва баёнияҳои истисноӣ.
Ҳангоми гуфтор ва қироати
ҷумлаву матн риоя намудан ба меъёри талаффузи аъзоҳои
истисноӣ;
12) нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда - 6 соат. I.Маълумот дар бораи хусусиятҳои асосии нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда. Аломатҳои китобат мутобиқи ҷои нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда дар ҷумла. Мавқеи нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда дар муколама ва асарҳои бадеӣ. II. Хониши ифоданоки нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда. Ба таври сунъӣ ба нутқи айнан нақлшуда табдил додани нутқи мазмунан нақлшуда ва баръакс. Риояи меъёрии истифодаи аломатҳои китобат дар иншои нутқи айнан нақлшуда. Умумият ва фарқи истифодаи аломатҳои китобат дар муколама ва нутқи айнан нақлшуда;
13) нутқи мураттаб - 14 соат. Тартиб додани сенарияи ҷашн доир ба Рӯзи истиқлолият. Интихоби матни дилхоҳ аз адабиёти классикӣ, қироат кардан ва шарҳи луғатҳои он. Маълумот доир ба услуби илмӣ. Интихоби матнҳои илмӣ ва нақли мазмуни онҳо. Иншо аз рӯи расми манзаравӣ: «Тирамоҳи пурфайз». Тартиб додани рӯзномаи маҷлис (доир ба интихоби фаъолони синф ё ҷамъбасти чоряк). Мусоҳиба: «Чаро мо забони модарӣ мегӯем?». Иншои тасвири маҳал. Тарзи навиштани ҳисобот (дар бораи навбатдорӣ дар мактаб ё аз ҷамъбасти ҳафтаи «Забон ва адабиёт» дар мактаб). Таассурот аз саёҳат ба саҳро ё кӯҳ, боғи ҳайвонот ё музей... (шифоҳӣ). Иншо: «Замин ҳам модари мост». Мусоҳиба: «Худшиносӣ чист?» Озмун: Қироати як шеъри наврӯзӣ ва шарҳи дурусти мазмуну ғояи он. Озмун: Мулоҳизаҳо дар атрофи як афсонаи хондашуда (хаттӣ);
14) такрори солона -8 соат.
21. Синфи IX (дар як ҳафта 2 - соат, ҳамагӣ - 68 соат):
1) забони тоҷикӣ ва таърихи он - 1 соат. Рушди забони тоҷикӣ дар асрҳои VIII – IX. Алоқаи байни форсизабонон ва забонҳои дигар;
2) такрор ва ҷамъбасти маводи синфҳон V- VIII - 3 соат. Фонетика ва масъалаҳои асосии омӯзиши он. Калима (луғат) аз рӯйи маъно ва таркиб. Хусусиятҳои барҷастаи ҳиссаҳои нутқ ва вазифаи онҳо дар ҷумла. Сараъзоҳо - асоси грамматикии ҷумла. Аъзоҳои пайрав ва зарурати истифодаи онҳо дар ҷумлаҳои содда (дутаркиба ва яктаркиба). Калима ва таркибу ибораҳое, ки аъзои ҷумла нестанд (мухотаб, воҳидҳои туфайлӣ ва истисноӣ) ва мавқеи истифодаи аломатҳои китобат дар навишти онҳо.
3) маълумоти умумӣ дар бораи ҷумлаи мураккаб - 4 соат. I. Маълумот дар бораи ҷумлаи мураккаб ва фарқи он аз ҷумлаи содда. Хелҳои ҷумлаи мураккаб: пайваст ва тобеъ; пайвандакдор ва бепайвандак. II. Машқҳо доир ба шинохтани ҷумлаҳои мураккаби пайвасту тобеъ; табдил додани ҷумлаҳои мураккаб ба содда ва аз ҷуфти ҷумлаҳои содда сохтани ҷумлаҳои мураккаб. Риояи меъёри талаффуз дар қироати ҷумлаҳои мураккаб;
4) Ҷумлаи мураккаби пайваст - 7 соат. I.Ҷумлаи мураккаби пайваст ва хусусиятҳои маъноии он вобаста ба муносибатҳои ба ҳам доштаи ҷумлаҳои соддаи таркиби он. Хелҳои ҷумлаи мураккаби пайваст (пайиҳам, хилофӣ, ҷудоӣ) ва мавридҳои истифодаи вергул дар онҳо. Оҳанги талаффуз ва мавқеи ҷумлаҳои пайваст дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. II. Шинохтани ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва хелҳои он дар матн. Риоя намудан ба тарзи талаффузи хелхои ҷумлаҳои мураккаби пайваст. Вобаста ба хели пайвандакҳои пайвасткунанда (пайиҳам, хилофӣ, ҷудоӣ) тартиб додани чунин ҷумлаҳо. Пайдо намудани малака дар бобати дар ҷумлаи мураккаби пайваст иваз намудани як пайвандак бо муродифҳояш;
5) Ҷумлаи мураккаби тобеъ – 22 соат. I.Маълумот дар бораи ҷумлаи мураккаби тобеъ ва хусусиятҳои барҷастаи он: сарҷумла (ҷумлаи тобеъкунанда) ва ҷумлаи пайрав (ҷумлаи тобеъшаванда), воситаҳои алоқаи ҷумлаи пайрав бо сарҷумла, ҷои ҷумлаи пайрав. Фарқи ҷумлаи мураккаби тобеъ аз ҷумлаи мураккаби пайваст ва умумият дар байни чунин ҷумлаҳо, Зарурати ҷумлаи мураккаби тобеъ дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. Хелҳои ҷумлаи пайрав: пуркунанда, муайянкунанда, мубтадо ва хабар. Ҷумлаи пайрави ҳол ва хелҳои он: замон, тарзи амал, шарт.сабаб, мақсад, миқдору дараҷа, макон, хилоф ва натиҷа. Мавридҳои кор фармудани вергул дар ҷумлаи мураккаби тобеъ. Маълумоти умумӣ дар бораи хелҳои махсуси ҷумлаҳои мураккаб: омехта ва сертаркиб (бо якчанд ҷумлаи пайрав). II. Амалан шинохтани ҷумлаи мураккаби тобеъ, донистани аломатҳои барҷастаи он (аз рӯи пайвандакҳои тобеъкунанда, дорои сарҷумла ва ҷумлаи пайрав буданаш) ва фарқи он аз ҷумлаҳои мураккаби пайваст. Тартиб дода тавонистани ҷумлаҳои мураккаби тобеъ вобаста ба пайвандакҳои асосие, ки ин ё он навъи ҷумлаи пайравро ба сарҷумла алоқаманд мекунанд. Сарфаҳм рафтан ба моҳияти тобишҳои ҷумлаи мураккаби тобеъ тағйир додани як навъи ҷумлаи пайрав ба хели дигараш. Дар гуфтор ва навишт истифода бурдан маъноии пайвандакҳо дар алоқаманд намудани ҷумлаи пайрав бо сарҷумла. Тавассути иваз намудани пайвандакҳо дар аз хелҳои гуногуни ҷумлаи пайрав;
6) Ҷумлаи мураккаби бепайвандак - 6 соат. I. Маълумот дар бораи ҷумлаи мураккаби бепайвандак: муносибатҳои гуногуни маъноии ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак ва оҳанги талаффуз дар чунин ҷумлаҳо. Мавқеъ ва истифодаи аломатҳои китобат (вергул, дунуқта, тире) дар ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак. II. Равшан тасаввур намудани хусусиятҳои асосии ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак, шинохтан ва дарки мавқеи онҳо дар матн. Донистани сабабҳои истифодаи ин ё он аломатҳои китобат дар алоқаи ҷумлахои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак ва дар навиштаҷоти худ истифода намудан аз чунин навъи ҷумлаҳо. Риоя ба оҳанги талаффузи ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак;
7) маълумоти умуми дар бораи забон - 4 соат. Забон ва пайдоиши он ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ. Нақши забон дар ҳаёти ҷомеа.Фонди асосӣ ва таркиби луғавии забон. Роҳҳои асосии инкишоф ё худ бойшавии забони тоҷикӣ. Забони адабӣ ва шеваҳо;
8) хат ва пайдоиши он - 4 соат. Маълумот дар бораи хат ва мавқеи он дар ҷамъият. Сабабҳои дигар шудани хат (алифбо). Навъҳои хат дар ҳаёти халқи тоҷик;
9) нутқи мураттаб - 14 соат. Тартиб додани матн дар мавзӯи «Ватан» («Сулҳ» «Ҷанг»). Нақли муфассали матни ҳикояе аз адибони муосир. Озмун: Мақола ба рӯзнома бо номи «Мо аз калонсолон ибрат мегирем». Мусоҳиба: Сӯҳбати рӯ ба рӯ доир ба ахлоқи ҳамсинфони мо. Иншои тасвирӣ: «Кишвари ман обод мешавад». Мубоҳиса: «Дӯстӣ чист ва он чӣ тавр мустаҳкам мешавад?». Озмун: Нишонахои муҳаббат ба Ватанро номбар кунед (хаттӣ). Навиштани тақриз ба яке аз иншои ҳамсинфон. Мусоҳиба: «Зебоиро дар чӣ мебинед?». Навиштани иншо дар мавзӯи «Табиат ва муҳофизати он». Накди мақоламонанд: «Хушмуомилагӣ чист?». Сӯҳбат доир ба яке аз ёдгориҳои таърихӣ. Иншои тасвирй: «Наврӯз- оғози киштукор». Нақли муфассали матнҳои ҳикоягӣ доир ба ҳаёти занон ва модарон. Нақли мақоламонанд (хаттӣ): «Кадом касб ба ман бештар маъқул аст?».
10)Такрори солона - 3 соат.
3. Талабот ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфҳои 5-9
22. Натиҷаи фан:
23. Хонандагони синфи V:
1) ҷой ва аҳамияти фонетика дар забон;
2) мафҳуми фонетика;
3) таснифоти садонок ва ҳамсадоҳо вобаста ба ҳаракати дастгоҳи нутқ;
4) ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷаранг;
5) ҳарфҳои ётбарсар ва имлои он;
6) хелҳои ҳиҷо ва зада;
7) меъёрҳои орфография ва орфоэпия;
8) таркиби алифбои забони тоҷикӣ;
9) таҳлили фонетикии калима;
10) иборасозӣ;
11) хелҳои ҷумлаҳои содда;
12) маълумоти умумӣ дар бораи аъзоҳои ҷумла;
13) ҷумлаҳои мураккаб;
14) пайвандакҳо дар ҷумлаҳои мураккаб;
15) нутқи айнан нақлшуда ва муколама;
16) мавқеъ ва аҳамияти лексика дар забон;
17) маънои аслӣ ва маҷозии калима;
18) синонимҳо;
19) антонимҳо;
20) омонимҳо;
21) муайян кардани маънои луғавии калима;
22) калимасозӣ ва имло;
23) калимаҳои ҳамреша;
24) фарқияти бандакҳои забони тоҷикӣ;
25) аз рӯи схема сохтани калимаҳо;
26) аломатҳои морфологии исм;
27) ҷамъбандии исмҳо;
28) хелҳои исм;
29) озодона иваз намудани исмҳо бо синонимҳояшон;
30) имлои исмҳо;
31) сарфаҳм рафтан ба хусусиятҳои барҷастаи феъл: замон,шахсу шумора дар феъл;
32) фарқ кардани сиғаҳои феъл;
33) тасрифи феълҳо;
34) феълҳои таркибиро бояд донист.
24. Хонандагони синфи VІ:
1) аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои содда ва мураккаб;
2) сермаъноии калимаҳо;
3) вазифаи сифат дар ҷумла;
4) калимасозии сифат;
5) сохти сифатҳо;
6) вазифа ва замонҳои сифати феълӣ;
7) фарқ кардани сифати феълӣ аз сифат;
8) феъли ҳол ва шаклҳои он;
9) хелҳои шумора;
10) нумеративҳо;
11) хелҳои ҷойнишин;
12) сохти ҷойнишинро бояд донист.
25. Хонандагони синфи VІІ:
1) аломатҳои морфологии зарф;
2) муқоисаи зарф аз сифат;
3) таърихи баромади калимаҳо;
4) истифодаи луғати имло ва фарҳангҳои махсуси фразеологӣ дар навиштаҷот;
5) дарки дурустӣ ва тобишҳои маъноии пешояндҳо дар бобати фикри томро эҳё намудани онҳо;
6) истифодаи бамавқеи пайвандакҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
7) сарфаҳм рафтан ба тобишҳои маъноии пайвандакҳо дар нутқ;
8) риоя намудан ба оҳанги талаффузи ҳиссача дар нутқ мувофиқи меъёр
9) талаффуз намудани хелҳои ҳиссача;
10)истифодаи бамавқеи нидо ва дарки калимаҳои тақлидӣ дар нутқи шифоҳӣ ва хаттиро бояд донист.
26. Хонандагони синфи VІІІ:
1) синтаксис ва аломатҳои китобат;
2) донистани фарқҳои асосии ибора аз калима, таркиб ва ҷумла;
3) ба тавассути задаи мантиқӣ ва дар таркиби калимаҳо муайян карда тавонистани ҳадафи асосии фикр дар ҷумла ва матн;
4) дар ҷумла ва матн шуурона муайян карда тавонистани асосҳои грамматикии ҷумла;
5) донистани мавридҳои асосии мувофиқати хабар бо мубтадо ва риояи он дар гуфтор ва навишт;
6) сарфаҳм рафтани моҳият ва зарурати истифодаи аъзоҳои пайрав ва сараъзоҳо;
7) донистани тарзи талаффузи ҷумлаҳои чидааъзо ва мавридҳои истифодаи аломатҳои китобат;
8) риояи меъёрии истифодаи аломатҳои китобат дар иншои нутқи айнан нақлшударо бояд донист.
27. Хонандагони синфи ІX:
1) риояи меъёри талаффуз дар қироати ҷумлаҳои мураккаб;
2) шинохтани ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва хелҳои он дар матн;
3) амалан шинохтани ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, донистани аломатҳои барҷастаи он;
4) сарфаҳм рафтан ба моҳияти тобишҳои маъноии пайвандакҳо дар алоқаманд намудани ҷумла пайрав бо сарҷумла;
5) истифодаи аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак;
6) нақши забон дар ҳаёти ҷомеа;
7) фонди асосӣ ва таркиби луғавии забон;
8) забони адабӣ ва шеваҳо;
9) навъҳои хат ва ҳаёти халқи тоҷикро бояд донист.
28. Натиҷаи шахсӣ:
1) Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бояд ҳурмат кард;
2) маънои иҷтимоӣ – ҷамъиятии забонро бояд нишон дод;
3) қадр намудани забон ҳамчун бойгарии миллӣ;
4) азхуд намудани мавқеи иҷтимоӣ, одоби муошират ва маданиятнокӣ;
5) хислатҳои инсондӯстӣ ва халқпарварӣ, анъанаҳои ҳаётиро бояд азхуд кард;
6) ҳурмату эҳтиром намудани фикру андешаҳои худ ва шахсони дигар;
7) даркорҳои ҷамъиятӣ бояд фаъол бошад;
8) ба халқи тоҷик ва халқу миллатҳои Қазоқистон, ба таъриху маданият, урфу одатҳо ва дигар муқаддасоти онҳо боҳурмату эҳтиром назар намояд.
29. Натиҷаи ҳаракатҳои пай дар пай:
1) ҳодисаи муайянро таҳлил карда, сабабҳои пайдоиши муамморо нишон додан;
2) бо ҳаракати мақсадноки худ ҳал намудани муаммоҳо, баҳо додан ба натиҷаи амали худ;
3) ҷиҳатҳои монанди ва дигаргуниҳои хоси супориши додашударо нишон дода тавонистан;
4) барои иҷрои маҷбуриятҳо аз маълумотҳои дастраст дуруст истифода намудан;
5) барои ҳалли супоришҳои муайян аз технологияи дастраст истифода бурдан;
6) аз нутқи гӯянда муайян намудани жанри адабӣ ва мазмуни он;
7) мустақилона тартиб додани матни нутқи гуянда, пурмазмун ва таъсирбахштар ифодакунии фикри шахси.
Скачано с www.znanio.ru
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.