"Не губи себя собственными руками" на таджикском языке
Оценка 5

"Не губи себя собственными руками" на таджикском языке

Оценка 5
Работа в классе
doc
воспитательная работа
7 кл—11 кл
05.11.2020
"Не губи себя собственными руками" на таджикском языке
Худро бо дасти худ халок насозед.doc

31- уми май – Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашї

 

ХУДРО БО ДАСТИ ХУД ЊАЛОК НАСОЗЕД !

 

Барои инсон обу ѓизо, пўшок ва манзил аз њама зарур мебошад. Вале ваќте ашхоси побанди носу сигорро (тамокуро) мебинем, њайрон мешавем. Аз дуди сигор љисми инсон ѓизо намегирад, баръакс тамокукашї боиси пайдоиши беморињои гуногун, аз ќабили саратони шуш, сил, заифии хотира, камиштињої, беморињои дањону дандон, бадшунавої, нафастангї,беморињои асаб ва ѓайра мегардад.

Сабабњои ба тамокукашї шурўъ намудани одамон соддаву дуруштанд – хоњиши монанд шудан ба дигарон ва ё таќлид, майли ба даст овардани обрўи бештар дар байни њамсолон ва ѓайра мебошад, ки ин боиси дуршавї аз оилаву дўстон мегардад.

ТАМОКУ беш аз 300 маводи химиявиро дар бар мегирад, ки аз онњо 40 – тояш зањр аст. Дониста бошед, ки ваќте Шумо тамоку мекашед, ин моддањои зерин ба хун ворид мешавад; никотин, ќатрон, ангезандањо ва оксиди карбон (II). 

·       Никотин ин нашъаи пуртаъсирест, ки баландшавии фишори хун ва дилзаниро ба амал меорад.

·       Ќатронњои тамоку маводеро дар бар мегирад, ки саратонро ба вуљуд меорад. Ваќте ки одам дуди тамокуро ба дарун мекашад, ќатронњо ба шуш ворид мешаванд.

·       Тамоку як ќатор моддањое дорад, ки бофтањои роњи нафасро бармеангезонад. Барои он ки бофтањо муњофизат шаванд, балѓам мебароранд. Тамокукашон сулфа мекунанд, то ки шохањои роњи нафасро аз моддањои барангезанда ва балѓами зиёд тоза кунанд.

·       Дуди тамоку дорои гази оксиди карбон (II) - и марговар мебошад, ки ба ќобилияти њавобарии хун таъсир мерасонад. Дар сурати нарасидани њаво дар организм мубодилаи моддањо суст мегардад.

Њар сигори кашида умри тамокукашро ба њисоби миёна 5,5 даќиќа кам менамояд. 

Тамокукашї на фаќат ба саломатии тамокукаш таъсир мекунад, балки вай оќибатњои дигари манфї њам дорад. Тамокукашї сабабгори бисёр беморињои љиддї мегардад, ѓайр аз зиёни љисмї доштанаш зиёнї молиявї низ дорад. Шахси тамокукаш њар моњ пули зиёдеро сарфи дуди талх месозад, ки агар онро љамъ кунем, дар тўли сол маблаѓи калонеро ташкил медињад. Оё бењтар нест, ки ба љои харидани зањр ин пулро сарфи бењбудии оила кунем?

         Њамин тавр њамасола дар миќёси љумњурї маблаѓи калоне сарфи дуди талхи тамоку шуда, ба љисму рўњ, аќл, асаб, мол ва муњити зисти мардум зарари зиёд мерасонад. Ба вситаи зањри тамоку афроди сигоркаш худ ва атрофиёнро ба њалокат меандозад.

         Њангоми дар њузури одамони дигар тамоку кашидан, онњо «тамокукашони ѓайрифаъол» хоњанд буд. Бисёр одамон рафтори тамокукашонро рафтори зидди љомеъа мешуморанд. Барои хушкондану коркарди тамоку гектарњо дарахт лозим аст. Оќибатњои дурудароз парвариш кардани тамоку ба нобудшавии љангалњо, бодлесии хок ва камшавии њосилнокї оварда мерасонад.

Сигоркашии занон барои љомеъа бисёр хатарнок аст, хусусан дар ваќти њомиладорї ба системаи иммунитети инсон ва љанин таъсири бад расонида, дар оянда тифли ба дунё омадаро гирифтори касалии астма ва дигар беморињои узви нафаскашї мекунад. Дар тадќиќоти олимони Донишгоњи Австралияи Шарќї 60 кўдаки навзоди аз модарони сигоркаш ва 62 тифл аз модарони солим иштирок карданд.

         Кўдаконе, ки модарони сигоркаш таваллуд кардаанд, дар хунашон никотин мављуд буда, системаи иммунитеташон бисёр суст аст.

         Олимони соњаи тиб дар Япония муайян кардаанд, ки аз дуди сигор на танњо узвњои нафаскашию меъда, балки узви сомеъа – гўш њам зиёни љиддї медидааст. Ба аќидаи онњо нафаре, ки њар рўз як ќуттии сигорро холї мекунад, эњтимолияти вазнин шудани гўшњо се баробар бештар аз шахсест, ки тамоку намекашад. Бад шудани шунавої бо сабаби халал ёфтани низоми кори дилу рагњои хунгард ва бо хун кам таъмин шудани ќисмати дохилии гўш аст. Олимон муайян кардаанд, ки бо халал ёфтани низоми таъмини хун аз дохили гўш бонги овоз бо майна интиќол намеёбад ё ин раванд суст мешавад.

         Намунаи мушаххаси аз тамокукашї бад шудани шунавої Пётри I – ро ном бурдан мумкин аст. Императори нахустини Русия мухлиси ашадии тамоку буд ва солњои охири њаёт аз бад шудани узви сомеааш ба табибон борњо шикоят кардааст.

         Воќеъан тамокуро њам дар баробари тозакорињои дигар Пётри I аз Аврупо ба Русия оварда буд.

         Сигоркашї бисёр ваќт боиси азияту озори њамнишинон мегардад. Худи сигоркаш аз бўи нофорами бадани худ хабар надорад. Зеро ба бўи бад одат кардааст. Аммо њамсару фарзандон ва атрофиёнаш аз бўи нофорами бадани ў њамарўза ранљ мебаранд.

         Тадќиќоти олимон нишон медињад, ки бисёр нашъамандон пеш аз гирифторї ба доми хонумонсўзи маводи мухаддир сигор мекашиданд. Оњиста – оњиста аз паллаи сигор ба нашъамандї гузашта, њаёти худро барбод додаанд.

Бинобар ин мо бояд  кўшиш намоем, ки њатто дар лањзањои муборизањои љиддии ботинї ё эњсоси фишори ќавї аз атроф эњтироми худ ва диди ояндаи худро нигоњ дорем. Бартараф намудани душворињо ин роњи амалї гардонидани ќобилияти истеъдоди мост, чунки њамаи одамони бузурги таърих бо мушкилот дучор омадаанд, бо вуљуди ин шахсияти комили худро бошарафона нигоњ дошта, санљишњои мураккабро аз сар гузаронида, шўњратёр гаштаанд.

 

 

 

          


Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашї

Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашї

Тамокукашї на фаќат ба саломатии тамокукаш таъсир мекунад, балки вай оќибатњои дигари манфї њам дорад

Тамокукашї на фаќат ба саломатии тамокукаш таъсир мекунад, балки вай оќибатњои дигари манфї њам дорад

Бад шудани шунавої бо сабаби халал ёфтани низоми кори дилу рагњои хунгард ва бо хун кам таъмин шудани ќисмати дохилии гўш аст

Бад шудани шунавої бо сабаби халал ёфтани низоми кори дилу рагњои хунгард ва бо хун кам таъмин шудани ќисмати дохилии гўш аст
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
05.11.2020