Инициативы Лидера нации - фактор в решении глобальной проблемы доступа к воде (на таджикском языке)
Оценка 5

Инициативы Лидера нации - фактор в решении глобальной проблемы доступа к воде (на таджикском языке)

Оценка 5
Занимательные материалы
doc
воспитательная работа
1 кл—11 кл
27.12.2020
Инициативы Лидера нации - фактор в решении глобальной проблемы доступа к воде (на таджикском языке)
Дарси тарбияви Ташаббусхои Пешвои миллат - омили халли мушкилоти чахонии дастраси ба об.doc

СОАТИ ТАРБИЯВЇ

бо хонандагони синфи 11 «А»-и МДТ литсейи №3 барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе, роњбари синф Зумратов А.Х.

 

Мавзӯъ: Ташаббусњои Пешвои миллат – омили њалли мушкилоти љањонии дастрасї ба об.

Мақсади дарс:

1.     Тавассути баёни мавзӯи нав тарғиб намудани ҳисси ватандӯстӣ, ба сарватҳои табиии ватани худ расидан, сарфакорона истифода бурдани об, тоза нигоҳ доштани табиат.

2.     Инкишофи нутқи хонандагон;

3.     Ташаккул  додани дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон.

Асбобҳои аёнӣ: Тахтаи магнитӣ, воситаҳои техникӣ  (компютер, тахтаи электронӣ), расмҳо, шиору овезањо.

Равиши дарс:

Хонандагони азиз,  дарси имрӯзаи мо бо тарзи нав - тарзи интерактивӣ мегузарад. Биёед, барои он ки дарси мо дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ гузарад, пеш аз ҳама шиносӣ мегузаронем.

Шиносоӣ : ба хонандагон бейљикњо супорида, фаҳмонида мешавад, ки ҳар кас номи худашро нависад (дар гарданаш овезад).

Вобаста ба мавзӯи дарс:

Хонандагони азиз, кани кӣ мегуяд, соли чанд «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» эълон шудааст?

Бале, боиси фараҳмандист, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул намудааст. Имрӯза мавзӯи дарс бахшида ба ин Ќатънома «Ташаббусњои Пешвои миллат – омили њалли мушкилоти љањонии дастрасї ба об»- ро  мегузарем. Мақсади дарс он аст, ҳамаи шумо ба қадри сарвати ватани худ расед, табиати ватани хешро тоза нигоҳ доред,  тазагию сарфакории обро донед.

Канӣ, кӣ мегуяд дар зери мафҳуми об чиро мефаҳмед – об чист? (хонандагон бо навбат суханронї менамоянд).

Њуљуми фикрї: Акнун ба тахтаи синф таваљљуњ мекунем, баъд аз тамошои навори «Фариштаи об» фикрамонро оид ба ташаббусњои Пешвои миллат оиди дастрасї ба об мухтасаран баён менамоем (хонандагон бо навбат андешањои худро баён менамоянд).

Биёёед барои исботи андешањои Шумо ба наворњои зерин таваљљуњ мекунем (наворњои «Дастрасї надоштани мамлакатњои љањон ба оби нўшокї» ва «Обњои љории Тољикистон» намоиш дода мешавад).

Ҳамаи мо  фаҳмидем, ки «Бе об ҳаёт нест» дар ҳамаи корҳо обро истифода мебарем. Канӣ кӣ мегуяд дар кишварамон кадом обҳои нӯшокӣ истехсол карда мешавад?

Оби Шоҳамбарӣ

Оби Зулол

Оби  Файзобод

Оби Сиёма

Оби Њавотоѓ

Акнун биёед хонандагони азиз суханњои судмандро дар бораи сифатњои об баён менамоем (хонандагон бо навбат дар бораи сифатњои суханронї менамоянд):

Кор бо гурўҳњо:

Хонандагонро ба 5 гурўњ људо менамоем (Шоњамбарї, Зулол, Файзобод, Сиёма ва Њавотоѓ). Ба ҳар гурӯҳ  доир ба мавзӯъ савол дода мешавад.

1.     Дар Тоҷикистон кадом дарёҳо ҳастанд, номбар кунед?

2.     Дар  бораи љойгиршавии кӯлҳои Тоҷикистон маълумот диҳед?

3.     Дар Тоҷикистон кадом истгоҳҳои барқӣ-обӣ (ГЭС) мављуд ҳастанд?

4.     Дар бораи об шеъре қироат намоед ва номбар кунед, ки кадом истироҳатгоҳҳое  ҳаст, ки дар он бо об табобат мекунанд?

5.     Обро дар элак (ѓалбер) бардошта биёред.

Ҳар як гурӯҳ пурсида мешавад.

Кор бо луғат:

Источник — сарчашма

Лужа — кулмак

ГЭС — НБО (Нерўгоҳи барқии обӣ)

Водоём — обанбор

Озеро — кўл

Мустаҳкамкунӣ:

Хонандагони азиз «Обро неъмати бузурги табиат мегўянд» шумо дар ин бора чї андеша доред? (хонандагон андешањои худро баён менамоянд).

Фаррухи Фаррухзод андешаронї менамояд, ки «Дар њайратам  аз мављудияти об!

·       агар об бо дарахт њамнишин шавад, онро шукуфон мекунад;

·       агар бо оташ тамос бигирад, онро хомўш мекунад;

·       агар бо нопокињо бархурад, онро тамиз мекунад;

·       агар бо орд омехта шавад, онро омодаи табъ ва пўхт мекунад;

·       агар бо хуршед муттааќид шавад, рангинкамон эљод мешавад;

·       Вале агар дар танњої бимонад рафта-рафта гандаоб мегардад.

Дили мо низ ба сони об аст, ваќте бо дигарон аст зинда ва таъсирпазир аст ва дар танњої мурда ва гирифтор аст».

Пас бо њам буданњоямонро лањзањои ѓанимат дониста, ќадр бинмоем, чунки мо ќатрањои оберо мемонем, ки ба њам якљо шуда, дарёро ташкил медињем.

Ҷамъбасти дарс:

Чӣ хеле ки мегуянд: «Қатра-қатра дарё шавад», дар зери фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳама якҷоя дарёи пурмавҷеро дар зери фазои сулњу ором ва осоиштаи Тољикистони азиз зери роњбарии марди оќилу хирад ва мањбуби кишвар Эмомалї Рањмон дурахшон   ва бунёд кардаем, ки мо аз он шукргузорї мекунем.

Ҳамаи шумоён медонед, ки дар бисёр мамлакатҳо оби нӯшокӣ намерасад, одамон обро харида истифода мебаранд. Барои ҳамин  ҳар  яки мо бояд, ба қадри ҳар як қатраи об бирасем. Дар ҳама ҷо, ҳам дар хона, ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ обро эҳтиёт карда, сарфакорона истифода барем. Дар ҷойҳое, ки об ҷорӣ мешавад партов напартоем, обро ифлос накунем, ҷумакҳоро махкам кунем.

Ман мехоҳем, ки шумоён ҳамчун нурҳои дурахшони офтоб осмони софи Тоҷикистони азизамонро дурахшонтар намоед. Зиндагии шумоён ҳамчун оби соф тозаву равон  бошад.

Супориши вазифаи хонагӣ:

Дар мавзӯи «Об сарчашмаи њаёт» эссе навиштан ва омодагї дидан ба мавзўи «Тарзи либоспўшї љузъи маданият аст».

Арзёбї.  Дар раванди дарс фаъолияти таълимии хонандагонро мушоњида намуда,  дараљаи ба салоњиятњо ноил гаштани онњоро муайян мекунем.

 


Скачано с www.znanio.ru

СОАТИ ТАРБИЯВЇ бо хонандагони синфи 11 «А»-и

СОАТИ ТАРБИЯВЇ бо хонандагони синфи 11 «А»-и

Биёёед барои исботи андешањои

Биёёед барои исботи андешањои

Вале агар дар танњої бимонад рафта-рафта гандаоб мегардад

Вале агар дар танњої бимонад рафта-рафта гандаоб мегардад
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
27.12.2020