МАОРИФ - СОЊАИ АФЗАЛИЯТНОКИ КИШВАР
Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми ироанамудаи худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26.12.2019 “Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии Љумњурии Тољикистон” ќайд намуданд, ки дар марњалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соњањои илму маориф афзалияти аввалиндараља дода мешавад, зеро онњо дар тањкими пояњои давлати демократї ва њуќуќбунёду дунявї наќши калидї мебозанд.
Президенти мамлакат роњбарону кормандони соњаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгирињои давлат афроди ватандўст, сатњу сифати таълимро дар њар як муассисаи таълимї сарфи назар аз шакли моликияти онњо дар њамаи зинањои тањсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишњои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону љавононро ба мутолиаи китобњои бадеиву илмї ташвиќ намоянд, ќобилияти эљодии онњоро таќвият бахшанд ва ба таълими фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї таваљљуњи бештар зоҳир намоянд.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рањмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз њам бењтар ба роњ мондани омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.
Мусаллам аст, ки ин ҳама пешравиҳою комёбиҳои навини соҳа дар замони соҳибистиқлолии кишвар бештар рушд кардаю ба комёбиҳои бузург ноил гардид.
Албатта, озодиву истиқлол барои ҳар миллат муқаддас ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақил умр ба сар мебурд. Ин дастоварди беназир охири асри XX ба миллати тоҷик насиб гардид ва 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили худро соҳиб шуд.
Истиқлолият ба осонӣ ба даст омада бошад ҳам, дар пай хисороти зиёди моддиву маънавӣ дошт ва нагузошт давлати Тоҷикистон ба пешравиҳо ноил гардад. Дар аввал ба ҷойи бунёдкорӣ мебоист неъмати бебаҳо – сулҳ дар ҷумҳурӣ таъмин карда мешуд. Бо кӯшиши пайвастаи Сарвари ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот таҳким ёфт. Акнун дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили густариш ва рушд бахшидани соҳаҳои муҳими хоҷагӣ, аз ҷумла, бунёди роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳо, эҳёи арзишҳои маънавӣ, фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ ва ба низом даровардани кори идораву мақомоти марбути соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меистоданд. Албатта, ин ҳама баъди ба даст омадани ваҳдати комил дар кишвар шурӯъ гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксар давлатҳои дунё ҳамкориҳои густурда ба роҳ мондааст. Пешрафтҳои чашмгир дар соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз қабили фарҳанг, илму маориф, тиб баъди сулҳу ваҳдат ба амал омадааст.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар ин давра бори сеюм аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия мешавад. Дар баробари ин, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардидаанд. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба Вазорати маориф ва илм муяссар гардид, ки дар кушодани муассисаҳои томактабӣ бо номи “Марказҳои инкишофи кӯдакон” муваффақ гардад. Ҳамзамон, ташкили боғчаҳо ва кӯдакистонҳои хусусӣ барои рушди ин зинаи таҳсилот мусоидат намуда истодааст. Маблағгузории ин муассисаҳо ҳамасола беҳтар гардида, дар соли 2010 ба 22,0 млн сомонӣ расонида шуд (соли 2000-ум 2,3 млн сомонӣ буд). Баробари таъсисёбии намудҳои нави муассисаҳои томактабӣ зарурати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи муассисаҳои томактабӣ ба миён омад. Барои беҳтар намудани таъминоти методию таълимии соҳаи тарбияи томактабӣ 31.10.2005 таҳти №395 “Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010” қабул карда шуд. Дар доираи барномаи мазкур як қатор боғчаю кӯдакистонҳое, ки ғайриқонунӣ шахсӣ гардонида шуда буданд, пас гардонида шуданд ва ҳамзамон дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмону азнавсозии муассисаҳои томактабӣ оғоз гардид. Зарурати тарбия ва таҳсилоти томактабиро ба ҳисоб гирифта Вазорати маориф ва илм “Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ”-ро таҳия намуд, ки он 2.06.2009 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Барои амалӣ гаштани ин стандарт як қатор тадбирҳо, аз ҷумла татбиқи барномаҳои ба мактаб омода намудани кӯдаконе, ки ба кӯдакистон фаро гирифта нашудаанд, дар назар гирифта шудааст. Бо ин мақсад дар назди мактабҳо гурӯҳҳои омодагӣ ташкил гардиданд. Мувофиқи ин барнома дар кӯдакистон марказҳои гуногуни омӯзиши хат, мусиқӣ, илм, рассомӣ, дӯзандагӣ, адабиёт, сохтмон ва ғайра ташкил шуда буд. Вазорати маориф ва илм низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Агар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 27,6 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2011 ин нишондиҳанда 1 млрд 300 млн сомониро ташкил медод. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Мувофиқи қарори Ҳукумати љумњурї “Дар бораи ба зинаи якуми мактабҳои олӣ дохил намудани мактабҳои миёнаи махсус” як қатор техникумҳо ба коллеҷҳои наздидонишгоҳӣ ва баъзе омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳои мустақил табдил дода шуданд. Дар ин давра шумораи мактабҳои олӣ низ афзуд. Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии “Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав” таъсис дода шуданд. Маҳз дар даврони Истиқлолият муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд. Анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Ҳоло ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорати маориф ва илм аз рӯйи 30 ихтисос довталабон қабул карда мешаванд. Инчунин соли 2011 барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд лоиҳаи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд.
Солҳои 1992–2010 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 бинои мактаб сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш ёфт. Байни Вазорати маориф ва илм ва вазоратҳои маориф (ва илм)-и кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ созишномаю тафоҳумномаҳои зиёде оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Маҳз тавассути ин ҳамкориҳо тайёр намудани кадрҳои болаёқат дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шуд. Дар ин давра бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ва ба мақсади танзими қабули шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” таъсис дода шуд.
Боиси қайди махсус аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариш бахшидани соҳаҳои тандурустӣ, маориф, забон, илм ва фарҳанг ҳамвора талош меварзад. Соҳаи маориф низ аз рӯзҳои аввали истиқлолият ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар сиёсати Сарвари давлат пазируфта шудааст. Дар моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба таҳсил кафолат дода мешавад: “Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад”. Соҳаи маорифи кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид, ки аз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ба таъкиди муҳаққиқон Воҳид Ғаффорӣ ва Зафар Сайидзода, нобасомониҳои иқтисодии солҳои аввали истиқлолият ба соҳаи маориф хисороти бузург ворид оварданд. 126 муассисаи маориф пурра аз кор баромад.
Ҳамин тариқ, бо кӯшишу таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои таълимӣ аз нав барқарор ва бо техникаву технологияи замонавӣ таъмин гардиданд. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ даҳҳо мактаби замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард, имрӯз 39 муассисаи олии касбӣ амал мекунанд, ки барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахассисони ҳирфаиро омода менамоянд. Эълон гардидани соли 2010 ҳамчун Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ба густариши соҳа мусоидат кард. Аз соли 1996 дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин, муассисаҳои типи нав ба фаъолият оғоз карданд, ки барои ба камол расондани хонандагони болаёқат таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, як қатор қонун, қарор ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд, ки ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қабул шуд, ки заминаҳои ҳуқуқии соҳаи маорифро ба танзим медарорад.
Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ низ пешрафтҳои чашмгир ба назар мерасанд. Барои густариш бахшидани ин зинаи таҳсилот барномаи махсус қабул гардидааст, ки тибқи он ҳамасола дар ҷумҳурӣ муассисаҳои зиёди таҳсилоти томактабӣ таъсис дода мешаванд. Бо мақсади ҷалби бештари соҳибкорон барои рушди соҳаи маориф ва муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи соҳибкории хусусӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 қабул карда шуд, ки тибқи он аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатманд ва бо роҳи ҳашар солҳои 2014-2016 зиёда аз 300 муассисаи томактабии хусусӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар зинаи таҳсилоти касбӣ, махсусан, таҳсилоти олии касбӣ низ дастовардҳо зиёданд. Дар давраи истиқлолият дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 3 баробар ва шумораи донишҷӯён 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, беш аз 30 ҳазор нафар ҷавони лаёқатманди ҷумҳурӣ аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Алҳол дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низоми бисёрзинагии таҳсилот амал карда, азхудкунии фанҳои таълимӣ дар асоси низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, квотаи Президентӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола як қисм хатмкунандагони фаъол тибқи он ба муассисаҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Чанд сол мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ низоми муносибати босалоҳият ба таълим ҷорӣ гардидааст, ки имкон медиҳад, хонанда он чиро, ки меомӯзад, дар амал табиқ намояд. Дар ин низоми таълимӣ дар меҳвари дарс хонанда қарор дорад ва метавонад андешаҳояшро озодона баён намояд.
Дар замони истиқлолият дастоварди хонандагони тоҷик дар олимпидаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дар қатори беҳтарин давлатҳо қарор дорад. Ҳамчунин, барномаҳои гуногун қабул гардиданд, ки ба густариши соҳа мусоидат хоҳанд кард.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи истиқлолият қариб дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ биноҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Рушди устувори соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобаста аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳа афзоиш ёфт. Музди кормандони соҳа низ зина ба зина зиёд карда шуд.
Ќобили зикри хос аст, ки дар тўли 29 соли соњибистиќлолии мамлакат тамоми сохтори кишвар рушду нумуъ ёфта, соњаи маориф низ рушд карда, ба дастовардњои бузурге ноил гашта, ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар сиёсати Сарвари давлат пазируфта шудааст.
Имрўз низ њамагон шоњиди онанд, ки аз љониби Пешвои мииллат ва Раиси шањри Душанбе муассисаҳои наву замонавї мутобиќ ба меъёрњои љањонї сохта шуда, бархе аз онњо аз нав барқарор ва бо техникаву технологияи замонавӣ таъмин гардида, ба истифода дода мешаванд. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард, имрӯз 39 муассисаи олии касбӣ амал мекунанд, ки барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахассисони ҳирфаиро омода менамоянд. Аз соли 1996 дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин, муассисаҳои типи нав ба фаъолият оғоз карданд, ки барои ба камол расондани хонандагони болаёқат таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, як қатор қонун, қарор ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд, ки ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд.
Агар ба нишондиҳандаҳои соҳаи маориф назар андозем, солҳои 1999-2004 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 600 ҳазор хонанда ҷойи нишаст намерасид ва 87 фоизи мактабҳо шароити созгори санитарӣ надоштанд. Соли 2005 бо дастгирии Пешвои миллат нақшаи ислоҳоти соҳаи маориф қабул карда шуд, ки дар натиҷаи амалӣ намудани он дар соҳа корҳои зиёд ҷиҳати ислоҳот, таҷдид ва модернизатсия амалӣ гардиданд. Муҳимтарин дастовард дар зинаи таҳсилоти умумӣ таъмини пурраи фарогирии хонандагон ба таҳсилоти асосӣ ба ҳисоб меравад.
Албата, дастовардњои соњаи маориф хело зиёданд ва барои насли имрўз барои тањсили хуби онњо шањрдорї тамоми имкониятро фароњам намудааст то насли имрўз босаводу бомаърифат баркамол расида номабардорони ин сарзамин бошанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ тамоми шароит барои илмомӯзӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, моро мебояд, пайваста дар пайи омӯзиш бошем ва ба рушду пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Азизбек Зумратов – омўзгори литсейи №3
барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.