Мавзӯи 4. Маълумоти умумӣ дар бораи системаи амалиётии Windows 7.
Системаи амалиётии Windows соли 1985 аз тарафи ширкати Microsoft тартиб дода шуда, вай барои таъмин намудани истифодабарии имкониятҳои васеи компютер хизмат мекунад. То имрӯз тафсирҳои гуногуни Windows сохта шудаанд, Масалан, Windows 3.10, Windows 3.11, Windows 95, Windows 98, Windows 2000, Windows XP, Windows 7, Windows 10 ва ғайраҳо. Тафсирҳои ин системаи амалиётӣ аз ҷиҳати имкониятҳои васеаш аз якдигар фарқ менамояд.
Яъне тафсири пасоянда аз пешояндааш имкониятҳои васеъ дорад.
Системаи амалиётии Windows барои иҷрои вазифаҳои гуногун, ба монанди идоракунии компютер, ба кор омодакунии барномаҳо, таъмини муҳофизати ахбор, тафтиши коршоямӣ ва корношоямии сохторҳои компютер ва иҷрои ҳар гуна амалиётҳои дигар аз рӯи дархости истифодабаранда ва барномаҳо истифода мешаванд.
Дар вақти ба кор омодашавии системаи амалиётии Windows дар экран аввал номи ин система навишта шуда, сипас дигар амалиётҳо иҷро карда мешавад.
Ҳар як барнома бартарӣ ва камбудиҳо дорад, аз он ҷумла Windows
.
Ба бартарии ин барнома инҳо дохил мешаванд:
- истифодабарии якчанд барномаҳо;
- бо зуди гузаштан аз як барнома ба барномаи дигар;
- ивазкунии ахборҳо байни барномаҳо;
- осонии кор бо барномаҳо ва ҳуҷҷатҳо;
- истифодабарии рамзҳо дар вақти зарурӣ;
- зиёдкунии хотираи оперативии компютер;
- ҳимояи барномаҳои амалӣ;
- муроҷиат кардан ба сохторҳои иловагӣ бо воситаи системаи амалиётӣ;
- имконияти истифодабарии картаҳои овозӣ ва тасвирҳо;
- ва ғайраҳо
Ба камбудиҳои ин барнома дохил мешаванд:
- ҳаҷман калон будани барнома;
- дар вақти то ба охир нарасонидани гузоштани барнома, дар вақти истифодабарӣ, аз кор баровардани дигар барномаҳои амалӣ;
- ва ғайраҳо
Дар вақти истифодаи компютерҳои фардӣ, ҳар як истифодабаранда бояд аз кадом барнома истифода карданро донад, чунки шумораи барномаҳои компютерӣ хеле зиёд аст ва ҳар яки онҳо таъиноти махсус доранд. Имрӯз қариб ҳамаи истифодабарандагон аз барномаи Windows 7 истифода мебаранд. Ба асосҳои кор бо барномаи Windows 7, мизи корӣ, тугмачаи Пуск, лавҳаи масъалаҳо, менюи асосӣ, ба кор омодасозӣ ва баромадан аз ин барнома, иҷроиши амалиётҳои гуногун бо ҳуҷҷатҳо, папкаҳо, дискҳо дар барномаи Проводник, менюи дархости ва системаи маълумотӣ, барномаҳои хизматӣ ва стандартии Windows 7 ва ғайраҳо дохиланд.
Расми 2. Мизи корӣ.
Баъди ба кор омодасозии компютери фардӣ ва иҷрои вазифаи системаи амалиётии Windows, дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро Мизи корӣ (Рабочий стол) меноманд. Мизи корӣ одатан аз барномаҳои(расмҳои) гуногун иборат аст, ки дар қисми поёниашон номи онҳо оварда мешаванд. Ин расмҳоро нишонаҳои мизи корӣ мегӯянд.
Нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст номаш
Компютери ман (Мой компёютер) мебошад. Он имконият медиҳад, ки аз дискҳо барномаҳои даркорӣ кофта ёфта шуда, ба кор омода карда шаванд.
Нишонаи Сабад (Корзина) барои нигоҳ доштани файлҳо ва папкаҳое, ки аз системаи амалиётии Windows 7 хориҷ карда шудаанд, истифода карда мешавад. Яъне агар ягон файл ё папкаро мо нафаҳмида хориҷ кунем бо ёрии Сабад онро барқарор намудан мумкин аст.
Дар қисми поёнии мизи корӣ аз тарафи чапи он тугмае вуҷуд дорад, ки номи он “Пуск” мебошад. Он барои кушодани ҳар гуна барномаҳо, ҳуҷҷатҳо, мувофиқкунии системаи амалиётӣ, кофтукоби файлҳо ва папкаҳо ва ғайраҳо лозим аст. Ҳангоми нишондиҳандаи мушакро ба ин тугмача гузоштан, ахбороти ёрирасоне пайдо мешавад, ки дар он корро аз пахш намудани ин тугмача шурӯъ намоед (Начните работу с нажатия этой кнопки) навишта шудааст.
Дар давоми тугмаи “Пуск” сатре мавҷуд аст, ки он “Лавҳаи масъалаҳо” (Панель задач)
ном дорад. Дар лавҳаи масъалаҳо одатан нишонаҳои хурдкардашудаи папкаҳо, барномаҳои кушодашуда ва ҳуҷҷатҳо нишон дода мешаванд. Барои корро бо онҳо давом додан, кифоя аст, ки нишонаи даркориро аз лавхаи масъалаҳо ҷудо намоем.
Дар лавхаи масъалаҳо ҳамчунин метавонад тугмачае намудор бошад, ки он барои аз реҷаи алифбои русӣ (Ru) ба лотинӣ (En) ва баръакс, баргардонидани клавиатура хизмат мерасонад. Роҳи дигари аз як забон ба дигар забон гузаштаи ин аз клавиатура якҷоя пахш намудани тугмачаҳои Shift ва Alt мебошад. Лавҳаи масъалаҳоро метавонем дар ҷои дилхоҳи мизи корӣ ҷойгир намоем.
Баъди пахш намудани тугмаи “Пуск”дар экран менюи асосии Windows 7 пайдо мешавад. Дар менюи асосӣ пайдарпаии нишонаҳо (бандҳо) дар шакли сатрҳои таг ба таг оварда шудаанд. Дар ин сатрҳо номи ин ё он амалиёти ба воситаи система иҷрошаванда нишон дода шудааст. Аз тарафи чапи менюи асосӣ рӯйхати барномаҳое навишта мешавад, ки бо онҳо истифодабаранда кор карда буд ва дар вақти даркоӣ онҳоро боз кушодан мумкин аст. Дар сатри аз ҳама охирини рӯйхати барномаҳо сатри “Все программӣ” ҷойгир аст. Дар тарафи рости баъзе сатрҳои менюи асосӣ аломати тирча гузошта шудааст. Ин аломат далели он аст, ки ин сатри меню ба иҷрокунии якчанд амалҳо вобаста мебошад. Барои дидани рӯйхати ин амалиётҳо нишондиҳандаи мушакро ба сатри тирчадор гузошта, лаҳзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати каме рӯйхати амалиётҳо ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню меноманд.
Тартиби интихоби сатрҳои менюи асосӣ чунин аст;
1. Нишондиҳандаи мушакро ба сатри даркорӣ мегузорем;
2. Агар сатри интихобшуда фақат ба як амалиёт вобаста карда шуда бошад, он гоҳ тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш карда, зуд cap медиҳем;
3. Агар дар сатри интихобшудаи меню аломати тирча мавҷуд бошад, он гоҳ ба зерменюи он гузашта, сатри даркориро интихоб менамоем ва тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем.
Барномаҳо (Программы) ҳангоми интихоб намудани ин сатр дар экран рӯйхати барномаҳое пайдо мешавад, ки мешавад, ки онҳо дар системаи Windows 7 ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор омода намудани барномаҳо кифоя аст, ки номи онро аз рӯйхат интихоб карда шуда, тугмачаи чапи мушак пахш карда шавад.
Масалан, ба кор омодакунии барномаи Microsoft Word 2010,
1. Нишондиҳандаи мушакро ба тугмаи “Пуск” оварда бояд пахш кард;
2. Аз банди кушодашуда“Все Программы” ва Microsoft Office интихоб карда шавад;
3. Ҳангоми кушода шудани банди Microsoft Office аз он барномаи Microsoft Word 2010-ро бояд интихоб карда тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш намудан зарур аст.
Бо воситаи ин сатр истифодабаранда метавонад копютерро тавре, ки ба ӯ маъқул аст мувофиқ кунонад. Сатри Панел ё управления яке аз калидҳои асосии таъсиррасонӣ ба қисмҳои компютер ва имкониятҳои системаи амалиётии Windows 7 ба шумор меравад. Ҳангоми интихоби ин сатр равзанае кушода мешавад, ки дар дохили он нишонаҳои гуногун ҷойгир шудаанд. Ба воситаи онҳо ин ё он қисми компютерро ба система пайваст ё аз он ҷудо кардан ва имкониятҳои барномавии системаро мувофиқи завқи худ идора кардан мумкин аст.
Пайвастшавӣ (Подключение). Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда метавонад, ки ба интернет ё шабакаи дигар пайваст шавад. Аммо барои пайвастшавӣ дар компютери истифодабаранда ин ё он шабака бояд мувофиқ кунонида шуда бошад.
Ин сатри меню барои принтери навбатиро ба системаи Windows 7 пайваст кардан ва ба параметрҳои он таъсир расонидан вобаста карда шудааст.
Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда доир ба саволи дилхоҳе, ки ба системаи амалиётии Windows 7 тааллуқ дорад метавонад маълумот гирад.
Расми 10. Равзанаи Справка и поддержка (Маълумотдиҳанда)
Азбаски дар дискҳои компютер миқдори хеле зиёди маълумотҳои табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар ҳамин ҳам ин сатри меню барои бо осонӣ ва зуд кофта ёфтани папка ё ҳуҷҷат пешбинӣ карда шудааст.
Барои аз системабаромадани истифодабаранда лозим аст. Баъди иҷрои ин сатри меню истифодабаранда метавонад ба система бо ном ва пароли дигар ворид шавад.
Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows 7 ба охир расонида шуда, компютер хомӯш карда мешавад.
Расми 13. Завершение работы
Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки он номгӯи сатрҳое, ки дар ин ҷо дар бораи онҳо маълумот дода шуд метавонад каме дигаргун бошад. Ин аз мувофиқкунии системаи амалиёти вобаста аст.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.