САВОЛҲОИ ТЕСТӢ АЗ ФАННИ
ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ СИНФҲОИ 11
Чоряки 1.
1.Системаи рамзие, ки дар он ададҳо аз рӯйи қоидаҳои муайян бо ёрии аломатҳои рақам номидашавандаи ягон алифбо навишта мешаванд ... меноманд.
A) системаи ҳисоб; B) системаи муодилаҳо; C) системаи барномарезӣ; D) системаи компютерӣ;
2.Дар системаи ҳисоби ... қимати рақам аз мавқеи дар адад ишғолкардааш вобаста нест.
A) мавқеӣ; B)ғайримавқеӣ; C) муодилаҳо; D) муҳосибӣ;
3.Адади 1545 дар системаи ҳисоби ғайримавқеӣ чӣ гуна ифода карда мешавад?
A) MDXLV; B) MDXXLIV; C) MDXXXLVII; D) MDCLV;
4.Адади 1654 дар системаи ҳисоби ғайримавқеӣ(римӣ) чӣ гуна ифода карда мешавад?
A) MDXLV; B) MDXXLIV; C) MDXXXLVII; D) MDCLIV;
5.Адади 1273 дар системаи ҳисоби ғайримавқеӣ(римӣ) чӣ гуна ифода карда мешавад?
A) MDXLV; B) MDXXLIV; C) MDXXXLVII; D) MCCLXXIII;
6.Адади 1998 дар системаи ҳисоби ғайримавқеӣ(римӣ) чӣ гуна ифода карда мешавад?
A) MDXLV; B) MDXXLIV; C) MCMXCVIII; D) MCCLXXIII;
7.Дар системаи ҳисоби ... қимати миқдории рақам аз мавқеи дар адад ишғолкардааш вобаста аст.
A) мавқеӣ; B)ғайримавқеӣ; C) муодилаҳо; D) муҳосибӣ;
8.Алифбои рақамҳои системаи ҳисоби дуӣ аз чанд рақам иборат аст?
A) 0,1; B) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7; C) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; D) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, А(10), В(11), С(12), D(13), E(14), F(15)
9.Алифбои рақамҳои системаи ҳисоби ҳаштӣ аз чанд рақам иборат аст?
A) 0,1; B) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7; C) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; D) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, А(10), В(11), С(12), D(13), E(14), F(15)
10.Алифбои рақамҳои системаи ҳисоби даҳӣ аз чанд рақам иборат аст?
A) 0,1; B) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7; C) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; D) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, А(10), В(11), С(12), D(13), E(14), F(15)
11.Алифбои рақамҳои системаи ҳисоби шонздаҳӣ аз чанд рақам иборат аст?
A) 0,1; B) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7; C) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; D) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, А(10), В(11), С(12), D(13), E(14), F(15)
12. Дар кадом системаи ҳисоб асоси система ба миқдори рақамҳои алифбои он баробар аст?
A) мавқеӣ; B)ғайримавқеӣ; C) муодилаҳо; D) муҳосибӣ;
13. Адади
- ро ба системаи ҳисоби 10-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D)
;
14. Адади
- ро ба системаи ҳисоби 10-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D)
;
15. Адади
-ро ба системаи ҳисоби 10-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D)
;
16. Адади
- ро ба системаи ҳисоби 10-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D)
;
17.Адади
- ро ба системаи ҳисоби 10-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D)
;
18. Адади
- ро ба системаи ҳисоби 10-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D) ![]()
19. Адади
-ро ба системаи ҳисоби 2-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D)
;
20. Адади
-ро ба системаи ҳисоби 2-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D) ![]()
21. Адади
-ро ба системаи ҳисоби 8-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D) ![]()
22. Адади
-ро ба системаи ҳисоби 8-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D) ![]()
23. Адади
-ро ба системаи ҳисоби 16-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D)
;
24. Адади
-ро ба системаи ҳисоби 16-ӣ
гузаронед.
A)
; B)
; C)
; D)
;
25. Қимати ифодаи мантиқии «(х!>a)&&(х<4)»-ро барои a=-2 ва x=-10 ҳисоб кунед.
A) 1; B) 0; C) 0,1; D) 1,1;
Чоряки 2.
1. Қимати ифодаи мантиқии «((2*a+3)>=c)&&(a>c)» -ро барои a=2 ва c=-1 ҳисоб кунед.
A) 0; B) 1; C) 0,1; D) 1,1;
2. Қимати ифодаи мантиқии «(a==2)||(a<(d+5))» -ро барои a=-5 ва d=10 ҳисоб кунед.
A) 1; B) 0; C) 0,1; D) 1,1;
3. Қимати ифодаи мантиқии «(х!<a)||(х>a)» -ро барои a=5 ва x=-1 ҳисоб кунед.
A) 1; B) 0,1; C) 0,1; D) 0;
4.Мантиқ чист?
A) Илм дар бораи шаклҳо ва тарзҳои тафаккур; B) Илм дар бораи хосиятҳои иттилоот ва қонуниятҳои равандҳои иттилоотӣ; C) Илм дар бораи табиат ва ҳодисаҳои он; D) Илм дар бораи иқтисодиёти муосир;
5.Асосгузори мантиқи шаклӣ кадом муттафакири Юнони қадим ба ҳисоб меравад?
A)Ҷон Непер; B) Арасту; C) Ҷек Килби; D) Паскал Блез
6. Кадом шакли тафаккур аломатҳои асосӣ ва муҳими объектро ба қайд мегирад?
A) Мафҳум; B) Гуфтор; C) Хулосабарорӣ; D) Системаи ҳисоб;
7. Дар кадом шакли тафаккур ягон мулоҳиза оид ба хосиятҳои ашёи воқеӣ ва муносибатҳои байни онҳо тасдиқ ва ё инкор карда мешавад?
A) Мафҳум; B) Гуфтор; C) Хулосабарорӣ; D) Системаи ҳисоб;
8. Дар кадом шакли тафаккур аз як ё якчанд андеша(далел) андешаи нав ҳосил кардан мумкин аст?
A) Мафҳум; B) Гуфтор; C) Хулосабарорӣ; D) Системаи ҳисоб;
9.Асосгузори алгебраи мантиқӣ математики машҳури англис ... мебошад.
A) Ҷек Килби; B) Роберт Нойс; C) Ҷорҷ Булл; D) Билли Гейтс;
10.Қимати кадом амали мантиқӣ аз рӯи ҷадвали ҳақонияти зерин муайян карда мешавад?
|
A |
|
|
1 |
0 |
|
0 |
1 |
A)Инкори мантиқии гуфтори А(Ā); B)Дизъюнксияи гуфторҳои А ва В(AVB); C) Конъюнксияи гуфторҳои А ва В(АΛB) ; D) Эквиваленсияи гуфторҳои А ва В(А~B) ;
11.Қимати кадом амали мантиқӣ аз рӯи ҷадвали ҳақонияти зерин муайян карда мешавад?
|
А |
В |
А ? В |
|
1 |
0 |
1 |
|
0 |
1 |
1 |
|
1 |
1 |
1 |
|
0 |
0 |
0 |
A)Инкори мантиқии гуфтори А(Ā); B)Дизъюнксияи гуфторҳои А ва В(AVB); C) Конъюнксияи гуфторҳои А ва В(АΛB) ; D) Эквиваленсияи гуфторҳои А ва В(А~B) ;
12. Қимати кадом амали мантиқӣ аз рӯи ҷадвали ҳақонияти зерин муайян карда мешавад?
|
А |
В |
А ? В |
|
1 |
0 |
0 |
|
0 |
1 |
0 |
|
1 |
1 |
1 |
|
0 |
0 |
0 |
A)Инкори мантиқии гуфтори А(Ā); B)Дизъюнксияи гуфторҳои А ва В(AVB); C) Конъюнксияи гуфторҳои А ва В(АΛB) ; D) Эквиваленсияи гуфторҳои А ва В(А~B) ;
13.Қимати кадом амали мантиқӣ аз рӯи ҷадвали ҳақонияти зерин муайян карда мешавад?
|
А |
В |
А ? В |
|
1 |
0 |
1 |
|
0 |
1 |
1 |
|
1 |
1 |
0 |
|
0 |
0 |
0 |
A) Ҷамъи оҳанрабоии гуфторҳои А ва В(A⊕B); B) Дизъюнксияи гуфторҳои А ва В(AVB); C) Конъюнксияи гуфторҳои А ва В(АΛB) ;
D) Эквиваленсияи гуфторҳои А ва В(А~B) ;
14.Қимати кадом амали мантиқӣ аз рӯи ҷадвали ҳақонияти зерин муайян карда мешавад
|
А |
В |
А ? В |
|
1 |
0 |
0 |
|
0 |
1 |
0 |
|
1 |
1 |
1 |
|
0 |
0 |
1 |
A) Импликатсяи гуфторҳои А ва В(А⇒C) ; B) Дизъюнксияи гуфторҳои А ва В(AVB); C) Конъюнксияи гуфторҳои А ва В(АΛB) ; D) Эквиваленсияи гуфторҳои А ва В(А~B) ;
15.Қимати кадом амали мантиқӣ аз рӯи ҷадвали ҳақонияти зерин муайян карда мешавад(агар A-шарт ва B-хулоса бошад)?
|
А |
В |
А ? В |
|
1 |
0 |
0 |
|
0 |
1 |
1 |
|
1 |
1 |
1 |
|
0 |
0 |
1 |
A) Импликатсяи гуфторҳои А ва В(А⇒B) ; B) Дизъюнксияи гуфторҳои А ва В(AVB); C) Конъюнксияи гуфторҳои А ва В(АΛB) ; D) Эквиваленсияи гуфторҳои А ва В(А~B) ;
16.Яке аз усулҳои идрок, ки барои сохтан ва таҳқиқи амсилаҳо хизмат мерасонад ... меноманд.
A) компютер; B) тарҳрезӣ; C) хадамоти абрӣ; D) интернет;
17. Объекти наве, ки хосиятҳои асосӣ ва муҳимтарини объект, ҳодиса ё раванди тадқиқшавандаро инъикос менамояд ... меноманд.
A) амсила; B) система; C) тарҳрезӣ; D) компютер;
18. Маҷмӯи ба ҳам алоқаманди объектҳоеро, ки онҳо ҷузъҳои ҳамин маҷмӯъ ба ҳисоб рафта, ҳачмун як ашёи том амал мекунанд ... меноманд.
A) амсила; B) система; C) тарҳрезӣ; D) компютер;
19. Амсилаҳое, ки вазъи системаро дар ягон лаҳзаи муайяни вақт тасвир менамоянд, .... номида мешаванд.
A) амсилаҳои статикӣ; B)амсилаҳои динамикӣ; C) комютери портативӣ;
D) хадамоти абрӣ;
20. Амсилаҳое, ки равандҳои тағйирёбӣ ва рушди системаҳоро тасвир менамоянд, ... номида мешаванд.
A) амсилаҳои статикӣ; B)амсилаҳои динамикӣ; C) комютери портативӣ;
D) хадамоти абрӣ;
21. Раванди сохтани амсилаҳои иттилоотиро бо ёрии забонҳои рамзӣ ... меноманд.
A) шаклсозӣ; B) система; C) интернет; D) компютер;
22. Ҳамаи амсилаҳоро шартан ба ба чанд синфи калон ҷудо кардан мумкин аст?
A) ҷадвалӣ; B) моддӣ ва иттилоотӣ; C) махфӣ ва ноаён; D) компютерӣ;
23. Амсилаҳои ... хосиятҳои геометрӣ, физикӣ ва дигар хосиятҳои объектро дар шакли возеҳ таҷассум менамоянд, яъне аз нав ба вуҷуд меоранд.
A) ҷадвалӣ; B) махфӣ; C) моддӣ; D) ноаён;
24. Амсилаҳои ... объектҳо ва равандҳоро дар шакли тимсолҳо (образҳо) ё аломатҳо тасвир мекунанд.
A) иттилоотӣ; B) махфӣ; C) моддӣ; D) ноаён;
25. Амсилаҳои иттилотиро, дар навбати худ, ба кадом намудҳо амсилаҳои ҷудо кардан мумкин аст.
A) махфӣ ва абрӣ; B) махфӣ ва ноаён; C) моддӣ ва махфӣ; D) тимсолӣ ва аломатӣ;
Чоряки 3.
1. Тарзи кор карда баромадани иттилоотро имрӯз бештар чӣ мегӯянд?
A) технология; B) иттилоот; C) компютер D) дониш;
2. Маҷмӯи амалҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда равона гардидаанд чӣ номида мешавад?
A) дониш; B) иттилоот; C) компютер D) технология;
3. Раванди аз ашёи хом тайёр намудани маҳсулоти зарурӣ, кадом навъи технология ба ҳисоб меравад?
A) технологияи истеҳсолӣ; B) технологияи иттилоотӣ; C) технологияи компютерӣ; D) технологияи иртиботӣ;
4. Раванди табдилдиҳии иттилооти аввалия ба иттилооти натиҷавӣ, кадом навъи технология ба ҳисоб меравад?
A) технологияи истеҳсолӣ; B) технологияи иттилоотӣ; C) технологияи компютерӣ; D) технологияи иртиботӣ;
5. Мавзӯи кадом фан иттилоот ва равандҳои иттилоотӣ буда, усулҳои ғункунӣ, табдил, сабт ва ирсоли иттилоотро бо ёрии компютер меомӯзад?
A) алгебра; B) технологияи иттилоотӣ; C) геометрия; D) физика;
6. Шакли мавҷудият ва танзимноки натиҷаҳои фаъолияти маърифатӣ ва зеҳнии инсонро чӣ мегӯянд?
A) технология; B) иттилоот; C) компютер; D) дониш;
7. Давраҳои инкишофи технологияи иттилоотиро шартан ба чанд марҳала тақсим мекунанд?
A) Истеҳсолӣ, компютерсозӣ, микропротсессорӣ, ва барномасозӣ; B) Барномасозӣ, молекулавӣ, истеҳсолоти моддӣ, ва Internet; C) Ҷустуҷӯӣ, механикӣ, ядроӣ, ва истеҳсолоти моддӣ; C) Истеҳсолоти моддӣ, дастӣ, механикӣ, ва арифмометрсозӣ; D) Дастӣ, механикӣ, барқӣ, электронӣ, компютерӣ ва Internet;
8. Дар кадом навъи шабакаҳо дастгоҳҳои канории алоқавии он табдилдиҳандагони одии сигнали барқӣ ба возеҳӣ-шунавоӣ ва баръакс мебошанд?
A) шабакаи барқӣ; B) шабакаи телефонӣ; C) шабакаи компютерӣ; D) шабакаи нейронӣ;
9. Дар кадом навъи шабакаҳо дастгоҳҳои канории иртиботии он компютерҳо мебошанд?
A) шабакаи барқӣ; B) шабакаи телефонӣ; C) шабакаи компютерӣ; D) шабакаи нейронӣ;
10. Кибернетика-илм дар бораи ...
A) хосиятҳои умумии равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад; B) табиат ва ҳодисаҳои он мебошад; C) хосиятҳои иттилот ва намудҳои он мебошад; D) системаҳои ҳисобӣ мебошад;
11. Маҷмӯи муайяни амалҳое, ки ба мақсадҳои гузошташуда равона гардидааст ... меноманд.
A) раванд; B) технологияи истеҳсолоти моддӣ; C) технологияи иттилоотӣ;
D) хадамоти абрӣ;
12. Ғояи асосии кадом самти кибернетика аз сохтани таҷҳизоти «зеҳние» иборат аст, ки вай бояд бо ягон тарз сохтори майнаи инсонро аз нав ба вуҷуд оварад?
A) Нейрокибернетика; B) Кибернетикаи статикӣ ; C) Кибернетикаи «қутти сиёҳ»; D) Кибернетикаи механикӣ;
13.Ғояи асоии кадом самти кибернетикаро принсипе ташкил медиҳад, ки мувофиқи он сохтори таҷҳизоти «зеҳнӣ» ягон аҳамияте надошта, он бояд ба ҳар гуна таъсиррасониҳои беруна ба мисли майни инсон мутаассир гардад?
A) Нейрокибернетика; B) Кибернетикаи статикӣ ; C) Кибернетикаи «қутти сиёҳ»; D) Кибернетикаи механикӣ;
14. Кадом самти информатика, ҳадафи кор карда баромадани чунон навъи воситаҳои таҷҳизотӣ-барномавие дорад, ки онҳо ба корбари ғайри барномасоз имконияти амалӣ кардани масъалагузориҳои зеҳнӣ ва иртибот бо компютерро бо ёрии забонҳои табиӣ муҳайё месозанд?
A) Тафаккури бадеӣ; B) Тафаккури тимсолӣ; C)Тафаккури сунъӣ; D) Тафаккури илмӣ;
15. Аз ҷониби кадом олимон аввалин шабакаи нейронӣ сохта шуд, ки дар асоси он кӯшиши сохтани системае буд, ки он бояд тарзи кори чашми инсон ва таъсири мутақобилаи онро бо мағзи сар тарҳрезӣ намояд?
A) Олимони тоҷик; B) Олимони ҷопонӣ; C) Олимони англис; D) Олимони амрикоӣ;
16. Таснифбандии технологияи иттилоотиро аз рўи усулҳо ва коркарди додаҳо муайян кунед.
A) Минтақавӣ, истеҳсолоти моддӣ, технологӣ; B) Маънавӣ, муҳосиботӣ, оморӣ; C) Саросарӣ, бунёдӣ, мушаххас; D) Истеҳсолоти моддӣ, шабакавӣ, квантӣ;
17. Маљмўи ба ҳам алоқаманди объектҳоро меноманд, ки онҳо љузъҳои ҳамин маљмўъ ба ҳисоб рафта, ҳамчун як ашёи том амал мекунанд?
A) амсила; B) компютер; C) система; D) алгоритм;
18.Маҷмӯи бо ҳам алоқаманди воситаҳо, усулҳо ва ҳайати шахсии кормандон, ки баҳри расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар равандҳои ғункунӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва паҳнкунии иттилоот сафарбар мегарданд ... меноманд.
A) системаи иттилоотӣ; B) системаи муодилаҳо; C) системаи корӣ;D) системаи компютерӣ;
19. Сохтори системаи иттилоотро ба кадом зерсистемаҳои таъминотӣ људо мекунанд?
A) иттилоотӣ, техникӣ, риёзӣ, барномавӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ; B) барқӣ, механикӣ, ва электромагнитӣ; C) квантӣ, физикӣ ва тиббӣ; D) оморӣ, хаттӣ, барқӣ, механикӣ;
20.Кадом раванд тарзи тасвири додаҳоро оид ба объектҳои як синф ба шакли муайян меорад?
A) Майдон; B) Сохторсозии додаҳо; C) Навишта; D) Калидмайдон;
21. Маҷмӯи додаҳои сохтории соҳибном оид ба ягон соҳаи мавзӯӣ ... номида мешавад.
A) майдон; B) пойгоҳи додаҳо; C) навишта; D) калидмайдон;
22.Амсилаи иттилоотие, ки гурӯҳи объектҳоро аз рӯйи хосиятҳои якхелаашон муттаҳид месозад ... меноманд.
A) майдон; B) калидмайдон; C) навишта; D) пойгоҳи додаҳо;
23.Объекти одитарини пойгоҳи додаҳо буда, барои нигаҳдории қиматҳои як параметри объекти воқеии тасвиршаванда хизмат мерасонад ... меноманд.
A) майдон; B) сохторсозии додаҳо; C) навишта; D) калидмайдон;
24. Маҷмӯи қиматҳои параметрҳои объекти мушаххаси пойгоҳи додаҳо ... мебошад.
A) майдон; B) сохторсозии додаҳо; C) навишта; D) калидмайдон;
25.Маҷмӯи мантиқан алоқаманди майдонҳои пойгоҳи додаҳо, ки онҳо параметрҳои объекти воқеиро тавсиф менамоянд ... меноманд.
A) майдон; B) амсилаи додаҳо; C) сохтори навишта; D) калидмайдон;
Чоряки 4.
1.Маҷмӯи додаҳои аз рӯйи қоидаҳои махсус ба ҳам алоқамандгашта ... мебошад.
A) майдон; B) амсилаи додаҳо; C) сохтори навишта; D) калидмайдон;
2.Чанд навъ робитаи байни ҷадвалҳо дар мавҷуд аст?
A) «ду-ба-як» – 2:1; B) «як-ба-ду» – 1:2; C) «бисёрӣ-ба-ду» – Б:2; D) «як-ба-як»-1:1, «як-ба-бисёрӣ» –1:Б, «бисёрӣ-ба-бисёрӣ» – Б:Б.
3.Маҷмӯи воситаҳои барномавии сохтани пойгоҳи додаҳо, ки барои нигаҳдорӣ ва ҷустуҷӯи додаҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст ... меноманд.
A) виросторони матнӣ; B) виросторони рӯнамосоз; C) системаи идоракунии пойгоҳи додаҳо; D) виросторони графикӣ;
4.Яке аз объектҳои пойгоҳи додаҳо, ки бо ёрии он додаҳо дар намудҳои навишта (сатр) ва майдон (сутун) нигоҳ дошта мешаванд ... меноманд.
A) шакл; B) дархост; C) ҷадвал; D) ҳисобот;
5. Яке аз объектҳои пойгоҳи додаҳо, ки барои дохилкунӣ, таҳрир ва пешдиди додаҳо пешбинӣ шудааст ... меноманд.
A) шакл; B) дархост; C) ҷадвал; D) ҳисобот;
6. Яке аз объектҳои пойгоҳи додаҳо, ки бо ёрии он амалҳои асосии коркарди додаҳо(танзим, полойиш, муттаҳидсозии додаҳо аз манбаъҳои гуногун, табдилдиҳии додаҳо ва нигаҳдории натиҷаҳои он таҳти ягон ном, барои истифодаи минбаъдаи он аз рӯйи зарурат) анҷом дода мешаванд ... меноманд.
A) шакл; B) дархост; C) ҷадвал; D) ҳисобот;
7. Яке аз объектҳои пойгоҳи додаҳо, ки барои таҳрир ва ба чоп омода сохтани иттилоот пешбинӣ шудааст ... меноманд.
A) шакл; B) дархост; C) ҷадвал; D) ҳисобот;
8. Майдони нодире, ки навиштаҳои ҷадвалро бо тарзи ягона муайян мекунад … меноманд.
A) шакл; B) калидмайдон; C) ҷадвал; D) ҳисобот;
9. Чандрасона чӣ маъно дорад?
A) интернет; B) муҳитҳои бисёр; C) муошират бо смартфон; D) шабака;
10. Кадоме аз барномаҳои зерин чандрасонаӣ мебошад?
A) KMPlayer B) сафҳакалид; C) монитор; D) барномаи WordPad;
11. Технологияи чандрасонаӣ чист?
A) Истифодаи барномаи NotePad дар Google; B) Истифодаи сафҳакалид ҳангоми ҳуруфчинӣ; C) муҳити корбарие, ки тавассути он якбора намудҳои гуногуни иттилоот кор карда баромада мешаванд; D) истифодаи барномаи WordPad дар андроид;
12. Захирасозҳои абрии маъруфро муайян намоед.
A) Dropbox, Google, Drive Mega; B) Opera, Mozilla Fire Fox; C) Microsft Edge, Internet Explorer; D) Note Pad, Internet Download Manager;
13. Марҳалаҳои технологиеро, ки восита ва усулҳои коркарди иттилоотии онҳо боиси тағйироти қатъӣ ва куллии ҷомеа гаштаанд, чӣ мегӯянд?
A) компютер; B) системаи амалиётӣ; C) фарҳанги иттилоотӣ; D) инқилобҳои иттилоотӣ;
14. Инқилоби якуми иттилоотӣ ба ихтирои чӣ марбут аст?
A) хат; B) технологияи китобчопкунӣ; C) барқ; D) технологияи микропротсессорӣ;
15. Инқилоби (нимаи асри XVI) дуюм бо чӣ алоқаманд аст, ки яке аз аввалин технологияҳои иттилоотӣ меҳисобанд?
A) хат; B) технологияи китобчопкунӣ; C) барқ; D) технологияи микропротсессорӣ;
16. Инқилоби (охири асри XIХ) сеюми иттилоотӣ ба ихтирои чӣ вобастагӣ дошта, ҳамчун давраи зуҳури воситаҳои иртиботи иттилоотӣ машҳур гардидааст?
A) хат; B) технологияи китобчопкунӣ; C) барқ; D) технологияи микропротсессорӣ;
17. Инқилоби чорум (солҳои 70-уми асри XХ) ба чӣ марбут аст?
A) хат; B) технологияи китобчопкунӣ; C) барқ; D) технологияи микропротсессорӣ;
18. Дар кадом ҷомеа сатҳи рушди он аз рӯйи сатҳи тараққиёти саноат ва пойгоҳи техникии он муайян карда мешавад?
A) саноатӣ; B) иттилоотӣ; C) интернетӣ; D) тимсолӣ;
19. Дар кадом ҷомеа аксар узви он ба истеҳсол, нигаҳдорӣ, коркард, фурӯш ва табодули иттилоот машғуланд?
A) саноатӣ; B) иттилоотӣ; C) интернетӣ; D) тимсолӣ;
20. Раванде, ки дар он талаботи шахси дилхоҳ барои дарёфти иттилооти зарурӣ қонеъ гардонида мешавад чӣ номида мешавад?
A) фарҳанги иттилоотӣ; B) ҷомеаи иттилоотӣ; C) иттилоотонӣ; D) интернет;
21. Маҳорати мувофиқи мақсад истифода бурда тавонистани иттилоот ва дар равандҳои дарёфт, коркард ва интиқоли иттилоот татбиқ карда тавонистани технологияҳои иттилоотиро чӣ меноманд?
A) интернет; B) ҷомеаи иттилоотӣ; C) иттилоотонӣ; D) фарҳанги иттилоотӣ;
22. Маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотии ҷомеа ва инсонро ... меноманд.
A) амнияти иттилоотӣ; B) муҳити иттилоотӣ; C) таҳдиди иттилоотӣ;
D) системаи амалиётӣ;
23. Маҷмӯи омилҳоеро, ки барои фаъолияти муътадили муҳити иттилоотӣ хавфноканд, ... мегӯянд.
A) амнияти иттилоотӣ; B) таҳдиди иттилоотӣ; C) фарҳанги иттилоотӣ; D) захираи иттилоотӣ;
24. Маҷмӯи воситаҳо, омилҳо ва усулҳои дар асоси системаҳои компютерӣ фаъолияткунанда, ки барои эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ равона шудааст ... меноманд.
A) амнияти иттилоотӣ; B) таҳдиди иттилоотӣ; C) муҳити иттилоотӣ; D) захираи иттилоотӣ;
25. Ба усулҳои анъанавии ҳифзи иттилоот ... дохил мешаванд:
A) истифодаи бастаи барномаҳои Microsoft Office B); истифодаи барномаи брандмауери ситемаи амалиётии Windows; C) гузоштани маҳдудият ба дастрасӣ, рамзбандии иттилоот, назорати истифодаи сахтафзор, тадбирҳои қонунгузорӣ); D) истифодаи барномаи зиддивирусии ESET Smart Security;
Скачано с www.znanio.ru
Материалы на данной страницы взяты из открытых источников либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.