Воспитательный урок на тему "Дружба и братство"
Оценка 4.8

Воспитательный урок на тему "Дружба и братство"

Оценка 4.8
Мероприятия
docx
воспитательная работа
06.12.2020
Воспитательный урок на тему "Дружба и братство"
Дарси тарбияви оиди Дусти ва рафокат.docx

Дарси тарбиявї

Мавзўъ: Дўстї ва рафоќат.

Маќсади дарс: тарбияи шогирдон дар рўњияи ватандўстї, эњтиром ба арзишњои миллї, ташаккули љањонбинї ва тафаккури онњо ва љалби хонандагон ба дарки дўстиву бародарї.

Љойи баргузорї: синфхонаи №64.

Ашёи аёнї: Расмњои кабутарон њамчун рамзи дўстї ва рафоќат, овезаи «Дўстиро љустуљў дорем, мо….», гўшаи Вањдати миллї, гўшаи Варзишгарон ва дигар расму овезањо.

Равиши дарс:  

То тавони дўстонро гум макун,

Дўстони мењрубонро гум макун.

Инсон баъди шинохти худ оњиста-оњиста ба донистани оламу одам мароќ зоњир мекунад. Зиндагї бидуни дўст, номумкин аст. Њатто дар замони наврасї низ њамаи мо низ вобаста ба диду хоњиши худ ба нафаре ќарин гашта, дўст мегирад.

Хушбахтона адабиёти беназири тољикон бањри дарки масоили њамидаи инсонӣ, бахусус ростгўиву боиродагї, мардонагиву дурандешї, хоксориву њимматбаландї,  рафоќат заминањои мусоид фароњам меорад.

Гузаштагони мо дўст, рафиќи љониро хеле ситоиш карда, гуфтаанд: «Бародар бењтар аст ё дўст? - Бародар. Ба шарте ки дўст бошад». Дарвоќеъ, дар ин мафњуми орифона маънии хеле баланд нуњуфта аст, ки њамаи моро ба ќиммати аслии дўст ошно месозанд. Албатта, дўст њар хел мешавад, агар зумрае љонї бошанд, гурўње нонианду забонї. Гурўњи фавќро худи њаёт собит месозад. Дўстї љонї он нафарест, ки дар њама њолат рафиќи худро фаромўш накарда, баръакс мунтазам бо ў дар мукотиба буда, ѓаму шодиро баробар таќсим мекунанд.

Бунёди олами рафоќат аз оила ибтидо гирифта, минбаъд ташаккул меёбад. Дўстї чароѓи хонадони оила, хуршеди тобони љањони гузарон аст, дар љое ки дўстиву рафоќат поянда бошад, њамеша чароѓи бахту саодат фурўзон мегардад:

Мардум гўянд бињишт хоњї ё дўст?

Эй бехабарон, бињишт бо дўст накўст.

Тољикон аз ибтидо ба мардуми олам робитањои дўстї  доранд. Аксари удабо  ва шоирони мо мањз ба василаи ана њамин риштаи дўстї кишварњои зиёди оламро сайр намудаанд.

Сафарњои Носири Хисрав, Камоли Хуљандї, Ањмади Дониш, Мирзо Турсунзода ва ѓайра дар тањаввули адабиёту фарњанги мо наќши муассир дорад. Бешубња, дар чунин дар як рўзгори нав ва соњибдавлатї барќарор намудани дўстї ба кишварњои мухталиф нафъи љомеаи мост. Мањз тавассути дўстї Тољикистонро давлатњои зиёде мешиносанд.

Барњаќ шоири дурандешу борикбин устод М.Турсунзода фармудаанд:

Дўст ояд гарм дар оѓўш гир,

Расми хуби точиконро гум макун.

Ањли адаб таљрибаи зиёд андўхта ба хулосае омаданд, ки дўстро дар лањзаи вазнин бояд шинохт. Ба ин маънї гуфтаанд: 

 

Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст,

Дар парешонњолию дар мондагї.

Оре, саодату камолоти миллат ва бахту иќболи он дар њамкорї ва робитањои дўстиаш бо мамолики мухталиф боз њам бештар мегардад. Мањз дўстї ба одамон хушбахтї меорад .

Пайдост, ки наслњо паи њам омада, боз мераванд. Аммо дўстї мисли Моњу Хуршед љовидон аст. Абушакури Балхї безавол будани дўстиро чунин ба ќалам додааст :

Њама чиз пирї пазирад бидон,

Магар дўстї, к-он бувад љовидон.

Љомеаи кунунии мо аз њарваќта дида бештар ба рафоќату њамдастї ниёз дорад. Дўстї бо мардуми олам танњо саодату хушбахтї меорад. Аз ин хотир шинонидани дарахти дўстї савоб буда, решакан кардани нињоли душманї мањол аст. Њаќ ба љониби Њофизи Шерозї, ки фармудааст:

Дарахти дўстї биншон, ки коми дил ба бор орад,

Нињоли душмани баркан, ки ранчи бешумор орад

.

Њамовозї ба суруди «Биёед, биёед…»-и Саидќул Билолов

 

 

 


 

Скачано с www.znanio.ru

Дарси тарбиявї Мавзўъ: Дўстї ва рафоќат

Дарси тарбиявї Мавзўъ: Дўстї ва рафоќат

Бунёди олами рафоќат аз оила ибтидо гирифта, минбаъд ташаккул меёбад

Бунёди олами рафоќат аз оила ибтидо гирифта, минбаъд ташаккул меёбад

Дар парешонњолию дар мондаг ї

Дар парешонњолию дар мондаг ї
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
06.12.2020