Мавзӯи 12. Барномаи Microsoft OneNote
Microsoft OneNote (номи пештараи он Microsoft Office OneNote) — барнома барои тез қайд кардан ва ташкили маълумотҳои шахсӣ, блокнот бо навиштаҷоти иерархӣ, ҳамчун ба блокноти канселярии муқаррарӣ монанд буда, барои сохтани онҳо хизмат мекунад. Ин барнома ба қатори пакети барномаҳои Microsoft Office аз 17 марти соли 2014 бепул мебошад ва онро аз сайти Microsoft гирифтан мумкин аст.
Ин барнома дар асоси тараққи ёфтани Microsoft Tablet PC ба вуҷуд омад. Барномаи OneNote барои қайдҳои кӯтоҳ муқаррар шуда вай махсусан ба истифодабарандагони планшет, ки дар онҷо дохил намудани матнҳои дастнавис ва ҳамроҳ намудани қайдҳо осон мебошад, муайян шудааст.
Лекин барнома дар КФ бо системаи оператсионии Microsoft Windows ва Mac OS X истифода бурда мешавад. Инчунин барои системаи оператсионии Windows Phone(7; 8; 8.1; 10) Apple iOS, Symbian Belle (Nokia Belle) ва Android дастрас аст.
Ин барномаро бо тугмачаи оғоз, яъне Пуск à Все программы à Microsoft Office à Microsoft OneNote ба кор омода намудан мумкин аст.
Ин барнома чунин равзана дорад.
Ҳудуди кории OneNote варақаи холи мебошад, ки дар ҳар ҷои он қайдҳои матнӣ ва дастӣ, расм инчунин шарҳи овозиро сабт намудан мумкин аст. Инчунин маълумотро дар OneNote бо ёрии мушак аз равзанаи браузер овардан мумкин аст. Дар ин барнома тугмачаи “Сохранить” мавҷуд нест, он маълумотҳое, ки ворид мешавад, ба таври автомати сабт мегардад.
Равзанаи ин барнома аз чунин қисматҳо иборат аст:
o Файл; o Главная; o Вставка; o Доступ; o Рисование; o Рецензирование; o Вид.
Қисмати “Файл” аз чунин зерқисматҳо иборат аст.
Қисмати “Главная” аз чунин зерқисматҳо иборат аст.
Қисмати “Вставка” аз чунин зерқисматҳо иборат аст.
Қисмати “Доступ” аз чунин зерқисматҳо иборат аст.
Қисмати “Рисование” аз чунин зерқисматҳо иборат аст.
Қисмати “Рецензирование” аз чунин зерқисматҳо иборат аст.
Қисмати “Вид” аз чунин зерқисматҳо иборат аст.
Варақаҳои кори якҷоя шуда ба қисмҳо ҷудо мешаванд, қисмҳо якҷоя шуда ба китобчаҳои қайдкунӣ мубадал мегардад. Руйхати варақаҳо аз тарафи рост варақаи ҷорӣ ва рӯйхати қисматҳо аз боло, руйхати китобчаҳои кушодаи қайдкунӣ аз тарафи чап ҷойгир аст.
Матнҳои сабт шударо бо ёрии почтаи электронӣ ҳамчун формати HTML фиристодан мумкин аст.
Microsoft OneNote 2010 – ин китобчаи қайдкунии рақамӣ мебошад, ки дар як ҷой ҷамъшудааст, ки дар он ҷо ҳамаи қайдҳо ва маълумотҳои дигар ҳамроҳ шуда, он хусусан имконияти калони кофту коб барои ёфтан, ки онро тез дарёфт намуда бо ёрии қайдҳои китобчаи умумӣ буда, барои идора намудани маълумоти ҳаҷман калон ва ниҳоят кори пурсамар бо якҷоя кор намудан бо дигар истифодабарнадагон мебошад.
Дар фарқият аз системаи қоғазӣ, файлҳои матнӣ, системаи почтаи электронӣ, барномаи OneNote кори он пурмаҳсул буда, барои ҷамъ намудан ва батартибовардани матн, расмҳо, дохил намудани аудио ва видеосабтҳо ва ғайра – дар як китобчаи рақамии қайдкуни дар кампютерро таъмин менамояд.
Барномаи OneNote, бо сабаби дар он ҳамаи маълумотҳои зарурӣ будан ва барои ёфтани маълумоти электронӣ, китобчаи қайкунии қоғазӣ, ҷуздонҳо барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои чопӣ вақтро сарфа намуда, имконияти баланд намудани маҳсули корро дорад.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.