САВОЛҲОИ ТЕСТӢ АЗ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ СИНФҲОИ 6
Чоряки 1.
1. Пойгоҳи барномавии муҳимтарин парвандаҳои системаи амалиётиро
чӣ меноманд?
A) ҷузвдони системавӣ; B) сахтафзор; C) USB-бандар; D) суперкомпютер;
2. Кадом ҷузвдони системавӣ, дар худ дискҳо ва дигар таҷҳизотҳо, ки ба ин компютер пайваст гардидаанд нишон медиҳад?
A) монитор; B) сахтафзор; C) USB-бандар; D) компютер;
3. Кадом ҷузвдони системавӣ, барои мувақатан нигоҳдории парванда ва ҷузвдонҳое, ки ҳазф шудаанд истифода бурда мешавад?
A) сабад; B) компютер; C) лавҳаи идорӣ; D) шабака;
4. Вобаста ба гунаи системаи амалиётӣ ҷузвдони «Сабад» кадом номҳои системавӣ дошта метавонад?
A) desktop; B) control panel; C) recycled, recycler ё recycle.bin; D) network;
5. Объектҳои ҳазфшударо аз ҷузвдони «Сабад» ба осонӣ ба ҷойҳои қаблиашон аз нав барқарор кардан имконпазир аст?
A) ҳа; B) не; C) танҳо дар Windows 7; D) танҳо дар Windows 10;
6. Объектҳои ҳазфшуда ба мисли пешин дар диски винчестер фазои муайян (ҷойи ишғолкардаашон)-ро банд менамоянд?
A) не; B) ҳа; C) танҳо дар Windows 8; D) танҳо дар Windows 10;
7. Барои сохтани шабакаи компютерии маҳаллӣ ба ҳар як таҷҳизоти шабакавӣ тақдим кардани чӣ лозим аст?
A) мушак; B) сафҳакалид; C) барномаи зиддивирусӣ; D) IP-суроға;
8. Агар функсияи дастрасӣ ба интиқоли иттилоот кушода бошад, он гоҳ муҳити шабакавӣ имконияти мубодилаи иттилоотро байни компютерҳо фароҳам меорад?
A) ҳа; B) не; C) танҳо дар Windows 8; D) танҳо дар Windows 10;
9. Кадом гурӯҳи барномаҳо ҳангоми насби системаи амалиётӣ ба таври худкор дар компютер насб мегарданд?
A) барномаҳои истифодабаранда; B) барномаҳои Microsoft Office; C) барномаҳои хидматӣ;
D) барномаҳои OpenOfficeOrg;
10. Кадом гурӯҳи барномаҳо ба таври худкор худашон дар компютер насб мегарданд ва ҳангоми ба кор шурӯъ кардани компютер, ба хотираи фаврии он кӯчида, «зери парда» фаъолият менамоянд?
A) барномаҳои истифодабаранда; B) барномаҳои Microsoft Office; C) барномаҳои системавӣ;
D) барномаҳои OpenOfficeOrg;
11. Барнома аз парванда, қабл аз ҳама, бо чӣ фарқ мекунад?
A) бо зудкориаш; B) аз миқдори иттилооташ; C) барнома аз парванда фарқ надорад; D) бо қисми иловагии номаш;
12. Парванда маҳсули барнома буда, барнома–маҳсули кӣ мебошад?
A) донишманд; B) олим; C) барномасоз; D) муҳосиб;
13. Барои иҷрои барномаҳо дар компютер, матни тайёри онҳо аз тарафи протсессор ба чӣ табдил дода мешаванд?
A) рамзҳои интернетӣ; B) рамзҳои номуайян; C) рамзҳои махфӣ; D) рамзҳои мошинӣ;
14. Раванди таҳияи барномаҳои идоракунии компютер, ки барои ҳалли масъалаҳои гуногуни иттилоотӣ равона гардидааст чӣ номида мешавад?
A) монитор; B) сахтафзор; C) барномарезӣ; D) микропротсессор;
15. Агар забонҳои табиӣ барои гуфтугӯ ва табодули андешаҳои байни одамон хизмат намоянд, пас забонҳои барномасозӣ барои чӣ пешбинӣ шудаанд?
A) таъмини қувваи барқ; B) идоракунии компютер; C) фурӯши компютер; D) танҳо барои сохтани бозиҳои компютерӣ;
16. Кадом забони барномасозӣ, бидуни восита аз тарафи компютер иҷро карда мешавад ва он аз пайдарпайии рамзҳои дуӣ иборат аст?
A) забони Pascal; B) забони англисӣ; C) забони мошинӣ; D) забони С++;
17. Забонҳои барномасозии таҳияи вебсафҳаҳоро муайян намоед.
A) забони Pascal; B) забони Бейсик; C) забони мошинӣ; D) НТМL, JavaScript;
18. Аввалин барномасози ҷаҳон, ки ба ҳисоб меравад?
A) Ҷорҷ Байрон; B) Ада Аугуста Лавлейс; C) Чарлз Беббиҷ; D) Паскал Блез;
19. Кадом ҷузвдони системавӣ барои дастраси ба компютерҳо ва таҷҳизотҳо дар шабака хизмат мераcнонад?
A) сабад; B) компютер; C) лавҳаи идорӣ; D) шабака;
20. Кадом ҷузвдони системавӣ барои тағйир додани нишондодҳо, ва ҷурсозии имкониятҳои функсионалии компютер хизмат мерасонад?
A) сабад; B) компютер; C) лавҳаи идорӣ; D) шабака;
21. Барномаи начандон калони таркиби системаи амалиётӣ, ки барои танзим намудани ягон параметри мушаххаси компютер пешбинӣ шудааст, чӣ меноманд?
A) утилит; B) барномаи Paint; C) хадамоти захирасози абрӣ; D) барномаи WordPad;
22. Кадом ҷузвдони системавӣ, тасвири графикии компютерҳоеро инъикос менамояд, ки онҳо бо ёрии шабакаи маҳаллӣ бо ҳамдигар пайваст карда шудаанд?
A) Windows; B) сабад; C) компютер; D) муҳити шабакавӣ;
23. Маҷмӯи дастурҳо ва додаҳое, ки сахтафзори компютериро ба ҳисобкунӣ ё идоракунии чузъи мушаххаси система ҳидоят менамояд чӣ номида мешавад?
A) барномаи компютерӣ; B) сафҳакалид; C) тахтаи электронӣ; D) блоки системавӣ;
24. Маҷмӯи барномаҳои дар компютер истифодашавандаро таъминоти барномавӣ
ё ... меноманд.
A) интернет; B) сахтафзор; C) нармафзор; D) ноутбук;
25. Тарзи иҷрои пайдарпайи амалҳое, ки ҳалли масъаларо таъмин менамояд ... меноманд.
A) браузер; B) компютер; C) интернет; D) алгоритм;
Чоряки 2.
1. Системаи ... таъминоти барномавии компютер буда, барои коркард, таҳрир ва иҷрои барномаҳое пешбинӣ шудааст, ки онҳо бо ёрии забони барномасозии муайян навишта шудаанд.
A) муодилаҳо; B) барномарезӣ; C) иттилоотӣ; D) геоиттилотӣ;
2. Кадом барномаи стандартии СА Windows, барои сохтан ва таҳрири тасвирҳо хизмат мерасонад?
A) Internet Explorer; B) Paint; C) WordPad; D) Дафтари ёддошт (NotePad);
3. Кадом барномаи стандартии СА Windows, барои сохтан ва таҳрири парвандаҳои матнӣ бо формати мураккаб хизмат мекунад?
A) Internet Explorer; B) Paint; C) WordPad; D) Дафтари ёддошт (NotePad);
4. Кадом барномаи стандартии СА Windows, барои сохтан ва таҳрири парвандаҳои матнӣ бо формати оддӣ, хизмат мекунад?
A) Internet Explorer; B) Paint; C) WordPad; D) Дафтари ёддошт (NotePad);
5. Кадом барномаи стандартии СА Windows барои ҷустуҷӯ, инъикоси иттилоот ва веб-сайтҳо дар Интренет хизмат мекунад?
A) Internet Explorer; B) Paint; C) WordPad; D) Дафтари ёддошт (NotePad);
6. Кадом барномаи стандартии СА Windows, барои шунидан, тамошо кардан ва корбарӣ бо парвандаҳои садоӣ ва видеоӣ хизмат мекунад?
A) Internet Explorer; B) Paint; C) WordPad; D) Дастгоҳи навозиши Windows Media;
7. Кадом барномаи хидматии СА Windows, барои кушодани барномаҳо, ҷузвдонҳо ва веб-сайт, хизмат мекунад?
A) Иҷро кардан(Выполнить); B) Муназзими масъалаҳо(Диспечер задач); C) Муҳофизи Windows(Защитник Windows); D) Сатри амрӣ(Командная строка);
8. Кадом барномаи хидматии СА Windows, барои иҷро намудани дастурҳои компютерӣ бо тарзи корбарии системаи амалиётии MS DOS хизмат мекунад?
A) Иҷро кардан(Выполнить); B) Муназзими масъалаҳо(Диспечер задач); C) Муҳофизи Windows(Защитник Windows); D) Сатри амрӣ(Командная строка);
9. Маҷмӯи барномаҳоеро, ки барои ҳалли масъалаҳои амалӣ пешбинӣ шудаанд, ... меноманд.
A) барномаҳои татбиқӣ; B) барномаҳои системавӣ; C) забонҳои барномасозӣ D) компютери фардӣ;
10. Ба барномаҳои системавӣ чӣ дохил мешавад?
A) виросторони матнӣ, графикӣ; B) ҷадвалҳои электронӣ, системаҳои идоракунии пойгоҳи додаҳо; C) системаҳои амалиётӣ, барномаҳои хидматӣ (утилитҳо), барномаҳои зиддивирусӣ, трансляторҳо; D) виросторони матнӣ, графикӣ, рӯнамоӣ;
11. Дар системаи амалиётии Windows 10 ба ҷойи Internet Explorer кадом браузери наву тавоно насб гардиааст?
A) NotePad; B) Microsoft Edge; C) WordPad D) Paint;
12. Кадом барномаи стандартии Windows, барои ҷудо кардан, дар шакли парванда нигоҳ доштан ва дар дигар барномаҳо истифода бурдани тасвири қитъаи дилхоҳи экрани (скриншот – screenshot) компютер хизмат мерасонад?
A) NotePad; B) Microsoft Edge; C) Лавҳаи математикӣ; D) Қайчӣ;
13. Кадом барномаи стандартии Windows барои аз планшет ё бо ёрии муш ворид кардани ифодаҳои математикӣ ва шинохти ин гуна ифодаҳо хизмат мерасонад?
A) NotePad; B) Microsoft Edge; C) Лавҳаи математикӣ; D) Қайчӣ;
14. Афзорҳои ҷузвдони «Лавҳаи идорӣ” кадомҳоянд?
A) NotePad; Microsoft Edge; B) Лавҳаи математикӣ, Қайчӣ; C) Система ва амният, Шабака ва Интернет, Таҷҳизот ва садо, Барномаҳо; D) Internet Explorer, Paint, WordPad, Дастгоҳи навозиши Windows Media;
15. Калимаи «компютер» аз 8 ҳарф иборат аст. Барои як ҳарф як байт хотираи компютер ҷудо карда мешавад. Калимаи «компютер» чанд бит иттилоот дорад?
A) 16 Бит; B) 32 Бит; C) 64 Бит; D) 128 Бит;
16. Ғунҷоиши диски сахти компютер 1 Тбайтро ташкил медиҳад. Чӣ қадар парвандаи андозаи ҳар якеаш 512 Гбайтро дар чунин диски сахт сабт кардан мумкин аст?
A) 2-парванда; B) 4-парванда; C) 6-парванда; D) 8-парванда;
17. Нақли хаттии 2 саҳифаи 32-сатраро ташкил дода, дар ҳар як сатраш 128 аломат ҷой дода шудааст. Андозаи иттилооти нақли хаттиро бо Кбайт ҳисоб кунед.
A) 2 Кбайт; B) 4 Кбайт; C) 8 Кбайт; D) 16 Кбайт;
18. Рӯнамои барномаи Microsoft Office Power Point, 2 слайдро ташкил дода, ҳар як слайди он 8 сатр ва ҳар як сатраш 128 аломат дорад. Муайян намоед, ки дар рӯнамо чанд Кбайт иттилоот мавҷуд аст?
A) 2 Кбайт; B) 4 Кбайт; C) 8 Кбайт; D) 16 Кбайт;
19. Ҳангоми тамошои филм кадом намуди иттилоот гирифта мешавад?
A) матнӣ; B) савтӣ; C) дӯӣ; D) даҳӣ;
20. Кадом намуди иттилоот дар шакли графикӣ пешниҳод шудааст?
A) андозаи китоб; B) акси компютер; C) рамзи барномавӣ; D) иншо дар васфи ватан;
21. Кадом намуди иттилоот садоӣ ба ҳисоб меравад?
A) андозаи китоб; B) акси компютер; C) рамзи барномавӣ; D) нақли омӯзгор;
22. Чандрасона чӣ маъно дорад?
A) интернет; B) муҳитҳои бисёр; C) муошират бо смартфон; D) шабака;
23. Кадоме аз барномаҳои зерин чандрасонаӣ мебошад?
A) KMPlayer B) сафҳакалид; C) монитор; D) барномаи WordPad;
24. Технологияи чандрасонаӣ чист?
A) Истифодаи барномаи NotePad дар Google; B) Истифодаи сафҳакалид ҳангоми ҳуруфчинӣ; C) муҳити корбарие, ки тавассути он якбора намудҳои гуногуни иттилоот кор карда баромада мешаванд; D) истифодаи барномаи WordPad дар андроид;
25. Афзорҳои ҷузвдони «Лавҳаи идорӣ” кадомҳоянд?
A) NotePad; Microsoft Edge; B) Қайдҳои истифодабарандагон, Ороиш ва фардикунонӣ, Вақт, забон ва минтақа; C) Лавҳаи математикӣ, Қайчӣ; D) Internet Explorer, Paint, WordPad, Дастгоҳи навозиши Windows Media;
Чоряки 3.
1. Кадом навъи иттилоотро иттилооти графикӣ меноманд?
A) маълумоте, ки дар шакли нақша, ангора, тасвир, график, диаграмма, аломат пешниҳод шудааст; B) маълумоте, ки дар шакли адади даҳӣ пешниҳод шудааст; C) маълумоте, ки ҳамчун матн дар экрани компютер нишон дода мешавад; D) маълумоте, ки дар шакли адади дӯӣ пешниҳод шудааст;
2. Ҳангоми ёфтани решаи муодилаи хаттии якномаълума кадом намуди иттилоот ҳосил мешавад?
A) матнӣ; B) садоӣ; C) ададӣ; D) графикӣ;
3. Ҳангоми истифодаи баландгӯяк кадом намуди иттилоот хориҷ мешавад?
A) матнӣ; B) садоӣ; C) ададӣ; D) графикӣ;
4. Таърифи зерин ба кадом истилоҳ дахл дорад:
Маълумоти нав дар бораи ягон ашёи муҳити атроф, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар бораи хосиятҳои ҳамон ашё кам менамояд.
A) иттилоот; B) технология; C) дониш; D) компютер;
5. Иттилооти графикӣ яке аз намудҳои иттилоотӣ ... ба ҳисоб меравад.
A) визуалӣ; B) садоӣ; C) матнӣ; D) ададӣ;
6. Дар формати растрии графиксозӣ андозаи тасвири дар экран инъикосшаванда ҳам аз рӯйи самти уфуқӣ (аз чап ба рост) ва ҳам амудӣ (аз боло ба поён) ба росткунҷачаҳои хеле хурди ... номидашаванда тақсим карда мешавад.
A) росткунҷа B) давра; C) монитор; D) пиксел;
7. Дар формати вектории графиксозӣ бошад, тасвир бо истифода ... аз тавассути шаклҳои одии геометрӣ сохта мешавад.
A) монитор B) экран; C) формулаҳои математикӣ; D) пиксел;
8. Виростори графикии растриро муайян намоед:
A) Corel Draw, Adobe Illustrator; B) MS Paint, Microsoft Photo Editor, Adobe Photo Shop; C) Microsoft Word; D) Microsoft Excel;
9. Виростори графикии векториро муайян намоед:
A) Corel Draw, Adobe Illustrator; B) MS Paint, Microsoft Photo Editor, Adobe Photo Shop; C) Microsoft Word; D) Microsoft Excel;
10. Виростори графикии сеченакаро муайян намоед:
A) Fractal Design Painter, Fractal Design Expression, Micrografx Picture Publisher; B) MS Paint; C) Microsoft Word; D) Microsoft Excel, Microsoft Word, Microsoft Power Point;
11. Пиксел абревиатураи кадом калимаҳо мебошад?
A) electronic; B) modulator; C) picture element; D) interconnected networks;
12. Барномаи Paint барои коркарди тасвирҳои нуқтавии кадом форматҳо пешбинӣ шудааст.
A) txt, docx, rtf, html; B) bmp, jpeg, gif, tiff, png; C) ksp, xlsx, psd, cdr; D) pptx, accdb;
13. Аз зеринҳо кадомаш дар виростори Paint амал аст?
A) давра; B) гузоштан; C) палитра; D) қалам;
14. Объектеро нишон диҳед, ки ҷузъи блоки шаклҳои тасмаи абзори виростори Paint бошад.
A) росткунҷа; B) мӯқалам; C) рангпуркунак; D) хатпоккунак;
15. Амалиёти асосии виростори графикии Paint инҳоянд:
A) хат, давра, росткунҷа; B) қалам, мӯқалам, хатпоккунак; C) палитраи рангҳо;
D) ҷудокунӣ, нусхабардорӣ, гузоштан;
16. Абзори виростори графикии Paint инҳоянд:
A) хат, давра, росткунҷа; B) ҷудокунӣ, нусхабардорӣ, гузоштан; C) қалам, мӯқалам, хатпоккунак; D) палитраи рангҳо;
17. Барои нигаҳдории тасвири 256-ранга, ба ҳар як рамзи рангаи пиксел … хотира ҷудо карда мешавад.
A) 2 Мбайт; B) 4 Гбайт; C) 1024 бит; D) 1 байт;
18. Ҳангоми тағйирдиҳии андозаи тасвир, деформатсия шудани он – яке аз норасоиҳои … мебошад.
A) графикаи векторӣ; B) графикаи растрӣ; С) графикаи фракталӣ;
D) гpaфикaҳoи растрӣ ва векторӣ;
19. Объектеро нишон диҳед, ки ҷузъи блоки шаклҳои тасмаи абзори виростори Paint бошад.
A) мӯқалам; B) рангпуркунак; C) хати рост; D) хатпокунак;
20. Объектеро нишон диҳед, ки афзори виростори Paint бошад.
A) мусаввара; B) хати каҷ; C) гузоштан; D) қалам;
21. Примитивҳои виростори графикӣ инҳоянд:
A) шаклҳои одитарине, ки бо ёрии афзорҳои махсуси виростор сохта мешаванд; B) амалҳое, ки бо парвандаҳои графикӣ гузаронида мешаванд; C) муҳити виростори графикӣ; D) peҷaҳoи кори виростори графикӣ;
22. Ҳангоми истифодаи барномаи Paint корбар асосан бо кадом намуди иттилоот кор мекунад?
A) ададӣ; B) графикӣ; C) матнӣ; D) садоӣ;
23. Афзорҳо, рангҳои палитра, майдони корӣ ва менюи барномаи виростори графикӣ чиро ташкил медиҳанд?
A) маҷмӯи пурраи примитивҳои графикӣ; B) муҳити корӣ; C) номгӯи реҷаҳои корӣ; D) маҷмӯи дастурҳо;
24. Иттилооти графикӣ дар парвандаи қисми иловагии номаш ... нигоҳ дошта мешавад.
A) rtf; B) avi; C) bmp; D) mp3;
25. Яке аз вазифаҳои асосии виростори графикӣ ... мебошад.
A) воридоти тасвир; B) нигаҳдории рамзи тасвир; C) сохтани тасвир; D) азназаргузаронӣ ва содироти дарунмояи видеохотира.
Чоряки 4.
1. Тӯри пикселии экран чӣ номида мешавад?
A) диски сахт; B) видеоадаптер; C) растр; D) микропротсессор;
2. Тасдиқоти нодурустро муайян кунед.
A) Paint виростори графикӣ аст; B) Adobe Photoshop виростори графикаи растрӣ аст; C) Corel Draw виростори графикаи векторӣ аст ; D) WordPad виростори графикӣ аст;
3. Тасвирҳое, ки ба воситаи виросторҳои графикӣ сохта мешаванд ё бо истифода аз сканер аксбардорӣ мегарданд, бо чӣ чен карда мешаванд?
A) CMYK; B) dpi; C) RGB; D) HSB;
4. Тарзи тақсим кардани рангҳоро ба компонентҳои асосӣ … меноманд.
A) амиқии ранг; B) монитор; C) амсилаи рангӣ; D) сплайн;
5.Муҳити амалие, ки барои таҳия ва таҳрири тасвирҳои графикӣ пешбинӣ шудааст ... меноманд.
A) Виростори матнӣ; B) Виростори графикӣ; C) Виростори рӯнамосоз;
D) браузер;
6. Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода мешавад, … меноманд.
A) амиқии ранг; B) монитор; C) амсилаи рангӣ; D) сплайн;
7.Дар графиксозии компютерӣ чанд амсилаи рангӣ истифода бурда мешавад?
A) RGB, CMYK, HSB; B) BASIC; C) BIOS; D) PС;
8. Аз кадом амсилаи рангӣ бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд?
A) RGB; B) CMYK; C) HSB; D) PС;
9. Аз кадом амсилаи рангӣ вақте истифода мебаранд, ки агар тасвирро дар коғаз чоп кардан (рангсозиҳои типографӣ) лозим бошад?
A) RGB; B) CMYK; C) HSB; D) PС;
10. Кадом амсилаи рангӣ тамоюли зеҳнӣ дорад, яъне он барои рушди истеъдод равона гардидааст?
A) RGB; B) CMYK; C) HSB; D) PС;
11. Калимаи «иттилоот» аз кадом забон ба забони тоҷикӣ ворид шуда, ҳоло ба мафҳум табдил ёфтааст?
A) англисӣ; B) арабӣ; C) фаронсавӣ; D) лотинӣ;
12. Мафҳуми иттилоот бештар ба кадом мафҳуми байналмилалӣ наздик аст?
A) компютер; B) технология; C) интернет; D) информатсия;
13. Маълумоти нав дар бораи ягон ашёи муҳити атроф, ки коҳишдиҳандаи сатҳи номуайянии дониш доир ба хосиятҳои ҳамон ашё мебошад чӣ номида мешавад?
A) иттилоот; B) технология; C) дониш; D) компютер;
14.Мафҳуми иттилоот пеш аз ҳама бо амалҳои дарёфт, қабул, ғункунӣ, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, сабт, ирсол ва истифода алоқаманд аст, ки маҷмӯи ин амалҳоро чӣ мегӯянд?
A) системаи ҳисоб; B) системаи муодилаҳо; C) равандҳои иттилоотӣ; D) системаи компютерӣ
15. Маҷмӯи додаҳои рақамӣ, ки ифодагари тавсифҳои миқдории объектҳои муҳити атроф мебошад чӣ номида мешавад?
A) иттилооти ададӣ; B) системаи муодилаҳо; C) технология; D) системаи компютерӣ;
16. Аввалин арифмометрро соли 1642 кадом олими фаронсавӣ, ихтироъ намудааст, ки он бо ададҳои даҳӣ амалҳои ҷамъ ва тарҳро иҷро карда метавонист?
A) Паскал Блез; B) Чарлз Беббиҷ; C) Жозеф Жаккар; D) Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс;
17. Соли 1694 олими немис ... арифмометре сохтааст, ки он на танҳо иҷрои чор амали арифметикӣ, балки аз решаи квадратӣ низ ададҳоро бароварда метавонист.
A) Паскал Блез; B) Чарлз Беббиҷ; C) Жозеф Жаккар; D) Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс;
A) интернет; B) компютер; C) иттилоот; D) системаи амалиётӣ;
18. Аввалин компютери дар асоси принсипи Ҷон фон Нейман амалкунандаро бо номи «EDSAC» соли 1949 дар Англия кӣ ихтироъ намудааст?
A) Морис Уилкс; B) Роберт Нойс; C) Ҷек Килби; D) Ҷон Мочли;
19. Аввалин компютер дар ИМА бо номи чӣ сохта шуд?
A) PDP; B) EDSAC; C) ENIAC; D) CRAY-1;
20. Барномаи VisiCalc соли 1978 аз тарафи Даниэл Бриклин ва Боб Фрэнкстон барои кадом компютерҳои фардӣ сохта шудааст?
A) PDP; B) EDSAC; C) ENIAC; D) Apple II;
21. Низомҳои рамзиеро, ки барои тасвир намудани ададҳо пешбинӣ шудаанд, ... мегӯянд.
A) системаи ҳисоб; B) системаи муодилаҳо; C) системаи барномарезӣ; D) системаи компютерӣ;
22.Алифбои рақамҳои системаи ҳисоби дуӣ аз чанд рақам иборат аст?
A) 0,1; B) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7; C) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; D) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, А(10), В(11), С(12), D(13), E(14), F(15);
23.Алифбои рақамҳои системаи ҳисоби ҳаштӣ аз чанд рақам иборат аст?
A) 0,1; B) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7; C) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; D) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, А(10), В(11), С(12), D(13), E(14), F(15);
24.Алифбои рақамҳои системаи ҳисоби даҳӣ аз чанд рақам иборат аст?
A) 0,1; B) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7; C) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; D) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, А(10), В(11), С(12), D(13), E(14), F(15);
25.Алифбои рақамҳои системаи ҳисоби шонздаҳӣ аз чанд рақам иборат аст?
A) 0,1; B) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7; C) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; D) 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, А(10), В(11), С(12), D(13), E(14), F(15);
Скачано с www.znanio.ru
Материалы на данной страницы взяты из открытых источников либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.