ДОНИШЉЎЁН ЊАМЧУН ГУРЎЊИ ИЉТИМОЇ
Дар шароити њозира дар адабиёти илмї ба дараљаи кофї таърифи пурраи мафњуми «донишљўён» мушоњида намешавад.
Б.Рубин ва Ю.Колесников дар китобашон «Донишљўй аз нигоњи сотсиолог» ба мафњуми донишљўён чунин таъриф медињанд: «Донишљўён –ин гурўњи пурќуввати иљтимої буда, шарти вуљудияти он омодагирї аз рўи барномаи муайяни муташаккилона ба иљрои ролњои олии касбї ва иљтимої дар истењсолоти моддї ва маънавї мебошад».
Донишљўён њамчун гурўњи иљтимої дар системаи тањсилоти олї фаъолият мекунанд, ба сифати объекти истењсолот баромад намуда, предмети онро на ашё, балки худи шахсияти инсон ташкил медињад. Бинобар ин муњаќќиќон хулоса баровардаанд, ки шакли асосии истењсолот дар ин шароитњо фаъолияти таълимию маърифатї мебошад ва ин таъриф комилан дуруст аст. Тадќиќотчии дигар Семашко А.Н. таъкид мекунад: «дида баромадани давраи донишљўї њамчун њолати танњо омодагирї ба соњиб шудани мавќеи зиёї хато мебуд. Донишљўён дорои тамоми тавсифдињандањои заруре мебошанд, ки онњоро ба гурўњи махсуси иљтимої дохил намудан басанда аст, яъне онњо ба аломатњои асосии муќарраршуда љавобгўянд». Ў чунин нишонаю аломатњоро барои тасдиќи мавќеи илмии худ меоварад: иљро намудани функсияњои муайян дар љамъият, вучудияти воќеї, ваљњияти якхелаи рафтори иљтимоии аъзоёни гуруњњо, яклухтї ва мустаќилияти муайян нисбати дигар гурўњњои иљтимої ва системаи арзишњо. А.Н.Семашко дар асоси ин аломатњо донишљўёнро њамчун «гурўњи одамони синну солан љавон, ки барои иљрои вазифањои иљтимоии барои љамъият муњим муттањид гаштаанд, муваќќатан дар кори љамъиятии истењсолї иштирок намекунанд, соњиби умумияти маишат, системаи арзишњо буда, ба иљрои наќшањои иљтимоии зиёиён дар љамъият тайёрї мебинанд» тавсиф медињад.
Вобаста ба он, ки намуди асосии мењнати донишљўён мењнати таълимї мебошад ва он дар љамъият бо табдилёбии илм ба ќувваи истењсолкунанда моњияти боз њам баланди иљтимоиро пайдо мекунад. Дар ин њолат мењнати донишљўёнро метавонем аз як тараф њамчун категорияи иктисодї ва аз тарафи дигар њамчун категорияи ичтимої-психологї дида бароем.
Барои дуруст бањо додан ба характери мењнати донишљўён, бояд самтњои асосии фаъолияти мењнатии онњо ва дараљаи иштирокашон дар намудњои гуногуни фаъолият муайян карда шаванд. Мењнати бевоситаи донишљўён ба истењсоли неъматњои моддї туфайли инкишоф додани ќуввањои истењсолкунанда таъсир мерасонад. Њамин хел мењнати бевоситаи истењсолкунанда, мењнати илмии донишљўй аст: кор дар бюрои донишљўии конструкторњо, иљрои мавзўъњои шартномавї ва гайра. Њамин тавр, донишљўён ќисман дар шакли тањсилу омўзиш дар мењнати истењсолкунанда иштирок менамоянд.
Донишљўён њамчун гурўњи иљтимої иттињоди љавонони дорои маќсаду маром ва вазифањои муайяни ањамияти иљтимої дошта мебошанд. Онњо соњиби њамон хел сифатњоеанд, ки ба тамоми љавонон хосанд, аз он љумла ватандўстї, садоќат ба халќ, ба идеяњои демократия, раѓбат ба дониш, муносибати бошуурона ба мењнат, мењнатдўстї , коллективизм, фаъолї, ташаббускорї, майл ба навоварї, миллатдўстї ва ѓайра.
Ба ќатори хусусиятњои махсуси донишљўён якчанд хислатњои хоси дигарро низ дохил кардан мумкин аст. Нуфуз ё эътибори иљтимої яке аз онњо ба шумор меравад. Донишљўён ќисми нисбатан омодаёфтаю бо маърифат ва пешќадами љавонон њисобида мешаванд. Ин дар навбати худ имконият медињад, ки хусусиятњои нав ба нави иљтимої-психологї дар донишљўён ташаккул ёбанд. Умумияти маќсадњо дар гирифтани маълумоти олї, характери ягонаи мењнат-тањсил, тарзи зиндагї, иштироки фаъолона дар корњои љамъиятии мактаби олї дар ташаккули муттањидї ва коллективизм мусоидат менамоянд.
Хусусияти дигари донишљўён дар он ифода меёбад, ки онњо бо дигар табаќа ва ташкилотњои иљтимої дар алоќамандии байнињамдигарї мебошанд. Мактаби олї - ин шароити хуб барои муошират намудани донишљўён аст. Аз ин рў, майли беандозаи азхудкунии дониш, мањорат ва малака зоњир мешавад, ки аз хусусиятњои дигари донишљўён ба шумор меравад. Агар ин аз як тараф, ба ташаккули коллектив ва коллективизм мусоидат кунад, аз тарафи дигар, алоќаю робитаи донишљўёнро бо гурўњњои дигари иљтимоии љамъият мустањкам менамояд.
Љустуљўи мазмун ва моњияти њаёт, љањду кўшиш ба идея ва дигаргунињои пешќадами љамъиятї хусусияти ањамияти иљтимої доштаи донишљўён аст. Ин маќсадњо дар шароити имрўзаи тараќќиёти бемайлони илмї-техникї омили мусбат мебошад.
Ба донишљўён инчунин ихтилофњо хосанд ва онњоро психолог Ю.А.Самарин ба таври зайл гурўњбандї намудааст:
1. Иљтимої-психологї. Ин ихтилоф байни инкишофи ќуввањои аќлию љисмонии донишљўй ва муњлатњои ќатъии ваќт мебошад.
2. Байни кўшишњои мустакилона интихоб намудани донишњо ва шаклу усулњои нисбатан ќатъии тайёр намудани мутахассисони гуногунсоња.Ин ихтилоф табиати дидактикиро дорад, зеро донишљўён ва муаллимон метавонанд аз натиљањои љараёни таълим ќаноатманд нашаванд.
3. Маълумотњои нињоят зиёде, ки тавассути роњњои гуногун меоянд, дониши донишљўёнро васеъ менамоянд ва дар баробари ин фаровонии ин ахборот њангоми набудани ваќти кофї ва хоњиши коркарди фикрии онњо метавонанд ба њосилшавии донишу тафаккури сатњию руякї баранд. Бинобар ин аз муаллимон корњои махсусе барои амиќ кардани дониш, мањорат ва шавќу њавасњои донишљўён талаб карда мешавад.
Имрўзњо раванди компютеркунонї ва умуман тараќќиёти илму техника донишљўёнро ба як навъ дуршавї дар шакли нигилизм (шаккокї) овардааст, зеро онњо нисбати фаннњои математика, физика, ихтисосњои техникї ба илмњои љамъиятї ва гуманитарї камтар эътибор медодагї шуданд.
Аксарияти кулли сотсиолог ва психологњо таъкид менамоянд,ки дар мактабњои олї пеш аз њама як норасої эњсос мешавад ва он њам бошад набудани таљрибаи кофии кори сиёсї ё худ устувории сиёсї дар донишљўён аст.
Мактаби олї дар ташаккули шахсияти баркамол мавќеи хосро дорад ва бояд дорои чунин барномаи иљтимої бошад, ки тавассути он донишљўёнро барои иљрои вазифањои ояндаи иљтимої омода созад. Ин барнома бояд соња ва маќсадњои зеринро фаро гирад:
1. Азхудкунии дониш ва мањорати касбии кори мустакилонаи эљодї дар соњањои интихобкардаи илм, техника ва маданият. Дар он љо ба тарбияи муносибати эљодии донишљўён ба мењнат, ба такмили мањорату вусъат додани дониш ва ба баланд бардоштани дараљаи тахассусии он бояд эътибор дод. Дар асоси ин имкониятњои илмї-маърифатии мутахассисони оянда ба амал меояд, ки дар навбати худ ба самаранокии мењнат, њаљми ќобилияти корї ва баланд бардоштани сањми љамъиятї дар тараќќиёти илм, маданият ва истењсолот таъсири амиќи мусбат мебахшанд.
2. Ташаккул додани малакаю мањорат ва ќобилиятњои ташкилотчию идоракунї дар донишљўён. Ин њам тайёрии махсуси назариявї (донишњои ташкили илмии мењнат, психологияи иљтимої, этика, педагогика, техникаи компютерї, информатика) ва њам амалиро дар мактаби олї талаб менамояд. Иљрои чунин вазифа имкониятњои мутахассисро васеъ менамояд ва ба фаъолияти љамъиятии ў ќувват мебахшад.
3. Тарбияи мавкеи шахрванди, ташаккули чахонбинию эътикод, камолоти сиёси ва ватандустию садокат ба халк ва гайра.
4. Ташаккули маданияти маънавї, завќи зебопарастї, меъёр ва принсипњои ахлоќї, тандурустї ва ѓайра.
Њамин тариќ, мактаби олї ин вазифањоро дар шароити имрўзаи тараќќиёти љамъияти њуќуќбунёд ва демократї иљро намуда, принсипи асосии системаи маориф-ташаккули маърифатнокии баланд, инкишофи њамаљонибаи шахсияти донишљўёнро татбиќ намуда истодааст.
Руйихати адабиёти истифодашуда:
1. Ќодиров С., Давлатов М. Психологияи иљтимої. – Душанбе: Сино, 2004. -132с.
2. Андреева Г.М. Социальная психология. - М.: Аспект - Пресс, 2001. -с.82.
3. Социальная психология. - М.: Полит, л-ра, 1975. –с.738.
4. Краткий словарь по социологии. – М.: Полит, л-ра, 1988. –с.50.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.