"Живите вечно, усердные учителя!" на таджикском языке
Оценка 4.9

"Живите вечно, усердные учителя!" на таджикском языке

Оценка 4.9
Мероприятия
docx
воспитательная работа
8 кл—11 кл
02.11.2020
"Живите вечно, усердные учителя!" на таджикском языке
Зихи, машъалафрузони дониш .docx

CОАТИ ТАРБИЯВЇ

БАХШИДА БА РЎЗИ ОМЎЗГОРОН

Мавзўъи дарс: Зињї, машъалафрўзони дониш!

Маќсади дарс: Дар рўњияи хонандагон бедор намудани касби омўзгорї ва тарѓибу ташвиќи касби омўзгорї дар байни хонандагон, расидан ба ќадру ќиммати омўзгор, њурмати калонсолон, падару модарон ва илму дониш.

Аёният: Намоиши газетањои деворї; шиору овезањо; намоиши гўшаи таманниётњои хонандагон ба устодон; Сабти овоз, мусиќї ва навор-слайдњо оиди мавзўи соати дарсї.

Муаллим Зумратов А.Х.: Ассалому алейкум меҳмонони гиромиқадр, Устодони меҳрубон, хонандагони азиз! Мо имрӯз дар арафаи ҷашни касбии яке аз шахсиятҳои арзандатарини ҷамъият омӯзгорон қарор дорем. Аз фурсат истифода бурда, Шумоён, устодони азизро бо фарорасии иди касбиатон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумоён пеш аз ҳама тансиҳатӣ, умри дароз, хонаободӣ, бахту иқболи накӯ ва дар тарбияи насли наврас бошад, беҳтарин комёбиҳои назаррасро таманно дорем. Идатон муборак, тарбиятгарони азизу арҷманд!

Омўзгор чун борони рањмат ва баракат метавонад шўълаи донишро дар дилу љони хонандагон љорї намояд ва чароѓ дар даст пешопеш шогирдонро ба сўи нур рањнамої кунад.

Муаллим, пешвои халќи олам,

                   Муаллим, рањбари авлоди одам.

                   Муаллим, њодии халќи љањон аст,

                   Муаллим, вориси пайѓамбарон аст. (Мањљуба)                                                                          

         Бахшида ба ин иди касбї хонандагони синфи мо дар маљмўъ бо  таронањо, шеърњо, сурудњо, сањначањо, латифањо дар мавзўи «омўзгор ва хонанда» ва луѓатномаи омўзгор омодагї гирифтаанд, ки мехоњам бо камоли майл манзури Шумо гардонем, марњамат шогирдони азиз:

1.Исоќов Бурњониддин:

Муаллим сарвару саркори инсон,
Муаллим номбардори азизон.
Ба да
ҳри беҳудуду оламу даҳр,
Муаллим ҷамьи ахбори парешон.

Муаллим, омӯзгор вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омўзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ў бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гуфтаанд:

Њаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

2.Ќодиров Шањбоз: Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.

Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар ра
ҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

3.Сайдалиева Лола: Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.

Ту субњи сафої, эй муаллим,

                   Сад сина саної, эй муаллим.

                   Месўзиву то дамидани субњ,

         Парвона намої, эй муаллим.  (Марями Фарвин)                                                  

4.Нозимзода Шањзода: Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Љўянда, кушояндаи асрор, муаллим,

Зањматкашу пуртоќату пуркор, муаллим.

Мењмони тараббахши дабистони саодат,

Дарёдилу дунёдилу ѓамхор, муаллим.

5.Давлатов Шоњрух: Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пурифтихор аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.

Расад ҷон бар лаби бечора устод.
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.

6.Кенљаева Шарифамоњ: Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайвастааст.

Њар бор, ки њарфи тоза эљод кунем,

Эљод чу Рўдакиву Бењзод кунем.

Дилро зи фурўѓи дониш обод кунем,

Ёд аз сабаќи мактаби устод кунем.

7.Сафарова Сабрина: Пешвои миллат, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон дар яке аз баромадњои худ бо зиёиёни кишвар ќайд намудаанд: «Муаллим аќл, шарафу виљдони љомеъа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареѓ ба фарзандони худ медињад ва хешро хушбахт мењисобад».

                            Ба гетї чун ќамар бошад муаллим,

                  Азизу мўътабар бошад муаллим.

                  Биёмўзад ба мо касбу њунарњо,

                  Нињодаш аз њунар бошад муаллим. (Љумъабой Назирї)                                                        

8.Давлатова Руфина: Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омӯзгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонд.

Љон канду барои мо сабаќ дод устод,

                   Маънои тараб вараќ –вараќ дод устод.

                   То пухта шавему ќадаме каљ нанињем,

                   Дарси рањи ростиву њаќ дод устод. (Алї Бобољон)                                                                     

9.Нозирљонзода Нурафрўз: Дуруст аст, ки муаллим роҳнамову нишондиҳанда, созкору ибратомӯз ва мададрасони фарзанди инсон дар роҳи ростиву росткорӣ ва омӯзишу бурдбориҳост.

Наметавон бе мураббӣ алфозе омӯхт, наметавон бе роҳнамо дониш андӯхт, наметавон худ бевосита ба ҷое бирасид, наметавон муаллимро омӯзандаи алфози бузург наномид.

Муаллим аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Мекӯшад, ки бо вуҷуди машаққатҳои зиёду бепоён шогирд ба воя расонад ва соҳибмаълумот гардонад.

Хидматат бошад бузург, омўзгор,

                   Дарс моро медињї чун рўзгор.

                   Одамиятро ба мо омўхтї,

                   Оташе дар синањо афрўхтї. (Музаффар Бобоќулов)                                                       

10.Ањроров Ањмадљон: Муаллим касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст:

Сари таъзим меорам ба номат ман,
Ки аз ту гаштаам шогирди доное.
Ки аз ту гаштаам умре ба
қиммат дар ҳама ҷое,
Ки аз ту фахр дорам ман, ки буди солҳо омўзгори меҳрафзое.

Намоиши презентатсияи Устодони зиндаёди муассисаи таълимї зери суруди «Ёди устод»:

11.Шарипов Хайриддин: Барои ҷуброни меҳнати пурмашаққату дили саршори меҳру муҳаббати бузурги муаллим аз осмон ситора овардан, аз қаъри замин ганҷ бурун овардан, куҳҳоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам…

Ҳар кӣ накард ҳурмат устоди роҳнаморо,
Аз ақлу дину имон ӯро хабар набошад.

12.Сафарова Сабрина:

Агар дар ҷахон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:

Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.

13.Дайхудоев Сорбон: Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.

Дунё шавад аз ройи муаллим обод,

                   Дилњо њама шод аз дуои устод.

                   Эй хома, чу ќарзи туст имрўз, бигў,

                   Як њарфи хуше њам аз барои устод. (Мўњтарами Њотам)                                                         

14.Халифаева Сабрина: Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар». Аз ин ҳама андешаҳои ҷолиб чунин бармеояд, ки муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муассир дошта, боиси эҳиром ва шаҳомат низ гаштааст.

Муаллим, ту нигини њотам астї,

                   Њамеша бањри тифлон дар ѓам астї.

                   Надорї фикри молу ганљи Ќорун,

                   Чароѓафрўзи роњи Одам астї. (Маљнуни Сирољ)                                                           

15.Одинаев Абубакр: Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тарбияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста мегузоранд. Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи мукаддаси ҳар як инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст. Оре:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Муаллим Зумратов А.Х. Барои болидарўњии Шумо њоло мехоњем сањначањои њаљвиро аз њаёти «муаллим ва хонанда» дар иљрои хонандагон Исоќов Бурњониддин ва Ќодиров Шањбоз манзуратон гардонем:

Сањначаи якум:

Писар назди падараш омада мегӯяд:
-
Ту ваъда карда будӣ, ки агар аз математика баҳои панҷ  гирам ба ман 11 доллар медиҳӣ. Ман панҷ гирифтам.
-
Канӣ, рӯзномаатро нишон те.
Анна, ду рӯз пеш ду гирифтам, дина боз як ду, имрӯз муаллима баҳои як гузошт, ҳамааш мешавад панҷ.
-
Хеле хуб. Анна ба ту якто якдоллара ва боз якто якдоллараи дигар, мешавад 11.

Сањначаи дуюм:

Дарси риёзӣ. Муаллим аз хонанда мепурсад:
-
Ҳафт ҷамъи се чанд мешавад?
-
Ёздаҳ!
-
Дурустар фикр кун.
-
Муаллим, ёфтам нӯҳ мешавад.
-
Барои чӣ «даҳ» намегӯӣ?
-
Маро фиреб накунед муаллим. Ман медонам, ки панҷ ҷамъи панҷ  даҳ мешавад.

Муаллим Зумратов А.Х.: Бузурге чунин овардааст: «Аз Искандари Румї мепурсанд, ки чаро муаллимро аз падар боло медонї? Гуфт: Агар падар маро ба замин оварда бошад, муаллим маро ба осмон бардошт. Падар тану зоњирамро парварид, муаллим рўњу ботинамро тарбия кард».

         Давоми сухан ба хонандагоне дода мешавад, ки мехоњанд муаллимони зањматкашро васф кунанд:

16.Довудов Тољиддин:

Кист омўзгор? Як фарди зи дониш муждаор,

Бањри фарзандони миллат, боѓбони мондагор.

Њарфи ў тањрикбахшои дили шогирдњо,

Мекунад шогирдро дар аспи шуњратњо савор.

17.Хазирова Фариза:

Кист омўзгор? Як фарди хирадманду закї,

Худшиносу аќлњоро медињад зўру мадор.

Дарси ў тањкимбахшои њаёти љовидон,

Дар фаросўи сухан омўзгор-кошонадор.

18.Њамидов Фаромўз:

Кист омўзгор? Як фарди сабаќомўзи мо,

Обёрї мекунад марзи дили ањли диёр.

Киштањоро сабз кардан њиммати волои ўст,

Дар дили шогирдњояш оварад фасли бањор.

19.Нозирљонзода Нурафруз:

Кист омўзгор? Хуршеди дили шогирди хеш,

Маърифатомўз бар ин миллати созандакор,

Њарфи дилро мекунад барчош бар шогирдњо,

Доначини њарфи ў њар тифли бедору баор.

20.Убайдуллозода Њољиёќуб:

Кист омўзгор? Фарди аз фаросат бохабар,

Хизматаш арзандаю аз дард бошад растагор.

Насли имрўзи Ватан аз њимматаш шодоб шуд,

Заршиносу заргар асту њодии вањдатшиор.

21.Мусоева Мањваш:

Кист омўзгор? Омўзандаи њарфу њиљо,

Гар набуд омўзгор, буд зиндагонї бешазор.

Сулњу Вањдат – сарвати бебозгашти тољикон,

Аз дабистон мерасад, имрўз оњанги њазор.

22.Болтаева Манижа:

Кист омўзгор?! Андар роњи дониш устувор,

Дар дабистон бо саводи хештан чун бастакор.

Бо назокатњо, нафосатњои њар як дарс ў,

Мекунад пайваст тори њар дили оинадор!Конец формы

Сароидани хори умумї дар иљрои хонандагон зери унвони «Зеби замон муаллим».

Муаллим Зумратов А.Х.: Барои хушњолии Шумо устодони азиз  ва мењмонони гиромї ќироати чанд латифањои намакин аз даврони мактабї бахшида ба Рўзи омўзгорон, марњамат шогирдони азиз:

23.Негматов Суннатљон:

Дарси тарбиявї. Муаллим аз Насимҷони хӯрдакак мепурсад:
Дар хона бештар киро гуш мекунӣ, модар ё падаратро?
Модарамро!
Барои чӣ?
— Барои он ки
ӯ бисёртар гап мезанад.

24.Сафарова Сабрина:

Дарси забон. Муаллима ба шогирдонаш мегӯяд, ки дар мавзӯи «Агар ман директори корхона мебудам» иншо нависанд. Ним соат мегузарад хонандаҳо машғули нависонавис. Танҳо Сафар ба сӯи тиреза нигоҳ дорад.

- Ту барои чӣ наменависӣ,-мепурсад муаллима

- Котибаро интизорам!

25.Раљабов Алиакбар:

Дарси биология. Муаллим:
— Салимов, ду
ҳайвони ваҳширо ном бар.
Паланг ва… намедонам.
Бишин, баҳоят «Ду».
Каримов, канӣ се ҳайвони ваҳширо номбар кун.
Паланг, шер боз мммм…
Намедонӣ? Шин, баҳои ту ҳам «Ду»!
Комилова, панҷ ҳайвони ваҳширо гӯй!
Ду паланг ва се шер!

26.Рафиева Муниса:

Дарси «Анатомия». Муаллим аз хонанда мепурсад:
-Сарро аз бадан ч
ӣ ҷудо мекунад?
-
Табари тез.

27.Ќодиров Шањбоз:

Дарси риёзї. Далер 40 дақиқа аз дарс дер карда ба синф медарояд.

Муаллим мепурсад:
-
Барои чӣ дер омадӣ?
-
Дар роҳ ба ман дузд ҳамла кард.
-
Эҳ, Худоҷон. Баъд чӣ шуд?
-
Рӯзнома ва дафтарҳои дарсиро дуздида бурд.

28.Халифаева Сабрина:

Дарси ҷуғрофия. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Дар бораи канали Панама ч
ӣ медонӣ?
-
Муаллимҷон телевизори мо ин хел каналро намегирад, аз Салим пурсед як ҳафта пеш падараш антеннаи моҳвораӣ харид.

29.Додобоева Мењрона:

Дарси физика. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Рушноии электрик
ӣ аз рушноии табиӣ чӣ тафовут дорад?
-
Фарқаш ин ки барои равшании электрикӣ пул медиҳем, аммо равшании табиӣ ҳоло пулакӣ нашудааст.

 

30.Шарипов Хайриддин:

Дарси забони тоҷикӣ. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Кампир исми
ҷондор аст ё беҷон?
-
Исми нимҷон, муаллим.

31.Завќова Шабнам:

Дарси забони тоҷикӣ. Муаллим ба Мурод:
-Барои ч
ӣ мо забони модарӣ мегӯем?
-
Чун ки падарон бо мо вақти гапзанӣ надоранд.

32.Шарипов Шомилљон:

Дарси тарбиявӣ. Муаллим ба Мурод:
-Барои ч
ӣ дирӯз дар дарс набудӣ?
-
Э, муаллимҷон агар саргузаштамро нақл кунам мӯи саратон сих-сих мешавад.
-
Ин тавр бошад ба муаллими таърих нақл кунед, вай мӯй надорад.

Муаллим Зумратов А.Х.:  Ду нафар бо њам сўњбат мекарданд Яке боѓбон, дигаре муаллим. Боѓбон мегуфт:

                   Гули ман зеби дасти кўдакон аст,

                   Гули ман шодии хурду калон аст.

Муаллим дар љавоб мегўяд:

Ба монанди ту ман њам боѓбонам,

                   Сафобахшандаи насли љавонам.

                   Бувад фарзанди одам сурати гул,

                   Бувад бар дўши ман њам ќисмати гул.

                   Муаллим њам падар њам боѓбон аст,

                   Муаллим чунки устоди љањон аст.

                   Муаллим махзани пурбор бошад,

                   Ба инсон дидаи бедор бошад.

                   Муаллим кошифи асрор бошад,

                   Муаллим чашмаи кўњсор бошад.

Дар њаќиќат, муаллим дар олам бузург аст. Бузургии устодонро шогирдони дигар васф менамоянд:

33.Алиева Рисолат: Беҳтарин муаллимон бо қалбашон омӯзиш медиҳанд, на бо китоб. Тақдим ба қалби пурмеҳри Шумо Рӯзатон Муборак!

Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад р
ӯзгор.
Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,
Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.
Пешгарду раҳнамою бофару заҳматқарин,
Ҳамчу ӯ воломақоме нест дар рӯи замин.
Садри мо аҳли маорифро намояд эҳтиром,
Пояи давлат бувад Омӯзгори некном.
Хонаободии мо Омӯзгори пуршараф,
Заҳмати ӯ мерасонад одамиро бар ҳадаф.
Ҷашнатон бодо муборак, устодони азиз,
Шодмон бошед доим, ғамгусорони азиз!

34.Сулаймонова Гулнора: Муаллими гиромӣ аз ту ташаккур мекунам барои хидояти мо ва аз инки беҳтарин роњро барои сохтани имрӯзамон нишон додӣ. Туӣ, ки моро аз «ҳеч» ба «ҳама чиз» расондӣ.

Эй муаллим, чашмаи меҳру вафо,
Эй муаллим, шаҳчароғи раҳнамо.
Панди ту бошад ғизои маънавӣ,
Меҳри ту андар дили мо гашта ҷо.
Карди моро раҳнамун бар роҳи рост,
Каҷравӣ, гуфтї ба мо, – кори хатост.
Аз ту илми маърифат ом
ӯхтем,
Ҳарфи ту барномаи рафтори мост.
Чун Падар ғамхор ҳастӣ баҳри ман.
Дар дили мо кардї ҷо меҳри Ватан.
Доимо фархундаву болида бош,
Эй муаллим, роҳбари волосухан.

35.Шарипов Шомилљон:  Муаллимро бахш кардам аввалаш муҳаббат охираш муҳаббат. Худо туро мехост ва интихоб ҳақи Худо буд. Донои Ишқ рӯзат муборак!

Муаллим роҳбари илми замон бошад,
Муаллим рӯҳбахши одамон бошад.
Кунад равшан ба мо имрӯз фардоро
Хабардор ӯ зи асрори ниҳон бошад.
Кунад парвоз инсон дар само нотарс,
Муаллим дар замин чун ну
қтадон бошад.
Расонад одамонро бар муроди хеш,
Муаллим ҷумларо мақсадрасон бошад.

36.Сайфуллоева Ганљина: Сипосгузори муаллиме ҳастам, ки андешиданро ба ман омӯхт, на андешаҳоро

Аз падар гар қалбу тан ёфтем
Аз муаллим ҷони равшан ёфтем.
Эй муаллим чун кунам тавсифи ту,
Чун Худо мушкил тавон таърифи ту.

37.Раљабов Авазбек: Омӯзиш ҳарфе аст, ки ҳарфҳои дигарро меомӯзад. Ва масъулияти ин бар ўҳдаи муаллим аст. Рӯзат Муборак!

Як падар бахшандаи обу гил аст,
Як падар равшангари
ҷону дил аст.
Лек агар пурсї кадомин бартарин
Он к
ӣ дин омӯзаду илму яќин

38.Муњаммади Бахтиёрзода: Рӯзу ҳафтаи муаллим бар ҳамаи муаллимон муборак бод! Дӯстӣ, Ҳидоят, Назм, Илм, Ишқ, Эътимод ва оромишро дар як шахс пайдо кардам. Ва ӯ касе нест чуз Шумо. Муаллим рӯзат муборак!

Агар дори ту ақлу донишу хуш,
Муаллим ҳарчӣ мегӯяд бикун гуш!
Муаллим чун падар воломаќом аст
Муаллим ҳамчу модар хуш зи ҷон аст.
Муаллимро маранҷон ҳаргиз аз хеш,
Мазан бо ҳарфи беҷо бар дилаш неш!

39.Рафиева Муниса: То Худо буду ҳаст, муллим будаву ҳаст ва ҳар рӯз, рӯзи муаллим аст. Муаллим ҳунар аст, Ишқ аст…. Осмони рӯзат муборак!

Чӣ касе ҳарду лабамро ба алиф боз намуд,
Чӣ касе ҷомаи тақво ба танам соз намуд.
Эй муаллим, ки туро дониши бисёре буд,
Ҷони шогирд ба фидоят, ки сазоворе буд.

40.Одинаев Ќадриддин: Саломат гуфтам, паёмам додӣ, паёмат чароғи роҳи зиндагиям шуд ва маро ба сарзамини нуру огоҳї ҳидоят кардӣ. Эй ойинаи тамомнамои ишқу муҳаббат, ҳар рӯзат муборак бод!

Худои атласиҳо, бо ту бошад,
Паноҳи бекасиҳо, бо ту бошад.
Тамоми лањзаҳои хубї, як умр,
Ба љуз дилвопасиҳо, бо ту бошад.

Муаллим Зумратов А.Х.: Устодони зањматпеша ва мењмонони гиромиќадр мо тасмим гирифтем, ки бо њамроњии хонандагон  «Луѓатномаи омўзгор»-ро, ки мазмуни њаљвї дорад, дар ин рўз барои болидарўњї ва хушњолии Шумо ба самъатон расонем:

41.Раљабов Авазбек:

Замини њосилхез - тахтаи синфї;

42.Довудов Тољиддин:

Тухмпошак - бўр;

43.Сулаймонова Гулнора:

Дастархони холї - рўзномаи хонандаи дарсгурез;

44.Фозилова Умеда:

Асари нохонда - китоби дарсї;

45.Раљабов Алиакбар:

Дарди сар - вазифаи хонагї;

46.Шарипов Муњаммад:

Садои хуш – занги баромад;

47.Мирзозода Шоњина:

Гуфтугўи мустаќим - дарси кушод;

48.Њомидов Фаромўз:

Як бому ду њаво – барномањои таълимї ва китобњои дарсї;

49.Одинаев Умарљон:

Лањзаи гуворо  – маош гирифтани муаллим;

50.Валиев Саъдї:

Заминљунбї – дер омадани муаллим;

51. Ѓалатова Сафина:

Чамани гул – либоси мактабхонон.

Муаллим Зумратов А.Х.: Омўзгорони азиз, мењмонони Олиќадр ва тољбарсари мо ин лањзањо, ки ба итмоми дарси тарбиявии мо даќиќањое ба шумор мондааст, шогирдони мо мехоњанд суруди умумиеро зери унвони «Њадяи мо аст – дониши аъло» њамчун армуѓон ба Шумо бахшида ба Рўзи омўзгорон чун тўњфаи идона пешкаш намоянд, марњамат шогирдони азиз:

 

 


 

C ОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА

C ОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА

Дар ра ҳ и маън ӣ рафи қ е бе ҳ тар аз устод нест

Дар ра ҳ и маън ӣ рафи қ е бе ҳ тар аз устод нест

Азизу мўътабар бошад муаллим.

Азизу мўътабар бошад муаллим.

Аз а қ лу д ину имон ӯ ро хабар набошад

Аз а қ лу д ину имон ӯ ро хабар набошад

Исоќов Бурњониддин ва Ќодиров Шањбоз манзуратон гардонем:

Исоќов Бурњониддин ва Ќодиров Шањбоз манзуратон гардонем:

Доначини њарфи ў њар тифли бедору баор

Доначини њарфи ў њар тифли бедору баор

Рафиева Муниса: Дарси «Анатомия»

Рафиева Муниса: Дарси «Анатомия»

Бувад бар дўши ман њам ќисмати гул

Бувад бар дўши ман њам ќисмати гул

Хабардор ӯ зи асрори ни ҳ он бошад

Хабардор ӯ зи асрори ни ҳ он бошад

Замини њосилхез - тахтаи синфї; 42

Замини њосилхез - тахтаи синфї; 42
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
02.11.2020