Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз
Оценка 4.6

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Оценка 4.6
Научные работы
docx
история +1
Взрослым
05.09.2019
Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз
Мазмуни маќоларо масъалаи ҳунару ҳунармандӣ ва навъњои он дар бар гирифта, дар суннат, урфу одат ва анъанањои Наврўзї инъикос ёфтани ҳунарҳои мардумӣ ба ќалам дода шудааст. Қайд карда мешавад, љашнгирии ид, тарѓиби њунарњои мардумї ва эълон шудани соли рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї ба эҳёи њунарњои халқӣ заминаи боэътимоди фарњангї фароњам меоварад.
Хунархои мардуми ва Навруз.docx
Парпишоев Карамшо сармутахассиси шуъбаи таълими ФДЉТИБКСМ дар ВМКБ Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз (Маърифати омўзгор с.2019, №3) Вожаҳои калидӣ: фарҳанг, њунар, ҳунармандӣ, урфу одат, анъана, мерос, суннат, гулдӯзӣ, кандакорӣ, љањонбинї. Мазмуни маќоларо масъалаи ҳунару ҳунармандӣ ва навъњои он дар бар гирифта, дар суннат, урфу одат ва анъанањои Наврўзї инъикос ёфтани ҳунарҳои мардумӣ ба ќалам дода шудааст. Қайд карда мешавад, љашнгирии ид, тарѓиби њунарњои мардумї ва эълон шудани соли рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї ба эҳёи њунарњои халқӣ заминаи боэътимоди фарњангї фароњам меоварад. Наврўз љашни шуур, њиссиёт, истеъдод ва њунару ќобилият њаст. Дар њар давру замон аъзоёни љомеа орзуву омоли худро ба таври шифоњї ё хаттї бо хондани суруду таронањо ва рубої, наќли ривояту афсонањо, тавассути иљрои амалњои гуногун дар сурати ашё, љонварон, меваю ѓизоњо, рангњо, аносири табиат ва амсоли инњоро дар ин ё он шакл ифода мекарданд. Албатта барои ифода кардани чунин амалњо њунар, истеъдод ва ќобилият лозим аст. Аз ин љост, ки илму њунар њамчун воситаи баёни иљтимоии одамон буда, љузъи таърихи ин ё он халќ ба њисоб мераванд. Олимон исбот кардаанд, ки инсон њастї, љањонбинї, тахайюлот, суннат ва муносибатњои таърихии худро ба воситаи њунар, ќобилият ва истеъдод баён менамуд ва такмил ёфтани онњо сабабгори тараќќиёти иљтимоию иќтисодї ва фарњангии љомеа мегардид. Халќи тољик чун аъзои љомеаи љањонї, дар баробари таърихи куњан доштанаш, ба арсаи љањонї воќеањо ва шахсонеро муаррифї намуд, ки ин воќеањо бо хусусияти умумибашарї доштан ва ин ашхос бо кашфиётњои илмї ва њунарњои волояшон тамаддуни љањониро ѓанї гардониданд. Иди Наврўз, ки бевосита иди аљдодии халќи тољик ба њисоб меравад, бо њунарњои мардумї алоќаи зич дошта, њунармандон кӯшиш мекарданд, ки ба ин ҷашни пуршукўњ аз маводњои гуногун шакли њайвонот ва парандагон тайёр намуда, онњоро атокунандаи файзу баракат ва комёбї медонистанд. Наврӯз њамчун иди њамаи идњо дорои системаи томи таълимоти фалсафавї, эътиќод, фарњанг, урфу одат ва сунатњое њаст, ки алоќамандии зичи инсонро бо неруи фавќултабиї ва муќаддасоти табиат инъкос менамояд. Аз давраи ба вуљуд омаданаш ин ид воситаи дарки асрори табиат ва љамъият гардида, таљрибае, ки 1 инсонят дар раванди љашни ин иди бузург њосил намуд, бо гузашти асрњо ба тартиб дароварда шуда, дар шакли сухан, имову ишора, тасвири расм, риояи суннату анъана ва иљрои њунару истеъдод ифода мешавад. Дар аввал ин арзишњои фарњангї танњо барои ашхосе, ки ин арзишњоро офарида буданд маълум буда, омма онњоро тасвири таљрибаи инсоният медонистанд. Аз нуқтаи назари илмӣ пайдо шудани Наврўз ба марҳалаи воридшавии инсоният ба давраи сифатан нави эволютсияи таърихӣ – гузариш аз давраи неъматљамъкунї ва шикорчигї ба зироаткорї ва чорводорї – аз давраи ба њаёти муќимї гузаштани ќабилањои ориёї мансуб аст. Наврўз вобаста аз се љанбаи муњим: асоси табиї, таърихи пайдоиш ва фарњангњои умумї иди умумимилї њаст. Ба мисли идњои дигари љањонї Наврўз фарњанги эљодкорию њунармандї, меъёрҳои динию ахлоқї ва ѓояњои таърихии инсониятро инъикос менамояд. Њаким Фирдавсии Тусї љашнгирии Наврўзро дар Шоњнома чунин шарњ медињад, ки Љамшед баъд аз пирузии навбатї бар нерўи бадї фармон медињад, ки барои ў тахте бино кунанд. Пас аз омода шудани тахт ў худ бо тољи зарин ба тахт мешинад. Бо расидани нури Офтоб ба тољи заррини ў, љањон рушан гашта, мардум шодмонї кард ва он рўзро Наврўз номиданд. Иди Наврўз аз оѓози пайдоишаш бо сарфи њунару фаросати инсоният барои созандагию бунёдкорї оѓоз ёфта, бо ин сифати волояш то ба имрўз омада расид. Тахти Љамшед бошад аввалин нишонае аз илму њунари халќњои ориётабор ба њисоб рафта, нишонгарї љањонишавии Наврўз гардид, ки бо шукўњу шањомат дар сатњи баланди давлатї љашн гирифта мешуд. Харобањои ин тахти аљдодї, ки шукўњи љашни Наврўзиро дар худ таљассум менамоянд, њамчун тимсоли аќлу хирад ва њунари нотакрори мардуми ориёї зери чархи гардун боќї монда, то ба имрўз мардумони оламро ба њайрат мегузоранд. Куруши Кабир замоне, ки ба Бобул њуљум мекунад, Наврўзро љашни миллї эълон намуда, фармон медињад, ки њамчун аломати шодиву хурсанндї барои сарбозон тоза намудани макони зисту хонањои шахсї ва бахшидани гуноњи мањкумшудагон барномаи мушаххасро тањия намуда, ба иљро расонанд. Ба муносибати љашнгирии иди Наврўз дар соли 414 пеш аз мелод Дорои I фармон дод, ки тангањои тиллоиро сикка зананд. Дар як тарафи ин тангањо расми сарбозе њангоми тирандозї бо санъати баланд тасвир шудааст, ки ин аз санъати баланди њунармандони он давра шањодат медињад. Барои гузаронидани ислоњоти таќвимї њокимони салчуќї гурўњи олимонро бо сарварии Умари Хайём супориш медињанд, ки љашнгирии иди Наврўзро муайян намоянд. Баъд аз тадќиќоти тулонї гурўњ ќарор дод, ки иди Наврўз дар рўзи якуми бањор ва оѓози моњи Амал љашн гирифта шавад. Ин тадќиќоти даќиќи илмї ва њисобу китоби аниќи худро Умари Хайём дар асараш «Зиљи маликшоњї», ки дар таърих бо номи «Таќвими љалолї» маъруф аст, љамъбаст намудааст. Иди Наврўз, ки таърихи зиёда аз сењазорсола дорад, дар љараёни љашнгириаш худ такмил ёфта, аќлу хирад ва њунари халќро низ рушд медод. Тахти Љамшед, амалњои бунёдкорию созандагии Куруши Кабиру Доро ва дигар њакимони маъруфи ниёгони мо ифодакунандаи нерўи баланди зењнї, ављи инкишофи илму њунар ва 2 ќудрату шукўњи мардуми ориёї буда, нишонаи вањдату ягонагии љомеаи он давронро нишон медињанд. Аз ин љост, ки иди байналхалқии Наврӯз моро бо анъанаҳои фарҳангии аҷдодонамон пайваст намуда, дар бораи таърихи бою пурѓановати аљдодони мо маълумоти воќеї медињад ва ба ояндаи дурахшон роњнамун сохта, дар бораи људонопазирии фарњанги халќи тоҷик аз тамаддуни ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Мақсад аз ҷашнгирии Наврӯз - эҳёи њунару неруи нав ва хушбахтӣ, оғози фаровонӣ, мењнат ва кӯшиш барои ояндаи нек мебошад. Рӯзи хушбахтарин ва комёбињое, ки одамон ба њамдигар орзу мекунанд, мањз дар рўзњои Наврўз мустаљоб мегарданд. Мањз дар иди Наврўз фарњанг, уруфу одат ва њунарњои халќї зиндаву эњё гардида, аз гўшаи фаромўшї рањо меёбанд. Яке аз рамзњои Наврўз суманак мебошад. Тайёр намудани ин таоми Наврўзї худ ёдоварие аз њунари волои аљдодии мо мебошад. Наќл мекунанд, ки дар замонњои ќадим зане бо ду писари дугоникаш зиндагї мекард. Дар хонаи он зан маводи хурданї намемонд ва ў маљбур мешавад, ки гандуми норасидаро даравида, ба даруни дег монад ва ба он об илова карда, маводи хурданиро тайёр мекунад. Ин аввалин суманак буда, минбаъд он бо гузашти ќарнњо такмил ёфт. Ин намунаи њунари худододї буд, ки модар тавонист бо ин мукофоти илоњї фарзандонашро аз марг наљот дињад. Мувофиқи таълимоти Абурайҳони Берунӣ њунару бунёдкорї, рамзу рози оинҳо, суннату маросимҳои гуногуни Наврўз, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дари онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона Наврӯзро истиқбол менамуданд. Дар рўзњои љашни Наврўз насли наврас ва љавон аз насли калонсол њунарњо, суннатњо ва анъанањои навро ёд гирифта, онњоро эњё мекарданд. Наврўз гуё барои насли наврас ва љавон мактаби нав ва њаёти навро ато мекунад. Ба аќидаи А. Фирдавсӣ фалсафаи љашни Наврўз аз мењнати бошууронаи инсон дар табиат иборат буда, Наврӯз на танҳо рӯзи офариниши олам, балки ибтидои фаъолияти эҷодии инсон ва тавлиди њунарњои нав дар рӯи замин мебошад. Наврўз қосид ва паёмбари ҳунарњои мардумии гузашта, имрӯз ва фардо мебошад. Зеро бо љашн гирифтани ин ид ба дониш, мањорат, истеъдод ва њунари насли љавон дониш, мањорат, истеъдод ва њунари нав зам шуда, фарњанги моддї ва маънавии миллат такмил ёфта, рушд мекунад. Комёбињои моддї ва маънавї бошанд давомдиҳандаи қавм ва миллати тамаддунофаре аст, ки бо офаридаҳои худ дунёро мусаххар намуданд. Таљассуми њунарњои миллии Наврўзї дар ороиши сару либос, љињози хона муњити зист ва ѓайра мушоњида мешавад. Аз давраҳои қадим одамон барои беҳтару хубтар љашн гирифтани ин ид чораҳои нав андешида, ба офаридани асбобу олотҳои рӯзгордорӣ рӯ меовардаанд. Ин аст, ки имрӯз дар зиндагии ҳаррӯзаи худ аз олотҳо ва ҷиҳозҳои барои зиндагӣ муҳим истифода мебарем. Ҳамаи он олотҳо аз ҷониби устоҳо ва ҳунармандон бо усули дастӣ сохта мешуданд ва бо мурури замон барои 3 осон намудани мењнати инсон бо усули технологӣ ва техника сохта мешаванд. Вале ҳунари дастӣ ҳунари гаронарзиш буда, таҷассумгари фарҳанги баланди зебопарастӣ мебошад. Аз давраи пеш боз дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳунарҳои қолинбофӣ, заргарӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ, сӯзанидӯзию кашидадӯзиҳо ва инчунин кулолгарию шишакориҳо маъруфияти бештар доранд. Агар ба таърихи халки тоҷик назар андозем, аз давраҳои қадим ҳунарҳои бофандагию кулолгарӣ қариб дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа рушд ёфта буд. Тайёр намудани ин гуна мањсулотњо ба ифтихори љашни Наврўз хусусияти оммавї пайдо карда, њунармандон ин мањсулотро ба намоиш ва савдо мегузоштанд. Аз тарафи бостоншиносон дарёфт шудани борсангҳои бофандагӣ ва табақу кӯзаҳои кулолии наққошишуда исботи воќеии гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Чун сухан дар бораи ҳунар ва ҳунармандӣ меравад, ҳаминро бояд кайд намуд, ки маҳсули дастони беҳтарин кулолгарони тољик имрӯз ҳамчун ганҷинаи гаронарзиши ҳунару фарҳанг пазируфта шуда, намунаи мањсулоти ин навъи њунармандї дар осорхонањои машњури дунё ба сифати нигорањо мањфуз дошта мешавад. Ҳунари сӯзанидӯзию кашидадӯзӣ ҳамчун ҳунари халқӣ имрўз низ истифода мешаванд. Тасвир намудани гул ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи матоъ ва бо риштаҳои рангоранг сӯзанидӯзӣ намудани онҳо кори заҳматталаб бошад њам, мазмуни он орзуву ормони халќро ифода карда, њунарманд зери ҳар ранг ва нақш рамзи зебоӣ, ҳаёт, оламу одамро таҷассум менамояд. Бахусус истењсол намудани мањсулоти њунармандї дар рўзњои ид ва тўю маъракањо ба ављи аъло мерасид. Решањои фарњангии кўњнаи ин њунарњо имрўз низ дар инкишоф мебошанд. Ҳунари чӯбкорӣ яке аз ҳунарҳои маъруф ва маъмул дар миёни халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки аз замонҳои қадим то имрӯз идома дорад. Сохтани олотҳо барои рӯзгордорӣ аз қабили юѓу сипор, табақу қошуқ, гавҳораю сандуқҳо ва дигар анҷомҳои барои зиндагӣ зарур ба ҳунари чӯбкорӣ мансуб мебошанд. Ба ин ҳунар боз ҳуари кандакорӣ низ дохил мешавад, ки барои ороиши хона, олотҳо ва ҷиҳозҳо истифода бурда мешавад. Дар Бадахшон ба хотири ороиши хона дар иди Наврўз, њатто арчаи наврӯзиро фикр карданд. Арчаи сафеди наврӯзиро њунармандони чењрадаст аз шохи навбуридаи бед тайёр мекунанд. Ранги арчаи наврӯзї сафед буда, намуди он хӯшањои сербори гандумро ба ёд оварда, рамзи њосили фаровону саодату хушбахтиро ифода мекунад. Дар баробари чўбкорї оҳангарӣ низ яке аз ҳунарҳои аҷдодии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дарёфт гардидани асбобу олотҳои дастсози оҳанӣ аз минтақањои гуногуни Тољикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замонҳои қадим боз асбобу олотҳои оҳанӣ аз қабили белу каланд, дос, наъл, тешаю табарҳои дастсози оҳанӣ аз ҷониби оҳангарони маҳаллӣ сохта шуда, мавриди истифодаи аҳолӣ гардидааст. Тайёр намудани ин гуна олот аз љониби њунармандон дар арафаи иди Наврўз зиёдтар мушоњида мешуд. Зеро Наврўз худ оѓози сар шудани кишту кор ва дигар њосилоти заминї њаст, ки инсонро сер карда, сабаби баќои њаёти ў мегардад. Ба ќавли С. Шерозї танҳо илму ҳунар шахсро дар байни хоссу ом соҳибиззат ва соҳибэҳтиром мегардонад. Саъдӣ исботи 4 ин фикри худро бо њикояте љамъбаст намудааст: ҳакиме писаронро панд дод: «Љонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳал хатар аст. Ё дузд ба як бор бибарад, ё хода ба тафорик бихӯрад. Аммо ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ѓам набошад, ки ҳунар худ давлат аст. Њар ҷо, ки равад қадр бинаду бар садр нишинад ва беҳунар лукма чинаду сахтӣ бинад». Ҳунарҳои дигаре, ки аз давраҳои қадим то имрӯз мардуми тоҷик идома дода истодааст ва фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд, заргарӣ, рассомӣ, сабадбофӣ ва ѓайрањо мебошанд, ки ҳамчун муаррифгари фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аҳамияти хос доранд. Дар рӯзҳои љашнгирии иди Наврўз, дар кӯчаҳо баромади њофизон, санъаткорон, ширинкорон ва дигар намуди њунарњои халќї доир мешуданд. Њар як њунарманд њунари волои худро сарф намуда, тамошобинон аз баромади онњо ба ваљъ меомаданд. Суннатњои Наврўзї алоќамандї ва вобастагии одамро аз табиат тавсиф карда, бо иљро намудани ин суннатњо инсон табиатро ќувваи берунї медонист ва ба он эътиќод дошт. Наврӯз бо эљодиёти дањонакї, санъати классикї ва дигар анъанњои халќи тољик алоќаманд мебошад. Аќдае мављуд аст, ки баъзе бозёфтњои маданияти Амударё (асрҳои VI-IV пеш аз млод) (нигорањои осорхонаи Лондон, Британияи Кабир) бо иди Наврӯз мансубият доранд. Яке аз ин бозёфтњо аробаи тиллоие мебошад, ки ба санъати анъанаҳои давраи Њахоманишињо тааллуќ дорад. Ин он маъно дорад, ки иди Наврўз пеш аз давраи њукмронии Њахоманишињо љашн гирифта шуда, њунарњои мардум дар он давра ба ављи аълои худ расида буданд. Таърихшинос Муҳаммад Наршахї (899-959) менависад, ки дар арафаи Наврӯз дар Бухоро њунармандон аз гили пухта ва чуб њайкалчањо тайёр мекарданд ва онҳо дарҳол аз ҷониби сокинони маҳаллӣ харидорї мешуданд. Ин амал дар Бадахшон то кунун њам ба иљро расонида мешавад. Занон аз хамир қолаби ҳайвоноти гуногунро тайёр мекунанд. Дар Қаротоғ ва Истаравшан њунармандон аз сафол њуштакчањо ва ќолаби њайвонотро ба сифати бозичањо барои кудакон тайёр мекунанд. Њунармандон мањсулоти њунармандии дохили хонаро ба сифати сењру љоду истифода бурда, бо ин роњ мехостанд, ки неруи бадї ва шарро ба неруи некї ва хайр иваз намоянд. Дар Хатлон њунармандон то њоло њам дар деворњои хона расми гул, шохи гўсфанд ва дарахти сарвро тасвир мекунанд. Занони Бадахшон иззи дасти ростро, ки бо орд олуда мекунанд, дар сутуни марказии хона мегузоранд. Њар як суннати Наврўзї мањсули мењнати њунармандон буд. Инсоният аз замони таваллуд бо олами табиӣ зиндагӣ дошта, онро бо узвњои њис дарку ламс мекард ва ин амал дар зеҳни ў як навъи ҷаҳонбиниро ба вуљуд меовард. Ин љањонбиниро инсон дар ин ё он шакл ифода мекард ва бо њамин восита муносибати худро ба табиат ва љамъият бо ин ё он бањонае ифода менамуд. Аз ин рў иљро намудани расму оинњои Наврўзї ва тайёр намудани мањсулоти њунармандиро онњо воситаи ифодаи маќсаду мароми худ њисоб мекарданд. Наврўз дар баробари халќњои дигар барои тоҷикон иди мардумист, аз ин рў, 5 Пешвои миллат, мардуми ҳар гузару маҳалла дар як зиёфат ҷамъ шуда, суруд мехонанд, пойкўбӣ мекунанд, мусобиқоти варзишӣ ва бозиҳоро барои кўдакон намоиш медињанд. Сарнавишти Наврўз ба сарнавишти миллати тољик, ки эљодкунанда ва асосгузори ин оини пурифтихори бостонї мебошад, басо шабоҳат дорад. Тайи њазорсолањо ин миллат дар ќаламрави давлатњои дигар дохил шуда бошад њам, аз урфу одат ва фарњангу забони худ як нафас њам дар канор намонда буд. Дар лањзањое, ки макони зисти ниёгони моро аљнабиён бо кўшишњои зиёде муваќќатан забт карда, мехостанд, таъсири худро гузоранд, баръакс худ зери таъсири урфу одат ва суннатњои халќи тољик қарор гирифтанд. Љашни Наврўзи оламафрўз, ки имрўз иди байналмилалї эълон шудааст, худ исботи ин фикрњо мебошад. Имрўз љашн гирифтани иди Наврӯз дар тарбия намудани насли ҷавон нақши муҳим дорад. Зеро ҷаҳонбинии ин насл бо арзишҳои миллӣ, бахусус, њунару санъати эљодкардаи халќи тољик такмил меёбад. Дар натиљаи рушд ёфтани неру, ќобилият ва истеъдод, инчунин тарбия намудани насли руњан солим ва љисман инкишофёфта љавононе ба воя мерасад, ки онњо метавонанд шаъну шарафи Ватанро дар арсаи байналмиллалї баланд бардоранд. Бо мақсади рушди минбаъда ва зарурати инкишофи њунарњои аљдодї, ки макони асосии онњо деҳот ба њисоб меравад, Асосгузори Президенти Ҷумҳурии сулҳу ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олї солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро Љумњурии Тољикистон кишвари аграрї буда, зиёда аз 73 фоизи аҳолии он дар деҳот зиндагӣ мекунад ва пешрафти минбаъдаи мамлмкат аз бисёр љињат ба дењот, ки худ макони эҳё ва рушди њунарњои мардумї аст, вобаста мебошад. Бо ин маќсад 2 январи соли 2019 тањти №1170 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021 ба тасвиб расид. Иљрои бандњои фармони мазкур ба инкишофи минбаъдаи сарзамини Тоҷикистони азиз, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмин намудани шароити арзандаи зиндагї, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва некуаҳволии мардум мусоидат хоњад намуд. Соли 2019 эълон шудани Соли рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї дар Љумњурии Тољикистон барои гузариш ба муносибати салоњиятнокї ба таълим дар баробари заминаи сиёсиву иќтисодї, заминањои зењниро низ таъмин менамояд. Зеро мувофиқи талаботи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 низоми маориф, бахусус, мундариҷа ва раванди ҷараёни таълимро ислоҳоти ҷиддӣ интизор аст. Ислоҳоти мазкур гузариш ба муносибати босалоҳиятро дар таълим тақозо менамояд. Дар назар аст, ки соли 2022 дар ҳамаи зинаҳои таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим дар заминаи муносибати нав амалӣ мегардад. Барои ин азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, дӯзандагӣ, колинбофӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, ҳунари пухтани таомҳои миллӣ ва дигар 6 нозукиҳои рӯзғордорї аз тарафи хонандагон иљро намудани талаботњои Стратегияи миллии рушди маорифро таъмин хоњанд намуд. Лозим меояд, ки анъанањои таълимию тарбиявии пешини халќамонро аз нав эњё созем. Зеро канда шудани робитаи мустаќим бо њунарњои гузаштањои дуру наздикамон, гусаста шудани пайванди наслњо дар корњои тарбиявї мушкилоти зиёдеро ба миён хоњанд овард. Бо эњё шудан ва рушд ёфтани њунарњо, расму русум, анъана, урфу одат ва суннатњои миллї вазъи таълиму тарбия дар муассисањои таълимї њамчун мањсули хиради инсонї боз њам ташаккул меёбад. Вобаста ба ин имрўз бояд тамоми низоми таълиму тарбия, бахусус таълими њунарњои мардумї ба насли наврас дар заминаи эњёи фарњангу суннатњои миллї, рукнњои истиќлолияти давлатї, самтњои пешрафти љомеа ва арзишњои умумибашарї ба роњ монда шавад. Имрўз муассисањои таълимї танњо бо дониши замонавї таъмин намудани шањрвандон ќонеъ нашуда, бояд вобаста ба талаботи бозори мењнат ва инкишофи босуръати муносибатњои иљтимої, иќтисодї ва фарњангї дар амал истифода бурдани донишу малакањоро муњимтарин вазифаи асосии худ ќарор дињанд. 1. Асрори В., Амонов Р. Эљодиёти дањанакии халќи тољик. Душанбе Адабиёт: 2. Бойс М. Зороастрийцы. Верования и обычаи. Москва, 1987. 3. Зўњро Муњаззиб. Наврўзи хуљаста – суннати дерина. Армуѓон, 1980. 1995. 4. Лобачева Н.П. К истории календарных обычаев у земледельцев Средней Азии. Москва, 1986. 5. Парпишоев К. Наврўз: аз ойинњои мардумї то љашни байналмиллалї. Рањнамои омўзгор. №3, с.2017 6. Парпишоев К. Суннатњои наврўзии тољикон ва акс ёфтани онњо дар парчами давлатии Љумњурии Тољикистон. Масъалањои маориф. №3,с.2015. 7. Саидиброњимов Ш. Ќуллаи умед. Душанбе, 2012. 8. Шакармамадов Н. Наврўзи Бадахшон. Хоруѓ,2002. 7

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз

Инъикоси њунарњои мардумї дар сунатњои Наврўз
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
05.09.2019