"Счастливого Навруза, родового Навруза!" на таджикском языке
Оценка 4.6

"Счастливого Навруза, родового Навруза!" на таджикском языке

Оценка 4.6
Культурные мероприятия
docx
воспитательная работа
8 кл—11 кл
02.11.2020
"Счастливого Навруза, родового Навруза!" на таджикском языке
Хучаста бод, Наврузи ачдоди!.docx

СОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА РЎЗИ НАВРЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ

Мавзўъ: Хуљаста бод Наврўзї аљдодї.

Маќсади дарс: тарбияи шогирдон дар рўњияи эњтиром ба арзишњои фарњанги миллї, худшиносии миллї, ташаккули љањонбинї ва тафаккури онњо ва љалби хонандагон ба ватандўстиву ватанпарварї ва моњияти он.

Љойи баргузорї: синфхонаи №28.

Ашёи аёнї: Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон, Парчами миллии Љумњурии Тољикистон, гулњои бањорї, гулдузї ва зардеворињо ва дигар расму овезањо.

Равиши дарс: Сухани муќаддимавї

Зумратов А.Х. Њозирини арљманд, мењмонони гиромї, шогирдони азиз! Наврўз яке аз ќадимтарини идҳои ориёист. Ривоят аст, ки ин љашнро Љамшед асос гузоштааст. Ин љашн дар моњи аввали бањор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин рўз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рўз баробар мешаванд.  Аз ин лиҳоз, Наврўз иди даромадани баҳор, саршавии кишту кор мебошад. Тољикон дар ин рўз хонаи худро сафед мекунанд, ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун мекунанд. Сару либоси нав мепўшанд ва орзуи то соли оянда беҳбудињои зиндагиро менамоянд. Наврўзи Аљам, иди воќеан миллї ва аљдодї, ба хонадони њар яки Шумо муборак бошад!

Нафаси тозаи Наврўз муборак бошад,

Чењраи поку дилафрўз муборак бошад.

Њамаљо хуррамиву тозаљавонї бинам,

Љашни фархундаву фирўз муборак бошад.

Шунавонидани суруди «Бўи бањор мерасад…»-и Зайнура Саидова

1.Айматов Муњаммад.Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар љаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттањид, тањти фасли 49, ки унвони "Фарњанги љањон”-ро дорад, ќарорномаи "Рўзи љањонии Наврўз” ба тасвиб расид. Он бо пешнињоди кишварњои Тољикистон, Эрон, Афѓонистон, Озарбойљон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасї ќарор ёфтааст. Дар ќарорнома гуфта мешавад, ки хамасола дар тамоми љањон 21-уми март њамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таљлил гардад. Наврўз аз бузургтарин љашнњои мардумони эронитабор, аз љумла тољикон ба шумор меравад, ки ба фарњанги ќавму миллатњои дигари Осиёи Марказї низ бо њамин ном гузаштааст. Љашни Наврўз нишебу фарозњои таърих, њаводиси сиёсию иљтимої ва маънавињои зиёдеро паси cap карда, то ба имрўз омада расидааст.

2.Нозимова Шањзода.Дар солҳои охир бо дастури Президенти Љумҳурии Тољикистон анъанаи дигаре пайдо шудааст, ки ҳамин шахсони саховатпеша дар љашни наврўзї тўйи суннатї ва инчунин арўсии фарзандони оилаҳои камбизоат ва бепарасторонро бо шукўҳ мегузаронанд. Дар шаби Наврўз Президенти мамлакат мардумро бо ин љашни миллии ниёгон табрик мегўяд, воситаҳои ахбори умум, махсусан шабакаҳои телевизионї ба ин љашн тайёрии ҳаматарафа мебинанд ва аз гўшаю канори кишвар ва берун аз он намоишҳои наврўзиро сабт ва пешкаши тамошобинон мегардонанд, бо олимон ва мутахассисон дар бораи таърихи Наврўз ва суннатҳои наврўзї сўҳбатҳо меороянд.

3.Шарипов Шомилчон.Бо супориши Президент аз деҳаи дурдасти кўҳистон шурўъ шуда, то маркази мамлакат дар ҳама љо Наврўз љашн гирифта мешавад. Махсусан, баъд аз иди љаҳонї шудани Наврўз ин љашн бо ҳашамату шукўҳи хоса дар Тољикистон таљлил мешавад. Тибқи анъана љашни љумҳуриявї ё марказї ҳар сол дар яке аз ноҳияҳои љумҳурї бо иштироки Президенти мамлакат, аъзои ҳукумат ва намояндагони аҳли љамоатчигии кишвар љашн гирифта мешавад.  Сол то сол анъана ва суннатҳои азбайнрафтаи наврўзї эҳё мешаванд. Дар арафаи Наврўз шахсони саховатманд ва доро, муассисаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ ба кўмаки бепарасторон ва ниёзмандон мешитобанд, онҳоро бо тўҳфаҳои наврўзї ва ёриҳои дигар баҳраманд месозанд то дар Наврўз мисли ҳама хушу хурсандї кунанд.

4.Рафиева Муниса.Бисту панљ сол инљониб Тољикистон Наврўзи ҳуљастапайро дар марҳилаи нави таърихи худ, яъне дар шароити истиқлоли давлатї, дар даврони созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор таљлил менамояд. Тољикистони соҳибистиқлол имрўз волотарин суннатҳои Наврўзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомонию Рўдакї аз нав эҳё намуд ва шукўҳи тоза бахшид. Қадамҳои устувор барои љаҳонї шудани љашни Наврўз дар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Абу Дабї аз 28 сентябр то 02 октябри соли 2009 баргузор гардида буд, гузошта шуданд. Дар ин љамъомад аз 30 сентябри соли 2009 Наврўз аз љониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода мешавад, дохил карда шуд.

5.Дайхудоев Сорбон.Дар таърихи башар кам қавме вомехўрад, ки ин қадар бузургони љаҳонї аз қабили Зардушт. Куруши Кабир, Барзуи Ҳаким, Ал-Бухорї, Имоми Аъзам, Муҳаммад Мусои Хоразмї, Абўнасри Форобї, Закариёи Розї, Ибни Сино, Абўрайҳони Берунї, Рўдакї, Фирдавсї, Мавлавии Балхї, Умари Хайём, Насриддини Тусї ва садҳо дигар абармардонро, ки дар риштаҳои мухталифи тамадуни илмию маънавии башарият бо осори гаронмояашон номи худро љовидона сабт намудаанд.

6.Болтаева Манижа.Иди Наврўз дар аҳди императории Сосониён бо шукўҳу шаҳомати хос мегузаштааст ва расман љашни соли нав эълон мегардад. Абурайҳони Берунї инчунин дар «Осор-ул-боқия» овардааст, ки: «Ва оини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рўзи Наврўз шурўъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некї кунад. Ва рўзи дувумро барои  деҳқонон љашн мегирифт. Ва рўзи сеюмро барои сипоҳиён, рўзи чорум барои аҳли байт ва наздикони худ. Рўзи панљум барои хонавода ва ходимони худ, рўзи шашум аз ҳама фориғ мешуд барои худ Наврўз мегирифт».

7.Одинаев Кадриддин.Шоирони гузашта аз устод Рўдакї сар карда то ба имрўз дар осорашон Наврўзро васф намуданд. Дар осори мусиқии гузаштаи мо махсус мақомҳои Наврўзї аз қабили «Боди Наврўзї», «Наврўзи бузург», «Наврўзи Қайқубод», «Наврўзи Маздак», «Сози Наврўзї», «Роҳати Хусравонї», «Наврўзи Аљам» ва ғайраҳо аз љониби мусиқидонону  навозандагон эљод гардидаанд, ки имрўз қисме аз онҳо дар мусиқии классикии мо «Шашмақом» пойбарљост.

8.Сайфуллоева Ганчина.Баргузории љашни Наврўз дар замони Сосониён на кам аз шаш рўз тўл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврўзи кўчак ё Наврўзи омма, ки панљ рўз буд ва аз якум то панљуми моҳи Фарвардин гиромї дошт, мешуд ва рўзи шашуми Фарвардин (Хурдодрўз), љашни Наврўзи бузург ё Наврўзи хосса барпо мегашт. Дар ҳар яке аз рўзҳои Наврўзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рўҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гўш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард.

9.Мусоева Мањваш.Муаррихон менависанд, ки Тахти Љамшед ва дигар кохҳои даврони Куруши Кабиру Доро мазҳари қудрату шукўҳи мардуми ориёї буданд, ки ваҳдату ягонагии љомеаи он давронро таъмин менамуданд. То кунун дар Тахти Љамшед акси намояндаи сарзамини қадимии Суғд ба назар мерасад, ки дар қатори дигар намояндагон роҳи тўлониро паймуда, барои шодбошии Наврўз ба ҳузури шоҳ роҳ ёфтааст. Тахти Љамшед аввалин қадамгоҳи устувори љаҳонишавии Наврўз гардид, ки бо шукўҳу шаҳомат дар сатҳи баланди давлатї баргузор мегашт. Харобаҳои Тахти Љамшед, ки шукўҳи љашнҳои Наврўзиро дар худ таљассум намудаанд, ҳамчун тимсоли ақлу хиради нотакрори мардуми ориёї дар зери чархи гардун боқї монда, то ба имрўз мардумони оламро ба ҳайрат мегузоранд. Дар таърихи фарњанги мардуми эронитабор њеч як анъана ва расму ойине чун љашни хучастапай ва фархундаи Наврўз азизу арљманд нест. 

10.Завкова Шабнам.Наврўз дидори модару фарзанд - Табиату Инсон аст... Наврўз рўз ва соати муайяни ин дидор аст... Бо дамидани сабзаи бањорї фарзанди фаромўшкор эњсос мекунад, ки дербоз модари хешро надидааст... ва ў аз тамоми гирумадори рўзгор беихтиёр мегурезад... аз шањрњои пурмаѓалу бузург худро канор мегирад... ва ба оѓўши модар мешитобад… Оё њамчунин боздидеро метавон пайдо кард, ки модар тамоми дору мадор ва навозишњои хешро њотамона ба фарзанди хеш нисор кунад? Модар - табиат Яъќуби чашм роњи фарзандро мемонад. Гўё интизор аст, ки кай Юсуфи дурафтодаи ў ба Канъон меояд. Ба пешвози ин фарзанд ў аз гулњо пойандоз, аз сабзањо ќолинњо мегустарад, заминњоро шодоб мекунад... Наврўз таљдиди хотираи аз ёд рафта аст...

11.Шоимардонов  Муњаммадшариф.Суннати хоси наврўзї, ки аз љашни табиат ва кишоварзї будани Наврўз далолат мекунад, «Љуфтбаророн» аст. Мўйсафеди аз ҳама бо эҳтироми маҳалла ба кишту кор, аввалин љўяк оғоз мекард ва фотиҳаи хайр медод. Дар маҳаллаҳо чунин бозиҳо:  хурусљанг, сагљанг, кабкљанг,  аспдавонї, бузкашї, дорбозї, ҳаљву шухї, обпошон ё обрезон ва ғайра ривољ доштанд ва ривољ доранд.

12.Исоков  Бурњониддин.Яке аз суннатҳои хуби наврўзї суннати «Гулгардонї» ё «Бойчечак» қариб дар ҳама љо буд, ки имрўз мутаасифона қариб, ки аз байн рафтааст. Дар замони шўравї љашнгирии Наврўз дар Тољикистон гарчанде аз байн нарафт, вале бо шукўҳу ҳашамати хос љашн гирифта намешуд. Фақат баъд аз Истиқлолияти давлатии мамлакат аз нав Наврўз ҳамчун љашни миллї таљлил мегардад. Бо фармони Президенти кишвар Эмомалї Раҳмон аз 21 то 24 март-рўзҳои иди наврўзї, рўзҳои расмии истироҳат эълон шудаанд. Аммо љашнгирии Наврўз ғайрирасмї як моҳ идома меёбад.

13.Алиева Рисолат.Муҳимтарин маросими наврўзї шояд ҳамон паҳн кардани дастархони «ҳафтсин» аст. Чизҳое, ки дар суфра ниҳода мешавад, ҳар кадом пайвастагии махсусе бо одоби иљтимоии ориёиҳо дорад ва ёдовари умури мушаххасест, ки дар суннатҳо љо кардааст. Мардум дар ин вақтҳо хона меороянд, ҳама љоро пок мекунанд, либоси нав мепўшанд, бўйи хуш дуд медиҳанд, гулу шириниву шарбат мениҳанд ва дар дастархон ҳафт чиз, ки номашон бо ҳарфи «син» шурўъ шуда бошад, мисли сабза, себ, санљид, сумалак, сирко, сир, сипанд мегузоранд. Ҳама ин анвоъи ғизоҳо, ки аз қадим омадаанд рамзї буда, муносибати ногусастанї бо зиндагии иљтимоии ориёиҳо доранд:

— Санљид- нумоди даъват ба ақл;

— Себ- нумоди саломатии фард ва љомеа;

— Сабзї -нумоди садои хуши халқї ва исор;

— Самну- (суманак) нумоди намоиши қудрат  ва мубориза бо заъф;

— Сир- нумоди нигаҳдошти ҳуқуқи афрод;   

— Сика- нумоди  пазириши номулоиматии зиндагї;

— Сумоқ- нумоди сабр, адолат ва умед»

Баъзе донишмандон ба љои сика ва сумоқ  сирко ва самаруқро қарор додаанд.Дар дастархони наврўзї суннати ҳафтшин низ мављуд аст: шамъ, ширинї, шарбат, шароб, шир, шакар, шаҳд. Назаре аст, ки «ҳафтшин» таърихи қадимтар дорад, вале,  ба ақидае баъзе аз донишмандон таркиби калимаҳои арабии он далолат аз ин кадимият намекунад.

Шунавонидани суруди «Наврўзї»-и Зикрулло Њакимов (аз компютер).

14.Убайдуллозода Њољиёќуб.Суннатҳои зиёди наврўзї мављуд буданд, ки то ба имрўз бисёре аз онҳо нигоҳ дошта шудаанд ва ривољ доранд. Масалан суннати дар Наврўз ширинї тўҳфа додан. Ривоят аст, ки дар замони подшоҳии Љамшед найшакар пайдо шудааст. То он вақт дар он сарзамин дар бораи найшакар намедонистаанд. Дар рўзи Наврўз Љамшед дидааст, ки аз пояи найшакар моеъ мечакад. Ў ин моеъро чашид, ки ширин будааст, дарҳол фармон дод, ки аз ин моеъ қанд тайёр кунанд. Дар рўзи панљуми Наврўз қанд тайёр шуд ва одамон ба якдигар онро тўҳфа мекарданд. Аз ҳамон рўз расм шудааст, одамон дар Наврўз ба якдигар ширинї тўҳфа мекунанд.

15.Давлатов Шоњрух.Дар миёни тољикони Мовароуннаҳр аз қадим суннатҳои хоси наврўзї ривољ доштаанд. Яке аз ин маъракаҳо љамъоварии хайрия барои ниёзмандон буд, ки дар арафаи Наврўз анљом дода шуда, пулу моли љамъшуда ба ниёзмандон тақсим карда мешуд. Дар байни мардум мақоле машҳур будааст, ки «Ид зиндониёнро кунад озод!». Дар Наврўз подшоҳон шумораи зиёди зиндониёнро авф мекарданд ва ин анъана то замонҳои охир вуљуд доштааст.

16.Сафарова Сабрина.Љашни Наврўз аз ќадимтарин ва густурдатарин идњои Мардумони эронитабор буда, умри дарозї беш аз панљњазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврўз «рўзи нав» маънї дошта, дар аввали соли нави хуршедї ба истиќболи соли нав барпо мешавад. Наврўз љашни фарорасии бањори нозанин, зиндашавии табиат, оѓози корњои кишоварзї ва боѓдорї, айёми баробаршавии шабу рўз дар бањор мебошад. Аз нигоњи њисоби ситорашиносї, Наврўз рўзест, ки офтоб ба бурљи барра (њамал) ворид мешавад ва дар њамон даќиќаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

17.Ањроров Ањмадљон.Рољеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин љашни куњанбунёд дар сарчашмањои таърихию адабї ва бадеї маълумотњои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тољику эронї ва хориљї дар асоси онњо маќолоту рисолањои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотњои мустаќим ва пурањамиятро дар «Шоњнома»-и Фирдавсї, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боќия» ва «Ат-тафњим»-и Абурайњони Берунї, «Зайн-ул-ањбор»-и Абулсаиди Гардезї, «Ал-мањосин вал аздод»-и Хисравї ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоќ Љамшеди   пешдодиро бунёдгузори љашни Наврўз хондаанд. 

18.Нозирљонзода Нўрафрўз.Аз омадани Наврўз пеш аз њама бачагон бо иљрои аньанаи гулгардонї ба дигарон хабар медињанд. Онњо як ду њафта ќабл аз Наврўз гуруњ шуда, ба куњу пуштањо рафта гулњои бањорї: бойчечак, сиёњгуш ва гули зардакро чида ба дења меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврўзро мерасонанд. Соњибхонањо гулњоро бўй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачањо кулчаю ќанду мавиз, дар баъзе љойњо гандуму нахуд медињанд. Яке аз сурудњое, ки дар ин маросим месуруданд, ин аст.

Гул овардем ба мењмонї,

Ту ќадри гул намедонї?

Агар донї, мусулмонї.

Бањори нав муборак бод!

 

Гул овардем аз он поён,

Хаварат мекунем, дењќон,

Буте ѓалла ба гулгардон,

Бањори нав муборак бод!

 

Гули зардак сано мега,

Санои кибриё мега,

Ба њар пањлў дуо мега,

Бањори нав муборак бод!

 

Гули сиёњгўш њафтрангай,

Хўроки кавки дилтангай.

Њамеша бар саруш љангай.

Бањори нав муборак бод!

19.Њабибулоева Манижа.Дар замонњои пеш то солњои 1950-ум дар дењањои ноњияи Њисор як гуруњ бачањои 10-15 сола дар аввалњои фарорасии бањор ба дашту адир рафта гули сиёњгуш чида меоварданд. "Ана гули бањорї баромадаст", гуфта шодї мекарданд. Баъд гули сиёњгушро ба нўги як чуби дарози як метра баста хона ба хона мегаштанд. Аз ќафои онњо як гуруњ кўдакон њамроњ буданд. Онњо гулро аз дарњо ба хона дароз карда суруди гулгардониро мехонданд.

Гули сиёўгуш сувор омад,

Гули зардак ќатор омад,

Ба дењќон ваќти кор омад,

Бањори нав муборак бод!...

20.Хољаев Муњаммад.Соњибони хона гулро зиёрат мекарданд, сипас ба бачањо ќандалоту ѓулингу мавиз медоданд, баъзењо гандуму нахуду  лубиё медоданд. Бачањо ин чизњоро бурда дар дашт, яъне, берунтар аз дења гандумкўча пухта мехўрданд. Дар ноњияи Тољикобод бачањо гули наврўзиро чида хона  ба хона гулгардонї мекарданд. Њар як соњибхоназан гулро гирифта зиёрат карда мегуфт: «Бисмиллоњи рањмони рањим, сабукињои ту аз они ман, вазнинињои ман аз они ту». Сипас ба кўдакон ќанду ширинињо медод.

21.Халифаева Сабрина.То солњои 1950-ум дар ноњияњои минтаќаи Суѓд, Хатлон, водии Њисор ва баъзе вилоятњои тољикнишини Узбекистон дењќонон то фарорасии љашни Наврўз маросими љуфтбаророн барпо мекарданд. Рўзи аввал дењќонон дар хонае љамъ омада, дастљамъона оши палав пухта мехўрданд ва аз Ќуръони шариф сурањо тиловат мекарданд ва ба њаќќи Бобои Дењќон ва арвоњи гузаштагон дуою фотиња мехонданд. Сипас онњо ба сари замии рафта ба шохњои барзаговњо равѓани заѓир мемолиданд ва ба сару бадани говњо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии њосилро ифода мекард. Рўзи аввал каме шудгор мекарданду яке аз муйсафедони калонсолтарини дења ба тариќи рамзї  ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он рўз бармегаштанду кори асосї аз рўзи дуюм оѓоз мешуд.

22.Ќодиров Шањбоз.Мардум як њафта пеш аз фарорасии Наврўз курпаву палосњоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпањою пардањоро мешўянд ва хушбуй мезананд. Тамоми палосу курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метакониданд. Девори хонањоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфњоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иќболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирї, њамон солро бо хушу хурсандї мегузаронї.

23.Баротов Матин.Маросими Чањоршанбеи охирон, ки онро Чоршанбеи сурук низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол гузаронида мешавад. Дар чоррањае алав афрўхта хурду калон аз болояш мељањиданд ва ба оташ мурољиат карда мегуфтанд: ранљурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман. Бо иљрои ин амал онњо бовар доштанд, ки дар соли нави оянда онњо тандуруст хоњанд буд. Мувофиќан боварии дигаре њаст, агар аз болои оташ љахида гузарї, гуноњњоят мерезанд.

24.Шарипов Муњаммадљон.Дар ноњияи Њисор то нимањои садаи гузашта дар рўзи чоршанбеи охирони моњи сафар занњо љамъ шуда дар кўча ё боѓњо се гулхани начандон калон меафрўхтанд. Маротибаи аввал аз болои онњо бо навбат љањида мегузаштанду аз он тараф боз љањида бармегаштанд. Маротибаи саввум љањида мерафтанду сипас ба ќафояшон нигоњ накарда меомаданд ва ягон зарфи куњна, лабшикаста, љаѓоварда, ё сирпаридаро ба санге зада мешикастанду ба хона бармегаштанд. Дар асри гузашта њамин гуна маросим дар Истаравшану Хуљанд ва Самарќанду Бухоро ва дигар шањрњои тољикон мушоњида шудааст.

Шунавонидани суруди «Аловпарак»-и Саидќул Билолов (аз компютер)

25. Хазирова Фариза.Аз даврањои хеле ќадим дар байни мардумони ориёї ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав - Наврўз мардум шустушуй намуда, худро поку озода мекарданд. Тибќи навиштањои фолклоршиноси маъруфи тољик Рўзї Ањмад, сардори оила субњ пеш аз баромадани офтоб ба даст кўза, ё ягон зарфи обро гирифта, ба лаби чашма ё руди об мерафт. Баъди шустушуй зарфро пури об карда, сипас аз болои об се маротиба љањида: «њар чї дарду бало дорам, об бибар», - мегўфт. Оби тозаро оварда ба остонаи дарвозаву дари хонаи худ мерехтанд ва баъзе амалњои рамзомезро иљро мекарданд.

26.Фозилова Умеда.Мардумони Самарќанди бостонї дар арафаи соли нав ба руди Оби рањмат рафта, занњо дар рўзњои муайян дар љои аз назар пинњони руд ва мардњо дар љойњои дигари сайргоњ ин суннати аљдодиро ба љо меоварданд. Дар дењањои Рушони Бадахшон пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хурокњои идона соњибхоназан ё мард сањарии барваќт ба чашма барои об меравад. Њамон касе, ки барои оббиёрї меравад, бояд аз хона то сари чашма ё даре ва аз он љо то хона ба касе сухан нагўяд. Ў њангоми обгирї ба даруни сатил чанд то сангча меандозад, ки ин сангчањо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда як ќисмашро ба хамир меандозанд ва як ќисми дигарашро барои пухтани бољ - навъ хўроке, ки аз каллаву почаи гўсфанд ва рудањои он бо гандуми нимкуфта ва боќило пухта мешавад, истифода мебаранд ва аз бозмондааш њамаи ањли хонавода кам-кам менўшанд, ки он шугуни нек њисоб мешавад.

27.Забирзода Каримљон.Мувофиқи ривояти таърихї, ки Академик Ю.Яъқубов дар китобаш «Гоҳномаи Авестої» овардааст, 25 рўз пеш аз фарорасии Наврўз дар дарбори шоњї 12 сутун бо косаҳои пур аз хок мегузоштанд ва дар онҳо тухми 12 намуд зироатро мекоштанд ва рўзи 6-уми Наврўз сабзаи ин зироатҳоро олимони набототшинос фол медиданд ва ҳосилнокии онҳоро дар соли нав пешгўї мекарданд.

28.Собирова Сарвиноз.Дар арафаи Наврўзи оламафрўз бонувони тољик суманак мепазанд ва онро хўроки муқаддас низ медонанд. Ман аз модаркалонам, ки суманакро хеле лазиз мепазанд, оид ба ин хўроки наврўзї ривояте шунидаам, ки мехоҳам онро ба Шумо њамсолон нақл намоям. Зане ду писараки хурдсол доштааст ва баъд аз сари шавҳараш онҳоро танҳо калон мекардааст. Бевазан пораи нони фарзандони ятимашро аз дари мардум меёфтааст. Яъне он љо кор карда, музд мегирифтааст. Хушксолї мамлакатро хароб ва мардумро қашшоқ мегардонд ва рўзе мерасад, ки дар суфраи зан як каф орд ҳам намемонад. Шом фаро мерасаду писарони хурдсолаш нон мепурсанд. Зан ашкашро аз онҳо пинҳон намуда, барои фиребиданашон таги деги холї оташ мегиронад ва мегўяд: - Ҳозир ширинакҳои оча, хўрок мепазам... Кўдакҳоро аз интизорї хоб мебараду зан болои сари онҳо ашк мерезад. Шаб аз нисф мегузарад ва зан аз садои ба дег хўрдани кафгир бедор шуда, ба берун менигараду манзараи аљиберо мебинад. Таги дегаш оташи фурўзон асту дар гирди дег си нафар бонуи сафедпўш бо навбат дегро мекобанд. Зан ин манзараи аљибро то субҳ тамошо мекунаду каме ғанабаш мебарад... - Очаљон, мо гуруснаем, ин садо занро бедор мекунад ва ў ҳодисаи шаб дидаашро ба хотир оварда, ба сўи дег меравад. Аз таги дег лахчаҳо мисли ситораҳои шабафрўз чашмак мезаданд. Зан чун сарпўши дегро бардошт, аз ҳайрат шах шуд. Даруни дег хўроке мељўшид суп – сурх чун ақиқ ва бўйи хушаш дар атроф паҳн мешуд. Аз ин хўроки хуштаъм ҳам кўдаконаш хўрданду ҳам ба атрофиён тақсим намуд. Чун аз ў мепурсиданд, ки номи хўрок чист, мегуфт: Си малак, чунки онҳоро си малак пўхтанд. Он сол аз файзи суманак он кишвар обод шуд, аммо то замони мо номи он каме тағйир ёфта, суманак ё сумалак шудааст. Суманак эъљози худовандї ва қудрати меҳри модар аст, аз ин рў, онро муқаддас медонем. Бигузор кишвари мо обод, Наврўзи мо ҳуљаста ва дилҳои модарони мо шод бошанд. Бошад, ки ҳаётатон чун суманак ширину гуворо бошад.

29.Сулаймонова Гулнора.Суманак навъе аз хўриши наврўзї аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эњёи табиат ва зебогию осоиштагии њаёт ба шумор меравад.Тарзи тањияи сабза ва пўхтани суманак дар байни мардуми тољик чунин аст. Гандумро 3 рўз дар оби љўй ё оби борон тар карда мемонданд. Баъде ки гандум неш мебаровард, ба ќавли мардум руда  мешуд,  онро гирифта дар табаќи њамвор мегузоштанд ва рўяшро бо докаи тоза мепўшонданд. Рўзе, ки борон меборид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, ки каси бегона ба он љо надарояд, мегузоштанд. Ваќте ки гандум сабз шуд, бояд њељ кас онро набинад, зеро ки «пай» меафтад. Ё худ дар ваќти пухтан кўшиш мекарданд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд, зеро пай меѓалтид ва суманак дар дег парак-парак садо мебаровард ва аз дег заррањои суманак берун мепарид, ки рафта-рафта мањсули дег кам мешуд. Одамон дар ин гуна њолат мегуфтанд, ки суманак дар дег намеистад, пай ѓалтидааст, чашми кадом нопок расидааст.

30.Анисаи Насим.Аќидаи дигаре њам буд, ки њар касе аз дўстон ё њамсоягон агар дар ваќти пўхтан ба назди суманакпазон ояд, бояд то пўхтани суманак, яъне то ба сањар њамроњи онњо бошад. Омадану рафтан иљозат набуд. Одамони азодор набояд гандум сабзонанд. Тибќи боварињо, агар шахси азодор ё мотамдор гандум сабзонад, решањои сабза мисли хун сурх мешудааст, ки онро «сабза вайрон шуд», гуфта, мепартофтаанд. Рўзи муайяни суманакпазї 3-4 нафар занњои њамсоя бо машварат дар хонаи яке аз њамсоягон љамъ мешуданд. Маьмулан онњо бегоњї љамъ мешуданд ва суфраеро боз карда, сабзањоро мегузоштанд, онњоро зиёрат мекарданд, сипас ояте аз Ќуръони карим тиловат карда, дар њаќќи Пири Пухта[гар] дуо мехонданд ва сабзањоро мебуриданд. Дар бегоњирўзї сабзањои порашударо ба дег меандохтанд, то чашми касе бегона набинад, то ки пай наафтад.

31.Дадабоева Мењрона.Баъд занњо ба таги дег оташ меафрўхтанд, бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег њафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекард. Онњо  дар назди алав нишаста, барои хобашон набурдан афсонагўйї, чистонёбї ва сурудхонї мекарданд. Субњ ваќте ки суманак тайёр мешуд, мардумро даъват, мекарданд, раќсу бозї мекарданд, духтарон арѓунчаксаворї ва бачањо  гуштингирї менамуданд. Занњову духтарон њам сурудхонї, раќсу бозињо ва њазлу хандањо мекарданд. Зеро боваре њаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонї пешвоз гирї, њамон сол пурра ба хуррамию шодї зиндагї хоњї кард.

Суруди њаљвї дар иљрои Кимиё Каримова

32.Салимова Мохбибї.Бинобар иттилооти наврўзшинос Рўзї Ањмад, дар дењаи Ќаратоѓ ва дигар махалњои водии Њисор тарзи пўхтани суманак чунин иљро мешуд. Гандум њамин, ки бо оби борон дар муддати 5-6 рўз сабзида, барои ширагирї омода шуд, пиразане сабзаро бо корд бурида, аввал «Бисмилоњи рањмони рањим» гўён онро ба њован меандозад. Сипас хонумњои љавонтари ќавї онро куфта, об зада, шираашро мегиранд. Баъдан кадбону дегро шинонда, ба он об рехта, се бор «Бисмилоњи рањмони рањим» гўён равѓан меандозад. Дар баъзе дењањо пеш аз шираро ба дег андохтан бо нияти шод гардонидани «арвоњи пирњо» чалпак! мепўхтанд ва нугча мегузоштанд. Нугчаро дар атрофи дег дар замин насб карда, фурўзон мекарданд. Инчунин пиру пайѓамбарњоро ёдоварї намуда, аз онон кушоиши кор ва мадад  металабиданд. Сипас шираи сабзаи гандумро бо орд махлут намуда, ба дег меандохтанд ва дегро бо кафлес мекофтанд.  

33.Саёњати Мањмадшариф.Дар аксари мањалњо, дар аксар маврид њангоми суманакпазї мардонро ба назди дег роњ намедоданд, ки суманак «вайрон» мешавад. Ба деги суманак њафт дона чормагз ва баъзан њафт сангча меандохтанд, ки он раќам њафт фариштаи њафт табаќаи осмонро ифода мекард. Шаби суманакпазї занњо намехобиданд. Таомњои гуногун пухта ваќти худро хуш мегузарониданд. Аз аввали шаб то субњ даф зада, раќсу бозї ва таронасарої мекарданд. Рисолаи суманакро кадбону мехонд, дигарон бо ќироати рисола бо таваљљўњи зиёд гўш медоданд. Хонуме аз иштирокгарони маросими «Суманакпазї» бихобад, занњои шух ба рўю абрувони ў сиёњии дегро молида, ўро мазоќ мекарданд ва билохир бедораш менамуданд. Пеш аз дамидани субњ оташи дегро хомўш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпўш мепўшониданд. Субњи содиќ њамин, ки хонумњо љамъ омаданд, кадбону «Бисмилоњи рањмони рањим, дасти ман, не дасти азизон» - гўён сарпўши дегро мебардошт, аввал як табаќ барои ањли масљид мекашид ва боќимондаи суманакро ба ањли маросим ва њамсоягону куњансолони табаррук таќсим мекард.

Сароидани суруди “Суманак” дар иљрои гурўњи духтарон.

Суманак дар љўш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

 

Суманак бўи бањор аст,

Суманак ављу барор аст,

Милаи шабзиндадор аст,

Иди Наврўзї муборак!

 

Суманак дар љў мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

 

Суманак ширинии ёр аст,

Суманак аљаб нигор аст,

Суманак зеби бањор аст,

Иди Наврўзї муборак!

 

Суманак дар љўш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

34.Довудов Тољиддин.Хўрокњои анъанавии наврўзї аслан ѓизоњоянд, ки аз ѓалладона пухта мешаванд. Дар ноњияи Њисор аз гандуми куфта, нахуд, лубиё ва баъзе гиёњњои хуштаъм ба монанди райњон, пудина, шулха, љаъфарї, пиёз ва ѓайра гандумкўча мепазанд, ки онро дар дигар минтаќањо далда (Кўлоб), кашк, бољ (Бадахшон), кўча (дар Панљакент) оши кўча (Шањринав) ва ѓайра меноманд. Хўрокњои гандумї рамзи фаровонии соли нав ва ѓизои солимро ифода мекунад. Аз нўшокињо бештар зардолуи хушк ё ѓулингро дар оби љушида тар карда, нўшобаи ѓулингоб тањия мекарданд ва нўшидани онро дар субњи Наврўз савоб медонистанд. Дар даврони ќадим хўрокњои наврўзї, асосан, аз мањсулоти сафед - хўрокњои аз ширу биринљ тањия шуда, гўшти парранда  ва мош  иборат буданд.

35.Раљабов Авазбек.Дар айёми Наврўз мардумон љашни бањорро дар боѓу чаманњо, лаби чашмаву рудхонањо, ки бо номњои : «идгоњ» ва ё «сайргоњ» маъруф буданд, таљлил мекарданд. Ин гуна идгоњњо дар Самарќанд мавзеи Оби Рањмат, дар Бухоро - Чашмаи Аюб, дар Кулоб - Тамошотеппа, дар Њисору Хуљанд ва Истаравшану навоњии дигар лаби рудхонањо ва атрофи чашмањои маъруфу љойњои хушобу њаво интихоб шуда буданд.

36.Мирзозода Шоњина.Дар ноњияи Ашт дар айёми Наврўз занњо дар яке аз боѓњо љамъ омада суманак ва бо ѓалладона дигар хўрокњои миллї мепазанд. Љавонон бо рубобу дафнавозї ба раќсу бозї машѓул мешаванд. Баъзе аз духтарон ба гуш кардани мусиќї ва тамошои раќси љавонон меоянду бархе дигар дар дарахтон аргамчин баста, арѓунчаксаворї мекунанд. Аз фурсат истифода бурда бисёр љавонон ба худ арус мекобанд. Духтарон низ бо нозу карашма дили љавононро об мекунанд. Дар ин рўз бисёр љавонону духтарон ба якдигар дил мебанданд ва њамсарњои ояндаи худро интихоб мекунанд. Калонсолон аз рафтори љавонон огоњ буда, монеъ намешаванд ва баръакс њамин гуна шароит фароњам месозанд.

37.Айматов Муњаммад.Ойини дигаре, ки аз замонњои хеле ќадим анъана шуда омадааст, оштикунонии ќањрињо мебошад. Дар оѓози соли нав набояд касе бо касе ќањрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба њам ќањриро оштї мекунонданд. Ин ойин њоло њам дар байни мардуми Яѓноб роиљ acт.

38.Исматов Азимљон.Як бахши љашни Наврўзро бозињои суннатии варзишї ташкил медињанд. Дар айёми Наврўз мусобиќоти пањлавонон дар намудњои гуштингирї, аспдавонї, пойгањ (давидан), бандкашї, чавгонбозї (дар Яѓноб, Бадахшон), аммо аз њама мусобиќаи маъмултарини наврўзї ин гуштингирї аст, ки хеле пањн шудааст. Дар њамаи дењаю шањрак ва шањрњои калон мусобиќоти наврўзии гўштингирї барпо мегардад. Ќабл аз њама ду муйсафед расман ба майдон меоянд ва бо раќсу гирди майдон чархзанї мусобиќаро оѓоз ва љашни некфол мегардонанд. Ба ѓолибон туњфањое ба мисли љома, ќолину палос, телевизору видеомагнитофон, мошини сабукрав, гусфанду барзагову асп аз тарафи созмондињандагон - њукуматњои мањаллї таќдим карда мешавад.

39.Ѓалатова Сафина.Бузкашї як навъи варзишии маъмул буда, дар айёми Наврўз бо тантана барпо мешавад. Ин мусобиќаи халќї дар байни халќњои гуногуни Осиёи Марказї васеъ пањн гаштаасг. Дар баробари бузкашї бо асп навъи дигари мусобиќа - харкашї ё Нарбузкашї низ дар байни мардуми Ќаротегину Дарвоз, Кўлоб, Тавилдара ва ѓайра маъмул буд, ки бештар љавонон ба он майл доштанд. Онњо ба љои буз пўсти онро ё умуман ягон пўсти њайвонро дар бозї истифода мебурданд. Дар баъзе минтаќањо мусобиќаи пиёдакашї низ гузаронида мешуд. Љавонмардони пурќувват ба ду даста таќсим шуда талош мекарданд, ки порам матои 2-3 метраро ба даст оваранд.

Тамошои Навори «Бузкашї» аз Водии Рашт аз љашнгирии Навруз

40.Алиева Рисолат.Дар байни мардуми тољик рубоиву сурудњои зиёди наврўзї вуљуд доранд, ки асосан дар айёми Наврўз суруда мешаванд. Яке аз ѓояњои асосии рубоиву таронањои наврўзї ин муќобилгузории фаслњои зимистону бањор мебошад. Мардум бо рафтани зимистон ва омадани бањор ва иди Наврўз шодию хуррамї мекунанд, аз ин хотир љашни Наврўз дар таронањои мардумї бо оѓози бањор ва як навъ озодї айният дорад.  

Наврўз расиду шоду хуррам гаштем.

Аз рафтани дай љумла беѓам гаштем.

Дидему шунидем сад мењнату ѓам,

Охир ба гули бањор њамдам гаштем.

Љойи дигар, гўянда афсўсу дареѓ мехўрад, ки инсонњои фавтида ба мисли гулу гиёњои дар бањор дубора намесабзанд, зинда намешаванд.

Иди Наврўз омаду гул бо љамоли нозанин,

Сабзаю гулњои олам сар барорад аз замин.

Њар гиёње хушк бошад, сабз гардад дар бањор,

Њайфи тухми одамї, њаргиз нарўяд аз замин.

Дар як ќатор рубоињо зебогињои фасли бањору Наврўзи хуљастафол тавсифу тасвир гашта, шодию нишоти гўяндагон ва умуман кулли мардум баён шудаанд.

 

Фасли Наврўз омаду сањро њама шуд лолазор,

Шодмонї дар дили пиру љавон шуд барќарор.

То шавад роњат муяссар мардуми бечораро,

Бо каланду љуфт дењќон мешавад машѓули кор.

Наврўзро инчунин дар адабиёти китобї ќариб њамаи шоирони форсу тољик, cap карда аз устод Рўдакї то ба шоирони муосири точик васфу тасвир кардаанд. Њоло дар Тољикистон таќрибан шоире нест, ки дар мавриди ин љашни зебои ниёгон шеъре нагуфта бошад.

Шунавонидани суруди “Тољикистон Ватани Наврўз аст”-и Ансамбли “Дарё” (шеъри Муњаммад Ѓоиб)

Зумратов А.Х. Шукр, ки Худованд ману Шуморо ба Наврўзи Нав расонид ва умед дорам, ки боз ба Наврўзи дигар мерасонад!Дар хонадонатон саломатї ба ањли оилаатон ва наздиконатон тансињатию хушбахтї мехоњам!Таманно дорам, кичењраи Шумо чун гулњои наврўзї хандону шукуфон, ќалбатон чун Офтоби оламорои Наврўз гарму равшан, рухатон чун субгоњи Наврўз пок, беѓубор, беолиш, таъбатон чун насими наврўзї хурсандибахш, мењратон чун мењри модарон бепоён ва саршумор аз мењру муњаббат ва дастархонатон чун дастархони наврўзї пурнеъмату пуранво бошад!


 

СОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА РЎЗИ

СОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА РЎЗИ

Афѓонистон, Озарбойљон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон,

Афѓонистон, Озарбойљон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон,

Наврўз мисли ҳ ама хушу хурсанд ї кунанд

Наврўз мисли ҳ ама хушу хурсанд ї кунанд

Навр ў з мегирифт». 7.Одинаев

Навр ў з мегирифт». 7.Одинаев

Наврўз азизу арљманд нест. 10

Наврўз азизу арљманд нест. 10

Мардум дар ин ва қ т ҳ о хона меороянд, ҳ ама љ оро пок мекунанд, либоси нав меп ў шанд, б ў йи хуш…

Мардум дар ин ва қ т ҳ о хона меороянд, ҳ ама љ оро пок мекунанд, либоси нав меп ў шанд, б ў йи хуш…

Аз ҳ амон рўз расм шудааст, одамон дар

Аз ҳ амон рўз расм шудааст, одамон дар

Наврўз гуруњ шуда, ба куњу пуштањо рафта гулњои бањорї: бойчечак, сиёњгуш ва гули зардакро чида ба дења меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум…

Наврўз гуруњ шуда, ба куњу пуштањо рафта гулњои бањорї: бойчечак, сиёњгуш ва гули зардакро чида ба дења меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум…

Онњо гулро аз дарњо ба хона дароз карда суруди гулгардониро мехонданд

Онњо гулро аз дарњо ба хона дароз карда суруди гулгардониро мехонданд

Девори хонањоро сафед намуда, тозаву озода месозанд

Девори хонањоро сафед намуда, тозаву озода месозанд

Фозилова Умеда. Мардумони Самарќанди бостонї дар арафаи соли нав ба руди

Фозилова Умеда. Мардумони Самарќанди бостонї дар арафаи соли нав ба руди

Шом фаро мерасаду писарони хурдсолаш нон мепурсанд

Шом фаро мерасаду писарони хурдсолаш нон мепурсанд

Одамон дар ин гуна њолат мегуфтанд, ки суманак дар дег намеистад, пай ѓалтидааст, чашми кадом нопок расидааст

Одамон дар ин гуна њолат мегуфтанд, ки суманак дар дег намеистад, пай ѓалтидааст, чашми кадом нопок расидааст

Салимова Мохбибї. Бинобар иттилооти наврўзшинос

Салимова Мохбибї. Бинобар иттилооти наврўзшинос

Сароидани суруди “Суманак” дар иљрои гурўњи духтарон

Сароидани суруди “Суманак” дар иљрои гурўњи духтарон

Раљабов Авазбек. Дар айёми Наврўз мардумон љашни бањорро дар боѓу чаманњо, лаби чашмаву рудхонањо, ки бо номњои : «идгоњ» ва ё «сайргоњ» маъруф буданд, таљлил…

Раљабов Авазбек. Дар айёми Наврўз мардумон љашни бањорро дар боѓу чаманњо, лаби чашмаву рудхонањо, ки бо номњои : «идгоњ» ва ё «сайргоњ» маъруф буданд, таљлил…

Сафина. Бузкашї як навъи варзишии маъмул буда, дар айёми

Сафина. Бузкашї як навъи варзишии маъмул буда, дар айёми

Дар як ќатор рубоињо зебогињои фасли бањору

Дар як ќатор рубоињо зебогињои фасли бањору
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
02.11.2020