"Обучение чакана на уроке химии" на таджикском языке
Оценка 4.8

"Обучение чакана на уроке химии" на таджикском языке

Оценка 4.8
Занимательные материалы
docx
химия
29.12.2020
"Обучение чакана на уроке химии" на таджикском языке
Таълими чакан дар дарси химия.docx

ТАЪЛИМИ ЧАКАН ДАР ДАРСИ ХИМИЯ 

Азизбек Зумратов - омўзгори фанни химияи литсейи №3-и шањри Душанбе

Гулнигор Эшова - омўзгори фанни химияи МТМУ №24-и шањри Душанбе

 

Салоњиятњои асосї:

·         хонандагон якљоя дар гурўњњо ва алоњидагї кор мекунанд;

·         хонандагон мустаќилона ба саволњо љавоб меёбанд;

·         хонандагон доир ба натиљањои корашон ибрози андеша мекунанд.

Маќсади дарс: Дар ќалби хонандагон бедор намудани њисси фарњангдўстї ва арљ гузоштан ба тамаддуни халќи тољик бо маќсади иљро намудани «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар заминаи он  сањмгузорї намудан ба «Солњои 2019-2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї».  

Хонандагон пас аз омўзиши мавзўъ бояд:

·         дар бораи нахњои табиї ва химиявї, нахњои химиявии сунъї ва синтезї, маълумот дода тавонанд;

·         оид ба хосияти нах ва матоъ, истифода ва истењсоли рангњои табиї тасаввурот пайдо карда тавонанд.

Воситањои  аёнї: презентатсия,  маводи  рушди њунарњои мардумї дар Љумњурии Тољикистон,  наќшаю  овезањо  оид ба  нахњои  табиї, химиявї ва рангњои табиї.

Равиши дарс

Санљиши дониш (пурсиши вазифаи хонагї):

Азбаски мавзўъ пешакї ба хонандагон супорида шуда буд, онњо имкон доштанд, то дар бораи таърихи чакан ва чакандўзї, истифодаи рангу бор дар њунари чакандўзї, нахњои табиї ва химиявї, истењсоли рангњои табиї ва рангкунии матоъњо маълумот пайдо кунанд.

Мо мехоњем бо усули «Блитс – пурсиш», яъне саволњое,  ки бисёр љавоби кўтоњ мехоњанд, пурсиш гузаронем ва сипас љавобњои хонандагонро баррасї кунем. Барои љавобњо ба њар кас на бештар аз 10 сония ваќт дода мешавад. Ин усул барои такрори маводи омўхташуда истифода мешавад.

Намунаи саволњо:

1.      Калимаи «чакан»-ро бо кадом калимањои авастої алоќаманд кардан мумкин аст?  Љавоб: «чакома» ва «чакомак».

2.      Вожаи «чакан»-ро кадом фарњангномањои муътабартарини куњан шарњ додаанд? Љавоб: «Бурњони ќотеъ», «Ѓиёл-ул-луѓот», «Мадор», «Рашидї», «Кашф» ва ѓайра.

3.      Калимаи «чакан»-ро бо кадом калимањои русї алоќаманд кардан мумкин аст?  Љавоб: «чеканит» ва «чеканка».

4.      Косагул наќши асосии «чакан» аст, ки он кадом рамзро ифода мекунад? Љавоб: офтоб.

5.      Ҳунари чакандўзӣ дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» таҳти кадом рақам ба қайд гирифта шудааст? Љавоб: Е002.

6.      Дар замини гулдўзї (чакандўзї) истифодаи ранги нах кадом љанбањоро ифода мекунад? Љавоб: ҷанбаҳои асотирӣ, фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоӣ.

7.      Њунармандон дар ваќти чакандўзї дар матоъњои пахтагї ва абрешимии сурх ва кабуд кадом намуди ранги нахњоро истифода мебаранд? Љавоб: дар матои заминаш сурх нахњои сиёҳ, сабз, кабуд ва дар матои заминаш кабуд нахҳои сафед, зард ва сурх истифода мешавад.

Ќисми асосии дарс

Хонандагонро ба ду гурўњ људо менамоем ва ба ташаккул додани салоњиятњо мегузарем.

Супориши якум:

Ваќт барои иљрои супориш: 5 даќиќа.

Ба хонандагон супориш медињем,  ки маълумоти навро бо истифода аз матн омўзанд ва супориши додашударо иљро кунанд. Супориши додашудаи мо «Файнворд» ном дорад. Њар гурўње, ки аввалин шуда супоришро ба пуррагї иљро кунад, њамон гурўњ ѓолиб дониста мешавад.

Файнворд - як навъ эљоди тахайюлӣ ё реалї мебошад, ки дар он шумо бояд калимаҳои дар матн пинҳонбударо пайдо кунед. Дар ин матн 11 номи элементњои химиявї пинҳон карда шудаанд.

Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросимњо куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».

(Љавоб: ка+р+б+он, не+о+н, т+и+лл+о, й+о+д, х+ро+м, ми+с, б+ор, о+њ+ан, ро+ди+й, та+н+та+л, у+р+а+н)  

 

Супориши дуюм:

Ваќт барои иљрои супориш: 5 даќиќа.

Ба хонандагон муаммои кроссвордро кушода медињем ва ба чунин шакл овардани кроссвордро мефањмонем. Њар гурўње, ки якумин шуда кроссвордро пур мекунад, дастболо мешавад.

Кроссворд - муаммо, ки ба ҳам чидани сатрҳои ячейка мебошад, ки бо калимаҳо ба супоришњои додашуда ё аз чап ба рост ё аз боло ба поён  пур карда шудаанд.

Дар замонњои пеш дар кашидадўзии (гулдўзии) аљдодии ќадими эронї наќши «свастика» нишони махсус буд. Он ифодагари ростию ростќавлї, ифодагари чор унсури аслї (обу оташу хоку бод) сабаби пайдоиши одаму олам мебошад, бо гузашти замон ин наќш такмил ёфта, элементњои нав аз ќабили давра - ифодакунандаи офтоб, рамзи рўшноию гармї, гулњои њамешасабз – ифодаи садоќату эњтиром ба сарзамини хеш ва монанди инњо пайдо гардидаанд.

Нақши забонаи оташ низ дар чакан мавҷуд аст, ки пеш аз ислом он рамзи ҳаёт ва нур дониста мешуд. Аммо оҳиста-оҳиста, бо мурури замон, ин нақшҳо хусусияти диниашонро гум карданд ва ба нақшҳои одӣ ва гулҳои гуногун табдил ёфтаанд.

Бо истифода аз саволгузории зерин кроссвордро пур мекунем (фоизашро љой намекунем):

Савол: Таркиби офтоб аз кадом намуди элементњои химиявї иборат аст ва таносуби онҳо чӣ гуна аст?

Љавоб: њидроген - 94%, гелий - 5,9%, боқимонда 67 элемент (литий, бериллий, бор, карбон, нитроген, оксиген, фтор, натрий, магний, алюминий, силитсий, сулфур, фосфор, хлор, аргон ва ғайра) - 0,1%.

Супориши сеюм:

Ваќт барои иљрои супориш: 2 даќиќа.

Бо истифода аз ваќти људошуда ба ањли хонандагон  супориш медињем, ки хоначањои љадвалро бо диќќат назар карда «Ребус»-ро ёбанд. Ҳар хонандае, ки аввалин шуда ин калимаро меёбад, ғолиб мегардад.

Калима бо аломатҳои элементњои химиявї ва рақами ҳарф дар номи ин элемент рамзгузорӣ карда шудааст.

4

1

Na

2

C

1

Al

1

Mn

3

Rb

5

Zn

2

Cs

3

Sn

7

ч

а

к

а

н

д

у

з

ї

Супориши чорум:

Ваќт барои иљрои супориш: 6 даќиќа.

Аввалан дар бораи чайнворд ва баъдан наќши бўтаљиќаро дар чакан ба хонандагон шарњ медињем ва монандии онро ба ќатрачаконаки химиявї каме муњокима мекунем.

Чайнворд (англ. chain–занљир, word–калима) - як навъи кроссворд мебошад, ки буриши калимаҳо ба шакли хаттї љойгир карда мешаванд, яъне ба мисли занҷир.

Чакан дар худ хусусиятҳои хоси миллӣ, шаклҳои тааҷҷубовар, қиссаҳои аҷибу наҷибро доир ба маишат ва зеҳнияти халқ нигоҳ доштааст. Дар масири таърих маишат, ҳастӣ ва зеҳнияти мардуми мо тағйиру иловаҳо ёфтааст, аз ин рӯ, атрофи чакан ё гулдӯзӣ, ки ба қавли бостоншиносон, таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад, андешаҳои гуногун мавҷуданд. Дар замонҳои қадим чакан бештар мазмуни динӣ дошт. Нақши бўтаљиќа (butejeghe) дар чакан ин решаи он ба омўзањои зардуштї бармегардад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин нишона баргирифта аз њамон тасвири сарвест, ки дар Эрони бостон роиљ буд. Дарахти сарв дар ойини зардуштї нишонаи зиндагию љовидонї аст. Хамидагии сари сарв нишонаи зўру тавон ва муќовимат дар мавриди хоксорї аст.  

        ќатрачаконак                                  бўтаљиќа

Чи тавре ки аз расм аён аст, наќши бўтаљиќа дар чакан, шакли ќатрачаконаке, ки дар химия бо маќсади ќатра-ќатра илова кардани мањлулњои химиявї  истифода мешавад хеле монандї дорад. Шояд мо низ иловањои худро ворид карда тавонем, ки онњо ин наќшро барои чї дар чакан истифода мекарданд? Шояд ќатра-ќатра (кам-кам) фурўтанї дар хислатњои худи одамон, онњоро ба инсони комил шудан наздик ё водор менамояд, ки баъдан чун сарв сархамидаву хоксор мешаванд. Чунки маќоле њаст, ки «ќатра-ќатра зам шавад, дарё шавад», илова бар ин фанни химия таърихи хеле ќадима дорад ва ба бовар кардани ин аќида, низ ягон шакку шубњае намемонад.

Супориш барои гурўњњо:

Акнун, бо ёрии саволњо чайнворди зеринро ба шакли занљирї пур мекунем:

Њар гурўње, ки аввалин шуда ба саволњо ва расмњои овардашуда љавоби дуруст меёбад ва онро ба чайнворд љо мекунад, ѓолибият насиби њамон гурўњ мешавад.

 

0.  Љавоб: Бўтаљиќа.

1.      Дар тараќќї ва муаррифии ин њунари амалї-бадеї, яъне чакандўзї дар нимаи дуюми асри ХХ сањми Корманди шоистаи Тољикистон Ќурбон ......... нињоят калон аст. Љавоб: Зардаков.

2.      Калимаи «чакан» бо кадом калимаи авастої алоќамандї мекунад? Љавоб: Чакомак.

3.      Вожаи «чакан»-ро фарњангномаи муътабартарини куњан «......и ќотеъ» шарњ додааст. Љавоб: Бурњон.

4.      Куртаи чакани ќадима хоси кадом минтаќаи кўњистони Тољикистон аст? Љавоб: Дарвоз.

5.      Санъати гулдўзии чакан аз љониби кадом ташкилоти байналмилалии СММ ба рўйхати мероси фарњангии ѓайримоддии башарият дохил карда шудааст? Љавоб: ЮНЕСКО.

6.      Солњои 70-уми асри ХХ дар кадом ноњияи вилояти Хатлон дар ќабристони замони Кушониён аз ќабри духтарчаи таќрибан 6-7 сола камзўлчаи беостини карбосї ёфт шуд, ки дар тахтапушташ бо симњои нуќрагин дарахти њаёт ва дар шохањои дарахт ду булбул гулдўзї шуда буд? Љавоб: Фархор. 

7.      Ибтидоан дар кашидадўзии аљдодии ќадимаи эронї кадом наќш, нишони махсусро иљро мекард? Љавоб: Свастика.

8.      Чакан ё чакандўзї ба рушди кадом соња вобастагї дорад? Љавоб: Матоъбофї.

9.      Куртаи чакани ќадима хоси кадом минтаќаи Тољикистон аст? Љавоб: Кўлоб.

10.  Кадом ансамбл дар бештари баромадњояшон курта ва тоќии чаканро истифода мебаранд? Љавоб: Фалак.

11.  Ин љињозро дар минтаќаи Кўлоб чї ном мебаранд? Љавоб: Даврї.

12.  Бо ќарори Раиси вилояти Хатлон њамасола дар шањри Кўлоб фестивали «Сайри .....» баргузор мегардад. Љавоб: Чакан.

 

Мустањкамкунии донишу малака

Супориши якум:

Ваќт барои иљрои супориш: 5 даќиќа.

Бо  маќсади  муайян  кардани  сатњи  фањмиши  маводи  омўхташуда бо хонандагон бозии   «Косагули малењ»-ро мегузаронем.

Ду каљгули гуногунро пайваст намоед, ки номи муњаќќиќони ба равияҳои гуногуни гулдӯзӣ (чакандўзї) ва сабкҳои он, офариниш ва таърихи он маълумоти фаровоне гирд овардаанд, њосил шавад. Бояд ќайд кард, ки номњои бегона низ љой дода шудаанд. Њар гурўње, ки зудтар ин дукаљгули мувофиќро ба њам пайваст карда, номи муњаќќиќонро меёбад, ѓолиб дониста мешавад.

Љавоб: А.А.Бобринский, М.П.Винокурова, Н.Белинская, Г.М.Майтдинова, Н.Ершов, О.А.Сухарева, З.А.Широкова, С.П.Русайкина, С.В.Иванов, Н.Юнусова, М.Рӯзиев, Л.Додхудоева, Ш.Абдуллоева, Х.Содиқова, А.Аминова, М.Ғаниева, Ф.Руҳулова.

Таљрибаи лабораторї:

Ваќт барои иљрои таљриба: 10 даќиќа.

Ба 5-то стакани њаљмаш 300 мл каме пўст (пўстлоќ)-и чормаѓз, пўсти анор, пўсти пиёз, барги бињї ва пўпак (риш)-и љуворимаккае, ки пешакї хушк карда шудааст, гирифта, ба болои он то ченакаш об илова намуда, то њосил шудани мањлулњои рангин мељўшонем. Баъди тайёр шудани мањлулњои омодакардашуда, ба дохили онњо бандинаи риштањои абрешимї ё пахтагие, ки пешакї омода карда шудааст, бо буттагирак (пинсеп) дохил мекунем, ки якљоя бо мањлули њосилшуда каме мељўшад. Дар натиља ранги риштањое, ки ба стаканњои мањлулњои рангиндор дохил карда шуда буд, чунин мешавад: стакани пўсти чормаѓздор-ранги риштааш љигарї ё љигарранг, стакани пўсти анордор-ранги риштааш сурхи паст ё сурхи баланд, стакани пўсти пиёздор-ранги риштааш зарди баланд (тиллоранг), стакани барги бињидор-ранги риштааш норинљї ё кадуранг (оранжевый), стакани пўпаки љуворимаккадор-ранги риштааш зангор (бежевый), сиёњ ё хокистарї.  

Бо рангҳои табиӣ истеҳсол карда, матоъҳои абрешимӣ ва пахтагиро ранг мекунанд, ки аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст. Қабл аз ҳама ба худи ҳунарманд, зеро барои харидани рангҳои сунъӣ маблағ сарф намекунад. Ҳамзамон барои саломатии харидорон, ки ҳангоми ба бар намудани чунин либосҳо, яъне аз матоъҳои бо рангҳои табиӣ дӯхта шудааст, чизе таҳдид наменамояд. Баръакс ин намуди матоъҳо ба саломатии инсон фоидабахш аст. Ҳол он ки ҳар шахс бар он мекӯшад, то ҳамеша саломат бошаду умри бардавом бинад.

Ба пайдоиши бофандагӣ пеш аз ҳама растаниҳо, пашми ҳайвонот, нахи пахта ва абрешим таъсири амиқ мегузорад, ки истифодаи онҳо боиси рушди санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) гардидааст.

Аксаран кашидадӯзон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафедро бо риштаҳои рангин гулдузӣ мекунанд, ки он асрори худро дорад. Масалан: агар шахс хоњад, ки шумо ўро бо диќќат гўш кунед, пас шахс либоси кабуди серангро ба бар мекунад. Боз, агар шахс руњафтода бошад, шумо метавонед, руњафтодагиашро бо пўшонидани либосњои серранг бартараф кунед ва ѓайра.

Супориши дуюм:

Ваќт барои иљрои супориш: 4 даќиќа.

Ба гурўњњои якум ва дуюми хонандагон супориш медињем, ки дар мавзўъњои «Гулњои чакани мардона» ва «Истењсоли рангњои табиї» «Эссе» нависанд. Баъд аз шунидани эссењои њар ду гурўњ бо хонандагон оид ба мавзўъњои супоридашуда ба таври кўтоњ тањлил ва баррасї менамоем.

Намунаи эссеи «Гулњои чакани мардона»: Гулҳои чакани мардона рамзи чор унсур мебошанд, чунки болои тоќии мардона ба чор ќисм таќсим шудааст, яъне Офтоб, моҳ, ситора ва Замин. Ин рамзи мутақобилаи чор унсур дар ислом - обу оташ ва боду хок будааст. Донишмандони дигар бар он аќидаанд, ки ҳамин чор нишона рамзи баҳору тобистон ва тирамоҳу замистон будаанд. Аммо ҷаҳони чакани мардона мисли чакани занона фарох аст. Тоқии гулдӯзии мардона то ҳанӯз рамзи мардонагиву балоғат боқӣ мондааст, ки рӯзи сури арӯсӣ ҷавонмардон онро ба сар мегузоранд.

Намунаи эссеи «Истењсоли рангњои табиї»: Рангҳои табиӣ ба назар зебову дилрабо менамоянд. Ин аст, ки ҳунармандон тайи солњои охир кӯшиш карда истодаанд, ҳарчи бештар рангҳои табиӣ истеҳсол намуда, матоъҳо ва нахњоро бо онҳо рангубор намоянд. Бо ин мақсад чанд намуди меваю сабзавот ва дарахту растаниҳоро истифода мебаранд. Масалан, аз пӯстлохи чормаѓз рангҳои ҷигарӣ ё худ ҷигарранг; аз пӯсти анор рангҳои сурхи паст, сурхи баланд; аз риши ҷуворимакка рангҳои зангор, зангори паст ва сиёҳ, хокистарӣ; аз пӯсти пиёз ранги зарди баланд; аз барги биҳӣ ранги каду ё худ кадуранг истеҳсол кардан мумкин аст.

Хулосаи корњои анљомдодашуда. Бо хонандагон маълумотњои њосилшударо ба тартиб медарорем ва хулосабарорї мекунем.

Анљоми дарс. Дар ќисми љамъбастии дарс метавонем ба хонандагон супориш дињем, ки ба се савол љавоби хаттї дињанд:

·         Аз он чї, ки имрўз ман донистам, муњимтаринаш чї буд?

·         Кадом савол дар хотири ман бештар наќш баст?

·         Чї барои ман имрўз нофањмо ва мушкил буд?

Дар  асоси  љавобњои  хонандагон  дар дарси оянда аз 3 то 5 даќиќа метавонем хулосабарорї ва баррасї кунем.

Вазифаи хонагї. Ба хонандагон супориш медињем, ки оид ба мавзўи имрўза дар хона «Синквейн» тартиб дињанд.

Арзёбї.  Дар раванди дарс фаъолияти таълимии хонандагонро мушоњида намуда,  дараљаи ба салоњиятњо ноил гаштани онњоро муайян мекунем.

 

 

 


 

ТАЪЛИМИ ЧАКАН ДАР ДАРСИ ХИМИЯ

ТАЪЛИМИ ЧАКАН ДАР ДАРСИ ХИМИЯ

Ба хонандагон супориш медињем, ки маълумоти навро бо истифода аз матн омўзанд ва супориши додашударо иљро кунанд

Ба хонандагон супориш медињем, ки маълумоти навро бо истифода аз матн омўзанд ва супориши додашударо иљро кунанд

Калима бо аломат ҳ ои элементњои химиявї ва ра қ ами ҳ арф дар номи ин элемент рамзгузор ӣ карда шудааст

Калима бо аломат ҳ ои элементњои химиявї ва ра қ ами ҳ арф дар номи ин элемент рамзгузор ӣ карда шудааст

Куртаи чакани ќадима хоси кадом минтаќаи кўњистони

Куртаи чакани ќадима хоси кадом минтаќаи кўњистони

Таљрибаи лабораторї: Ваќт барои иљрои таљриба: 10 даќиќа

Таљрибаи лабораторї: Ваќт барои иљрои таљриба: 10 даќиќа

Намунаи эссеи «Гулњои чакани мардона»:

Намунаи эссеи «Гулњои чакани мардона»:
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
29.12.2020