Иди зафар – иди мардуми сулњпарвар
Мавзўъ: Иди Зафар - Иди мардуми сулњпарвар.
Маќсади дарс: тарбияи шогирдон дар рўњияи эњтиром ба арзишњои миллї, худшиносии миллї, ташаккули љањонбинї ва тафаккури онњо ва љалби хонандагон ба ватандўстиву ватанпарварї ва моњияти он.
Љойи баргузорї: синфхонаи №28.
Ашёи аёнї: Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон, Парчами миллии Љумњурии Тољикистон ва дигар расму овезањо.
Равиши дарс: Сухани муќаддимавї (роњбари синф Зумратов А.Х.).
Њозирини арљманд, мењмонони гиромї, шогирдони азиз! Мехоњам Шумо ва дар симои Шумо падарони шуљоу шарафмандро бо фарорасии иди барои тамоми инсонияти тараќќихоњи дунё азизу муътабар ва фархунда 70-умин солгарди Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватаниро барои њар яки Шумо муборакбод гўям. Ба кулли мардуми диёри офтобиамон осмони софу беғубор, тани сињату хотири љамъ, ба падарони матину ќањрамон давлати пирї таманно мекунам. Дар ин рўзи нек ба њар яки Шумо комронию сарбаландињо хоњонам. Бигзор осмон њамеша соф, сулњ дар рўи Замин љовидон бошад!
Оѓози дарси тарбиявї бо замзамаи сурудњои ватандўстона.
1.Холиќов Мењрдод.Њафтод сол муќаддам дар њамин гуна рўзњои бањорон хабари мањви фашизми гитлерї, анљоми музаффаронаи Љанги Бузурги Ватанї ва муждаи Зафар дар рўи олам танинандоз гардид. Ин љанги мудњиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарӯз давом карда, ҳаёти 27 миллион нафар мардуми Иттињоди Шўравиро ба комаш фурў бурд.
2.Сафарова Шукрона.Дар љабњањои ин љанги хонумонсўз 300 њазор нафар тољикистониён пањлў ба пањлўи бародарони гуногунмиллату њаммароми худ Ватанро њифз намуданд. 90 ҳазор нафари онњо аз љанг барнагаштанд, дар майдонњои набард, дар хоки Русияю Украина, Белорусияю Молдова, кишварњои назди Балтика, Полшаю Руминия, Чехословакияю Венгрия, Албанияю Булғория ва лонаи фашистон Германия ҷавонии ҷовидона дарёфтанд.
3.Исматов Муњаммадљон.Он ќањрамонї, шуљоат, диловарї ва садоќате, ки фиристодагони Тољикистон, дар ќатори миллионњо нафар намояндагони халќу миллатњои гуногуни собиќ Иттињоди Шўравї дар љабњањои Љанги Бузурги Ватанї нишон додаанд, намунаи ватандорї ва дарси олии мардонагї буда, дар китоби таърихи Ватан бо хатњои заррин сабт шудааст ва насли љавони имрўза ваќте ки онњоро вараќгардон мекунад, дар мисоли садоќатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шуњратманд, дарси садоќату вафодорї меомӯзад.
4.Шарипова Зебо.Љаноби Олї, Президенти кишварамон, муњтарам Эмомалї Рањмон борњо гуфтаанд: «Таљрибаи бой, маслињати муфид ва насињатњои собиќадорони љангу мењнат ањамияти хосаро доро буда, барои наслњои имрўзу фардои миллат чун бењтарин дастури зиндагию фаъолият хизмат мекунад».
5.Турсунов Абдуљалил.Солњо мегузаранд, вале ќањрамонињои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онњое, ки барои њифзи хоки муќаддаси Ватан дар майдонњои љанг љон нисор кардаанд, барои асрњои дигару наслњои дигар аз бузургии инсонњои некному абадзинда огоњї мебахшанд.
6.Бобохонова Сафармо.Иди ѓалаба барои њамаи мардуми тараќќихоњу сулњпарвари љањон, аз як тараф, љашни бошукўњ, рўзи шодию хурсандї бошад, аз тарафи дигар санаи ёдбуди хотираи неки шањидони роњи озодї аст. Ёдбуди онњое, ки дар роњи таъмини њифзи Ватан, соњибихтиёрї ва пирўзии некию адолат љони азизи худро барои ояндаи дурахшон нисор кардаанд. Ёдашон ба хайр ва рўњашон шод бод!
Эълони Лањзаи Хомушї.
7.Шањроми Фаридун.Љанги Бузурги Ватанї дар таърихи халќамон аз љумлаи фољеањои бузургтарин ба шумор меравад. Армияи Сурх дар муњорибањо барои Москва ва Сталинград, назди Курск, рахна намудани блокадаи Ленинград ва нињоят торумор намудани Германияи гитлерї дар лонааш ќањрамонињои бемисл нишон дод. Ин муњорибањо дар китоби тиллоии диловарињои Љанги Бузурги Ватанї бо хатњои заррин сабт гардидаанд.
8.Холиќова Мунира.Дар натиљаи ин љанг кишварњои зиёде хароб, миллионњо одамон ќурбон ва садњо миллион нафар ањолии мамлакатњое, ки ба гирдоби љанг кашида шуда буданд, ба мањрумияту азоб гирифтор гаштанд. Тољикистон низ дар ин љанги дањшатнок талафоти зиёд дод.
9.Сангов Насрулло.Барои ќањрамонињои бемислу монанд, далерию мардонагї 54 нафари онњо ба унвони олии Ќањрамони Иттифоќи Шўравї, 15 нафар бо њар се дараљаи ордени Шараф ва дањњо њазор бо ордену медалњои љангї сарфароз гардидаанд. Хонадонеро пайдо кардан душвор буд, ки аз он љигарбандону наздиконашон ба љанг нарафта бошанд.
10.Каримова Кимиё.Дар аќибгоњ низ мардуми мо бо вуљуди душворињои зиёд ба хотири таъмини артиш бо озуќа, сару либос ва маводњои дигар зањматњои шабонарўзї кашиданд. Ќувваи асосии корї дар аќибгоњ асосан занону наврасон ва пиронсолон буданд.
11.Отаева Рамзия.Ќањрамонони интернатсионалии Армияи Сурх, муборизаи дастљамъонаи кишварњои озодихоњу сулњпарвари коалитсияи зидди фашистї дар бузургтарин љанги таърихи башарият Парчами Ѓалабаро љилвагар намуданд.
12.Мадумаров Муњаммадљон.Онњо ба гуруснагию ќашоќї ва њама мањрумиятњои замони љанг нигоњ накарда, дар як муддати кўтоњ касбњои гуногунро азхуд карда, супоришњои давлатиро барзиёд иљро мекарданд. Худ гуруснаву барањна буданд, вале ба хотири ѓалаба, ояндаи нек њама буду шудашонро ба фронт мефиристониданд.
Суруди «Синий платочек» дар иљрои Хадича, Муњаррама, Нилуфар Фотима, Шукронаи Ш.
13.Абдурањмонова Шањзода.Хизматњои шоистаи зиёиёни тољикро низ дар ин давра сарфи назар кардан мумкин нест. Аз рўзњои нахустини оѓози љанг сар карда, фаъолияти онњо бањри иљрои вазифањои мудофиавї ва ба даст овардани пирўзї равона шуда буд. Шоиру нависандагони тољик њам бо ќалами буррои худ ва њам бо силоњ зидди душман мубориза мебурданд.
14.Сафаров Сайдалї.Ањли њунар дар ин солњо бригадањои бадеии консертї, театрњои фронтї созмон дода, ба майдонњои муњориба, ќисмњои њарбї ва заводу фабрикањои дар аќибгоњбуда рафта, одамонро тавассути њунар рўњбаланд менамуданд.
15.Шарипова Рухшона.Зафар дар Љанги Бузурги Ватанї ањамияти азими таърихї ва сиёсї дошт ва ба башарият бори дигар собит кард, ки халќњою миллатњои гуногун сарфи назар аз љањонбинии сиёсї ва мазњабиашон, агар муттањид ва якдилу якмаром шаванд, метавонанд њама гуна ќуввањои бадхоњи инсониятро маѓлуб созанд.
16.Љураева Нигина.Корнамоињою фидокорињои гузаштагонамон моро ба дўст ва эњтиром доштани Ватани азиз њидоят менамояд ва мо бояд њамеша ба зањмату рафтори суботкорона дар ободии сарзамини худ сањмгузор бошем.
17.Норова Марњабо.Кафолат медињанд, ки тинљию амонї, сулњу вањдат, зиндагонии осоишта ва муттањидию њаммаромї бењтарин неъмати таќдир ва таърих будааст.
18.Љалолов Сайриддин.Дар набардњои љанг њама халќу мамлакатњои Иттињоди Шўравї сањмгузор буданд. Алалхусус хизматњои шоёни Русияи бузургро дар таъмини Ѓалабаи умумї махсус бояд ќайд намуд. Русия аз њама беш талафоти љонию моддї дод. Аз љумлаи ќурбоншудагон беш аз 5 миллиону 747 њазорро афсарону аскарони рус ташкил медињанд.
Шунавонидани суруди «Бачамо...» аз Нигина Раупова.
19.Мухамедова Гулнора.Таърих гувоњ аст, ки на љангу хунрезї, балки якдилию муттањидї ва дўстии халќњо барои пешрафти тамаддуни умумибашарї ва ба вуљуд овардани фазои њамдигарфањмї ва сулњи сартосарї дар сайёраамон заминањои мусоид фароњам оварда метавонад.
20.Боронов Муњаммадљон.Ѓалаба бар фашизм љашни пурифтихор буда, инсониятро огоњ месозад, ки барои таќдири сулњ ва осоиштагї дар дунё масъулиятї бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон як чиз бароямон беш аз пеш айён мегардад, ки инсоният њуќуќи маънавии фаромўшии гузаштаи худро надорад.
21.Давлатов Љавод.Он њама мушкилоту душворињое, ки онњо аз сар гузаронидаанд, ба наслњои баъдиљангї намунаи ибрати њаёт мебошад. Ба ордену медалњои љангии онњо нигариста, мо насли имрўзаро хушбахт мењисобем, ки дар пањлўямон мисли онњо модарону падарони рўзгордида, хирадманд њастанд.
Сањначаи «Ѓалабаи Таня» дар иљрои хонандагон
22.Муминова Нилуфар.Онњо бо ибрати шахсї, маслињатњои оќилона ва панду андарзњои њакимона дар бунёди љомеаи навин, дар тарбияи ахлоќию маънавии наслњои љавони љомеа фаъолона ширкат меварзанд. Њар як орден ва медалњои љангии сари синаи онњо далели ќањрамонию далерї дар муњорибањои хунин бањри озодии Ватан аст. Корнамоию ќањрамонии онњо дар таърихи навини халќамон абадї љовидон хоњанд монд.
23.Кенљаев Хуршедљон.Имрўз бо боварии комил гуфта метавонем, ки ветеранњои Љанги Бузурги Ватанї, дар њассостарин шароит, ки дар он будан ё набудани давлатдории навинамон њал мешуд, њиссаи арзандаи худро дар пойдор нигоњ доштани сулњу оромї дар кишвар гузоштанд ва имрўз низ дар тамоми љабњањои њаёти љомеа фаъолона ширкат варзида истодаанд.
24.Валиева Муњаббат.Муборизаву корнамоињои онњо дар солњои мудњиши љанг, мењнати њалолу софдилонаашон аз даврањои баъдиљангї то имрўз њам, арзандаву сазовори њама гуна ѓамхорї ва ќадршиносї мебошад. Бинобарин аз рўзњои аввали соњибихтиёрии кишварамон Сарвари давлат он њамаи тадбирњои лозимаро дар њаќќи ветеранњо ва маъюбони љанг чораљўї намуда истодаанд.
Суруди “Идёт солдат по городу” дар иљрои Рамзия, Шукронаи С., Хадича.
25. Шарипова Шукрона.Собиќадорони љангу мењнат, пирони рўзгордида ба синну солашон нигоњ накарда, имрўз њам дар сафи пеш буда, дар њама корњои муњими љамъиятї фаъолона иштирок мекунанд.
26.Салахитдинова Хадичабону.Масъалаи њифзи иљтимоии маъюбон ва иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї њамеша дар маркази таваљљўњи Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон, Парламент ва Њукумати љумњурї ќарор доранд. Фармони аввалине, ки мўњтарам Эмомалї Рањмон баъди бори нахуст Президенти кишвар интихоб шуданашон ба имзо расониданд дар бораи тадбирњои бењтар намудани некўањволии моддии иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва оилањои хизматчиёни њарбии фавтида буд.
27.Њасанова Муњаррама.9-уми майи соли 1945 Рўзи Ѓалаба ба таври њамешагї рўзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатњои музаффар хоњад буд. Бо гузашти солњо шукуњ ва азамати Ѓалабаи бузург барои халќи шуравї ва мардуми олам торафт аёнтар мегардад, зеро ин ѓалаба маќсадњои ботили њукумронии кули олам шудани фашистони Германияро барбод дод ва њушдорест барои онњое, ки дар сар хаёли хоми ѓулом намудани халќњоро мепарваранд.
28.Юсупов Абдулњамид.Гузашти ваќт наметавонад аз хотири башарият мардонагї ва устувории халќи собиќ шўравиро, ки барои њифзи Ватани хеш бархоста буд, зудояд. Мо ба такрор рўзњои мудњиши Љанги Бузурги Ватаниро ёдовар шуда, мекўшем, амиќтар дар бораи омилњои барангезандаи эњсосоти ќањрамониву љонфидоии онњое, ки барои бо хўроку пўшок ва силоњ таъмин кардани сарбозон дар аќибгоњ љонфидоёна зањмат кашиданд, андеша ронем, хубтар дарк кунем ва тарѓиб намоем.
29.Чутанбоев Њусайн.Муборизае, ки халќи собиќ шўравї бар зидди фашистони ѓосиб мебурд, набарди одилона, озодибахш, набарди муќаддас буд. Омили муњими ѓалаба, вањдат ва якмаром будани љабњаву аќибгоњ гардид. Корномаи синфи коргару дењќон, зиёиёни шўравї якљоя бо ќањрамонињои сарбозони Ќуввањои мусаллањ рўзи Ѓалабаро наздик кард.
30.Чутанбоева Фотима.22-юми июни соли 1941 Германия бо муттањидонаш Италия, Венгрия, Руминия, Финляндия ва Словакия ба Иттињодияњои Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї (ИЉШС) њуљум кард. Ѓалаба бар миллатгароён гарон афтод. Ба гирдоби љанг 72 давлат кашида шуд ва бештар аз 55 млн. нафар њалок гардид. Дар шумори ќурбониён 27 млн. шањрвандони Иттињоди Шўравї буданд.
Лањзањои фаромўшнашаванда аз даврони Љанги Бузурги Ватанї.
31.Исматов Фирўзљон.Солњои љанг дар Дармонгоњи њарбї ва бемористонњои Тољикистон 28 њазор маљрўњон табобат мегирифтанд. 25 њазор сарбозону афсарон шифо ёфта ба љабња баргаштанд. Нафарони зиёде дар хоки Тољикистон манзили охират ёфтанд. Ба хотири онњо дар баландињои ќисмати шарќии Душанбе Маљмааи ёдбуд ва Чароѓи фурўзон бунёд шудааст.
32.Розиќов Маъруф.Дар солњои љанг мардуми мо бо вуљуди мушкилоти зиёди зиндагии худ, барои таъмини сарбозон худ гуруснаву барањна, вале њам чизро ба љабња барои Ѓалаба ва ояндаи дурахшон мефиристод.
33.Ќаюмзод Худойдод.Бо гузашти солњои зиёд арзиш ва азамати корномаи бемисли мардуми Тољикистон боз њам равшантар дар дилу дар ёдњои мо наќш мегузорад ва чун намунаи ибрат зуњур меёбад.
34.Алиев Алиљон.«Корнамої ва љонфидоии модарону падарон моро даъват менамояд, ки Ватанамонро азизу гиромї дорем ва барои ободии кишвари худ њиссаи арзанда гузорем»-мегўяд Президенти кишвар Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Мурољиатномаи худ ба Ветеранњои љанг.
35.Муъминова Мадинабону.Собиќадорони Љанги Бузурги Ватанї имрўз афсонаи зинда ва намунаи хизмати фидокорона ба Ватан мебошанд. Онњо љонбозињои зиёде карданд, то Иди 9-уми май ба яке аз зеботарин идњо табдил ёбад. Мо ворисон Иди Ѓалабаро љашн мегирем, пеши корномањои бемисли сарбозони Ватан сари таъзим фурўд меорем.
36.Ёдгоров Мењрубон.Сари таъзим фурўд меорем пеши онњое, ки тамоми сахтию мањрумиятњои солњои љангро бар дўш гирифта, њама ранљу дарду азобњоро пушти сар гузоштанд. Мо ворисон сари таъзим фурўд меорем ва ањсан мегўем ба онњое, ки Ватани харобазорро обод карданд ва бо њаёту зииндагии хеш нишон доданд, ки насли музаффар чї гуна бояд бошад.
37.Зокирї Мавзуна.Љанги Бузурги Ватанї - љанги одилонаю озодихоњонаи халќи собиќ Шўравї барои озодї ва њимояи Ватан алайњи фашизм буд. Новобаста, аз омодагии амиќ ва бартарї аз њисоби дороии техникаи љангї ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Шўравї муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халќи собиќ Шўравї дар њама самтњои амалиёти љангї: Ленинград, Москва, Украина, Курск, Днепр ва дигарон бо ќурбонии зиёд муќобили душман истодагарї намуда, ќушунњои фашистро мањв месохт.
38.Сайфудинов Далер.Сабаби асосии пирўзї дар љанг дўстиву бародарии халќњои мухталиф, вале якдилу якзабони собиќ Шўравї буд. Мардум љон дар каф њар ваљаби марзу буми хешро мардонавор њимоя мекард. Нерўи тавонии мардум руњи «шикастнопазир»-и душманро шикаст. 8-уми майи соли 1945 Германия ба «Санад»-и таслимшавї имзо гузошт.
39.Наимова Дилноза.Баъдан 9-уми май рўзи Иди Ѓалаба эълон гардида, анъанаи таърихї гардид. Њар сол мардуми собиќ Иттињоди Шўравї Иди Ѓалабаро њам бо нишот ва њам бо андуњ истиќбол мегиранд. Корнамоии беназири Исмоил Њамзаалиев, Њодї Кенљаев, Неъмат Ќарабоев, Сафар Амиршоев, Домулло Азизов, Карим Ахмедов ва дањњо нафарони дигар дар сањифаи сабзи таърихи ватан абадї сабт гаштаанд, ки ин ифтихори мост.
Шунавонидани “Иди Зафар” аз Шоисатахон Муллољонова
40.Камолова Саёњат.Хушбахтона халќи тољик, бахусус, Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати нигоњубин ва кўмак ба иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї чорањои мушаххаси амалї андешида истодааст. Онњо аз њар гуна имтиёзњо бархурдор буда, кўмакпулї мегиранд. Иди Зафар њар сол дар љумњурї бо иштироки тамоми мардуми шарифи Тољикистон бо тантана љашн гирифта мешавад.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.