Нақша
Муқаддимаи MySQL
Қиматҳои литералӣ
Идентификаторҳо
Тағйирёбандаҳои истифодабаранда
Тағйирёбандаҳои системавӣ
Эзоҳот
2
Сатрҳо
Сатрҳо - ин пайдарпаии символҳо буда, бо нохунакҳои яктогӣ ё ин ки дутогӣ иҳота мешаванд.
Масалан: ‘сатр’ ё “боз сатр”.
4
Ададҳо
Ададҳои бутун ҳамчун пайдарпаи рақамҳо тасаввур карда мешаванд.
1221
0
-32
Дар ададҳои ҳақиқи (бо нуқтаҳои шинокунанда), нуқта ‘ . ’ ба сифати ҷудокунии қисми бутун ва касрӣ истифода бурда мешавад.
294.42
-32032.6809е+10
148.00
5
Қиматҳои системаи шонздаҳӣ
Истифодаи синтаксиси 0x ба ODBC асоснок карда мешавад.
0x636174 => cat
0x5061756c => Paul
6
Қиматҳои булӣ (мантиқӣ)
Аз MySQL 4.1 сар карда, константаи TRUE ҳамчун 1 ва константаи FALSE бошад, ҳамчун 0 қабул карда шудаанд. Номи константаҳо ҳам дар регистри болоӣ ва ҳам поёнӣ навишта мешаванд.
7
Қимати NULL
Қимати NULL маънои «мавҷуд набудани маълумот»-ро дорад. NULL-ро дар ҳамаи регистрҳо навиштан мумкин аст. Бояд қайд кард, ки NULL аз қимати 0 (сифр) барои типҳои ададӣ ва сатри холӣ барои типпи сатрӣ фарқ мекунад.
8
Идентификаторҳо
Идентификаторҳо гуфта номхои базаи маълумот, ҷадвалҳо, индексҳо, марзаҳо ва тахаллус (псевдоним) – ро дар назар доранд.
9
Тағйирёбандаҳои истифодабаранда
MySQL тағйирёбандаҳои истифодабарандаро аз тафсири 3.23.6 сар карда, дастгирӣ мекунад.
Шумо метавонед қиматҳоро дар тағйирёбандаҳои истифодабаранда сабт кунед ва баъдан ба онҳо муроҷиат намоед.
Тағйирёбандаҳои истифодабаранда бо пайвастшавӣ алоқаманданд.
SET $номи_тағйирёбанда=ифода [,$номи_тағйирёбанда-ифода]
mysql> SET @t1=0, @t2=0, @t3=0;
mysql> SELECT @t1:=(@t2:=1)+@t3:=4,@t1,@t2,@t3;
10
Тағйирёбандаҳои системавӣ
Аз MySQL 4.0.3 сар карда, мо дохилшавии беҳтаринро барои маҷмӯъи тағйирёбандаҳои системӣ ва тағйирёбандаҳои сеансии алоқаҳо, пешниҳод намудем.
Дар вақти фаъол будани сервер, бисёри тағйирёбандаҳоро ба таври динамикӣ, тағйир додан мумкин аст.
Ин иҷозат медиҳад, ки рафтори серверро бе доштани ӯ ва бозоғозкунии ӯ, тағйир дода шавад.
11
Эзоҳот
Сервери MySQL се намуди эзоҳотро дастгирӣ мекунад:
аз аломати '#' то охири сатр.
аз пайдарпайиҳои '--' то охири сатр.
аз пайдарпайии ‘/*’ то пайдарпайии '*/'.
12
Мисолҳо
SELECT 1+1; #ин тавсифот то охири сатр идома меёбад
SELECT 1+1;--ин тавсифот то охири сатр идома меёбад
SELECT 1 /* ин тавсифоти дохили сатрӣ */ + 1;
SELECT 1+
/*
ин
тавсифоти бисёрсатра
*/
1;
13
Кори амалӣ - лаборатории №1
Омӯхтани сохти забони дохилии MySQL. Пайдо кардани малака дар истифодаи қиматҳои литералӣ, тағйирёбандаҳои истифодабанадаю системавӣ ва инчунин эзоҳот.
14
Материалы на данной страницы взяты из открытых источников либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.