Информатика тема 5
Оценка 4.9

Информатика тема 5

Оценка 4.9
pdf
04.06.2022
Информатика тема 5
Лексия 5.pdf

Мавзӯи 5. Шабакаҳои компютерӣ. Технологияҳои корбарӣ дар Интернет. 

Нақша:

    Шабакаҳо

    Торнигори ҷаҳонӣ WWW

    Браузерҳо, намуд ва роҳҳои истифодабарӣ

    Бақайдгирӣ (регистрация) ва истифодабарии почтаи электронӣ

 Агар ду ва зиёда компютер бо ҳамдигар бо ягон усуле пайваст (симӣ, мавҷӣ ва ғайра) бошанд ва байни ҳамдигар алоқа барқарор карда тавонанд, он гоҳ мегўянд, ки онҳо дар шабакаи компютерӣ пайвастанд. Шабакаи компютерӣ – воситаи пуриқтидори мубодилаи ахбороти байни компютерҳо мебошад. Дар амалия вобаста аз ҳаҷми ахбороти барои ҳалли масъалаҳо зарурӣ аз шабакаҳои компютерии локалӣ, регионалӣ, глобалӣ ва ғайра истифода мебаранд.

    Шабакаҳои локалӣ одатан барои ташкил намудани алоқаи байни компютерҳои як бино ё корхона хизмат менамоянд.

    Шабакаи регионалӣ компютерҳои якчанд корхонаи ягон маҳалро бо ҳамдигар алоқа барқарор менамояд.

    Шабакаҳои глобалӣ алоқаи компютерҳои байни шаҳрҳо ва давлатҳои гуногунро барқарор менамоянд.

Телекоммуникатсия мубодилаи информатсияро маҳз дар шабакаҳои глобалӣ таъмин менамояд.

Мо метавонем компютери худро ба хати телефон пайваст намуда, бо компютери дигаре, ки вай ҳам ба хати телефон пайваст аст, алоқа барқарор намоем. 

    Барои амалӣ гаштани ин мақсад зарур аст, ки системаҳои компютерӣ дорои модем бошанд.

 Модем информатсияи компютериро ба сигналҳои телефонӣ ва баръакс, сигналҳои телефониро ба информатсияи компютерӣ табдил медиҳад ва ба воситаи хати телефон онҳоро паҳн менамояд. Модемҳо ба модемҳои дохилӣ ва берунӣ тақсим мешаванд. Модемҳое, ки дар дохили блоки системавӣи компютер ҷойгиранд, модемҳои дохилӣ ва модемҳое, ки ба воситаи кабел бо компютер пайвастанд, модемҳои берунӣ ном доранд. Ҳамин тариқ, ҳар гуна компютере, ки дорои модем ва таъминоти программавии ба он мувофиқ мебошад, метавонад информатсияро ба компютерҳои дигар равона созад ва аз онҳо информатсияро қабул намояд.

 Шабакаи ҷаҳонии интернет - шабакаи компютерӣ мебошад, ки бо компютерҳои ҷаҳон пайваст мебошад. Интернет аз шабакаҳои майдатари компютер сохта шудааст. Ин шабакаҳо бо воситаи протоколи стандартӣ хабарро мегиранд ва мефиристанд. Протокол бошад монанди забоне, ки компютер мефаҳмад.

 Интернет дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 1969 аз тарафи департаменти ИМА "United States Department of Defense Advanced Research Projects Agency" ки АРПА ном дошт сохта шудааст. Дар аввал интернет арпанет унвон дошт, ва ҳамчун воситаи нави алоқаи ҳарбӣ истифода бурда мешуд. Дар соли 1990 World Wide Web дар Шветсария аз тарафи марди бритониё ки Тим БернерсЛи ном дошт сохта шуда буд.

Системаи ягонаи номҳо, ки аз рӯи онҳо минбаъдҳо наметавонанд дар шабакаи бар суроғаҳои ба ном URL (Uniform Resource locator) асосёфта ёфта шаванд.

Қарордодҳо барои созмон додани дастёбии шабакавӣ ба манбаъҳои номгузоришуда тавассути шабака, ки ба унвони он қарордоди HTTP (Huper Text Transfer Protocol – Қарордоди интиқоли абарматнҳо) амал мекунад.

Абарулматн осонкунандаи мурур (навигатсия) дар манбаъҳо, ки барои сохтани он забони HTML (Huper Text Markup language –забони нишонагузории абарматн) истифода мешавад.

Маҳз забони HTML ва вусъатёбии минбаъдаи он мавзӯи ин китоб хоҳанд шуд. Минбаъдҳои торнигори ҷаҳонӣ дар сафҳаҳои Web ниҳон карда шудаанд, ки онҳо тавассути забони HTML сохта мешаванд.

Забони HTML аслан забони барномасозӣ нест. HTML-ин забони нишонагузорӣ мебошад. Он барои нишонагузории санаи матнӣ истифода мешавад ба монанди нишонагузорие, ки таҳриргар (виростор) бо ёрии қалами сурхи ғафс анҷом медиҳад. Ин нишонаҳо барои муайян кардани қолиб ё сабк, ки ҳангоми санадро ба корбар намоиш додан (муҳтавои онро ба экран (сафҳанамоиш) баровардан истифода хоҳад шуд, хизмат мекунад.

Дар ҳақиқат забони HTML-ин воситаи бунёдие мебошад, ки ба он тараққии босуръат ва пурталотуми Internet дар солҳои охир асос ёфтааст.

Браузерҳо, намуд ва роҳҳои истифодабарӣ       Браузер-таъминоти         барномавие,      ки     барои        воридшавӣ, тафтиш, ташкили дархости веб саҳифаҳо дар шабакаи глобалии интернет истифода бурда мешавад. Тараққиёти ин таъминоти барномавӣ ҳанӯз аз пайдоиши шабакаи глобалӣ дида мешавад.  Браузер имконияти таъмини алоқаи байни истифодабаранда ва шабакаи глобалиро таъмин мекунад. Қариб ки ҳамаи браузерҳо ройгон ё ин ки ҳамчун замима бо системаҳои оператсионӣ дастрас мегардад. Мисол, якҷоя бо системаи оператсионии Microsoft Windows замима (Internet Explorer) ва ғ.

     Якумин браузер бо интерфейси графики бо номи NCSA Mosaic аз тарафи ширкати Netscape ташкил карда шуда буд, ки ин браузер ба системаҳои оператсионии UNIX, Windows, Mac OS мувофиқ нигаронида ва он якчанд камбудиро дар бар мегирифт лекин ин камбудиҳо ба зуддӣ ислоҳ карда шуда буданд. Дар айни ҳол намуди зиёди браузерҳо коркард карда шуда истодаанд, ки мо якчандтои онҳоро дида мебароем:

    Internet Explorer;

    Mozila Firefox;

    Opera;

    Google Chrome;

    Safari;

Ҳамин тавр ба дигар ширкатҳо зарурият пайдо гардид, ки браузерҳоро коркард намоянд, лекин асоси ҳамаи ин барномаҳо айнан браузери якум ташкил карда шуда буд.

     Internet Explorer - аз тарафи ширкати Microsoft  ташкил карда мешавад, ки он бо системаи оператсионии Windows насб карда мешавад.

     Mozila Firefox – аз тарафи ширкати Netscape баъди паҳн шудани браузери Internet Explorer ва ҷои намоёнро дар бозор ишғол намудани ин барнома коркард карда шуд.

     Opera – аз тарафи ширкати Opera Software соли 1994 коркард карда шуд, ки ин барнома дар асоси забони барномасозии С++ навишта шуда буд. Ин барнома мутобиқи ҳамаи системаҳои оператсионӣ буда, дорои суръати кории баланд ба ҳисоб меравад. 

     Google Chrome – ин барнома аз тарафи ширкати Google ташкил карда шудааст. Намуди пурраи ин барнома тахминан 11 декабри соли 2008 коркард шуда, дар аввал ин барнома танҳо барои системаи оператсионии Windows ташкил шуда буд, лекин дере нагузашта ба он тағийрот ворид шуда он мутобиқи ҳамаи системаҳои оператсионӣ гардид.

      Safari – аз тарафи ширкати Apple ташкил карда шуда он танҳо бо системаи оператсионии аз тарафи ширкати Apple ташкил шуда кор мекард. 

      Браузер ба мо имконияти воридшавӣ, тафтиши маълумот, нигоҳдории маълумоте, ки дар шабакаи глобалии интернет мавҷуд аст медиҳад.

Бақайдгирӣ (регистрация) ва истифодабарии почтаи электронӣ

    Чи хеле, ки мо медонем почта ин воситаи алоқавии бо ёрии мактуб ба ҳисоб меравад. 

     Почтаи электронӣ – ин айнан ҳамун воситаи алоқавии ба ёрии мактуб лекин бо воситаи шабакаи глобалии интернет ба ҳисоб меравад, яъне мактуб ба масофаи дурдаст на бо ёрии роҳи муайян балки бо ёрии техника ва телекоммуникатсияҳои нав равона карда мешавад.

      E-mail (Electronic mail) – ин почтаи электронии васеъ паҳн гашта буда, ба мо имконияти равона намудани ҳар гуна мактубҳоро медиҳад. 

Барои истифодабарии ин почтаи электронӣ истифодабаранда аввал бояд дар ин суроға (адресс) ба қайд (регистрация) шуда бошад.

Танҳо баъди он ӯ метавонад мактубҳоро равона намояд. 

Иҷроиши бақайдгири (регистрация) чунин иҷро мегардад:

Дар аввал истифодабаранда бояд дар браузер регистрация на mail.ru – ро ҷустуҷӯ намояд:

Баъди иҷрои амалиёти дар боло нишон додашуда чунин оина пайдо мешавад, ки дар он истифодабаранда бояд маълумоти шахсиро ворид намояд:

 

 

Мавзӯи 5. Шабакаҳои компютерӣ

Мавзӯи 5. Шабакаҳои компютерӣ

Шабакаи ҷаҳонии интернет - шабакаи компютерӣ мебошад, ки бо компютерҳои ҷаҳон пайваст мебошад

Шабакаи ҷаҳонии интернет - шабакаи компютерӣ мебошад, ки бо компютерҳои ҷаҳон пайваст мебошад

Дар ҳақиқат забони HTML-ин воситаи бунёдие мебошад, ки ба он тараққии босуръат ва пурталотуми

Дар ҳақиқат забони HTML-ин воситаи бунёдие мебошад, ки ба он тараққии босуръат ва пурталотуми

Ин барнома мутобиқи ҳамаи системаҳои оператсионӣ буда, дорои суръати кории баланд ба ҳисоб меравад

Ин барнома мутобиқи ҳамаи системаҳои оператсионӣ буда, дорои суръати кории баланд ба ҳисоб меравад

Баъди иҷрои амалиёти дар боло нишон додашуда чунин оина пайдо мешавад, ки дар он истифодабаранда бояд маълумоти шахсиро ворид намояд:

Баъди иҷрои амалиёти дар боло нишон додашуда чунин оина пайдо мешавад, ки дар он истифодабаранда бояд маълумоти шахсиро ворид намояд:
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
04.06.2022