Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф
Оценка 4.9

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Оценка 4.9
Исследовательские работы +2
docx
история +2
Взрослым
25.10.2019
Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф
Публикация является частью публикации:
Рамзхои наврузи ва акси онхо дар парчами точикистон.docx
1 парчами давлатии Љумњурии Тољикистон Суннатњои наврўзии тољикон ва акс ёфтани онњо дар Карам Парпишоев корманди Филиали ДЉТИБКСМ дар ВМКБ Орзуву омоли мардум на танњо ба таври шифоњї, бо хондани суруду таронањо ва рубоињо, наќли ривояту афсонањо, балки тавассути иљрои амалњои суннатї, расму ойинњо ва инчунин дар сурати ашё, љонварон, меваю ѓизоњо, рангњо, аносири табиат ва амсоли инњо дар шакли рамз ё самбулњо низ баён мегарданд. Њар як љашну маросими тољикон рамзу маънињои нуњуфтае дошта, розњои таърихию асотирии бостонї ва мазмунњои печидаи њаётї мебошанд. Рамз як навъ баёни иљтимої мебошад, ки дар шаклњои лафзї, хаттї, тасвирї, иљрої ва моддї унсурњои асотирию мазњабї, адабї ва иљтимоию фарњангиро дар бар гирифта, аз як фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли дигар интиќол дода мешаванд. Рамзњои ин ё он љашнњоро аз лињози шакл ва навъу намудњо метавон ба гуруњњо табаќабандї карда, ба таври људогона баррасї намуд. Дар ин маќола мехостем, чанде аз рамзњои марбут ба љашни Наврўзро шарњ дињем ва акс ёфтани онњоро дар контексти парчами давлатии Љумњурии Тољикистон нишон дихем. Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон рамзи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, иттињоди вайроннашавандаи коргару дењќон ва зиёиён, дўстиву бародарии њамаи миллатњои сокини љумњурї мебошад. Парчам бо Ќарори Шурои Олии Љумњурии Тољикистон 24-ноябри соли 1992 ќабул карда шуд. Рангњои миллии тољикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз њастанд, ки аз давраи бостон то кунун расидаанд. Дар љомеаи ориёї табаќањои сегонаи аслї бо ранги худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар он рузгор ранги сафед вижаи рўњониён, сурх вижаи љанговарон ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Бо такмили давлатдорї ва таѓйироти сиёсати дохиливу берунї мазмуну муњтавои ин рангњоро дигар ном бурдан мумкин буда, ранги сурхро рамзи коргарон ва вањдати људонопазири бепоёни онњо, ранги сафедро рамзи равшанфикрон ва андешамандон ва ранги сабзро рамзи кишоварзон ќайд кардан лозим аст. Ду ранг сурху сафед њанўз њам дар дирафши Эрон мављуд њастанд. Аммо ранги саввум 2 (сабз) ба љои ранги кабуд гузошта шудааст ва иттифоќан ба кори кишоварзон наздиктар аст. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рўзи парчам дар таърихи 23 ноябри соли 2010 рангњои парчами миллиро «ифодагари роњи таърихии халќи Тољикистон ва баёнгари арзишњои фарњанги миллї ва сиёсї» номида буд. Ранги сурх дар баробари муќаддасот буданаш дар парчами давлатї, дар суннати Наврўзї низ ранги аосї, шодиву фарањ ва сурхрўиву боварї ба ояндаи нек ифода меёфт. Орзуи саломатию шодкомї, ширину бофароѓат гузаштани сол, кушоиши кор ва заволнопазирї дар якчанд амалњои суннатии Наврўзї таљассум ёфтаанд. Мардуми тољик ќабл аз фарорасии соли нав ва лањзањои аввали он баъзе расму одатњоро иљро мекарданд, ки ба тандурустию амният, шодиву хурсандї, сурхруиву боварї ба ояндаи нек ва хушваќтии онњо дар тули сол мутааллиќ буданд. То ба миёнахои асри гузашта мардумони Њисору Каратоѓ, Истаравшану Хуљанд ва Самарќанду Бухоро ва дигар чойњо пеш аз Наврўз косаю табаќ, куза ва дигар зарфњои шикаста, ё сирѓпаридаро шикаста мепартофтанд, ки он як одати ќадимии зардуштиён буд. Ин ойин чунин маънї дошт, ки њамаи чизњои шикаста бо соли кўњна бебозгашт бираванд ва мардум дар соли нав орзуи тандурустиву зиндагии бешикастро орзу мекарданд. аљдодони мо суннати «Чањоршанбесурї» - ро ба амал мебароварданд. Маросими Чањоршанбеи охирон, ки онро Чоршанбесурї низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол (мувофики таќвими эронї-хуршедї) гузаронида мешавад. Одамон дар чоррањае алав афрухта хурду калон аз болояш мељањиданд ва ба оташ мурољиат карда мегуфтанд: «ранљурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман». Бо иљро намудани ин амал онњо боварї доштанд, ки дар соли нави оянда онњо тандуруст хоњанд буд. Ба аќидаи онњо њар фарде, ки аз болои оташ чањида гузарад, гуноњояш мерехтааст. Ривоят аст, ки дар шањру дењоти Мовароуннањр дар арафаи Наврўз одамон ба њадмдигар гул таќдим мекарданд, гулоб мепошиданд ва ширинї мечашониданд, ки ин амалњо нияти бо орзуи саломатию хушрузї ва шодмонињо гузаштани њаёти онњо мегаштанд. Бо иљрои ин фаъолиятњо мардум ќабл аз фарорасии соли нав на танњо хонаву дар ва ашёву анљоми хонаро тоза мекарданд, балки тавассути обпошї ва аз оташ чањидан рўњан њам худро тозаву озода менамуданд. Ранги дуюми парчами давлатї сафед буда, он аз њама зиёд дар суннатњои Наврўзї акс ёфтааст. Мувофиќи таълимоти Авесто Бо максади тандурустї 3 ин ранги вижаи руњониён буда, дар парчами давлатии ЉТ он њамчун ранги бахту иќболи сафед, роњи сафед ва нияти неки халќамонро ифода мекунад. Аз маълумоти гирдовардаи мардумшиносону муаррихон ва пажуњишњои муњаќќиќони фолклор бармеояд, ки дар љашни Наврўз ва ойинњову суннатњои он ранги сафед ањамияти бештар доштааст. Мардуми тољик дар гузашта ранги сафедро њамчун рамзи покиву беолоишї, сулњу осоиштагї, осмони соф ва кушоиши кор шуморида, дар интихоби ѓизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тољикон кўшиш менамуданд, ки њар чї бештар ин ранг дар айёми Наврўз ба назарњо расад. Масалан, њангоми тањвили сол либосњои сафед ба бар мекарданд. Дар руйи суфраи Наврўзї шакар, шир ва хурокњои аз ширу биринљ тайёркардашуда мегузоштанд. Аз гушти љонварон, асосан, мурѓ ва моњиро руйи дастархон менињоданд, ки сафедранг њастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санљид њам љойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад. Расми сафедгузинї ва рамзофарї дар замонхои хеле кадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо Ал- Кисравї, шоњони сосонї пагоњии рўзи Наврўз бози сафедеро парвоз медоданд ва субњи Наврўзро бо ошомидани шири навдўшида ва ё хурданї порае панири тоза оѓоз мекарданд. Дар рузи Наврўз ба шоњ дар обгинаи нуќрагин об мебурданд. Мо дар бисёр тасвирњои мардумшиносї ва фолклории пажуњишгароне, ки дар бораи Наврўз ва расму одатњои марбути он китобу маќолањо таълиф кардаанд, шоњиди он мешавем, ки то ба имруз ранги сафедро яке аз муњимтарин рангњои рамзноки ин љашн њисоб мекунанд. Дар минтаќаи Дарвози Тољикистон дар айёми Наврўз аслан ѓизоњои ширї, ба мисли ширбиринч, ширчуш, ширравѓан, ширбат омода мекарданд. Мардум ин хурокњоро дар хона тањия карда, сипас ба табаќу зарфњо бардошга ба идгоњ мебурданд ва бо њам тановул мекарданд. Бо иљро намудани суннатњои Наврўзї аљдодони мо ранги сафедро њамчун рамзи покию бегуноњї, рамзи зиндагонї, рамзи вањдату дўстї ифода мекарданд. Интихоби либос дар Наврўз аз ањамияти хос бархурдор аст. Ба њеч ваљњ набояд аз матои сиёњ либос тайёр кард. Маъмулан бонувон аз матои сафед ва сабз либос тањия менамуданд, ки рамзи покиву бањор аст. Дар Ќаратоѓ матое буд бо номи абр, ки бонувон дар љашни Наврўз аз он либос медухтанд. «Абр» - и Ќаратоѓ хеле машњур буда, аз абрешим тањия мегардид. Дар водии Њисор гиребони пирањанро маъмулан пар-пар мекарданд ва он байни занон хеле машњур буд. Либоси дигари маъруф 4 атлас мањсуб мешуд. Бењтарин атр низ дар Наврўз истифода мешуд. Дар рўзњои Наврўз њар оила аз матои сафеде, ки рамзи покї аст, дастархон меоростанд. Рамзњои Наврўзї бояд дар оростани дастархон ва хона риоя шаванд, зеро онњо нишони ѓалабаи некї бар бадї, сафедї бар сиёњї, зебої бар зиштї, ободї бар тангдастї, гармї бар сардї ва ѓайрањо мебошанду аз ниёгон мерос мондаанд. Дар Бадахшон ба хотири ороиши хона дар соли нав њатто арчаи наврӯзиро фикр карданд. Арчаи сафеди наврӯзї аз шохаи навбуридаи бед тайёр мекунад. Ранги арчаи наврӯзї сафед буда, намуди он хӯшањои сербори гандумро ба ёд оварда, рамзи њосили фаровону саодату хушбахтиро ифода мекунад. Дар баъзе ноњияњои Тољикистони шимолї дар суфраи идона суманакро дар зарфи сафедранг мегузоранд, хатто хонаи хамсоя ва хешу акрабо низ дар зарфи сафед мебаранд. Кадбону ба сари шахсї суманак оварда румоли сафед баста, ба зарфаш одатан дар иваз - орд, канд ё тухми мург менихад». Ранги сабзи парчами давлатї маънои сарсабзиву шукуфої, сарбаландиву хуррамї, абадият саъю кўшиш, баракат ва фаровонї, зањмату мењнати халќ, ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мегардад, ифода меёбад. Ин рангро суннатњои Наврўзї инъикос намуда, онро рамзи эњёи табиат ва сарсабзию хуррамї маънидод мекунад. Дар Бадахшони Точикистон дар рузи Наврўз агар мардум ба хонаи якдигар оянд, дар вактї ба хона даромадан шахси воридшавада дар даст шохчаи тару тозаи бедро дошта мегўяд:"Шогун бањор муборак!". Ва мизбон дар чавоб: "Бо руи шумо муборак» гуфта, камтар ордро гирифта, ба китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин орд рамзи њаёти осоишта буда, фоли нек ба шумор меравад. Расми дигари марбути шохаи тари бед дар байни духтарони навоњии мухталифи Точикистон ва манотиќи тољикнишини Узбекистон маъмул аст, ки мањз дар шабу рўзи фарорасии Наврўз иљро мешавад. Ваќте ки занону духтарон ва махсусан, наварусон ба идгоњ мераванд, аз пусти навдаи бед ба шакли силсила кокул месохтанд ва њамчун ороиш ба мўяшон њамроњ мекарданд. Рамзи баракту фаровонї дар шаклњои мухталиф дар фарњанги мардуми тољик акс ёфтааст. Тавре ки пажуњишгар Нисор Шакармамадов дар китоби «Наврўзи Бадахшон» овардааст, «соњибхоназан ё марди кадхудо сањарии барваќт ба чашма барои об меравад. Ў бояд аз хона то сари чашма ё руд ва аз он љо то хона баргаштан бояд ба касе сухан нагўяд. Њангоми 5 обгирї аз чашма чандто сангчаро гирифта ба даруни сатил меандозад, ки ин сангчахо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Чун ба хона мерасад сангчахоро њамроњи як даста сабзае, ки аз атрофи чашма чидааст аз равзан ба даруни хона (пойгањ) мепартояд. Сангрезањо ва сабзаро пас аз се рўз аз пойгањи хона чида, онњоро дар зери дарахти калону сершох мегузорад. Ин расми ќадим орзуи мардумро аз ояндаи неку фархунда ва бофайзу баркати корхо бозгуї мекунад». Мувофиќи ривоятњо ва асотири халќњои гуногун, Худованд офариниши чањонро дар оѓози бањор, њангоми рушноии фаровон, бо фуруги њаётбахши Хуршед, бо сабзаву гулњои тарабафзои бањорї бар пояи аќлу мантиќ, дар фасли нахустини табиат бунёд намудааст, на дар ягон анбўњи тираву тор, на дар сармову туфони зимистон, на дар тобистони сузон ва на дар тирамоњи пур аз хазону гиёњњои пажмурда, балки дар айёми Наврўз оѓоз бахшидааст. Дар расму ойин ва эътиќоди мардуми тољик фарорасии бањор, зиндашавии табиат ва оѓози кишту кори дењќон дар шаклњои гуногун таљассум ёфтаанд. Сабзаи љав ва ё гандум, ки зинатбахши суфраї «њафт син» ва масолењи асосии суманак аст, дар асл рамзи эњёи табиат ва зебогию осоиштагии њаёт мебошанд. Дар водии Яѓноб субњи Наврўз сабзаи суманакро њафт духтар дар табаќњо гирифта болои cap гузошта, ба мањаллаи пазандагон мебаранд ва то пухта расидани суманак ва дигар ѓизоњои идона ба пазандагон кумак мерасонанд. Дар байни парчам тасвири тољ ва њафт ахтар љой гирифтааст, ки он ишора ба решањои таърихии давлатдории Тољикистони соњибистиќлол мебошад. Адади њафт аз љамъи Ањура Маздо ва шаш амшоспандон - эзадон ё фариштахои соњибмаќоми пантеонї зардуштї ба вуљуд омадааст. «Њафт син» бояд аз мафњуми њафт синї, яъне њафт табаќ гирифта шудааст. Ибораи «њафт шин» ва гузоштани неъматњо бо њарфи «ш» баъдтар дар пайравии «њафт син» ба вуљуд омад. Дар асрњои гузашта дар байни мардуми тољик дар айёми Наврўз дар дастархонњои идона гузоштани њафт мева маъмул буд. Тавре ки куњансолон наќл мекунанд, то солњои 50-ум дар дењоту шањрњои тољикнишин дар љашни Наврўз дастархонњои Наврўзиро бо ѓизоњои гуногун оро медоданд. Дар суфраи бисер хонаводањо дар табаќњо њафт навъи мева: анор, себ, нок, ангур, чормаѓз, бодом ва гулинг ё зардолуи хушк мегузоштанд. Яке аз унсурњои љашни Наврўз оростани суфраи «хафт син» ё «хафт шии» мебошад. Донишмандону фархангшиносон 6 кўшиш кардаанд, ки рамзи хар яке аз ин ашё ва неъматхои табиатро шарх диханд ва алокаи мардумро ба онхо маънидод кунанд. Масалан, сабза - рамзи хуррамию сарсабзии табиат, шир бошад рамзи сапедии њаёт, рамзи покї, сулњу осоишї мебошанд ва ѓайра. Рамзи дигари раќами њафт дар суннати наврўзии «Њафт салом» ифода меёбад. То солњои 50-и асри бист дар байни мардум ойини «њафт салом» маълум буд. Муллоњо як њафта пеш аз вуруди Наврўз дар коѓазњо бо заъфарон «Њафтсалом» навишта ба мардум медоданд. «Њафтсалом» ояти куръоние иборат буд, ки дар он саломњо бар Нух, Мусо, Илёси Набї ва дигар паёмбарон зикр шуда буданд. «Њафтсалом»-ро рўзи Наврўз дар гулунгоб ё оби тоза тap карда, оби онро ањли оила менўшиданд. Дар асоси аќидаи мардум, ин мањлул хусусияти шифої доншта, одамаро аз нохушї ва беморињо наљот медодааст. Занњои тољик њангоми пухтани ѓизои Наврўзї - суманак ба дег сангчањоро, ки миќдорашон њафт адад аст меандозанд, ки рамзи фаровонї ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр љойњо ба деги суманак ба љои сангчахо 7 дона чормаѓз меандохтанд. Њамин тариќ раќами 7 дар урфияти гузаштагони мо бузург буда, ба ин хотир дастархони Наврўзиро бо ѓизоњои «њафт син» ва «њафт шин» меоростанд. Аз ин љост, ки ин раќам имруз парчами давлатии Љумњурии Тољикистонро низ зиннат медињад. Парчам дар баробари суннатњои Наврўзї як чизи муқаддасу таѓирнаёбанда мебошанд. Рангњо ва ашёњое ки мо имруз дар парчам ва ойини наврўзї мебинем, таърихи њазорсолаи миллати тољикро инъикос менамоянд. Парчам дар тўли садсолањои зиёд мояи ифтихору ѓурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорї ва миллии онњо мақому манзалати пурарљ доштааст. Аз ин рў, эњтиром ва арљ гузоштан ба парчам маънои эњтирому арљгузорї ба арзишњои деринаи таърихї ва фарњангиву маънавии миллї ва гузашта аз ин, эњтироми миллат ва давлату давлатдорї мебошад. Њар ду рамз (парчам ва суннатњои Наврўзї) ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттињоду сарљамъї, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастї ва њувияти миллии мардуми куњанбунёду фарњангии мо буда, мақсаду мароми неки тољиконро дар љилои рангњои худ инъикос менамоянд. Бо ёдоварии ин суханњо ман мехостам, диққати њамагонро ба он љалб намоям,ки парчам, дар туллии 7 таърихдории миллати тољик, аз куљо ва дар кадом њолат ба миён омадааст. Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон, ки имрўз њамчун як рамзи давлатї шинохта шудааст, албатта он дар як заминаи хушку холї ба вуљуд наомада, дар омода кардани он аз сарчашмањои хело зиёди фарњангї истифода карда шуданд. Дар Иљлосияи 16 Шурои олии Љумњурии Тољикистон Парчами Тољикистон мавриди қабул қарор гирифт ва дар тањия ва пешнињоди он олимон ва мардуми ањли фарњанг назари худро пешнињод дошта буданд ва ин парчами давлати тољик, ки имрўз њамчун рамзи давлатї шинохта шудааст, бо рангњои хеле зебо таљассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамадуни пешазисломї ва баъди исломии мардуми мо буда, тамоми арзишњои миллию таърихии моро ифода мекунад.

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф

Такмили ихтисос: таърихи пайдоиш ва инкишоф
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
25.10.2019