САВОЛҲОИ ТЕСТӢ АЗ ФАННИ
ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ СИНФҲОИ 7
Чоряки 1.
1. Кадом илм доир ба хосиятҳои иттилоот ва қонуниятҳои равандҳои иттилоотӣ баҳс мекунад.
A) физика; B) математика; C) информатика; D) кибернетика;
2. Ҳангоми тамошои филм кадом намуди иттилоот гирифта мешавад?
A) матнӣ; B) савтӣ; C) дӯӣ; D) даҳӣ;
3. Кадом намуди иттилоот дар шакли графикӣ пешниҳод шудааст?
A) андозаи китоб; B) акси компютер; C) рамзи барномавӣ; D) иншо дар васфи ватан;
4. Кадом намуди иттилоот садоӣ ба ҳисоб меравад?
A) андозаи китоб; B) акси компютер; C) рамзи барномавӣ; D) нақли омӯзгор;
5. Ҳангоми ёфтани решаи муодилаи хаттии якномаълума кадом намуди иттилоот ҳосил мешавад?
A) матнӣ; B) садоӣ; C) ададӣ; D) графикӣ;
6. Ҳангоми истифодаи баландгӯяк кадом намуди иттилоот хориҷ мешавад?
A) матнӣ; B) садоӣ; C) ададӣ; D) графикӣ;
7. Кадом сол математики 19-солаи франсавӣ Блез Паскал (1623-1662) дар ҷаҳон аввалин шуда мошини ҳисоббарории механикиро ихтироъ намуд, ки он бо ададҳои даҳӣ амалҳои ҷамъ ва тарҳро иҷро карда метавонист?
A) Соли 1641; B) Соли 1642; C) Соли 1639; D) Соли 1638;
8. Соли 1694 математики барҷастаи немис ... мошини ҳисоббарорие сохт, ки он на танҳо иҷрои чор амали арифметикӣ, балки аз решаи квадратӣ низ ададҳоро бароварда метавонист.
A) Паскал Блез; B) Чарлз Беббиҷ; C) Жозеф Жаккар; D) Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс;
9. Маҳз ... барои мошини Беббиҷ барномаҳои аввалинро сохтааст ва ӯро бешубҳа барномасози аввалини ҷаҳон ном бурдан мумкин аст.
A) Паскал Блез; B) Чарлз Беббиҷ; C) Огаста Ада Лавлейс; D) Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс;
10. Соли 1937 профессори университети Айоваи ИМА – булғор ... ба сохтани мошини ҳисоббарорие сар кард, ки он барои ҳалли масъалаҳои физикаи математикӣ пешбинӣ шуда буд.
A) Паскал Блез; B) Чарлз Беббиҷ; C) Огаста Ада Лавлейс; D) Ҷон Атанасов;
11. Компютерҳои IBM PC аз қисмҳои асосии зерин иборат мебошанд:
A) Блоки системавӣ, монитор, сафҳакалид, проектор; B) Блоки системавӣ, монитор, проектор ва тахтаи электронӣ; C) Блоки системавӣ, монитор, сафҳакалид, муш ва принтер; D) Блоки системавӣ, монитор, сафҳакалид, тахтаи электронӣ;
12. Дар мамлакатҳои ғарб, махсусан мамлакатҳои англис-забон, ба ҷойи мафҳуми «информатика» мафҳуми … мавриди истифода қарор гирифтааст.
A) computer science; B) technology; C) netbook; D) notebook
13. Кадом тасдиқот нодуруст аст?
A) иттилоот метавонад савтӣ бошад; B) иттилоот наметавонад графикӣ бошад;
C) иттилоот метавонад матнӣ бошад; D) иттилоот метавонад садоӣ бошад.
14. Воҳидҳои ченаки иттилоотро бо тартиби афзуншавиашон муайян намоед.
A) Бит, байт, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Эбайт, Пбайт, Сбайт; B) Бит, байт, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Пбайт, Сбайт, Эбайт; C) Бит, байт, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Пбайт, Эбайт, Сбайт; D) Бит, байт, Кбайт, Гбайт, Мбайт, Тбайт, Пбайт, Эбайт, Сбайт;
15. Таҷҳизоте, ки тавассути иҷрои пайдарпайии дастурҳои барояш фаҳмо иттилоотро ба таври худкор аз як шакл ба шакли дигар табдил медиҳад ... меноманд.
A) интернет; B) компютер; C) иттилоот; D) системаи амалиётӣ;
16. Аввалин компютери дар асоси ақидаи Ҷон фон Нейман коркунандаро соли 1949 дар Англия ки ихтироъ намудааст?
A) Морис Уилкс; B) Роберт Нойс; C) Ҷек Килби; D) Ҷон Мочли;
17. Аввалин МЭҲ – ENIAC (1946) 30 тонна вазн дошта, зиёда аз 30 метр дарозӣ ва нархаш ба ... доллар баробар буд.
A) 2,5 миллион; B) 1,5 миллион; C) 10 миллион; D) 550 ҳазор;
18. Соли 1958 ... усули дар як тахтаи (пластинаи)нимноқилӣ ҳосил намудани якчанд транзисторро кор карда баромад.
A) Морис Уилкс; B) Роберт Нойс; C) Ҷек Килби; D) Ҷон Мочли;
19. Соли 1959 ... асосгузори ширкати Intel усули мукаммалтареро фикр кард, ки мувофиқи он дар як тахтача ҳам транзисторҳо ва ҳам пайвастагиҳои байни онҳоро сохтан мумкин буд.
A) Морис Уилкс; B) Роберт Нойс; C) Ҷек Килби; D) Ҷон Мочли;
20. Соли 1970 корманди ширкати Intel ... нақшаи интегралиеро ҳосил намуд, ки он аз рӯйи вазифаҳояш ба протсессори марказии компютерҳои калон монанд буд.
A) Морис Уилкс; B) Роберт Нойс; C) Ҷек Килби; D) Маршиан Эдвард Хофф;
21. PC мухтасари калимаҳои англисии ... мебошад, ки тарҷумааш компютери фардӣ аст.
A) Personal Corporation; B) Personal Computer; C) Personal Comact Disk;
D) Personal Control;
22. Асосгузорони ширкати Microsoft соли 1975 Пол Аллен ва Билл Гейтс барои Алтаир-8800 интерпретатори кадом забонро сохтанд, ки вай робитаи байни корбар ва компютерро хеле осон гардонид?
A) C#; B) Basic; C) C++; D) Python;
23. Соли 1965 кадом ширкат мини-компютери PDP-8-ро истеҳсол намуд, ки ҳаҷми он баробари яхдон буда, нархаш 20 ҳазор долларро ташкил медод?
A) Digital Equipment; B) Lenovo; C) Samsung; D) Apple;
24. Ҷузъи пойгоҳии насли якуми комптерҳоро чӣ ташкил медиҳад?
A) лампаҳои электронӣ; B) транзисторҳо; C) нақшаҳои интегралии калон;
D) нақшаҳои электронии аз ҳад калон;
25. Ҷузъи пойгоҳии насли дуюми комптерҳоро чӣ ташкил медиҳад?
A) лампаҳои электронӣ; B) транзисторҳо; C) нақшаҳои интегралии калон;
D) нақшаҳои электронии аз ҳад калон;
Чоряки 2.
1. Ҷузъи пойгоҳии насли сеюми комптерҳоро чӣ ташкил медиҳад?
A) лампаҳои электронӣ; B) транзисторҳо; C) нақшаҳои интегралии калон;
D) нақшаҳои электронии аз ҳад калон;
2. Ҷузъи пойгоҳии насли чоруми комптерҳоро чӣ ташкил медиҳад?
A) лампаҳои электронӣ; B) транзисторҳо; C) нақшаҳои интегралии калон;
D) нақшаҳои электронии аз ҳад калон;
3. Ғояи ба воситаи перфокортҳо ба мошин дохил кардани барномаро Беббиҷ аз кадом ихтироъкори фаронсавӣ гирифтааст?
A) Паскал Блез; B) Чарлз Беббиҷ; C) Огаста Ада Лавлейс; D) Жозеф Жаккар;
4. Экрани монитор бояд аз чашмон дар чӣ қадар масофа ҷойгир бошад?
A) на кам аз 15–20 см; B) на кам аз 20–35 см; C) на кам аз 35–45 см; D) на кам аз 65–70 см;
5. Соли 1973 ширкати Intel кадом тамғаи микропротсессори 8-битаро сохт?
A) Intel-4004; B) Intel-8008; C) Intel-8080; D) Intel-8800;
6. Аввалин компютери фардӣ кадом аст?
A) Алтаир-8800; B) Mark I; C) ENIAC; D) EDSAC;
7. Пайдарпайии дастурҳои барои компютер фаҳморо чӣ мегӯянд?
A) сахтафзор; B) интернет; C) барнома; D) модем;
8. Раванди навиштани барномаҳои компютериро чӣ мегӯянд?
A) сахтафзор; B) барномасозӣ; C) интернет; D) модем;
9. Кадом таъминоти барномавӣ ситемаи амалётӣ ба ҳисоб меравад?
A) Microsoft Office; B) Microsoft Windows, Mac OS X; C) Adobe Photoshop;
D) CorelDRAW;
10. Раванди шаклгирии тарзи муайяни тасвиркунии иттилоотро чӣ мегӯянд?
A) Microsoft Office; B) рамзбандӣ; C) Adobe Photoshop;
D) CorelDRAW;
11. Калимаи компютер дар забони тоҷикӣ чӣ маъно дорад?
A) барнома; B) рамзбандӣ C) алгоритм; D) ҳисобарор;
12. Ба экрани монитор бояд аз боло ба поён таҳти кадом кунҷ нигоҳ кунем?
A)
; B)
; C)
; D)
;
13.Нақли хаттӣ 2 саҳифаи 32-сатраро ташкил дода, дар ҳар як сатраш 128 аломат ҷой дода шудааст. Нақли хаттӣ чанд Кбайт иттилот дорад?
A) 2 Кбайт; B) 4 Кбайт; C) 8 Кбайт; D) 16 Кбайт;
14. Рӯнамои барномаи Microsoft Office Power Point, 2 слайдро ташкил дода, ҳар як слайди он 8 сатр ва ҳар як сатраш 128 аломат дорад. Муайян намоед, ки дар рӯнамо чанд Кбайт иттилоот мавҷуд аст?
A) 2 Кбайт; B) 4 Кбайт; C) 8 Кбайт; D) 16 Кбайт;
15. Маҷмӯи барномаҳои дар компютер истифодашавандаро чӣ меноманд?
A) сахтафзор; B) нармафзор; C) интернет; D) монитор;
16. Маҷмӯи барномаҳои махсуси идоракунии сахтафзор, нармафзор ва дархостҳои истифодабарандаи компютер чӣ номида мешавад?
A) системаи амалиётӣ; B) системаи муодилаҳо; C) абаркомпютер;
D) интернет;
17. Барои таъмини кори компютер ба ғайр аз системаи амалиётӣ боз кадом ҷузъи дигар лозим аст?
A) Modem; B) BIOS; C) Microsoft Office Excel; D) Internet;
18. Пайдарпайии номдори байтҳо ... мебошад.
A) парванда; B) ҷузвдон; C) компютер; D) принтер;
19. Тарзи ташаккули байтии додаҳоро чӣ мегӯянд?
A) системаи амалиётӣ; B) формати парванда; C) компютер; D) принтер
20. Ном ва дигар тавсифҳои парванда дар ҷойи махсуси сатҳи диск ба қайд гирифта мешавад, ки онро ... меноманд.
A) ҷузвдон; B) парванда; C)чопгар; D) системаи амалиётӣ;
21. MS DOS мухтасари кадом калимаҳои англисӣ мебошад?
A) Microsoft Disk Output System; B) Microsoft Disk Outlook System; C) Microsoft Disk Operating System; D) Microsoft Disk Operating Symbol;
22. Соли 1981 аввалин намунаи кадом системаи амалиётӣ аз тарафи ширкати Microsoft сохта шудааст, ки он барои идора кардани маҳз компютерҳои IBM PC пешбинӣ шуда буд?
A) Windows; B) MacOS; C) Android; D) MS DOS;
23. Азбаски MS DOS системаи амалиётии матнӣ аст, бинобар ин дастурҳои истифодабаранда дар ин система тавассути чӣ амалӣ мегарданд?
A) принтер; B) сатри амрӣ; C) Microsoft Windows; D) Linux;
24. Қабати барномавӣ, ки ҳамчун барномаи миёнарави системаи амалиётӣ ва корбарон дар MS DOS хизмат мекард кадом аст?
A) WordPad; B) Дастгоҳи навозиши Windows Media; C) Internet Explorer;
D) Norton Commander;
25. Қисми асосӣ ва иловагии номи парванда дар системаи амалиётии MS DOS аз чанд аломат зиёд буда наметавонад?
A) асосӣ аз 100 ва иловагӣ аз 5; B) асосӣ аз 160 ва иловагӣ аз 8; C) асосӣ аз 8 ва иловагӣ аз 3;
D) асосиӣ аз 640 ва иловагӣ аз 20;
Чоряки 3.
1. Оғозкунандаи кори системаи амалиётӣ кадом барнома ба ҳисоб меравад?
A) барномаи махсусе, ки дар сектори якуми диски системавӣ ҷой дода шудааст; B) барномаи махсусе, ки чопгарро идора мекунад; C) барномаи махсусе, ки барои таҳрири парвандаҳои савтӣ пешбинӣ шудааст; D) барномаи махсусе, ки барои таҳрири парвандаҳои садоӣ пешбинӣ шудааст;
2. Тасдиқоти нодурустро муайян намоед.
A) Windows ситемаи амалиётӣ нест; B) MacOS ситемаи амалиётӣ аст; C) ситемаи амалиётӣ аст Android ; D) Linux ситемаи амалиётӣ аст;
3. Дар MS Windows барои нигаҳдории парвандаҳо шакли мукаммалгаштаи системаи парвандаии ... истифода мешавад.
A NTFS; B) FAT; C) EXT2; D) NFS;
4. Номи парвандаву ҷузвдонҳо дар Windows то чанд аломат дошта метавонад?
A) 250-аломат; B) 128-аломат; C) 512-аломат; D) 1024-аломат;
5. Linux дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи донишҷӯи донишгоҳи Хелсинки (Финляндия) ... сохта шудааст.
A) Билл Гейтс; B) Линус Торвалд; C) Кен Томпсон; D) Деннис Ритчи;
6. Системаи амалиётии Linux ҳамчун варианти кадом системаи амалиётӣ барои компютерҳои фардӣ эҷод шудааст?
A) Mac OS; B) Windows Server 2019; C) Unix; D) Windows 10;
7. Системаи амалиётии ... озодасос буда, дорои гунаҳои хеле зиёд – Debian, RedHat, SuSE, Mandrake, Knoppix мебошад.
A) Android; B) Linux; C) Mac OS X; D) Microsoft Windows;
8. Муҳити графикие, ки дар он объектҳо ва ҷузъҳои идоракунии системаи амалиётӣ инъикос карда мешаванд чӣ номида мешавад?
A) Мизи корӣ; B) Системаи амалиётӣ; C) Забони барномасозӣ; D) Microsoft Paint;
9. Барои дастрасӣ ва истифодаи парвандаву ҷузвдонҳои Linux истифодабарандагонро ба чанд категория тақсим мекунанд?
A) соҳиб; B) соҳиб, гурӯҳ; C) соҳиб, гурӯҳ, боқимондаҳо, истифодабарандагони тасодуфӣ; D) соҳиб, гурӯҳ, боқимондаҳо;
10. Шахсе, ки бо системаи амалиётӣ кор мекунад ӯро … меноманд.
A) истифодабаранда(корбар); B) қабати амалиётӣ(shell); C) драйвер;
D) барнома;
11. Барои тағйирдиҳии ҳуқуқҳои истифодаи парвандаву ҷузвдонҳо кадом фармон хизмат мерасонад?
A) mkdir(make directory); B) cp(copy); C) find; D) chmod(change mode);
12. Барномае, ки дар системаи амалиётии Linux ҳам вазифаи менеҷери парвандаӣ ва ҳам браузерро иҷро менамояд кадом аст?
A) Konqueror; B) Internet Explorer; C) WordPad; D) Netscape Navigator;
13. Вазифаи асосии эмулятори терминал дар системаи амалиётии Linux аз чӣ иборат аст?
A) инъикос намудани матни барномаҳо дар экран; B) барномаи махсусе, ки вазифаи оғозкунандаи кори системаи амалиётиро иҷро мекунад; C) барномаи махсусе, вазифаи таҳрири парвандаҳои савтиро иҷро мекунад; D) барномаи махсусе, вазифаи таҳрири парвандаҳои дуиро иҷро мекунад;
14. Системаи нигаҳдории ҷузвдонҳо ва парвандаҳоро дар хотираи компютер чӣ меноманд?
A) сохтори парвандаӣ; B) ҷузвдони махфӣ; C) интернет; D) принтер;
15. Қисми иловагии номи парвандаҳои барномавӣ ва иҷрошаванда чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) txt, doc, docx; D) xls, xlsx;
16. Қисми иловагии номи парвандаҳои системавӣ ва китобхонавӣ чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) txt, doc, docx; D) xls, xlsx;
17. Қисми иловагии номи парвандаҳои матнӣ чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) txt; D) xls, xlsx;
18. Қисми иловагии номи парвандаҳои бо ёрии виростори MSWord сохташуда чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) doc, docx; D) xls, xlsx;
19. Қисми иловагии номи парвандаҳои бо ёрии ҷадвали электронии MS Excel сохташуда чӣ гуна аст?
A) exe, bat, com, msi; B) sys, dll; C) doc, docx; D) xls, xlsx;
20. Қисми иловагии номи парвандаҳои графикӣ чӣ гуна аст?
A) jpg, tif, bmp, gif, png; B) sys, dll; C) doc, docx; D) xls, xlsx;
21. Қисми иловагии номи парвандаҳои видеоӣ чӣ гуна аст?
A) jpg, tif, bmp, gif, png; B) avi, mov, wmv, mkv; C) doc, docx; D) xls, xlsx;
22. Қисми иловагии номи парвандаҳои садоӣ чӣ гуна аст?
A) jpg, tif, bmp, gif, png; B) avi, mov, wmv, mkv; C) mp3, wav, wma; D) xls, xlsx;
23. Маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотии ҷомеа ва инсонро ... меноманд.
A) амнияти иттилоотӣ; B) муҳити иттилоотӣ; C) таҳдиди иттилоотӣ;
D) системаи амалиётӣ;
24. Маҷмӯи омилҳоеро, ки барои фаъолияти муътадили муҳити иттилоотӣ хавфноканд, ... мегӯянд.
A) амнияти иттилоотӣ; B) таҳдиди иттилоотӣ; C) фарҳанги иттилоотӣ; D) захираи иттилоотӣ;
25. Маҷмӯи воситаҳо, омилҳо ва усулҳои дар асоси системаҳои компютерӣ фаъолияткунанда, ки барои эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ равона шудааст ... меноманд.
A) амнияти иттилоотӣ; B) таҳдиди иттилоотӣ; C) муҳити иттилоотӣ; D) захираи иттилоотӣ;
Чоряки 4.
1. Ба усулҳои анъанавии ҳифзи иттилоот ... дохил мешаванд:
A) истифодаи бастаи барномаҳои Microsoft Office B); истифодаи барномаи брандмауери ситемаи амалиётии Windows; C) гузоштани маҳдудият ба дастрасӣ ва рамзбандии иттилоот (криптография, назорати истифодаи сахтафзор ва тадбирҳои қонунгузорӣ); D) истифодаи барномаи зиддивирусии ESET Smart Security;
2. Барномае, ки барои иттилоотфишурӣ хизмат мерасонад чӣ ном дорад?
A) Microsoft Office B); Windows; C) Бойгонисоз; D) ESET Smart Security;
3. Барномаи ҳаҷман хурде, ки ноаён ба таркиби объектҳои системавӣ ва татбиқии компютер ворид мешавад ва онҳоро қисман ё пурра хароб месозад чӣ номида мешавад?
A) виростори матнӣ B); вирус; C) бойгонисоз; D) ESET Smart Security;
4. Аввалин вирус соли 1986 бо номи ... ихтироъ шуд.
A) Brain; B)AVG Antivirus; C) WinRar; D) Brain;
5. Вирусҳоро аз рӯйи дараҷаи зарарашон ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:
A) бехатар, паст, миёна ва баланд; B) бехатар ва махфӣ; C) тасодуфӣ; D) рамзбандишуда, махфӣ ва тасодуфӣ
6. Аз рӯйи намуди сирояткунӣ ба объектҳо, муҳит ва мавқеи ҷойгиршавӣ вирусҳо ба кадом навъҳо ҷудо мешаванд?
A) электронӣ ва механикӣ B); парвандаӣ, боркунанда, макровирусӣ ва шабакавӣ; C) рамзбандишуда, махфӣ ва тасодуфӣ; D) тасодуфӣ ва безарар;
7. Барномае, ки барои аз вирусҳо табобат кардани объектҳои компютерӣ пешбинӣ шудааст чӣ номида мешавад?
A) виростори матнӣ B); вирус; C) бойгонисоз; D) барномаи зиддивирусӣ;
8. Барномаи зиддивирусиро муйян намоед.
A) Avast; B) Microsoft Windows, Linux; C) Adobe Photoshop; D) Microsoft Office;
9. Барномаи зиддивирусиро муйян намоед.
A) Microsoft Office; B) Microsoft Windows, Linux; C) Adobe Photoshop; D) Microsoft Security Essentials;
10. Барномаи зиддивирусиро муйян намоед.
A) Microsoft Office; B) Kaspersky; C) Adobe Photoshop; D) Microsoft Windows, Linux Microsoft Security Essentials;
11. Барномаи VisiCalc соли 1978 аз тарафи Даниэл Бриклин ва Боб Фрэнкстон барои кадом компютерҳои фардӣ сохта шудааст?
A) PDP; B) EDSAC; C) ENIAC; D) Apple II;
12. Ҷадвалҳои электрониро муайян намоед.
A) VisiCalc, Lotus, OpenOffice Calc, MS Excel, KSpread; B) Microsoft Windows, Linux; C) Adobe Photoshop; D) Microsoft Security Essentials;
13. Воситаи пуриқтидори тасвир, табдил, коркард ва ирсоли иттилооти ададӣ дар катакҳо, ки онҳо дар буриши сатру сутунҳо ҳосил шудаанд, чӣ номида мешавад?
A) виростори матнӣ B); ҷадвали электронӣ; C) бойгонисоз; D) барномаи зиддивирусӣ;
14. Маҷмӯи додаҳои рақамӣ, ки ифодагари тавсифҳои миқдории объектҳои муҳити атроф мебошад чӣ номида мешавад?
A) иттилооти ададӣ; B) системаи муодилаҳо; C) технология; D) системаи компютерӣ;
15. Дар Excel аз чанд намуди диапазони катакҳоро истифода мебаранд?
A) ададӣ ва матнӣ; B) секунҷавӣ ва байзашакл; C) даврашакл ва квадратӣ; D) сатрӣ, сутунӣ ва росткунҷавӣ;
16. Катакҳои A1:N1 кадом намуди диапазонро дар бар мегиранд?
A) сатрӣ; B) росткунҷавӣ; C) даврашакл ва квадратӣ; D) сутунӣ;
17. Катакҳои A2:F14 кадом намуди диапазонро дар бар мегиранд?
A) сатрӣ; B) росткунҷавӣ; C) даврашакл ва квадратӣ; D) сутунӣ;
18. Катакҳои A2:A25 кадом намуди диапазонро дар бар мегиранд?
A) сатрӣ; B) росткунҷавӣ; C) даврашакл ва квадратӣ; D) сутунӣ;
19. Кадоме аз функсияҳои стандартии зерин барои ҳисоб намудани қимати мутлақи адад дар Excel пешбинӣ шудааст?
A) ABS(число); B) ЦЕЛОЕ(число); C) СТЕПЕНЬ(число;степень);
D) КОРЕНЬ(число);
20. Кадоме аз функсияҳои стандартии зерин барои ба дараҷабардорӣ дар Excel пешбинӣ шудааст?
A) ABS(число); B) ЦЕЛОЕ(число); C) СТЕПЕНЬ(число;степень);
D) КОРЕНЬ(число);
21. Кадоме аз функсияҳои стандартии зерин барои баргардонидани қимати решаи квадратӣ дар Excel пешбинӣ шудааст?
A) ABS(число); B) ЦЕЛОЕ(число); C) СТЕПЕНЬ(число;степень);
D) КОРЕНЬ(число);
22. Кадоме аз функсияҳои стандартии зерин барои суммиронии аргументҳо дар Excel пешбинӣ шудааст?
A) ABS(число); B) ЦЕЛОЕ(число); C) СТЕПЕНЬ(число;степень);
D) СУММ(число1;[число2];...);
23. Кадоме аз функсияҳои стандартӣ дар Excel қимати якумро ҳангоми иҷрошавии шарт ва қимати дуюмро ҳангоми иҷро нашудани шарт бар мегардонад?
A) ДЛСТР(текст);
B) ЕСЛИ(лог_выражение;[значение_если_истина];[значение_если_ложь);
C) СУММЕСЛИ(дипазон;критерий;[дипазон_суммирования]);
D) СУММ(число1;[число2];...);
24. Кадом функсия дар Excel қимати калонтаринро аз руйхати аргументҳо бар мегардонад?
A) КОРЕНЬ(число); B) МАКС(число1;[число2];...); C) МИН(число1;[число2];...);
D) СУММ(число1;[число2];...);
25. Кадоме аз функсияҳои стандартии зерин барои аз руйхат баргардонидани қимати хурдтарин дар ҷадвали электронии Microsoft Excel 2013 пешбинӣ шудааст?
A) КОРЕНЬ(число); B) МАКС(число1;[число2];...); C) МИН(число1;[число2];...);
D) СУММ(число1;[число2];...);
Скачано с www.znanio.ru
Материалы на данной страницы взяты из открытых источников либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.