"Решение химических задач с помощью системы уравнений" на таджикском языке
Оценка 5

"Решение химических задач с помощью системы уравнений" на таджикском языке

Оценка 5
Занимательные материалы
doc
химия
29.12.2020
"Решение химических задач с помощью системы уравнений" на таджикском языке
Халли масъалахои химияви ба воситаи системахои дуномаълума.doc

ЊАЛЛИ МАСЪАЛАЊОИ ХИМИЯВЇ БА ВОСИТАИ СИСТЕМАИ МУОДИЛАЊОИ ДУНОМАЪЛУМА

Азизбек Зумратов - омўзгори фанни химияи литсейи №3-и шањри Душанбе

Гулнигор Эшова - омўзгори фанни химияи МТМУ №24-и шањри Душанбе

            Барои он, ки химияро аз худ кунї, омўзиши системанокии нуќтаи илми химияро бояд аввал камтар бо љустуљўи њалли мустаќилона, сипас бо мушкилотњои калон паси сар намоед.

            Чи гунае, ки ќисматњои назариявии китоб ва таљрибањои сифатии машѓулиятњои амалї шавќовар набошанд њам, онњо бе назарияњои хулосавї ва натиљањои таљрибавї ноќисанд, чунки химия – илми миќдорї мебошад. Дохил кардани масъалањо ба раванди таълим имконияти барќарор намудани асосњои дидактикии таълим мегардад, ки он ба натиљањои зерин оварда мерасонад:

1) фаъолнокї ва мустаќилияти хонандагонро таъмин намудан;

2) ба дониши босифат ва мањорат ноил гардидан;

3) алоќаи омўзишро бо њаёт ба вуљуд овардан.

            Њалли масъалањо яке аз роњњои мустањкамкунї ва азхудкунии маводи таълимї мебошад, чунки ташкилкунии назария ва ќонунњо, дар хотир гирифтани формула ва ќоидањо, тартибдињии муодилаи реаксияњо дар амал татбиќ мегарданд.

            Барои њалли масъалањои химиявї истифода намудани усулњои математикї ба маќсад мувофиќ аст. Дар ин њангом тањлилу тањќиќи як ќатор масъалањо ба аз нав тартиб додани формулањо, иваз кардани бузургињои маълум дар охири формула ва муодилањои математикї оварда мерасонанд. Масъалањо оиди химия ба масъалањои математикї монандї доранд ва як ќатор масъалањои миќдорї оиди химия (махсусан дар омехтањо) ба воситаи системаи муодилањои дуномаълума њал кардан ќулайтар аст.

            Њалли чунин намуди масъалањоро дида мебароем:

Масъалаи 1: Омехтаи карбонатњои калий ва натрий, ки массаашон 7 граммро ташкил медињад бо кислотаи сулфати сероб таъсир намуданд. Дар ин њангом 1,344 литр газ људо шуд. Массањои карбонатњоро дар омехтаи сарфшуда муайян кунед.

Њал: Муодилаи реаксияњоро тартиб медињем:

 xг

                   yл

Na2CO3 + H2SO4 ® Na2SO4 + CO2­ + H2O

106г

                22,4л

(7-х)г

        (1,344-у)л

K2CO3 + H2SO4 ® K2SO4 + CO2­ + H2O

138г

            22,4л

         Ба воситаи хг массаи карбонати натрийро дар омехта ишора мекунем ва массаи карбонати калийро бошад ба воситаи (7-х)г. Њаљми газе, ки њангоми таъсири карбонати натрий бо кислота хориљ мешавад бо ул ва њаљми газе, ки њангоми таъсири карбонати калий бо кислота хориљ мешавад бо (1,344-у)л ишора менамоем.

            Дар муодилаи реаксияњо ифодањои ишорашударо менависем дар зери муодилаи реаксияњо маълумотњои аз муодилањои реаксияњо гирифташударо менависем ва системаи муодилањои ду номаълумаро тартиб медињем:


            Аз муодилаи (1) ќимати у-ро меёбем ва ба муодилаи (2) мегузорем:

Муодилаи (4)-ро њал мекунем:

185,472-29,16х=156,8-22,4х

6,76х=28,672

х=4,24

Пас, массаи карбонати натрий ба 4,24г баробар аст. Массаи карбонати калийро ба воситаи тарњ намудан аз массаи омехтаи карбонатњо њисоб мекунем:

7г-4,24г=2,76г

Массањои муайяншудаи карбонатњоро бо истифода аз формулаи зерин њиссаи массањои онњоро њисоб мекунем:

Љавоб: Массањои муайяншудаи карбонати натрий ба 60,57% ва карбонати калий ба 39,43% баробар аст.

Масъалаи 2: 10 грамм омехтаи карбонатњои калий ва натрийро дар об њал намуданд ва ба он ба миќдори барзиёди кислотаи хлоридро илова намуданд. Гази њосилшударо ба воситаи найча аз дохили пероксиди натрий гузарониданд. Оксигени њосилшударо барои сўзонидани 1,9 литр њидроген сарф карданд. Муодилаи реаксияњоро нависед ва таркиби омехтаро њисоб кунед.

Њал:  Муодилаи реаксияњоро тартиб медињем: 

хг

                             yл

Na2CO3 + 2HCl ® 2NaCl + H2O + СО2­          (1)

106г

                           22,4л

(10-x)г

                   (1,9-y)л

K2CO3 + 2HCl ® 2KCl + H2O + CO2­               (2)

138г

                       22,4л

 

                    хл

                 0,95л

2Na2O2 + 2CO2 ® 2Na2CO3 + O2 ­                   (3)

                  44,8л

                22,4л

 

1,9л

хл

2 + О2 ®2О                                                   (4)

44,8л

22,4л

Ба воситаи хг массаи карбонати натрийро ишора мекунем, массаи карбонати калий бошад ба (10-х)г баробар мешавад.

Бо муодилаи (4) њаљми оксигене, ки дар раванди реаксияи (3) њосил шудааст ва барои сўзонидани њидроген сарф шудааст, меёбем.

Барои ин ба воситаи х дар муодилаи (4) њаљми оксигенро бо аломатњои шартї ишорат  мекунем, њаљми њидрогенро асоснок карда, таносуб тартиб дода, х-ро меёбем:

х=0,95л (њаљми људошудаи оксиген)

Аз муодилаи (3) њаљми диоксиди карбонро, ки њангоми коркарди омехтаи карбонати натрий ва калий бо миќдори барзиёди кислотаи хлорид њосил шудааст, меёбем. Барои ин мо таносуби зеринро тартиб медињем:

х=1,9л (њаљми диоксиди карбони људошуда)

Ба воситаи ул њаљми газро, ки дар раванди реаксияи (1) људо шуда буд ва ба воситаи (1,9-у)л њаљми газ, ки дар раванди реаксияи (2) људо шуда буд, аломат мегузорем. Системаи муодилањои дуномаълумаро тартиб медињем:

Аз муодилаи (5) у-ро ёфта, ба муодилаи (6) мегузорем:

Аз муодилаи (7) ќимати х-ро меёбем:

262,2-29,16х=224-22,4х

6,76х=38,2

х=5,65г (массаи карбонати натрий)

Массаи карбонати калийро, ки он њамчун фарќкунанда дар байни массаи омехтаи карбонати натрию калий ва массаи карбонати натрий меистад, меёбем:

10-5,65=4,35г (массаи карбонати калий)

Љавоб: Њиссаи массаи карбонати натрий ба 56,5% ва њиссаи массаи карбонати калий ба 43,5% баробар аст.

Ин масъалањоро ба роњњои дигар низ њал кардан мумкин аст, вале ин тарзи њалли масъалањои химиявї барои инкишоф додани тафаккури мантиќии хонандагон кўмак намуда, имконияти алоќаи байни фанњои химия ва математикаро зич намуданро дорад. Тартиб дода тавонистани алгоритми њалли масъалањоро ташкил намуда, ба хонанда њангоми њал намудан имконияти истифода бурданро дода, ба тарзи дуруст истифода бурдани бузургињои физикї ва барои истифодаи сањењи њисобњои математикї, ёрї мерасонад.


АЛЛИ МАСЪАЛАЊОИ ХИМИЯВЇ БА ВОСИТАИ

АЛЛИ МАСЪАЛАЊОИ ХИМИЯВЇ БА ВОСИТАИ

Аз муодилаи (1) ќимати у -ро меёбем ва ба муодилаи (2) мегузорем:

Аз муодилаи (1) ќимати у -ро меёбем ва ба муодилаи (2) мегузорем:

Ба воситаи хг массаи карбонати натрийро ишора мекунем, массаи карбонати калий бошад ба (10-х)г баробар мешавад

Ба воситаи хг массаи карбонати натрийро ишора мекунем, массаи карбонати калий бошад ба (10-х)г баробар мешавад

Ин масъалањоро ба роњњои дигар низ њал кардан мумкин аст, вале ин тарзи њалли масъалањои химиявї барои инкишоф додани тафаккури мантиќии хонандагон кўмак намуда, имконияти…

Ин масъалањоро ба роњњои дигар низ њал кардан мумкин аст, вале ин тарзи њалли масъалањои химиявї барои инкишоф додани тафаккури мантиќии хонандагон кўмак намуда, имконияти…
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
29.12.2020