САВОЛҲОИ ТЕСТӢ АЗ ФАННИ
ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ СИНФҲОИ 8
Чоряки 1.
1. Маҷмӯи воситаҳои техникии бо ҳам алоқаманди компютер, ки онҳо вазифаҳои дохилкунӣ, коркард, нигаҳдорӣ ва хориҷкунии иттилоотро ба уҳда гирифтаанд чӣ ном доранд?
A) сахтафзори компютери фардӣ; B) нармафзори компютери фардӣ; C) интернет; D) алгоритм;
2.Кадом таҷҳизот ҷараёни барқи аз шабака ба компютер воридшавандаро ба ҷараёни доимии шиддати паст табдил медиҳад ва онро ба схемаҳои интегралии компютер мегузаронад?
A) Микропротсессор; B) Диски сахт; C) Блоки таъминоти барқ; D) Картаи садоӣ;
3. Нақшаи электронии начандон калон, ки амалҳои арифметикӣ-мантиқӣ, ҳалли масъалаҳои коркарди иттилоот ва идораи тамоми сахтафзори ба компютер насбгардидаро ба уҳда дорад ... меноманд.
A) картаи садоӣ; B) диски сахт; C) куллер; D) микропротсессор;
4. Микропротсессор аз кадом блокҳо иборат аст?
A) Микропротсессор аз блокҳо иборат нест; B) Диски сахт; C) Блоки арифметикӣ-мантиқӣ, блоки идорӣ, ҷузъҳои хотира; D) Картаи садоӣ, адаптери шабакавӣ, картаи тасвирӣ;
5. Миқдори амалҳои одитарине, ки онҳоро протсессор дар як сония иҷро мекунад ... меноманд.
A) ҷузъҳои хотира; B) зудкории компютер; C) блоки таъминоти барқ; D) чопгар;
6. Фосилаи вақти байни ду импулси ҳамсояи протсессорро чӣ меноманд?
A) Дюйм; B) Кегл; C) Такт; D) Пункт;
7. Воҳиди ченаки такти кории протсессор кадом аст?
A) Герс; B) Кегл; C) Ҷоул; D) Сония;
8. Амали ... аз хотираи компютер ин раванди гирифтани иттилоот аз соҳаи муайяни хотира ба суроғаи муқарраршуда мебошад.
A) навиштани иттилоот; B) хондани иттилоот; C) махфикунии иттилоот;
D) рамзбанидии иттилоот;
9. Амали ... иттилоот ба хотираи компютер раванди ҷойгиркунии он дар соҳаи муайяни хотира таҳти суроғаи мушаххас мебошад.
A) навиштани иттилоот; B) хондани иттилоот; C) махфикунии иттилоот;
D) рамзбанидии иттилоот;
10. Ҳадди вақтеро, ки дар он муддат ҳиссаи минималии иттилоот дар хотира навишта ё аз он хонда мешавад чӣ меноманд?
A) Зудкории монитор; B) Зудкории сафҳакалид; C) Зудкории муш;
D) Зудкории хотира
11. Кадом таҷҳизот барои дохилкунии иттилоот ва дастуру фармонҳо хизмат мерасонад?
A) Монитор; B) Сафҳакалид; C) Муш; D) Чопгар;
12. Ба тугмаҳои мудирияти курсор кадомҳо дохил мешаванд?
A) F1, F2, … , F12; B) ß,à,á,â, Home, End, PgUp, PgDn; C) Delete, Backspace, Enter, Esc, PrtSc, Ctrl, Alt, Shift; D) Блоки рақамии махсус;
13. Ба тугмаҳои ёрирасон ва махсус кадомҳо дохил мешаванд?
A) F1, F2, … , F12; B) ß,à,á,â, Home, End, PgUp, PgDn; C) Delete, Backspace, Enter, Esc, PrtSc, Ctrl, Alt, Shift; D) Блоки рақамии махсус;
14. Барои чопи иттилооти ҷории экран ё нусхабардории иттилооти мавҷудаи экран ва ба буфери мубодила равон кардани он кадом тугмача хизмат мерасонад?
A) Enter; B) Esc; C) Prtsc/PrintScreen; D) Shift;
15. Вазифаи лағви иҷройиши фармон, амалиёт ё тарки реҷаи ҷории барномаро кадом тугмача иҷро мекунад?
A) Enter; B) Esc; C) Prtsc/PrintScreen; D) Shift;
16. Кадом таҷҳизот барои ба таври фаврӣ дохил кардани фармонҳо ва идораи барномаҳо хизмат мерасонад?
A) Монитор; B) Сафҳакалид; C) Муш; D) Чопгар;
17. Кадом таҷҳизот барои дар коғаз хориҷкунии иттилооти матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад?
A) Монитор; B) Сафҳакалид; C) Муш; D) Чопгар;
18. Кадом таҷҳизот барои мубодилаи иттилоотии байни компютерҳо бо ёрии шабакаи телефонӣ хизмат мерасонад?
A) модем; B) сафҳакалид; C) монитор; D) чопгар;
19. Кадом таҷҳизот барои корбарӣ (хондану навиштан) бо CD ва DVD, тамошои клипҳо ва шунидани суруду мусиқӣ хизмат мерасонад?
A) Дискдон; B) Сафҳакалид; C) Модем; D) Чопгар;
20. Микропротсессори аввалин соли 1971 аз тарафи муҳандисони кадом ширкат сохта шудааст?
A) HP; B) Samsung; C) AMD; D) Intel;
21. Маҷмӯи сахтафзорҳое, ки онҳо барои нигаҳдории иттилоот пешбинӣ шудаанд ... меноманд
A) интернет; B) хотираи компютер; C) UPS; D) монитор;
22. Воҳидҳои ченаки иттилоотро бо тартиби афзуншавиашон муайян намоед.
А)сантиметр, байт, дюйм, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Эбайт, Нютон; B) Пиксел, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт, гертс, метр; C) Бит, байт, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Пбайт, Эбайт, Сбайт; D) дюйм, пиксел, бит, байт, Мбайт, Тбайт, Пбайт, Эбайт;
23. Кадом навъи хотираи дохилии компютер, барои ҳамеша нигоҳ доштани барномаҳои пойгоҳии низоми дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоот ва санҷидани дурустии тарзи кори сахтафзорҳои ба ин мақсад пешбинишуда хизмат мерасонад?
A) Хотираи доимӣ; B) Хотираи CMOS; C) Хотираи фаврӣ; D) Кеш-хотира;
24. Дар кадом навъи хотираи дохилии компютер, иттилооти айни замон корбарандаи микропротсессор нигоҳ дошта шудааст?
A) Хотираи доимӣ; B) Хотираи CMOS; C) Хотираи фаврӣ; D) Кеш-хотира;
25. Кадом таҷҳизот барои дар экран хориҷкунии иттилооти матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад?
A) Монитор; B) Сафҳакалид; C) Муш; D) Чопгар;
Чоряки 2.
1. Андозаи экрани монитор аз рӯйи бузургии диагоналаш бо чӣ чен карда мешавад?
A) Дюйм; B) Кегл; C) Такт; D) Пункт;
2. Андозаи нуқтаи тасвири монитор, ки сифати намойиши мониторро муайян месозад бояд аз чанд миллиметр зиёд набошад?
A) 0,4; B) 0,28; C) 0,54; D) 1;
3. Чопгарҳо вобаста ба тарзи корашон чанд намуд мешаванд?
A) Чопгарҳои экрандор; B) Чопгарҳои матритсавӣ ва бесим;
C) Чопгарҳои лазерӣ ва нусхбардорӣ; D) Чопгарҳои матритсавӣ, рангпошанда ва лазерӣ;
4. Иртибот байни сахтафзорҳои гуногуни дохил ва хориҷ кардани иттилоот бо блоки системавии компютер тавассути слотҳои махсус, амалӣ мегардад, ки онҳоро чӣ мегӯянд?
A) Бандар; B) Дискдон; C) Диски сахт; D) Хотираи фаврӣ
5. Ба бандари симии насби сахтафзорҳо кадомҳо дохил мешаванд?
A) Инфрасурх, Bluetooth; B) Параллелӣ ва пайдарпай, USB (юэсби), Type-C, Fire Wire; C) Интернет; D) Нетбук;
6. Ба бандари бесими насби сахтафзорҳо кадомҳо дохил мешаванд?
A) Инфрасурх, Bluetooth; B) Параллелӣ ва пайдарпай, USB (юэсби), Type-C, Fire Wire; C) Интернет; D) Нетбук;
7.Ба мониторҳо аз рӯйи кадом нишондодҳояшон баҳо дода мешавад?
А)нарх; B) ширкати истеҳсолкунанда; C) андозаи экран, андозаи нуқтаи тасвир, имконияти ҳалкунандагӣ; D) моддаи дохили кинескоп;
8. Кадом андозаҳои нуқтаи тасвири монитор барои чашми инсон хатарнок аст?
A) андозаи 0,1-0,2; мм B) андозаи 0,21-0,29 мм; C) андозаи 0,31-0,39 мм
D) андозаи 0,25-0,26 мм
9. Экранҳои монитори найчаашон электронӣ-нурӣ аз кадом модда сохта шудааст.
A) люминофор; B) нитроген; C) фосфор; D) сианофенил;
10. Экрани монитори LCD(мониторҳои дисплейашон кристалли моеъ) аз кадом модда сохта шудааст.
A) люминофор; B) нитроген; C) фосфор; D) сианофенил;
11. Кадом таҷҳизоти графиксоз барои ба компютер дохил кардани тасвири эҷодшудаистода хизмат мерасонад?
A) птоттер; B) дигитайзер; C) фотокамераи рақамӣ; D) сканер;
12. Таҷҳизоте, ки ба воситаи шабакаи телефонӣ иттилоотро аз як компютер ба компютери дигар интиқол медиҳад чӣ ном дорад?
A) птоттер; B) дигитайзер; C) модем; D) сканер;
13.Барои дастрасии бесими шабакаи саросарии Интернет тавассути компютерҳои фардӣ кадом технология пешбинӣ шудааст?
A) картаи тасвирӣ; B) USB-бандар; C) Bluetooth; D) Wi-Fi(Wireless Fidelity);
14. Кинескопҳои мониторҳои найчаашон электронӣ-нурӣ аз рӯйи шакли экранашон ба чанд навъ ҷудо мешаванд?
A) секунҷавӣ ва ҳамвор; B) сферикӣ, силиндрӣ ва ҳамвор; C) секунҷавӣ ва даврашакл; D) байзашакл ва трапетсияшакл;
15. Маҷмӯи барномаҳои дар компютер истифодашавандаро таъминоти барномавии компютер ё … меноманд.
А)сахтафзор; B) нармафзор; C) интернет; D) монитор;
16. Амалиёти асоситарини бо ёрии муш анҷомёбанда:
А)ба кор омодасозии компютер; B) пайвастшави ба интернет; C) интихоби объект, иҷрои амалиёт, ҷойивазкунии объектҳо; D) танзими нишондодҳои монитор;
17. Калимаи «компютер» аз 8 ҳарф иборат аст. Барои як ҳарф як байт хотираи компютер ҷудо карда мешавад. Калимаи «компютер» чанд бит иттилоот дорад?
A) 128; B) 32; C)16; D) 64;
18. Ғунҷоиши диски сахти компютер 1 Тбайтро ташкил медиҳад. Чӣ қадар парвандаи андозаи ҳар якеаш 512 Гбайтро дар чунин диски сахт сабт кардан мумкин аст.
A) 2; B) 4; C) 6; D) 8;
19.Нақли хаттии 2 саҳифаи 32-сатраро ташкил дода, дар ҳар як сатраш 128 аломат ҷой дода шудааст. Нақли хаттӣ чанд Кбайт иттилот дорад?
А)2 Кбайт; B) 4 Кбайт; C) 8 Кбайт; D) 16 Кбайт;
20. Китоб аз 512 саҳифаи 32-сатра иборат аст. Дар ҳар як сатри китоб 64 аломат ҷой дода шудааст. Ҳаҷми иттилооти китобро бо Мбайт ҳисоб кунед.
А)0,2 Мбайт; B) 0,8 Мбайт; C) 1 Мбайт; D) 16 Мбайт;
21. Рӯнамои барномаи Microsoft Office Power Point, 2 слайдро ташкил дода, ҳар як слайди он 8 сатр ва ҳар як сатраш 128 аломат дорад. Муайян намоед, ки дар рӯнамо чанд Кбайт иттилоот мавҷуд аст?
А)2 Кбайт; B) 4 Кбайт; C) 8 Кбайт; D) 16 Кбайт;
22. Кадом таҷҳизот, барои таъмини қувваи барқ ҳангоми хомӯш шудани он хизмат мерасонад?
A)Адаптери шабакавӣ(Network adapter); B) Картаи тасвирӣ(Video card);
C) Картаи садоӣ(Sound card); D) UPS(Uninterruptible Power System);
23. Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
Сафҳакалид ин-
A) Таҷҳизои дохилкунии иттилоот аст; B) Таҷҳизоти хориҷкунии иттилоот аст;
C) Таҷҳизоти нигоҳдории иттилоот аст; D) Таҷҳизоти чопкунии иттилоот дар қоғаз аст;
24. Тасдиқоти нодурустро муайян кунед.
A) Муш таҷҳизои дохилкунии иттилоот аст; B) Монитор таҷҳизоти хориҷкунии иттилоот аст; C) Флешкарта таҷҳизоти нигоҳдории иттилоот нест; D) Чопгар таҷҳизоти чопкунии иттилоот дар қоғаз аст;
25. Кадом илм доир ба хосиятҳои иттилоот ва қонуниятҳои равандҳои иттилоотӣ баҳс мекунад.
A) физика; B) математика; C) информатика; D) геометрия;
Чоряки 3.
1. Барномаи стандартии СА Windows, ки барои сохтан ва таҳрири парвандаҳои матнӣ бо форматҳои мураккаб, хизмат мекунад?
A) Internet Explorer; B) WordPad; C) Дафтари ёддошт (Блокнот, NotePad);
D) Paint;
2. Барномаи стандартии СА Windows, ки барои сохтан ва таҳрири парвандаҳои матнӣ бо формати оддӣ, хизмат мекунад?
A) Internet Explorer; B) WordPad; C) Дафтари ёддошт (Блокнот, NotePad);
D) Paint;
3. Нишонае, ки дар экран ба воситаи он мавқеи амалиётгузаронӣ муайян карда мешавад … номида мешавад.
A) абзатс; B) ҳуруф; C)курсор; D)форматбандӣ;
4. Виройишгари хеле одии системаи амалиётии Windows кадом аст?
A) McEdit ; B) NotePad; C) KEdit; D) KWrite ;
5. Тасдиқоти нодурустро муайян кунед.
A) MS Word протсессори матнӣ нест; B) Star Writer протсессори матнӣ аст; C) OOWriter протсессори матнӣ аст; D) KWrite виройишгари матнӣ аст;
6. Виройишгари хеле одии KDE Linux кадом аст?
A) McEdit ; B) NotePad; C) KEdit; D) KWrite;
7. Виройишгари нисбатан пурқуввати KDE Linux кадом аст?
A) McEdit ; B) NotePad; C) KEdit; D) KWrite;
8. Кадом барнома менеҷери парвандаӣ ва виройишгари матнӣ ба ҳисоб рафта, макрофармон (макрос) сохта метавонад ва дар тамоми навъҳои Unix, аз ҷумла Linux мавҷуд аст?
A) Emacs; B) MS Word; C) StarWriter; D) Netscape Composer;
9. Протсессори матнӣ аз StarOffice, ки ба Word монанд буда, ҳам дар муҳити системаи амалиётии MS Windows ва ҳам системаи амалиётии Linux якхела кор мекунад кадом аст?
A) Emacs; B) MS Word; C) StarWriter; D) Netscape Composer;
10. Кадом протсессори матнӣ фармонҳои HTML-ро қабул карда, намунаҳояш ҳам барои системаи амалиётии MS Windows ва ҳам системаи амалиётии Linux якхела кор мекунанд?
A) Emacs ; B) MS Word ; C) StarWriter ; D) Netscape Composer;
11. Виройишгари WordPad санадҳои матниро дар кадом формат сабт карда метавонад?
A) pdf, accdb; B) xlsx, pptx; C) bmp, gif; D) txt, rtf;
12. Як ё якчанд сатри ба ҳам алоқаманди матнро, ки онҳо як фикри томро ифода менамоянд ... меноманд.
A) абзатс; B) форматбании матн; C) гарнитураи ҳуруф; D) ҳуруф;
13. Ҳар гуна сатреро, ки пас аз дохилкунии он тугмаи Enter пахш карда шуда бошад, дар Word ... мегӯянд.
A) форматбании матн; B) абзатс; C) гарнитураи ҳуруф; D) формати парванда;
14. Одатан аз тарафи чапи сатри якуми абзатс якчанд мавқеи холӣ партофта мешавад, ки онро чӣ мегӯянд?
A) фосилаи абзатс; B) сарҳади чапи абзатс; C) сарҳади рости абзатс; D) фосилаи байни сатрҳои абзатс;
15. Мавқеи қоғаз, ки аз он сар карда сатрҳои абзатс (ба ғайр аз сатри якум) ҷойгир карда мешаванд ... меноманд.
A) фосилаи абзатс; B) сарҳади чапи абзатс; C) сарҳади рости абзатс; D) фосилаи байни сатрҳои абзатс;
16. Мавқеи қоғаз, ки дар он сатрҳои абзатс ба итмом мерасанд ... меноманд.
A) фосилаи абзатс; B) сарҳади чапи абзатс; C) сарҳади рости абзатс; D) фосилаи байни сатрҳои абзатс;
17. Тарзи навишти аломатҳои алифбои забонҳои гуногунро ... мегӯянд.
A) абзатс; B) форматбандии матн; C) формати парванда; D) ҳуруф;
18. Маҷмӯи намудҳои зуҳури ҳуруфро чӣ меноманд?
A) абзатс; B) форматбандии матн; C) формати парванда; D) гарнитури ҳуруф;
19. Тағйирдиҳии намуди зоҳирии матнро чӣ меноманд?
A) абзатс; B) форматбандии матн; C) формати парванда; D) гарнитури ҳуруф;
20.Дар бастаи OpenOffice.org кадом барномаҳо шомиланд?
A) MS Access, MS Excel, MS Outlook, MS PowerPoint, MS Publisher, MS Word; B) Write, Calc, Draw, Impress, Math, Модули дастрасӣ ба додаҳо; C) Microsoft Visual Studio, CorelDRAW, Adobe Photoshop; D) ABBYY FineReader, Internet Explorer;
21.
Натиҷаи нишонагузории
кадом фармон дар барномаи OOMath формулаи
-ро
месозад?
A)
; B)
; C)
D)
22.
Натиҷаи нишонагузории
кадом фармон дар барномаи OOMath формулаи
-ро
месозад?
A)
; B)
; C)
D)
;
23. Натиҷаи нишонагузории кадом фармон дар барномаи OOMath формулаи
-ро
месозад?
A)
;
B)
; C)
D)
;
24. Тарзи тасвири иттилоотро бо ёрии пайдарпайии байтҳо ... меноманд.
A) абзатс; B) форматбандии матн; C) ҷузвдон; D) формати парванда;
25. Ҳангоми истифодаи кадом навъи формати графиксозӣ андозаи тасвири дар экран инъикосшаванда ҳам аз рӯйи самти уфуқӣ (width - аз чап ба рост) ва ҳам амудӣ (height - аз боло ба поён) ба росткунҷачаҳои хеле хурди пиксел, номидашаванда тақсим карда мешавад?
A) Чунин навъи формати графиксозӣ маҷуд нест; B) Формати растрӣ;
C) Формати векторӣ; D) Формати фракталӣ;
Чоряки 4.
1. Дар кадом навъи формати графиксозӣ тасвир бо ёрии фигураҳои одии геометрӣ – нуқта, хатти рост, хатти каҷ, доира, росткунҷа ва ғайра бо истифода аз формулаҳои математикӣ сохта мешавад?
A) Чунин навъи формати графиксозӣ мавҷуд нест; B) Формати растрӣ;
C) Формати векторӣ; D) Формати фракталӣ;
2. Формати GIF мухтасаршудаи кадом калимаҳо ба шумор меравад?
A) general interchange format; B) graphics interchange interface; C) global interchange format; D) graphics interchange format;
3. Формати JPEG мухтасаршудаи кадом калимаҳо ба шумор меравад?
A) joint personal element group; B) joint photographic experts group; C) joint photographic explorer group; D) joint photographic interface general ;
4. Хати каҷе, ки бо ёрии он дигар шаклҳои геометрӣ сохта мешаванд ... меноманд.
A) сафҳакалид; B) монитор; C) принтер; D) сплайн;
5. Барномаи Paint барои коркарди тасвирҳои нуқтавии кадом форматҳо пешбинӣ шудааст.
A) *.txt, *.docx, *.rtf, *.html; B) *.bmp, *.jpeg, *.gif, *.tiff, *.png; C) *.ksp, *.xlsx, *.psd, *.cdr; D) *.pptx, *.accdb;
6. Тарзи тақсим кардани рангҳоро ба компонентҳои асосӣ … меноманд.
A) амиқии ранг; B) монитор; C) амсилаи рангӣ; D) сплайн;
7.Муҳити амалие, ки барои таҳия ва таҳрири тасвирҳои графикӣ пешбинӣ шудааст ... меноманд.
A) виростори матнӣ; B) виростори графикӣ; C) виростори рӯнамосоз;
D) браузер;
8. Пиксел абревиатураи кадом калимаҳо мебошад?
А) electronic; B) modulator; C) picture element; D) interconnected networks;
9. Ҳангоми тағйирдиҳии андозаи тасвир, деформатсия шудани он – яке аз норасоиҳои … мебошад.
A) графикаи векторӣ; B) графикаи растрӣ; С) графикаи фракталӣ;
D) гpaфикaҳoи растрӣ ва векторӣ;
10. Яке аз вазифаҳои асосии виростори графикӣ ... мебошад.
А) воридоти тасвир; B) нигаҳдории рамзи тасвир; C) сохтани тасвир; D) азназаргузаронӣ ва содироти дарунмояи видеохотира.
11. Тасдиқоти нодурустро муайян кунед.
A) Paint виростори графикӣ аст; B) Adobe Photoshop виростори графикаи растрӣ аст; C) Corel Draw виростори графикаи векторӣ аст ; D) WordPad виростори графикӣ аст;
12. Тасвирҳое, ки ба воситаи виросторҳои графикӣ сохта мешаванд ё бо истифода аз сканер аксбардорӣ мегарданд, бо чӣ чен карда мешаванд?
A) CMYK; B) dpi; C) RGB; D) HSB;
13.Дар графиксозии компютерӣ чанд амсилаи рангӣ истифода бурда мешавад?
A) RGB, CMYK, HSB; B) BASIC; C) BIOS; D) PС;
14. Аз кадом амсилаи рангӣ бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд?
A) RGB; B) CMYK; C) HSB; D) PС;
15. Аз кадом амсилаи рангӣ вақте истифода мебаранд, ки агар тасвирро дар коғаз чоп кардан (рангсозиҳои типографӣ) лозим бошад?
A) RGB; B) CMYK; C) HSB; D) PС;
16. Кадом амсилаи рангӣ тамоюли зеҳнӣ дорад, яъне он барои рушди истеъдодравона гардидааст?
A) RGB; B) CMYK; C) HSB; D) PС;
17. Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода мешавад, … меноманд.
A) амиқии ранг; B) монитор; C) амсилаи рангӣ; D) сплайн;
18. Виростори графикии растриро муайян намоед:
А) Corel Draw; B) Adobe Photo Shop; C) Microsoft Word; D) Microsoft Excel;
19. Виростори графикии векториро муайян намоед:
А) Corel Draw; B) Adobe Photo Shop; C) Microsoft Word; D) Microsoft Excel;
20. Кадом навъи иттилоотро графикӣ меноманд?
А) маълумоте, ки дар шакли нақша, ангора, тасвир, график, диаграмма, аломат пешниҳод шудааст; B) маълумоте, ки дар шакли адади даҳӣ пешниҳод шудааст; C) маълумоте, ки ҳамчун матн дар экрани компютер нишон дода мешавад; D) маълумоте, ки дар шакли адади дӯӣ пешниҳод шудааст;
21. Барномаҳое, ки барои сохтан, таҳрир кардан ва пешниҳод намудани намоишҳои таълимӣ, илмӣ, лоиҳавӣ, таблиғотӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд ... номида мешаванд.
A) виросторони рӯнамосоз; B) виросторони матнӣ; C) виросторони ададӣ; D) ҷадвалҳои электронӣ;
22. Барномаи намоишсози бастаи OpenOffice кадом аст?
A) MS PowerPoint; B) OOImpress; C) Microsoft Visual Studio; D) ABBYY FineReader, Internet Explorer;
23. Барномаи намоишсози бастаи Microsoft Office кадом аст?
A) MS PowerPoint; B) OOImpress; C) Microsoft Visual Studio; D) ABBYY FineReader, Internet Explorer;
24. Мафҳумҳои калидии технологияи намоишсозӣ:
А) намоиш, слайд, маводи тақсимшаванда, конспекти маърӯза B) китоби корӣ, варақи корӣ, ҷадвал, катак ва диапазони катакҳо; C) саҳифаи чопӣ ва интихобҳои он, абзатс ва нишондодҳои он; D) ҳуруф ва нишондодҳои онҳо, форматбандии аломатҳо ва абзатсҳо.
25. Қисми иловагии номи парвандаҳои MS PowerPoint чӣ гуна аст?
A) accdb; B) pptx; C) gif; D) docx;
Скачано с www.znanio.ru
Материалы на данной страницы взяты из открытых источников либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.