Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад.
Модоме, ки мактабу Мадраса дар канор тифлону бузургонро илму адаб ва маърифату ҳунар меомӯхтаанд, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Ба ифодаи шоир:
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,Давлати поянда хоҳӣ,
рӯй бар мактаб биёр.
Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фарҳангу илму адаб, то андозае дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст.
Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,Ҷисм аст мактаб, ҷон аст мактаб.
Оре, мактаб маъхази пайдоиши илму маърифат аст. Ҳама дастпарварони мактабанд, ки замоне чун тифлакони аз ақлу хирад дур дар остонаш қадам гузошта, аз он бузург гардидаанд. Бе гузашт аз ин даргоҳи муқаддас касе наметавонад илм омӯхт.
Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб,Кас чу ҳайвон мешавад гарчӣ бувад соҳибнасаб.
Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бояд зиндагӣ кунад, бевосита ба чизе эхтиёҷ дорад. Агар барои инсон пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку пӯшок ва тансиҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, пеш аз ҳама мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани ҳамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулҳои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист.
Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатҳои вафодорӣ, дустӣ, озодандешӣ ва сулњпарварист. Мактаб ёри меҳрубон, зинати умру њастиву тавон, озодандешии инсон ва маъхази маърифату ақлу заковати касон аст. Нест каси бохираде, ки маърифати ин даргоҳи бузургро нагирифта бошаду аз заҳмати бузургустоде баҳравар нагардида. Агар аз гузашти умр ва пандномаи бузургони хирад саҳфагардонӣ намоем, бевосита метавонем, ки хулосабарорӣ намоем.
Моҳӣ фарзанд ва ҳамранги дарёст, гандум фарзанди саҳро ва мисли саҳрост, инсон фарзанди замин аст ва эҳтиёҷ ба мардуми заминиву пурбардор дорад, эҳтиёҷ ба илму адаб ва покию росткорӣ, ки онро маҳз дар даргоҳи маърифат меомӯзанд. Ин даргоҳи бузурги маърифати мактабу мадраса аст, ки одамиятро ба шохроҳи бузурги ҳаёт хидоят менамояд, зеро инсон худ аз пеши худ бузург намегардад.
Лола худ рӯяд, моҳӣ худ шино кунад, магас худ парад, кирми шабтоб худ нур барорад, аммо одам барои инсони комил шудан бояд омӯзад. Инсони асил манбаи ҳамаи донишҳоро аз мактаб меомӯзад. Онро муқаддасу бузург мешуморад. Саҳми бештари онро дар тарбияи насли бузурги одамият қадрдонӣ мекунад.
Ҳамеша мебояд кӯшид, соҳибадаб буд, маърифатдӯст гардид, мактабро макони бузурги илму хирад ҳисобид ва аз он бебаҳра намонд.
Хулоса, шодмонию соҳибхирадӣ бузургиву накӯандешӣ ва росткориву бузургдилӣ маҳз аз мактаб падид ояд. Онро муқаддасу пок ва азизу гиромӣ доштан қарзи ҳар як инсони соҳибхирад аст.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.