Сафҳакалид – афзори асосии ҳарфчинӣ
Гарчанде дастгоҳҳои иттилоотворидкунандаи (input devices) компютер хеле зиёд бошанд ҳам, сафҳакалид дар байни онҳо мавқеи хоссаро ишғол менамояд. Сафҳакалид (keyboard – клавиатура) асосан афзори воридкунии иттилооти навъи ҳарфӣ-рақамӣ мебошад. Ҳар як тугмаи сафҳакалид сарпӯшеро мемонад, ки зери он калиди бениҳоят хурди мембранавӣ ҷойгир шудааст. Микропротсессори махсус, ки дар дохили сафҳакалид васл гардидааст, вазъи ин калидҳоро ба ҳисоб гирифта, пас аз ҳар як пахшкунию раҳокунии онҳо ба компютер маълумоти заруриро интиқол медиҳад. Ин гуна маълумот тавассути системаи амалиётӣ коркард мегардад ва натиҷаи он дар экрани монитор инъикос меёбад.
Сафҳакалид — ин дастгоҳи компютерист, ки барои чопкунӣ ва идоракунии компютер хизмат мекунад.
Миқдори тугмаҳои саҳфакалидҳои стандартӣ 101-104-то шуда метавонад. Дар расми зерин яке аз навъҳои сафҳакалиди компютери фардӣ тасвир ёфтааст.
Тавре аз навиштаҷоти боло тугмаҳои дар расм овардашуда аён аст, ҳар як тугмаи сафҳакалид ё барои дохил намудани ягон аломат (ҳарф, рақам, аломати китобат) ва ё идоракунии ягон раванди бо воридоти аломатҳо алоқамандбуда пешбинӣ шудааст. Аслан навиштаҷоти боло тугмаҳо чандон аҳамият надорад, чунки вазифаи ҳар як тугмаи сафҳакалидро дар дилхоҳ маврид аз нав муайян кардан имконпазир аст.
Дар чунин ҳолатҳо кифоя аст, ки аввал вазифаи тугмаҳоро мушаххас гардонем ва баъд навиштаҷоти болои онҳоро иваз кунем. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар сафҳакалидро афзори ҳамакор (универсал)-и ҳарфчинӣ мегӯянд. Сафҳакалид метавонад дар як лаҳза афзори ҳарфчинии тоҷикӣ, дар дигар лаҳза – русӣ, англисӣ, хитоӣ, арабӣ ва ғайра бошад.
Аз рӯйи тақсимоти вазифавӣ тугмаҳои сафҳакалидро ба панҷ блок (қисм) ҷудо менамоянд:
1. Блоки тугмаҳои ҳарфӣ-рақамӣ;
2. Блоки тугмаҳои ёрирасони хидматӣ;
3. Блоки тугмаҳои идоракунии (мудирияти) курсор;
4. Блоки иловагии тугмаҳои рақамӣ;
5. Блоки тугмаҳои функсионалӣ.
Тарзҳои дурст истифодабарии сафҳакалид
Нагузоред, ки ба сафҳакалид об, хок, хошокҳои майда резад.
Тугмаҳои сафҳакалидро сахт пахш накунед.
Ҳаракатҳои ангушти шумо бояд сабук, кӯтоҳ ва ногаҳонӣ бошанд.
Ҳангоми навиштан ҳатман ангуштони худро ба тугмаҳои сафҳакалид дуруст ҷойгир кунед.
Мавқеи ҷойгиршавии дастҳо дар сафҳакалид
Ҳарфҳои зуд-зуд истифодашаванда дар марказ ҷойгиранд, бинобар ин сатри ҳарфҳои миёна ҳарфи асосӣ номида мешавад. Тугмачаҳои бо ҳарфҳои "o" ва "a" ишора карда шудаанд ва ҳамчун тугмаҳо барои мавқеи ибтидоии ангуштҳо ҳисоб карда мешаванд: ангушти ишорати дасти чап - дар калид бо ҳарфи "а"; ангушти ишорати дасти чап дар калид бо ҳарфи "о" ҷойгир аст.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.