Дарси 2. Сохтани базаи маълумотҳо ва ҷадвалҳо дар MySQL

  • pptx
  • 19.01.2023
Публикация в СМИ для учителей

Публикация в СМИ для учителей

Бесплатное участие. Свидетельство СМИ сразу.
Мгновенные 10 документов в портфолио.

Иконка файла материала Дарси 2. Сохтани базаи маълумотҳо ва ҷадвалҳо дар MySQL.pptx

Мавзўи 2. Сохтани базаи маълумотҳо ва ҷадвалҳо дар MySQL

Нақша

Забони SQL
DDL (Data Definition Language)
Фармони CREATE DATABASE
Оператори SHOW DATABASES
Оператори USE
Фармони CREATE TABLE
Оператори SHOW TABLES
Оператори DESCRIBE

Забони SQL (Structured Query Language – забони навиштани дархостҳо) ба чор қисм ҷудо карда шудааст:

операторҳои муайянкунии сохти маълумот (англ. Data Definition Language, DDL)
операторҳои идоракунии маълумот (англ. Data Manipulation Language, DML)
операторҳои муайянкунии дастрасии маълумот (англ. Data Control Language, DCL)
операторҳои идоракунии транзаксияҳо (англ. Transaction Control Language, TCL)

DDL (Data Definition Language)

DDL (Data Definition Language) забони муайянку-нии сохти маълумот – забони махсусест, ки аз тарафи истифодабаранда ва ё маъмури базаи маълумот (БМ) барои муайянкунии сохти мантиқии маълумот (объектҳои БМ: марзаҳо ва сабтҳо, хосиятҳои онҳо) истифода бурда мешавад. DDL бо калимаҳои калидии "CREATE" («сохтан»), "ALTER" («тағйирдиҳӣ»), "DROP" («хориҷ-кунӣ») тавсиф дода мешавад.

Фармони CREATE DATABASE

Сохтани базаи маълумот дар MySQL бо ёрии фармони CREATE DATABASE иҷро карда мешавад.
Синтаксиси истифодабарии фармон:

CREATE DATABASE номи_базаи_маълумот
Мисол:
CREATE DATABASE misoli_BM;

Оператори SHOW DATABASES

Барои муайян намудани БМ – ҳои дар сервер мавчудбуда аз оператори SHOW DATABASES истифода мебаранд.

mysql> SHOW DATABASES;

Оператори USE

Пас сохтани БМ, сохти он тартиб дода мешавад. Маълум аст, ки сохти БМ – ро ҷадвалҳои он ташкил медиҳад. Дар MySQL пеш аз он ки ҷадвал сохта шавад, бояд БМ интихоб карда шавад. Бо ин мақсад оператори USE истифода мешавад.

mysql> USE misoli_BM;

Фармони CREATE TABLE

Барои сохтани ҷадвалҳо оператори CREATE TABLE истифода бурда мешавад, ки пас аз он бояд номи ҷадвал ва дар дохили қавс сохташ, яъне марзаҳои он дода шаванд.
Синтаксис:

CREATE [TEMPORARY] TABLE
[IF NOT EXISTS] номи_ҷадвал
[(create_definition,...)]
[table_options] [select_statement]

Сохтани ҷадвал


CREATE TABLE jadval(raqam INT, nom TEXT);

Дар дохили қавс номи сутун ва типпи он дода мешавад. Ҳамин тариқ ҷадвали сохта шудаи jadval ду марза дорад: raqam, ки танҳо ададҳои бутунро қабул карда метавонад (INT) ва марзаи nom, ки дар он танҳо сатрҳо ҷой дода мешаванд (TEXT).

Оператори SHOW TABLES

Барои санҷидани он, ки ҷадвал дар ҳақиқат сохта шуд, оператори SHOW TABLES, ки рӯйхати ҷадвалҳои дар ҳамин БМ мавҷуд бударо мебарорад, истифода бурдан лозим.

Оператори DESCRIBE

Барои гирифтани тавсифоти сутунҳои ҷадвал аз оператори DESCRIBE (тарзи кӯтоҳи навишт DESC) истифода мебаранд. Бояд қайд кард, ки марзаҳои ҷадвал атрибути асосии ҷадвал буда, сохти онро ташкил медиҳад.