Муборак бар ту
бодо, эй азизам, тӯйи фарзандат,
Муборак бод ин хушнудиву рӯзи фараҳмандат.
Ба даргоҳат қадам бинҳода, мо аз
таҳти дил гӯем:
«Набинад ҳеҷ гоҳе ғуссаро тифли
ҷигарбандат»
Ба меҳрат навниҳоле парваридӣ дар
канори худ,
Ба уммеде, ки меорад самар ин нахли пайвандат.
Ба роҳи рост месозӣ варо дар зиндагӣ
тарғиб,
Агарчанде, ки гоҳе зиндагӣ худ медиҳад
фандат.
Ҳамеша аз накӯкорӣ насиҳат бар
писар кардӣ,
Кунад чун ҳалқае бар гӯш фарзанди ту
ҳар пандат.
Табассум бар лабат гул мекунад аз хуррамӣ имшаб,
Шукуфон аз фараҳ бошад баҳористони
лабхандат.
Бимонад кош доим пуршарар ин чашми пурнурат,
Бимонад кош доим пурфараҳ ин қалби хурсандат.
**************************************************************
Хоҳам, эй тифли накӯпай, роҳатат бисёр бод,
Дӯстонат шоду хуррам, душманонат хор бод.
Зиндагӣ дорад басе роҳи пур аз шебу фароз,
Роҳи ту дар зиндагонӣ доимо ҳамвор бод.
Косаи чашми ту бошад холӣ аз селоби ғам,
Ҷоми қалбат аз шароби хуррамӣ саршор бод.
Меравад ҳарчанд умри одамӣ бебозгашт,
Хуррамиҳои баҳори умри ту такрор бод.
Бишкуфад ҳар орзӯи ту ба монанди гул,
Ҳар куҷое по ниҳӣ озода чун гулзор бод.
Сабз шав, эй навниҳоли боғи фардои Ватан,
Решат мустаҳкаму ҳар шохаат пурбор бод.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.