САВОЛҲОИ ТЕСТӢ АЗ ФАННИ
ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ СИНФҲОИ 5
1. Калимаи «иттилоот» аз кадом забон ба забони тоҷикӣ ворид шуда, ҳоло ба мафҳум табдил ёфтааст?
A) англисӣ; B) арабӣ; C) фаронсавӣ; D) лотинӣ;
2. Мафҳуми иттилоот бештар ба кадом мафҳуми байналмилалӣ наздик аст?
A) компютер; B) технология; C) интернет; D) информатсия;
3. Таърифи зерин ба кадом истилоҳ дахл дорад:
Маълумоти нав дар бораи ягон ашёи муҳити атроф, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар бораи хосиятҳои ҳамон ашё кам менамояд.
A) иттилоот; B) технология; C) дониш; D) компютер;
4.Мафҳуми иттилоот пеш аз ҳама бо амалҳои дарёфт, қабул, ғункунӣ, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, сабт, ирсол ва истифода алоқаманд аст, ки маҷмӯи ин амалҳоро чӣ мегӯянд?
A) системаи ҳисоб; B) системаи муодилаҳо; C) равандҳои иттилоотӣ; D) системаи компютерӣ
5. Тарзи кор карда баромадани иттилоотро имрӯз бештар чӣ мегӯянд?
A) технология; B) иттилоот; C) компютер D) дониш;
6. Маҷмӯи амалҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда равона гардидаанд, чӣ номида мешавад?
A) технология; B) иттилоот; C) компютер D) дониш;
7. Раванди аз ашёи хом тайёр намудани маҳсулоти зарурӣ, кадом навъи технология ба ҳисоб меравад?
A) технологияи истеҳсолӣ; B) технологияи иттилоотӣ; C) технологияи компютерӣ;
D) технологияи иртиботӣ;
8. Раванди табдилдиҳии иттилооти аввалия ба иттилооти натиҷавӣ, кадом навъи технология ба ҳисоб меравад?
A) технологияи истеҳсолӣ; B) технологияи иттилоотӣ; C) технологияи компютерӣ;
D) технологияи иртиботӣ;
9. Мавзӯи кадом фан иттилоот ва равандҳои иттилоотӣ буда, усулҳои ғункунӣ, табдил, сабт ва ирсоли иттилоотро бо ёрии компютер меомӯзад?
A) алгебра; B) технологияи иттилоотӣ; C) геометрия; D) физика;
10. Шакли мавҷудият ва танзимноки натиҷаҳои фаъолияти маърифатӣ ва зеҳнии инсонро чӣ мегӯянд?
A) технология; B) иттилоот; C) компютер; D) дониш;
11. Қимати кадом хурдтарин воҳиди ченаки иттилоот ба 1 ё 0 баробар аст?
A) Мбайт; B) Кбайт; C) байт; D) бит;
12. Воҳидҳои ченаки иттилоотро бо тартиби афзуншавиашон муайян намоед.
A) сантиметр, байт, дюйм, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Эбайт, Пбайт; B) Пиксел, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Пбайт, метр; C) Бит, байт, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Пбайт, Эбайт; D) дюйм, пиксел, бит, байт, Мбайт, Тбайт, Пбайт, Эбайт;
13. Усули бо битҳо тасвиркунии иттилоотро чӣ мегӯянд?
A) рамзбандии дуӣ; B) рамзбандии ҳаштӣ; C) рамзбандии даҳӣ; D) рамзбандии шонздаҳӣ;
14. Дар кадом навъи шабакаҳо дастгоҳҳои канории алоқавии он табдилдиҳандагони одии сигнали барқӣ ба возеҳӣ-шунавоӣ ва баръакс мебошанд?
A) шабакаи барқӣ; B) шабакаи телефонӣ; C) шабакаи компютерӣ; D) шабакаи нейронӣ;
15. Дар кадом навъи шабакаҳо дастгоҳҳои канории иртиботии он компютерҳо мебошанд?
A) шабакаи барқӣ; B) шабакаи телефонӣ; C) шабакаи компютерӣ; D) шабакаи нейронӣ;
16. Марҳалаҳои технологиеро, ки восита ва усулҳои коркарди иттилоотии онҳо боиси тағйироти қатъӣ ва куллии ҷомеа гаштаанд, чӣ мегӯянд?
A) компютер; B) системаи амалиётӣ; C) фарҳанги иттилоотӣ; D) инқилобҳои иттилоотӣ;
17. Инқилоби якуми иттилоотӣ ба ихтирои чӣ марбут аст?
A) хат; B) технологияи китобчопкунӣ; C) барқ; D) технологияи микропротсессорӣ;
18. Инқилоби (нимаи асри XVI) дуюм бо чӣ алоқаманд аст, ки яке аз аввалин технологияҳои иттилоотӣ меҳисобанд?
A) хат; B) технологияи китобчопкунӣ; C) барқ; D) технологияи микропротсессорӣ;
19. Инқилоби (охири асри XIХ) сеюми иттилоотӣ ба ихтирои чӣ вобастагӣ дошта, ҳамчун давраи зуҳури воситаҳои иртиботи иттилоотӣ машҳур гардидааст?
A) хат; B) технологияи китобчопкунӣ; C) барқ; D) технологияи микропротсессорӣ;
20. Инқилоби чорум (солҳои 70-уми асри XХ) ба чӣ марбут аст?
A) хат; B) технологияи китобчопкунӣ; C) барқ; D) технологияи микропротсессорӣ;
21. Дар кадом ҷомеа сатҳи рушди он аз рӯйи сатҳи тараққиёти саноат ва пойгоҳи техникии он муайян карда мешавад?
A) саноатӣ; B) иттилоотӣ; C) интернетӣ; D) комютерӣ;
22. Дар кадом ҷомеа аксар узви он ба истеҳсол, нигаҳдорӣ, коркард, фурӯш ва табодули иттилоот машғуланд?
A) саноатӣ; B) иттилоотӣ; C) интернетӣ; D) комютерӣ;
23. Раванде, ки дар он талаботи шахси дилхоҳ барои дарёфти иттилооти зарурӣ қонеъ гардонида мешавад чӣ номида мешавад?
A) фарҳанги иттилоотӣ; B) ҷомеаи иттилоотӣ; C) иттилоотонӣ; D) интернет;
24. Маҳорати мувофиқи мақсад истифода бурда тавонистани иттилоот ва дар равандҳои дарёфт, коркард ва интиқоли иттилоот татбиқ карда тавонистани технологияҳои иттилоотиро чӣ меноманд?
A) интернет; B) ҷомеаи иттилоотӣ; C) иттилоотонӣ; D) фарҳанги иттилоотӣ;
25. Таҷҳизоте, ки тавассути иҷрои пайдарпайи дастурҳои барояш фаҳмо ба таври худкор иттилоотро аз як шакл ба шакли дигар табдил медиҳад чӣ номида мешавад?
A) системаи амалиётӣ; B) компютер; C) интернет; D) нармафзори компютерӣ;
1. Моҳияти идоракунии барномавии компютерро муайян кунед, ки вай танҳо бо ёрии чӣ кор карда метавонад?
A) барқ; B) барнома; C) сахтафзор; D) интернет;
2. Маҷмӯи воситаҳои техникии ба ҳам алоқаманди компютер, ки онҳо вазифаи воридот, коркард, нигаҳдорӣ ва содироти иттилоотро ба уҳда доранд чӣ мегӯянд?
A) технология; B) нармафзор; C) сахтафзор; D) интернет;
3. Синфи компютерҳои калонро, дар навбати худ, ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?
A) серверҳо ва абаркомпютеҳо; B) фардӣ, саноатӣ ва портативӣ; C) миникомпютерҳо ва микрокомпютерҳо; D) планшетҳо ва компютерҳои кисагӣ;
4. Протсессори марказии микрокомпютерҳо дар шакли чӣ сохта шудааст?
A) лампаҳои электронӣ; B) микропротсессор; C) сахтафзор; D) нармафзор;
5. Микрокомпютер мошини ҳамакора буда, барои истифодаи чанд нафар пешбинӣ шудааст?
A) як; B) ду; C) се; D) чор;
6. Барои чӣ микрокомпютерҳоро компютери фардӣ мегӯянд?
A) бо интернет пайваст мешаванд; B) қувваи барқро кам масраф мекунанд; C) барои истифодаи як нафар пешбинӣ шудаанд; D) протсессор доранд;
7. Экрани монитор бояд аз чашмон дар чӣ қадар масофа ҷойгир бошад?
A) На кам аз 15–20 см; B) На кам аз 20–35 см; C) На кам аз 35–45 см; D) На кам аз 50–70 см;
8. Пайдарпайии охирноки дастурҳои барои компютер пешбинишударо чӣ мегӯянд?
A) технология; B) барнома; C) сахтафзор; D) интернет;
9. Раванди навиштани барномаҳои компютериро чӣ мегӯянд?
A) сахтафзор; B) барномасозӣ; C) интернет; D) модем;
10. Маҷмӯи барномаҳои дар компютер истифодашавандаро таъминоти барномавии компютер ё … меноманд.
A) сахтафзор; B) нармафзор; C) интернет; D) монитор;
11. Кадом олим соли 1958 усули дар як тахтаи (пластинаи)нимноқилӣ ҳосил намудани якчанд транзисторро кор карда баромад.
A) Морис Уилкс; B) Роберт Нойс; C) Ҷек Килби; D) Ҷон Мочли;
12. Соли 1959 Роберт Нойс – асосгузори ширкати Intel (Интел), дар як тахтачаи беҳад хурд транзисторҳои хеле зиёдро ба ҳам пайваст, ки он чӣ ном гирифт?
A) лампаи электронӣ; B) нақшаи интегралӣ ё чип; C) микропротсессор; D) компютери фардӣ;
13. Кадом корманди ширкати Intel соли 1970 нақшаи интегралиеро ҳосил намуд, ки он аз рӯйи вазифаҳояш ба протсессори марказии компютерҳои калон монанд буд?
A) Морис Уилкс; B) Роберт Нойс; C) Ҷек Килби; D) Маршиан Эдвард Хофф;
14. Дар заминаи микропротсессори «Intel-8080» соли 1975 бо ташаббуси кадом олим дар ширкати “MITS” компютери хурдҳаҷми “Алтаир-8800” сохта шуд, ки ҳаҷми он ба ҳаҷми телевизор баробар буд?
A) Морис Уилкс; B) Роберт Нойс; C) Генри Эдвард Робертс; D) Маршиан Эдвард Хофф;
15. Аввалин компютери фардӣ кадом аст?
A) Алтаир-8800; B) ENIAC; C) Ideacentre Stick 300; D) Quanta;
16. Калимаи «компютер» аз 8 ҳарф иборат аст. Барои як ҳарф як байт хотираи компютер ҷудо карда мешавад. Калимаи «компютер» чанд бит иттилоот дорад?
A) 16 Бит; B) 32 Бит; C) 64 Бит; D) 128 Бит;
17. Ғунҷоиши диски сахти компютер 1 Тбайтро ташкил медиҳад. Чӣ қадар парвандаи андозаи ҳар якеаш 512 Гбайтро дар чунин диски сахт сабт кардан мумкин аст?
A) 2-парванда; B) 4-парванда; C) 6-парванда; D) 8-парванда;
18. Нақли хаттии 2 саҳифаи 32-сатраро ташкил дода, дар ҳар як сатраш 128 аломат ҷой дода шудааст. Андозаи иттилооти нақли хаттиро бо Кбайт ҳисоб кунед.
A) 2 Кбайт; B) 4 Кбайт; C) 8 Кбайт; D) 16 Кбайт;
19. Рӯнамои барномаи Microsoft Office Power Point, 2 слайдро ташкил дода, ҳар як слайди он 8 сатр ва ҳар як сатраш 128 аломат дорад. Муайян намоед, ки дар рӯнамо чанд Кбайт иттилоот мавҷуд аст?
A) 2 Кбайт; B) 4 Кбайт; C) 8 Кбайт; D) 16 Кбайт;
20. Ҳангоми тамошои филм кадом намуди иттилоот гирифта мешавад?
A) матнӣ; B) савтӣ; C) дӯӣ; D) даҳӣ;
21. Кадом намуди иттилоот дар шакли графикӣ пешниҳод шудааст?
A) андозаи китоб; B) акси компютер; C) рамзи барномавӣ; D) иншо дар васфи ватан;
22. Кадом намуди иттилоот садоӣ ба ҳисоб меравад?
A) андозаи китоб; B) акси компютер; C) рамзи барномавӣ; D) нақли омӯзгор;
23. Ҳангоми ёфтани решаи муодилаи хаттии якномаълума кадом намуди иттилоот ҳосил мешавад?
A) матнӣ; B) садоӣ; C) ададӣ; D) графикӣ;
24. Ҳангоми истифодаи баландгӯяк кадом намуди иттилоот хориҷ мешавад?
A) матнӣ; B) садоӣ; C) ададӣ; D) графикӣ;
25. Компютери фардии «IBM PC» дар чанд навъ истеҳсол карда мешавад.
A) моноблок; B) рӯйимизӣ ва ҳамроҳ; C) кисагӣ; D) моноблок ва кисагӣ;
1. Таҷҳизотҳои дохили блоки системавиро муайян намоед.
A) монитор ва чопгар; B) модем, муш, проектор; C) сафҳакалид, сканер; D) микропротсессор, хотираи фаврӣ, платаи асосӣ;
2. Кадом таҷҳизот барои ба таври фаврӣ дохил кардани фармонҳо ва идораи барномаҳо хизмат мерасонад?
A) монитор; B) сафҳакалид; C) муш; D) чопгар;
3. Кадом таҷҳизот барои дар коғаз хориҷкунии иттилооти матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад?
A) монитор; B) сафҳакалид; C) муш; D) чопгар;
4. Чопгарҳо вобаста ба тарзи корашон чанд намуд мешаванд?
A) Чопгарҳои экрандор; B) Чопгарҳои матритсавӣ ва бесим;
C) Чопгарҳои лазерӣ ва нусхбардорӣ; D) Чопгарҳои матритсавӣ, рангпошанда ва лазерӣ;
5. Микропротсессори аввалин соли 1971 аз тарафи муҳандисони кадом ширкат сохта шудааст?
A) HP; B) Samsung; C) AMD; D) Intel;
6. Аввалин чопгари матритсавӣ соли 1964 дар кадом ширкати истеҳсол карда шудааст?
A) Seiko Epson; B) Samsung; C) AMD; D) Intel;
7. Аввалин чопгари лазерӣ чӣ ном доштааст, ки он соли 1971 рӯйи кор омадааст?
A) Seiko Epson; B) EARS; C) AMD; D) Intel;
8. Кадом таҷҳизот ба таври худкор иттилооти матниву графикиро аз коғаз ба компютер дохил менамояд.
A) дискдон; B) сафҳакалид; C) модем; D) сканер;
9. Таҷҳизоте, ки графиксоз буда, барои дар коғаз ва лӯлаҳои полиэтиленӣ нақш намудани тасвири расм, навиштаҷот ва графику нақшаҳои компютерӣ хизмат мерасонад чӣ ном дорад?
A) плоттер; B) сафҳакалид; C) модем; D) сканер;
10. Кадом таҷҳизот барои дар экран хориҷкунии иттилооти матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад?
A) монитор; B) сафҳакалид; C) муш; D) чопгар;
11. Кадом таҷҳизоти графиксоз барои ба компютер дохил кардани тасвири эҷодшудаистода хизмат мерасонад?
A) птоттер; B) дигитайзер; C) фотокамераи рақамӣ; D) сканер;
12. Таҷҳизоте, ки барои дар вақти воқеӣ(онлайн) ба қайд гирифтани тасвир ва ба шабакаи Интернет интиқол додани он пешбинӣ шудааст чӣ ном дорад?
A) птоттер; B) дигитайзер; C) вебкамера; D) сканер;
13. Таҷҳизоти дохилкунии иттилоотро муайян намоед?
A) монитор; B) проектор; C) сафҳакалид; D) чопгар;
14. Амалиёти асоситарини бо ёрии муш анҷомёбанда:
A)ба кор омодасозии компютер; B) пайвастшави ба интернет; C) интихоби объект, иҷрои амалиёт, ҷойивазкунии объектҳо; D) танзими нишондодҳои монитор;
15.Воситаҳои нигаҳдорӣ ва сабти иттилоотро чӣ ном мебаранд?
A) барандагони иттилоот; B) сафҳакалид; C) шабака; D) интернет;
16. Барандаи электронии иттилоотро муайян намоед.
A) дафтар ва китоб; B) сафҳакалид; C) дискҳо ва флэшкортҳо; D) китоб ва модем;
17.Маҷмӯи барномаҳои махсуси идоракунии сахтафзор, нармафзор ва дархостҳои истифодабарандаи компютер чӣ номида мешавад?
A) системаи амалиётӣ; B) системаи муодилаҳо; C) абаркомпютер;
D) интернет;
18. Кадом таъминоти барномавӣ ситемаи амалётӣ ба ҳисоб меравад?
A) Microsoft Office; B) Microsoft Windows, Linux; C) Adobe Photoshop; D) CorelDRAW;
19. Системаи амалиётии ... озодасос буда, дорои гунаҳои хеле зиёд – Debian, RedHat, SuSE, Mandrake, Knoppix мебошад.
A) Android; B) Linux; C) Mac OS X; D) Microsoft Windows;
20. Системаи амалиётии Linux аз тарафи кадом донишҷӯи донишгоҳи Хелсинки (Финляндия) сохта шудааст?
A) Билл Гейтс; B) Линус Торвалд; C) Кен Томпсон; D) Деннис Ритчи;
21. Муҳити графикие, ки дар он объектҳо ва ҷузъҳои идоракунии системаи амалиётии инъикос карда мешаванд чӣ номида мешавад?
A) мизи корӣ; B) парванда; C) ҷузвдон; D) нетбук;
22. Мизи корӣ аз чанд қисми асосӣ иборат аст?
A) компютер ва шабака; B) майдони корӣ ва лавҳаи масъалаҳо; C) сабад ва лавҳаи идорӣ; D) менюи оғоз;
23. Кадом ҷузвдони системавӣ, дар худ дискҳо ва дигар таҷҳизотҳо, ки ба ин компютер пайваст гардидаанд нишон медиҳад?
A) монитор; B) сахтафзор; C) USB-бандар; D) компютер;
24. Кадом ҷузвдони системавӣ, барои мувақатан нигоҳдории парванда ва ҷузвдонҳое, ки ҳазф шудаанд истифода бурда мешавад?
A) сабад; B) компютер; C) лавҳаи идорӣ; D) шабака;
25. Пайдарпайии номдори байтҳо ... мебошад.
A) парванда; B) ҷузвдон; C) компютер; D) принтер;
1. Тарзи ташаккули байтии додаҳоро чӣ мегӯянд?
A) системаи амалиётӣ; B) формати парванда; C) компютер; D) принтер
2. Парванда маҳсули барнома буда, барнома–маҳсули кӣ мебошад?
A) донишманд; B) олим; C) барномасоз; D) муҳосиб;
3. Номи парванда аз чанд ду қисм иборат аст?
A) асосӣ ва махфӣ; B) асосӣ ва иловагӣ; C) иловагӣ ва рамзбандишуда; D) рамзбандишуда;
4. Қисми асосӣ ва иловагии номи парванда дар системаи амалиётии MS Windows аз чанд аломат зиёд буда наметавонад?
A) асосӣ аз 32 ва иловагӣ аз 4; B) асосӣ аз 64 ва иловагӣ аз 4; C) асосӣ аз 128 ва иловагӣ аз 3;
D) асосӣ аз 252 ва иловагӣ аз 4;
5. Соҳаи номдори барандаи компютерии иттилоот, ки дар он ягон миқдор иттилооти навъи муайян ҳифз (сабт) гардидааст чӣ номида мешавад?
A) парванда; B) ҷузвдон; C) интернет; D) принтер;
6. Объекти махсуси парвандаӣ ки, барои нигоҳ доштани зерҷузвдонҳо ва парвандаҳо пешбинӣ шудааст чӣ номида мешавад?
A) ҷузвдон; B) сканер; В) чопгар; D) системаи амалиётӣ;
7. Ҷузвдонҳои компютериро ба чанд гурӯҳи калон ҷудо кардан мумкин аст?
A) асосӣ ва махфӣ; B) системавӣ ва хусусии истифодабарандагон; C) иловагӣ ва рамзбандишуда; D) рамзбандишуда;
8. Системаи нигаҳдории ҷузвдонҳо ва парвандаҳоро дар хотираи компютерро чӣ меноманд?
A) сохтори парвандаӣ; B) ҷузвдони махфӣ; C) интернет; D) принтер;
9. Қисми иловагии номи парвандаҳои барномавӣ ва иҷрошаванда чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) txt, doc, docx; D) xls, xlsx;
10. Қисми иловагии номи парвандаҳои системавӣ ва китобхонавӣ чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) txt, doc, docx; D) xls, xlsx;
11. Қисми иловагии номи парвандаҳои матнӣ чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) txt; D) xls, xlsx;
12. Қисми иловагии номи парвандаҳои бо ёрии виростори MSWord сохташуда чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) doc, docx; D) xls, xlsx;
13. Қисми иловагии номи парвандаҳои бо ёрии ҷадвали электронии MS Excel сохташуда бо ёрии виростори MSWord сохташуда чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) doc, docx; D) xls, xlsx;
14. Қисми иловагии номи парвандаҳои графикӣ (расмҳо, тасвирҳо) чӣ гуна аст?
A) jpg, tif, bmp, gif, png; B) sys, dll; C) doc, docx; D) xls, xlsx;
15. Қисми иловагии номи парвандаҳои видеоӣ (филмҳо, роликҳо) чӣ гуна аст?
A) jpg, tif, bmp, gif, png; B) avi, mov, wmv, mkv; C) doc, docx; D) xls, xlsx;
16. Қисми иловагии номи парвандаҳои садоӣ (композитсияҳои мусиқӣ, сурудҳо) чӣ гуна аст?
A) jpg, tif, bmp, gif, png; B) avi, mov, wmv, mkv; C) mp3, wav, wma; D) xls, xlsx;
17. Тасвири графикии объекти системаи амалиётӣ ки, шакли ғуншудаи равзанаи онро ифода менамояд чӣ номида мешавад?
A) равзана; B) нишона; C) тамға; D) барнома;
18. Ҷузъи графикии системаи амалиётӣ, ки барои ҳифз намудани суроғаи объекти компютерӣ пешбинӣ шудааст чӣ номида мешавад?
A) равзана; B) нишона; C) тамға; D) барнома;
19. Ба тугмаҳои мудирияти курсор кадомҳо дохил мешаванд?
A) F1, F2, … , F12; B) ß,à,á,â, Home, End, PgUp, PgDn; C) Delete, Backspace, Enter, Esc, PrtSc, Ctrl, Alt, Shift; D) Блоки рақамии махсус;
20. Ба тугмаҳои ёрирасон ва махсус кадомҳо дохил мешаванд?
A) F1, F2, … , F12; B) ß,à,á,â, Home, End, PgUp, PgDn; C) Delete, Backspace, Enter, Esc, PrtSc, Ctrl, Alt, Shift; D) Блоки рақамии махсус;
21. Барои чопи иттилооти ҷории экран ё нусхабардории иттилооти мавҷудаи экран ва ба буфери мубодила равон кардани он кадом тугмача хизмат мерасонад?
A) Enter; B) Esc; C) Prtsc/PrintScreen; D) Shift;
22. Вазифаи лағви иҷройиши фармон, амалиёт ё тарки реҷаи ҷории барномаро кадом тугмача иҷро мекунад?
A) Enter; B) Esc; C) Prtsc/PrintScreen; D) Shift;
23. Нишонае, ки дар экран ба воситаи он мавқеи амалиётгузаронӣ муайян карда мешавад … номида мешавад.
A) абзатс; B) ҳуруф; C) курсор; D) форматбандӣ;
24. Барномае, ки бо ёрии он санади матнӣ сохта мешавад чӣ ном дорад?
A) виростори матнӣ; B) ҷадвали электронӣ; C) виростори графикӣ; D) виростори намойишсоз;
25. Номи системаи амалиётии Windows аз номи объекти асоситарини он ... гирифта шудааст.
A) диски сахт; B) хотира ; C) меню; D) равзана;
Скачано с www.znanio.ru
Материалы на данной страницы взяты из открытых источников либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.