Ѓамхорї ба табиат ва чанде аз маслињатњои амалї
Тамоми њаёти мо бо табиат мустањкам алоќаманд аст. Мо њаворо нафас мегирем ва бо об ташнагиро мешиканем. Табиат ба мо хўрок, либос ва манзил медињад. Мо аз Замин сарватњои табиатро кофта мегирем ва дар сањро аз он њосил мерўёнем. Аз бешазор чўб, мўина, занбўрўѓ ва мева мегирем. Табиат њама чизњои њаётан зарурро ба мо мебахшад, аз ин рў, онро њифз бояд кард.
Муњофизати табиат яке аз вазифањои асосии њар як шањрванд мебошад. Табиат њаёти моро оро медињад. Он ба мо сурури бисёр мебахшад. Мо чањ-чањи мурѓонро бо раѓбати зиёд гўш мекунем, аз шир-шири љўйчањо ва хишир-хишири шохсор ба шавќ меоем. Аз тамошои пањнои сањро, сатњи оби оинагуни дарё ва кўњњои боњашаммату азим як дунё њаловат мебарем.
Њифзи табиат маљмўи чорабинињои байналмиллалї, љумњуриявию минтаќавї, маъмурию хољагї, технологию сиёсї ва љамъиятию шахсии фардњои алоњидаро меноманд, ки барои омўзиш, нигоњдорї ва истифодаи оќилонаи сарватњои табиат равона шудаанд ва ба нафъи насли њозираю ояндаи инсоният бахшида мешавад.
Ва инак чанде аз маслихатњои амалї …
· Китобу рўзномањои хондаи худро напартофта, онњоро ба шахсоне дињед, ки хоњиши хондан доранд ё китобхона бурда супоред. Рўзномањоеро, ки ба онњо обуна њастед, баъди истифода бурдану хонда тамом кардан, таќсим карда дињед.
· Бозичањо, либос ва дигар ашёњое, ки ба Шумо нодаркоранд мумкин аст, ки ба баъзе шахсони дигар лозим бошанд, ин гуна шахсонро пурсуљў намуда, ин лавозимотњоро метавонед ба онњо супоред.
· Боќимондаи озуќаворї бояд, ки ба Замин баргардонида шавад, чунки мањз бо шарофати онњо растанї ва њайвоноти рўи Замин афзоиш ва инкишоф ёфта боз метавонанд онњо манбаи озуќавориро ташкил дињанд.
· Шумо метавонед бештар нўшокињоеро харидорї намоед, ки дар шишањо гирифта шудаанд, чунки шишањоро метавонед боз ба маѓоза баргардонед.
· Барои шинонидан ва нигоњубин намудани гулњо аз масолењи пластмассии нолозим истифода кунед ва асбобњои рўзгорро муњофизат намоед.
· Он мањсулотњоеро, ки дар таркибашон моддањои бо таъсири озон вайроншаванда доранд, харидорї нанамоед.
· Ќубур ва љумакњое, ки аз онњо об мечаканд, таъмир намоед, чунки онњо метавонанд дар як моњ сабаби талафёбии 18200 литр об гарданд.
· Агар беваннаи пури об оббозї намоед, дар ин вакт Шумо 25 литр обро сарфа менамоед.
· Њангоми харидани мошинањои љомашўї моделе, ки рељаи муайяни сарфа намудани обро дорад, харидорї намоед. Чунки моделњои нав нисбат ба моделњои кўњна 40% муфидтаранд.
· Оби боронро љамъ намуда онро дар полиз барои об додани гулњо ё дарахтони боѓатон истифода намоед.
· Ќоѓазро сарфа кунед ва аз њарду тараф истифода намуданашро ба худ одат кунонед.
· Дар гирду атрофи худ дарахту буттањо шинонед ва фаќат огоњ бошед, ки ба мањалли Шумо мутобиќ њаст ё не.
· Дарахтонро метавонед ба сифати сўзишворї истифода кунед, ба шарте, ки дар љои онњо нињолњои нав шинонед.
· Бо хамроњии рафиќону њамсолонатон бораи муњофизати љангал фикру аќидањоятонро муњокимаронї намоед.
· Диќќати оила, њамсоя, рафиќ ва њамкоронатонро барои муњофизати боигарињои љангал љалб намоед. Онгоњ пешнињодоти Шумо бештар таъсирбахш мегардад.
· Зинњор дар љангал чўбчаи гугирди нимсўз ё сигори (тамокўи) нимкашро напартоед.
· Дар љангал ашёњои шишагин ё оинаи шикастаро напартоед, чунки онњо метавонанд, нурњои офтобро инъикос намуда , сабаби ба амал омадани сўхтор гарданд.
· Дар мактаб вохўрињо гузаронида, доир ба саволњои экологї сўњбатњо ташкил намоед. Дар ин вохўрињо Шумо метавонед мутахассисони илмї ва намояндањои љамъиятии экологиро даъват намоед.
· Партов ва баргњоро насўзонед, чунки ба атмосфера газњои зањрнок метавонад хориљ шавад.
· Доири муносибати берањмона нисбат ба њайвонот ва шикори онњо гурўњњои махсус ташкил намоед.
· Фаромўш накунед! Ба рафиќон ва наздикони худ дар бораи ѓамхорї ба табиат ва њифз намудани он маслињатњои мўфид дињед.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.