Мавзӯи 8. Кор бо файлҳо Нақша:
1. Қисмати Файл
2. Нигоҳдории ҳуҷҷат
3. Кор бо файли нигоҳдошта
Протсессори матни MS WORD 2010 аз чунин қисматҳо иборат аст:
Ҳангоми интихоби яке аз қисматҳо имкониятҳои он кушода мешавад. Масалан, барои ба кор даровардани қисмати Файл тугмачаи
чапи мушакро ба болои қисмати як маротиба пахш мекунем.
Қисмати Файл, асосан, кор бо ҳуҷҷат мебошад ва он имкониятҳои кушодани ҳуҷҷати нигоҳдошташуда, сохтани ҳуҷҷати нав, нигоҳдории ҳуҷҷат, ба чоп равона кардани ҳуҷҷат, пӯшидани ҳуҷҷат мебошад. Дар замимаи Сведения дар бораи ҷои ҷойгиршудаи ҳуҷҷат ва хосияти ҳуҷҷат маълумот гирифтан мумкин аст, дар замимаи Разрешения ҳуҷҷатамонро метавонем бо сиркалима муҳофизат кунем.
Барои сохтани ҳуҷҷати нав чунин фармонҳоро иҷро мекунем: 1)Файл-Создать-Новый документ-Создать:
1) аз клавиатура фармони Ctrl+N-ро иҷро мекунем; 2) аз панели тездарёфткунии командаҳо:
Барои кушодани ҳуҷҷати сабткардашуда чунин фармонро иҷро мекунем:
1. Тугмачаи -ро пахш намуда, аз менюи пайдошуда банди Открыть-роинтихоб кардан лозим аст.
Дар ин маврид оинаи Открытие документа кушода мешавад. Номи ҳуҷҷатро интихоб намуда, тугмаи -ро пахш кардан лозим аст:
2. Аз клавиатура фармони Ctrl+О-ро иҷро мекунем.
1. Дар редактори Word 2010 имконияти якчанд роҳи нигохдории ҳуҷҷатҳо мавҷуд аст. Барои ин қисмати -ро пахш кардан лозим аст ва аз менюи кушодашуда банди Сохранить как-ро интихоб мекунем:
Сипас, оинаи дигари Сохранение документа пайдо мегардад:
Пеш аз ҳама, дар рўйхат диски заруриро интихоб карда, бо мушак пахш кардан лозим аст. Сипас, каталогро интихоб мекунем. Дар майдони Имя файла номи файлро дохил мекунем. Пас, тугмаи пахш карда мешавад.
Ҳуҷҷатро бо дигар ном ҳам нигоҳ доштан мумкин аст. Барои ин нусхаи ҳуҷҷатро кушодан лозим аст. Банди Сохранить как-ро аз менюи Файл интихоб мекунем. Дар майдони Имя файла номи навро дохил карда, тугмаи -ро пахш мекунем.
2. Роҳи нисбатан тезтари нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ин пахши
тугмачаи
аз панели тездарёфткунии командаҳо аст. Мо метавонем номи
фарохии ҳуҷҷатро иваз кунем. Масалан, ҳуҷҷати Word фарохии .docxро дорад, онро ҳангоми нигоҳдорӣ аз рӯйхати Тип файла ба фарохии .pdf табдил додан мумкин аст.
Дар Word 2010 бо якчанд тарз ҳуҷҷатҳоро чоп кардан мумкин аст:
1. интихоби банди Печать:
2. Аз панели тездарёфткунии командаҳо:
3. Пахши комбинатсияҳои тугмачаҳои .
Ҳангоми иҷрои яке аз ин командаҳо дар рӯи экран оинаи Печать кушода мешавад:
Дар гурўҳи Принтер дар рўйхати Имя номи принтерро интихоб кардан лозим аст. Тугмаи барои ҷўркунии принтери интихобкардашуда истифода карда мешавад.
Дар гурўҳи Печатать калиди Напечатать все страницы барои чопкунии варақхои китоби корӣ, калиди Страницы барои доираи саҳифаҳои интихобшуда кор фармуда мешавад. Дар гурўҳи Копии майдони Число копий микдори чопи нусхаҳои ҳар як саҳифаҳои ҳуҷҷатро нишон медиҳад. Агар қисмати Разобрать по копиям интихоб шуда бошад, он гоҳ аввал тамоми нусхаҳои дуюм ва ғайра чоп карда мешавад. Вагарна пайдарпай аввал нусхаҳои саҳифаи якуми ҳуҷҷат, пас тамоми нусхаҳои саҳифаи дуюм ва ғайра чоп карда мешавад. Дар ин маврид, нусхаҳоро аз рӯи саҳифаҳо худ ҷо ба ҷо кардан зарур мешавад.
Барои гузоштани параметрҳои саҳифаҳо аз қисмати Файл-печатьзамимаи Параметры страницы-ро интихоб мекунем. Дар ин маврид, оинаи муколамавӣ бо чор замима пайдо мешавад:
Дар замимаи Поля фосилаҳоро аз канорҳои варақи қоғаз бо ёрии майдонҳои Верхнее, Нижнее, Левое ва Правое гузоштан мумкин аст. Байроқчаро дар яке (ё дар хар ду) калидҳо: Горизонтально ё
Вертикально гузоштан мумкин аст. Онҳо барои марказонидани варақ (ба таври горизонталӣ ва вертикалӣ, ё хар ду дар як вақт) хидмат мекунанд. Колонтитулҳоро низ нишон додан мумкин аст.
Дар хотима барои ба чоп равона кардан тугмаи-ро пахш кардан лозим аст.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.