Сахтафзорҳои муосири электронӣ
Компютерҳоро аз рӯи параметрҳои муайян ва хосиятҳояшон ба синфҳо тақсим мекунанд, ки онро одатан таснифи компютерҳо мегуянд. Компютерҳоро таснифи катъӣ додан хеле мушкил аст, чунки онҳо аз рӯи баъзе параметр ё хосиятҳояшон метавонанд ба як синф ва аз рӯи дигар параметру хосиятҳояшон ба синфи дигар мансуб дониста шаванд. Аз ин рӯ, таснифи компютерҳо шартан гузаронида мешавад. Масалан, мо метавонем компютерҳоро аз рӯи параметрҳои ҳаҷми хотираю ҷисмӣ, зудкорию соли барориш, чузъи пойгоҳӣ, соҳаи истифодабарӣ ва ғайра ба синфҳо ҷудо намоем.
Агар мо таснифи компютерҳоро тибқи нишондодҳои:
■ таъйинот ва имконоти компютер дар коркарди иттилоот;
■имкониятҳои робитавии байни корбар ва компютер (интерфейс);
■ ҳаҷми ҷисмии компютер;
■ имкониятҳои захиравии компютер ва ғайра дида бароем, онгоҳ бо назардошти тахлили талаботи рӯзафзун ба техникаи электронӣ, компютерҳои муосирро ба таври зайл ба синфҳо тақсим карда метавонем:
Акнун ба худ чунин савол мегузорем: Он нишондодҳое, ки аз руйи онҳо мо компютерҳоро тасниф намудем, чӣ арзише доранд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, муҳитеро тасаввур мекунем, ки дар он фаъолияти корӣ танҳо аз нигахдорӣ, ҳифз, коркард ва интиқоли иттилоот иборат аст.
Илова ба хосиятҳои болоӣ, имкониятҳои компютер ба омилҳои дигар низ вобаста аст:
Ø разряднокии протсессор;
Ø ҳаҷми хотираи беруна;
Ø хосиятҳои қисмҳои берунаи нигохдорӣ, иртибот ва дохилкунию хоричкунии иттилоот;
Ø имконияти иттилоотгузаронии таҷҳизоти иртиботӣ;
Ø имконияти дар як вақт бо компютер кор карда тавонистани якчанд корбар;
Ø имконияти дар компютер ба таври параллели кор карда тавонистани якчанд барнома;
Ø имконияти пайвастшавй ба шабака;
Ø эътимоднокӣ.
Синфи компютерҳои калонро мошинҳое ташкил медиҳанд, ки онҳо имкониятҳои хеле зиёд дошта, дар асоси дастовардхои охирини илму техника сохта шудаанд. Барои сохтани ин гуна компютерҳо ширкатхои масъул маблағҳои хеле зиёд сарф мекунанд. Аз хамин ҷихат ҳам онҳо хосиятҳои беҳтарини техникиро доро буда, бениҳоят эътимодноканд. Хачми ин гуна компютерҳо низ нисбатан калонтар буда, барои дар бино ҷойгир шуданашон масоҳати зиёдтар талаб карда мешавад. Дар онҳо якбора якчанд корбар кор карда метавонанд.
Синфи компютерхои калонро, дар навбати худ, ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: серверов ва абаркомпютерҳо.
• Сервер (server - компютерӣ асосии шабака) компютерӣ пурқудрат буда, онро асосан дар марказҳои шабакаҳои компютерӣ истифода мебаранд. Вазифаи аввалиндараҷаи сервер аз хизматрасонии компютерҳои алохидаи ба он пайванд ва шабакаҳои компютерӣ иборат аст. Дар сервер хаҷми бениҳоят зиёди иттилоот нигоҳ дошта мешавад.
Зудкорӣ (суръати кориҷрокунии компютер ё зудии зарбаи протсессор - амал/сония) миқдори амалҳои одитарине мебошад, ки компютер онҳоро дар зарфи як воҳиди вақт (сония) иҷро мекунад.
Хосияти дигари басо муҳими компютер ҳаҷми (микдори максималии гунчойиши иттилоот) хотираи фаврии он ба шумор меравад.Хотиррасон мекунем, ки вохидҳои ченаки иттилоот бит, байт, килобайт, мегабайт, гигабайт, терабайт, петабайт, эксабайт, секстибайт ва ғайра мебошанд.
Абаркомпютерхо намуди махсуси компютерхое мебошанд, ки онҳо барои халли масъалаҳои басо мушкили хисоббарорӣ ва иҷрои супоришҳои хаҷман калони бо суръати бенихоят баланд амалишаванда, аз қабили тарҳрезии равандҳои мураккаб, таҳияи низоми пешгуйихо, нигахдорӣ ва "коркарди иттилоотӣ аз ҳад зиёд ва ғайра, пешбинй шудаанд.
Мейнфреймҳо ба навъи компютерхои калони ҳамакора (универсалй) дохил мешаванд. Онҳо солхои 80-уми асри XX ба арсаи таърих кадам гузощтаанд. Ин навъ компютерхо барои ҳалли доираи васеи масъалахои илмй- техникй ва хизматрасонй истифода шуда, мошинҳои мураккаб ва хеле қимат ба ҳисоб мераванд. Мейнфреймхо аз дигар навъи компютерхо аз руйи эътимоднокй, зудкорй ва имконияти васеи интиколи иттилоот - дохилкунй ва хориҷкуниашон, фарқ мекунанд. Бо онхо ҳазорон нуктаҳои корӣ ё микрокомпютерҳои корбаронро пайваст кардан мумкин аст.
Миникомпютерхо. Синфи компютерҳои хурдро ба ду гуруҳ миникомпютерхо ва микрокомпютерхо тақсим мекунанд. Миникомпютерхо аз чиҳати тавоноӣ ва дигар параметрҳояшон дар баёни компютерҳои калон ва микрокомпютерхо чой дода мешаванд.
Микрокомпютерҳо ба гурӯҳи компютерҳое дохил мешаванд, ки протсессори марказии онхо дар шакли микропротсессор сохта шудааст. Микрокомпютер мошини ҳамакора буда, барои истифодаи як корбар (як нафар) пешбинй шудааст. Аз ин рӯ, микрокомпютерро компютерй фардй (КФ) низ мегуянд.
Компютерҳои мобилӣ (портативӣ) яке аз навъхои замонавитарин ва дар истифода созгортарини компютерҳои фардй ба ҳисоб мераванд. Номи онхо дар ҳарду маврид - ҳам mobile ва ҳам porto бо забони точикй маънои ҳамроҳ- ро дорад. Ин навъ компютерҳоро барои он ноутбук (notebook) ҳам ном мебаранд, ки онҳо дар ҳакикат шакли компютерӣ портативӣ дафтар ё китобро доранд. Хусусияти фарккунандаи ноутбук аз дигар КФ дар он зоҳир мегардад, ки ҳамаи таҷҳизоти асосии компютер дар як тан яклухт ҷойгир карда шудааст. Вале ба мисли компютерҳои рӯимизӣ дар ноутбук низ ҳамеша имконияти ҳамроҳ намудани қисмҳои иловагии беруна вуҷуд дорад. Онҳо дар вазнҳои аз 200г то 6кг истеҳсол карда шуда, соатҳои дуру дароз бе кувваи барқ, бо ёрии аккумулятор, кор карда метавонанд, ки ин хосияташон бартарии онхоро аз дигар КФ нишон медихад. Аз ин ру, аз ноутбук на танхо дар хона ё корона, балки хангоми истирохат низ (дар сайру саёхат) бахравар гаштан мумкин аст.
Компютерхои саноатӣ. Дар ҷаҳон ширкатҳои истеҳсолии зиёде мавҷуданд, ки истехсолоти онхо ба таври худкор ба роҳ монда шудааст. Ин ширкатҳо дар тайёр кардани маҳсулот аз робот- компютерхо истифода мебаранд, ки онхоро компютерҳои саноатӣ мегӯянд. Робот-компютерҳо ба раванди исгеҳсоли ягон намуди маҳсулоти муайян махсус гардонида шуда, идоракунии хатҳои технологӣ ва дастгоҳҳоро ба ӯхда мегиранд. Компютерҳои саноатиро инчунин дар идоракунии тайёраву катораҳо, санҷиши таҷҳизоту асбобҳои нав, озмоишҳои барои саломатии инсон хатарнок, тадқиқотҳои илмй, таҷрибагузарониҳои кимиёвй ва ғайра кор мефармоянд.
Компютерхои шабакавй (Netbook - нетбук). Дар нимаи дуюми солхои 90-уми асри XX, ҳангоми рушду равнақи шабакаҳои саросарии компютерӣ, намуди нави микрокомпютерҳои фардии портативӣ тавлид ёфтанд, ки онхоро компютерҳои шабакавӣ ё нетбук (Netbook) ном мебурдагӣ шуданд. Ин навъи компютерҳо асосан барои кор бо шабакаҳои компютерӣ пешбин шудаанд. Барои компютерҳои шабакавӣ талабот ба хотираи диски ва дискдонхо он қадар чиддӣ нест. Системаи амалиёти, барномаҳо ва дигар иттилоотро худи компютер аз шабака ба таври худкор кофта, ёфта мегирад. Азбаски нархи компютерҳои шабакавӣ нисбат ба дигар намуд компютерҳои фардӣ хеле арзон аст, бинобар он оҳиста- оҳиста онҳо дар коргоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ғайра мақоми худро мустаҳкам намуда истодаанд.
Планшет. Ин намуд микрокомпютерҳо аз рӯи иқтидор дар байни нетбукҳо ва компютерҳои кисагӣ қарор доранд. Планшет аз телефони мобилӣ ҳаҷман калонтар аст, вале тарзи истифодаи онҳо, дохилкунии иттилоот ва дастурҳо дар ҳарду маврид қариб якхелаанд. Сафхакалид ва дигар тугмаҳои системавиро бо таъсири ангушт ё калами махсус дар экран пайдо ва иҷро намудан мумкин аст. Ягона камбудии ин намуд компютерҳо дар номусоид будани сафҳакалиди электрониашон маънидод мешавад. Планшет аз ҷихати нарх, вазн, ҳаҷм ва масоҳат нисбат ба дигар намуд микрокомпютерҳои фардӣ барои ҳамроҳ, гирифтан ва истифода бурдан хеле мусоид ва муфид ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, вақтҳои охир аз тарафи ширкатҳои бонуфузи чаҳонӣ истеҳсоли компютерҳои планшетӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки вақтҳои наздиктарин планшет ба яке аз ҷузъҳои асосии ҷузъдони донишҷӯёну хонандагон табдил меёбад.
Компютерхои оптикӣ. Дар компютерҳои оптики вазифаи барандаи иттилоотро сели рушноӣ иҷро мекунад. Истифодаи сели рушноӣ ҳамчун барандаи иттилоот дар муқоиса бо сигналҳои электрикӣ як қатор афзалиятҳо дорад. Пеш аз хама суръати баланди паҳнкунии иттилоот таъмин карда мешавад ва сохтани архитектураи интиқоли параллелии иттилооти шабакавии байни компютерҳо имконпазир мегардад. Аз ин ҷо бармеояд, ки технологияи оптикӣ натанҳо барои сохтани компютерҳо муҳиманд, балки аз он ба таври васеъ дар коммуникатсияи компютерӣ ва шабакаи Интернет истифода бурдан мумкин аст.
Нейрокомпютерхо. Барои ҳалли баъзе масъалаҳои мубрам зарурати сохтани системаҳои тафаккури сунъӣ пеш меояд, ки онҳо натанҳо иттилоотро кор карда тавонанд, балки барои ҳисоббарориҳои зиёд вақди камтарро сарф намоянд ва аз байни якчанд методи ҳалли масъала роҳҳои беҳтаринро интихоб кунанд. Ғояи эҷоди нейрокомпютер аз тарзи кори майнаи инсон ё умуман системам асаби организмҳои зинда сарчашма гирифтааст. Тавре аз фанни биология маълум аст, майнаи инсон зиёда аз 10 миллиард хучайраи асаб - нейрон дорад, ки онхо имконияти коркарди 25 иттилооти эҳсосотиро ба вуҷуд меоранд. Айнан хамин тавр бояд нейрокомпютерҳо сохта шаванд. Аз ин рӯ онҳоро биокомпютерҳо ҳам мегӯянд.
Нейрокомпютерҳо. Нейрокомпютерҳоро дар базаи нейрочипҳо (нейронҳои сунъӣ) ва пайвандҳои нейронӣ бояд созанд, ки ҳар кадоми онҳо барои иҷрои алгоритми мушаххаси масъалаи алоҳида равона гардидааст. Барои ҳалли масъалаҳои гуногун бошад, бояд шабакаи нейронӣ истифода бурда шавад. Як нейрони сунъӣ метавонад дар амалишавии якчанд алгоритми татбиқшавандаи шабака истифода шавад ва ҳар як алгоритм метавонад тавассути якчанд нейрони сунъӣ иҷро карда шавад. Барои сохтани нейрокомпютерҳо олимону мухаккикони мамлакатхои гуногун машғуланд ва тадқиқотҳои илмии муштарак анҷом медиханд.
Компютерҳои квантӣ. Компютерҳои квантӣ бояд дар асоси қонунҷои механикаи квантӣ сохта шаванд. Механикаи квантӣ методҳои тасвир ва қонуниятҳои ташаккулёбӣ ва низоми зарраҳои хурд - атому молекулаҳоро меомӯзад. Принсипи физикии кори компютерӣ квантӣ бо тағирёбии энергияи атом алоқаманд аст. Ҳар се навъи компютерҳои номбурда компютерҳои замони ояндаанд. Дар мавриди рушд ёфтани як ё ҳамаи ин самтҳо ҳатман барояшон таъминоти барномавии мувофиқ низ сохта хоҳанд шуд.
Маҷмӯи барномаҳое, ки дар хотираи доимии компютер ҳифз шудаанд, нармафзори онро ташкил мекунад (Software).
Нармафзори компютерӣ доимо таҷдид, такмил ва ташаккул меёбад.
Барнома (program) – ин маҷмӯи фармонҳо барои компютер.
Раванди таҳия ё навиштани барномаҳо барномарезӣ номида мешавад ва одамоне, ки ба ин намуди фаъолият тахассус доранд, барномасоз ном доранд. Таҳияи нармафзори муосир аз барномасозон тахассуси баландро талаб мекунад.
Арзиши барномаҳои насбшуда дар компютери фардии муосир аксар вақт аз арзиши дастгоҳҳои техникии он зиёдтар аст.
Дар нармафзори компютерӣ қисми зарур мавҷуд аст, ки бе мавҷудияти он ягон амалиётро иҷро кардан ғайри имкон аст.
Ин системаи амалиётӣ мебошад.
Истифодабаранда компютерро бо нармазори системавии муҷаҳҳаз барои худ пайдо менамояд, ки барои кор кардан дар компютер на кам аз хотира ё протсессор муҳиманд.
Ғайр аз системаи амалиётӣ ба таркиби нармафзори компютерӣ боз барномаҳои амалӣ ва системаҳои барномарезӣ дохил мешаванд.
Системаи амалиётӣ – ин маҷмӯи барномаҳо барои таъмини фаъолияти компютер пешбинӣ шудааст.
Системаи амалиётӣ маҷмӯи воситаҳои барномавии махсус мебошад, ки барои идоракунии дохилкунӣ, оғоз ва иҷроиши дигар барномаҳои истифодабарандагон, инчунин банақшагирӣ ва идоракунии кори компютер ва қисмҳои вай хизмат мекунад. Он қисмати барномаҳое, ки бо воситаҳои таёизотӣ ҳамкории бевосита мекунад ва бояд доимо дар хотираи компютер нигоҳ дошта шавад, ядрои системаи амалиётӣ ном дорад. Системаи амалиётиро миёнарави байни истифодабарандаи компютер ва компютер низ меноманд.
Дар байни ҳамаи барномаҳои системавӣ, ки истифодабарандагони компютерҳо бо онҳо сару кор доранд, системаҳои амалиётӣ мавқеи махсус доранд. Системаҳои амалиётӣ барои иҷрои вазифаҳои гуногун, ба монанди идоракунии компютер, ба кор омодакунии барномаҳо, таъмини муҳофизати ахбор ва иҷрои ҳар гуна амалиётҳои дигар аз рӯи дархости истифодабаранда ва барномаҳо истифода мешаванд.
Ҳамаи барномаҳои дигар бо воситаи системаи амалиётӣ ба кор омода карда мешаванд. Барои ҳамин ҳам интихоби системаи амалиётӣ кори хеле масъулиятнок аст, зеро аз он имконияти бо ин ё он барнома кор карда тавонистани истифодабарандаи компютер, самаранокии кор, дараҷаи ҳимояи ахбор, коршоямии воситаҳои ёрирасони компютер вобаста аст.
Дар компютерҳои ҳозиразамон бисъёртар системаҳои амалиётии зерин истифода мешаванд,
Системаи амалиётии MS DOS-и ширкати Microsoft ;
Системаи амалиётии Novel-и ширкати Novel;
Системаи амалиётии Windows-и ширкати Microsoft; Системаи амалиётии Mac OS-и ширкати Apple;
Системаи амалиётии Linux – системаи амалиётии озод.
Истифодабарии ҳар як намуди системаи амалиётӣ аз имконият ва ғунҷоиши хотираи компютер вобастагӣ дорад.
Системаи амалиётӣ ба базавӣ ва хидматӣ тақсим мешавад.
Барномаҳои амалиётӣ барои идоракунии кори системаи ҳисоббарор пешбинӣ шуда, вазифаҳои гуногуни ёрирасониро иҷро мекунад (нусхабардорӣ, додани маълумот, озмоиш, форматкунӣ ва ғайра).
Нармафзорӣ базавӣ инҳоанд:
1. Системаи амалиётӣ;
2. Садафҳо;
3. Системаҳои амалиёти шабакавӣ.
Нармафзори хидматӣ аз чунин барномҳо иборат аст (утилита):
1. Ташхис;
2. Барномаҳои зиддивирусӣ;
3. Хизматрасонии барандаҳо; 4. Бойгонӣ (архивирование);
5. Хизматрасонии шабакка.
Нармафзорҳои барномавӣ - ин маҷмӯи барномаҳо барои ҳаллу фасли масоили синфи муайяни соҳаи мушаххас мебошанд.
Нармафзори барномавӣ танҳо бо нармафзори системавӣ кор мекунад.
Барномаҳои амалиро гузоришҳо меноманд. Онҳо чунинад:
1. Виросторони матнӣ;
2. Виросторони ададӣ;
3. Пойгоҳи додаҳо;
4. Бастаҳои ҳамгирошуда;
5. Системаҳои графикаи тасвирӣ ва корӣ (протсессори графикӣ);
6. Системаҳои экспертӣ;
7. Барномаҳои таълимӣ;
8. Барномаҳои ҳисобҳои математикӣ, моделсозӣ ва таҳлил;
9. Бозиҳо;
10. Барномаҳои алоқа.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.