САВОЛҲОИ ТЕСТӢ АЗ ФАННИ
ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ СИНФҲОИ 9
Чоряки 1.
1. Методи бо битҳо тасвиркунии иттилоотро методи кодиронии ... мегӯянд.
A) дуӣ; B) ҳаштӣ; C) даҳӣ; D) шонздаҳӣ;
2. Компютерҳо аз рӯи параметрҳои муайян ва хосиятҳояшон ба синфҳо тақсим мекунанд, ки онро одатан ... мегӯянд.
A) абаркомпютер; B) абарпайванд C) таснифи компютерҳо; D) тадқиқи компютерҳо;
3. Миқдори амалҳои одитарине, ки компютер онҳоро дар зарфи як воҳиди вақт (сония) иҷро мекунад ... меноманд.
A) нармафзор; B) зудкорӣ; C) хотира; D) нетбук;
4. Воҳидҳои ченаки иттилоотро бо тартиби афзуншавиашон муайян намоед.
A) сантиметр, байт, дюйм, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Эбайт, Пбайт; B) Пиксел, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Пбайт, метр; C) Бит, байт, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт, Пбайт, Эбайт; D) дюйм, пиксел, бит, байт, Мбайт, Тбайт, Пбайт, Эбайт;
5. Кадом намуди хатҳои иртиботиро медонед?
A) телефонӣ, нурӣ-нахӣ, мавҷҳои радио; B) Ресмонӣ ва оҳанӣ, C) иттилоотӣ ва технологӣ;
D) компютерӣ ва USB;
6. Барномаи браузериро муайян намоед?
A) Google Chrome; B) Mac OS, C) Adobe Reader; D) Android Studio;
7. Асосгузори ширкати амрикоии Cray Research, ки ба истеҳсоли абаркомпютерҳо машғул аст, кист?
A) Винт Серф ва Боб Кан; B) Тим Бернерс-Ли; C) Ларри Пейҷ D) Сеймур Крей;
8.Истеҳсолкунандагони асосии миникомпютерҳо кадом ширкатҳои машҳур ба ҳисоб мераванд?
A) AT&T, Hewlett-Packard, Intel; B) Lenovo, Acer, Asus; C) Sony, Samsung, Microsoft; D) NVIDIA Corporation;
9. Ягона микрокомпютери бо IBM PC бегона, яъне ғайримонанд,
ки нисбатан маъруф гаштааст, компютери ... -и ширкати Apple мебошад.
A) Samsung; B) Asus; C) Hewlett-Packard(HP); D)Macintosh;
10. Микрокомпютери Macintosh дар асоси платформаи дигар системаи амалиётии махсуси … сохта шудааст, то ҳол мавриди истифода қарор дорад.
A) Linux; B) Mac OS X; C) Windows; D) Android;
11. Барои ифода кардани навъи компютерҳои кисагӣ дар ҷаҳон бештар аз ибораи англисии ... истифода бурда мешавад.
A) GSM (Global System for Mobile Communications); B) GPRS(General Packet Radio Service); C) CDMA(Code Division Multiple Access); D) PDA(Personal Digital Assistant);
12. Пайвастшавии шумораи дилхоҳи компютерҳои бо ёрии хатҳои алоқаи пайвандро бо мақсади иртиботи иттилоот ... мегӯянд.
A) шабакаи барқӣ; B) абаркомпютер; C) нетбук; D) шабакаи компютерӣ
13. Шабакаҳои ... барои пайваст намудани компютерҳое хизмат мерасонанд, ки онҳо аз ҳамдигар дар масофаи наздик ҷойгир шудаанд.
A) маҳаллӣ; B) минтақавӣ; C) иттиҳодиявӣ; D)саросарӣ;
14. Барои ҳалли масъалаҳои муштарак дар як шабака пайвастани шабакаҳои маҳаллӣ ва компютерҳои алоҳидаро шабакаи ... меноманд.
A) маҳаллӣ; B) минтақавӣ; C) иттиҳодиявӣ; D)саросарӣ;
15. Шабакаи компютерие, ки компютерҳои як коргоҳи бузургро байни ҳамдигар пайваст менамояд, шабакаи ... меноманд.
A) маҳаллӣ; B) минтақавӣ; C) иттиҳодиявӣ; D)саросарӣ;
16. Шабакаҳои ... компютерҳои дар масофаҳои дуру наздик ҷойгирбударо барои истифодабарии захираҳои ҷаҳонии иттилоот муттаҳид менамоянд.
A) маҳаллӣ; B) минтақавӣ; C) иттиҳодиявӣ; D)саросарӣ;
17. Кадом сол ARPA дар назди худ вазифа гузошт, ки барои пайваст намудани компютерҳои аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгирбуда, компонентҳои нав ва таъминоти барномавии ба онҳо мунофиқро созад?
A) Соли 1957; B) Соли 1962; C) Соли 1982; D) Соли 1995;
18. Кадом сол протоколи (хизматрасонии махсуси шабакавӣ) TCP/IP ихтироъ карда шуд, ки он оғози тантанаи Интернет ба ҳисоб меравад?
A) Соли 1957; B) Соли 1962; C) Соли 1982; D) Соли 1995;
19. Интернет мухтасаршудаи кадом калимаҳо ба ҳисоб меравад?
A) Internet (Innovation of Technology); B) Internet (Information of Technology);
C) Internet (Interconnected Networks); D) Internet (Innovation of Networks);
20. Технологияи ... маҷмӯи протоколҳои ба мувофиқа овардаи стандартӣ, методҳои татбиқи воситаҳои барномавию техникӣ дар шабакасозиҳои компютерӣ ва тарзҳои хизматрасонӣ ба корбарони шабака мебошад.
A) шабакавӣ; B) барқӣ; C) истеҳсолоти моддӣ; D) китобнавсӣ;
21. Технологияи ... гуфта, чунин технологияҳои корбарӣ бо шабакаҳои компютериро меноманд, ки онҳо ба корбарон имконияти байни худ муошират кардан ва ба таври таъҷилӣ дастрас намудани иттилоотро таъмин карда метавонанд.
A) барқӣ; B) истеҳсолоти моддӣ; C) китобнавсӣ; D) иттилоотӣ-иртиботӣ;
22. Воситаҳои техникие, ки онҳо компютерро бо хатҳои робитавӣ пайванд месозанд ... меноманд.
A) адаптери шабакавӣ; B) картаи тасвирӣ; C) диски сахт; D) микропротсессор;
23. Модем мухтасаршудаи кадом калимаҳо ба ҳисоб меравад?
A) Modem (Monitor-Demonstration); B) Modem (Modulator-Demodulator);
C) Modem (Metropolitan Area Networks); D) Modem (Monitor and Projector);
24. Таҷҳизоте, ки вазифаи табдилдиҳии иттилооти рақамии дуии компютериро ба иттилооти аналогӣ(модулятсия) ва баръакс табдилдиҳии иттилооти аналогии бо сими телефон ирсолшавандаро ба иттилооти рақамии дуии компютерӣ(демодулятсия) иҷро менамояд ... мегӯянд.
A) модем; B) картаи тасвирӣ; C) диски сахт; D) микропротсессор;
25. Қоидаи ягонаи мубодилаи иттилоотро дар шабакаи компютерӣ ... мегӯянд.
A) модем; B) картаи тасвирӣ; C) протокол; D) микропротсессор;
Чоряки 2.
1. Маҷмӯи шабакаҳои давлатӣ, минтақавӣ, иттиҳодиявӣ, дигар навъи шабакаҳои компютерӣ ва инчунин компютерҳои алоҳида ... мебошад, ки байни ҳамдигар бо ёрии таъминоти барномавии гуногуни иттилоотӣ-иртиботии ба шакли ягона овардашуда пайваст гардидаанд.
A) модем B) картаи тасвирӣ; C) протокол; D) интернет;
2. WWW абревиатураи кадом калимаҳои англисӣ аст?
A) World Wide Windows; B) Word Wide Wireless; C) Wide Area Networks; D) World Wide Web;
3. Дар серверҳои шабакаи Интернет дар шакли парвандаҳои алоҳида анбӯҳи калони захираҳои иттилоотӣ маҳфуз аст, ки ҳар як парванда бо ёрии ягон барномаи татбиқии мушаххас сохта шуда, ягон навъи иттилоотро дарбар мегирад ва дарунмояи онҳоро … мегӯянд.
A) вебсанад; B) браузер; C) вебсервер; D) нетбук;
4. Ҷузъи асосии торҳои анкабути ҷаҳониро сафҳаҳои алоҳидаи интернетӣ ташкил медиҳанд, ки онҳоро одатан ... ном мебаранд.
A) вебсанад; B) браузер; C) вебсафҳаҳо; D) нетбук;
5. Матни ба таври махсус сохташударо ... меноманд, ки тавассути пайвандҳои он ба матни санадҳои дигар гузаштан мумкин аст.
A) санади Word; B) абаркомпютер; C) абарматн; D) санади Excel;
6. Парвандаи матние, ки бо ёрии ишоратҳои махсуси тег номидашаванда сохта мешавад, ... меноманд.
A) санади Word; B) санади абарматнӣ; C) абаркомпютер; D) санади Excel;
7. Сохтори махсуси HTML, ки бо ёрии он абарматни як санад бо абарматнҳои сандаҳои дигар имконияти пайваст шуданро пайдо менамояд ... меноманд.
A) сервер; B) абарпайванд; C) абаркомпютер; D) браузер;
8. Кадом низоми дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет, дар заминаи санадҳои абарматнӣ пайдо шудааст?
A) WWW; B) BIOS; C) HDD; D) RAM;
9. Кадом протокол тарзи стандартии ҷоймуайянкуниро барои додаҳои дар шабакаи саросарии компютерии Интернет дастрасбуда таъмин менамояд?
A) Суроғаи универсалии захира (URL-Universal Resource Locator); B) Протоколи интиқоли абарматнҳо – (HTTP-Hyper Text Transfer Protocol); C)Забони нишонагузори абарматнҳо – (HTML-Hyper-Text Markup Language); D) Почтаи электронӣ (E-mail);
10. Кадом протокол қоидаҳои дастрасӣ ба иттилоот ва интиқоли абарматнҳоро дар шабака ҷорӣ месозад?
A) Суроғаи универсалии захира – (URL-Universal Resource Locator); B) Протоколи интиқоли абарматнҳо – (HTTP-Hyper Text Transfer Protocol); C)Забони нишонагузори абарматнҳо – (HTML-Hyper-Text Markup Language); D) Почтаи электронӣ (E-mail);
11. Муассисае, ки хизматрасонии интернетро дар маҳалҳо таъмин менамояд … меноманд.
A) вебсанад B) браузер; C) абаркомпютер; D) провайдер;
12. Чанд тарзи суроғасозӣ барои компютерҳои шабака дар тамоми ҷаҳон якхела ба роҳ монда шудааст?
A) Рақамӣ-номи хусусӣ(IP-суроғA); B) Аломатӣ-номи доменӣ (суроғаи аломатӣ); C) Рақамӣ(IP-суроғA) ва аломатӣ(номи доменӣ); D) Аломатӣ-номи доменӣ(суроғаи аломатӣ) ва махфӣ(рамзҳои махсус);
13. Суроғаи рақамӣ-номи хусусии(IP-суроғA) компютери шабака аз чанд блок иборат аст?
A) Аз як блоки рақамӣ(192); B) Аз ду блоки рақамӣ (192.168); C) Аз се блоки рақамӣ (192.168.9); D) Аз чор блоки рақамӣ(192.168.9.5);
14. Рақамҳои ҳар як блоки IP-суроғаи компютер қимати худро аз кадом фосила қабул мекунанд?
A) Аз фосилаи 0 то 32; B) Аз фосилаи 0 то 64; C)Аз фосилаи 0 то 128; D) Аз фосилаи 0 то 255;
15. Барои дар Интернет барқарор намудани мувофиқати байни номҳои доменӣ (суроғаи аломатӣ) ва хусусии (IP- суроғаҳо) компютерҳо кадом хадамот хизмат мерасонад?
A) Хадамоти номҳои доменӣ - DNS (Domen Name Service); B) Почтаи электронӣ (Eelectronic-mail); C) Браузери Microsoft Edge; D) Браузери Google Chrome;
16. Барномаи махсус, ки барои азназаргузаронии сафҳаҳои Интернет пешбинӣ шудааст ... меноманд.
A) браузер; B) брандмауер; C) барномаи зиддивирусӣ; D) барномаи MiniTool Power Data Recovery;
17. Браузери Opera дастоварди барномасозони кадом давлат ба ҳисоб меравад?
A) ИМА; B) Норвегия ; C) Канада; D) Фаронса;
18. Интернет аз кадом ҷузъҳо ё хадамоти иттилоотӣ иборат аст?
A) WWW (World Wide Web), Почтаи электронӣ (E-mail), Серверҳои парвандайӣ (FTP), Телеконфронс (Usenet), Системаи муоширати шабакавӣ (ICQ); B) хатҳои робитавӣ, адаптери шабакавӣ; C) Хадамоти абрӣ ва нетбук; D) Модем, роутер, адаптери шабакавӣ;
19. Дар суроғаи www.nfirdavsi.dushanbe.tj домени дараҷаи олӣ кадом аст?
A) dushanbe; B) tj; C) nfirdavsi; D) www;
20. Дар кадом тарзи суроғасозӣ компютерҳо аз рӯйи маҳаллӣ ҷуғрофӣ ва
соҳаи мавзӯияшон ҷудо карда мешаванд?
A) Рақамӣ-номи хусусӣ; B) Аломатӣ-номи доменӣ; C) Рақамӣ(IP-суроғA) ва аломатӣ(номи доменӣ); D) Аломатӣ-номи доменӣ(суроғаи аломатӣ) ва махфӣ(рамзҳои махсус);
21. Низоми мубодилаи мукотиботро байни корбарони шабакаи телекоммуникатсионӣ чӣ меноманд?
A) Хадамоти номҳои доменӣ - DNS (Domen Name Service); B) Почтаи электронӣ (Eelectronic-mail); C) Браузери Microsoft Edge; D) Браузери Google Chrome;
22. Суроғаи почтаи электронӣ аз чанд қисм иборат аст?
A) Аз номи бақайдгирифташудаи корбар ва номи сервере, ки дар он номи корбар ба қайд гирифта шудааст; B) аз протоколи TCP/IP (Transmission Control Protocol/Internet Protocol) ва HTTP (Hyper Text Transfer Protocol); C) Аз браузери Microsoft Edge; D) Аз браузери Google Chrome;
23. Дар суроғаи почтаи электронии zafar.nozim@mail.tj номи сервер кадом аст?
A) zafar; B) nozim; C) zafar.nozim@; D) mail.tj;
24. Илми махсусе, ки методҳои ҳифзкунии иттилоот ва амнияти иттилоотиро меомӯзад ... ном дорад.
A) криптография; B) кибернетика; C) физика; D) математика;
25. Таҳти як ном ва суроғаи ягона дар шабакаи саросарии компютерии Интернет муттаҳид сохтани миқдори муайяни вебсафҳаҳои сарлавҳадори алоҳидаро чӣ мегӯянд.
A) Брандмауэр ва fire-wall – экрани байнишабакавӣ; B) Сомона; C) Роутер;
D) Адаптери шабакавӣ;
Чоряки 3.
1. Санади HTML аз чанд қисм иборат аст?
A) сарлавҳа (head); B)тан (body); C) сарлавҳа (head), тан (body) ва виростори матнӣ(text editor); D) сарлавҳа (head) ва тан (body);
2. Дар бисёр мавридҳо сарлавҳаи санад ҷуфти кадом тегҳоро дар бар мегирад, ки тавассути онҳо номи санад зикр карда мешавад?
A) <HTML> ... </HTML>; B) <FONT> ... </FONT>; C) <TITLE> ... </TITLE>; D) <BODY>... </BODY>;
3. Барои ҷойгир намудани қисми асосии санад дар HTML кадом тег истифода бурда мешавад?
A) <HTML>... </HTML>; B) <FONT> ... </FONT>; C) <TITLE> ...</TITLE>; D) <BODY>... </BODY>;
4. Барои истифода намудани ҳуруф дар санади HTML кадом тег истифода бурда мешавад?
A) <HTML>... </HTML>; B) <TITLE> ... </TITLE>; C) <BODY> ... </BODY>; D) <FONT> ... </FONT>;
5. Таъйиноти хосияти BGCOLOR дар теги <BODY> аз чӣ иборат аст?
A) Муайянкунии ранги пайванди истифодашуда; B) Муайянкунии ранги матни санад; C) Муайянкунии ранги заминаи санад; D) Муайянкунии ранги пайванди истифодашуда;
6.Бо ёрии кадом тег санадро ба абзатсҳо ҷудо мекунанд?
A) <P> … </P>; B) <TITLE> ... </TITLE>; C) <BODY> ... </BODY>; D) <FONT> ... </FONT>;
7. Хосияти AlIGN-и теги <P> аз кадом қиматҳо иборат аст?
A) TOP, CENTER, SRC; B) BORDER, BGCOLOR; C) FACE, TEXT, BOTTOM; D) LEFT, CENTER, RIGHT, JUSTIFY;
8. Барои муайян намудани ранги заминаи сандад дар HTML кадом хосияти теги <BODY> истифода бурда мешавад?
A) хосияти LINK; B) хосияти TEXT; C) хосияти BGCOLOR; D) хосияти BACKGROUND;
9. Кадом хосияти теги <HR> андозаи дарозии хатро бо пиксел ё бо фоиз аз андозаи бари равзанаи браузер муайян менамояд?
A) Хосияти ALIGN; B) Хосияти WIDTH; C) Хосияти SIZE; D) Хосияти COLOR;
10. Барои гузариш ба сатри нав дар санади HTML кадом тег истифода бурда мешавад?
A) <B>…</B>; B) <BR>; C) <I>…</I>; D) <U>…</U>;
11. Барои гузоштани тасвир дар санади HTML кадом тег истифода бурда мешавад?
A) <MARQUEE>…</MARQUEE>; B) <IMG хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>; C) <FONT хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>; D) <BODY хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>;
12. Барои муайян кардани навъи ҳуруф кадом хосияти теги <FONT> истифода бурда мешавад?
A) хосияти FACE; A) хосияти SIZE; A) хосияти COLOR; A) хосияти ALIGN;
13. Кадом тег дар санади HTML барои ҷудокунии иқтибос ё номи китобу мақолаҳо истифода бурда мешавад?
A) <CITE> </CITE>; B) <CODE> </CODE>; C) <EM> </EM>; D) <KBD> </KBD>;
14. Кадом тег дар санади HTML барои хориҷкунии ҳиссаи начандон калони рамзи барнома истифода бурда мешавад?
A) <CITE> </CITE>; B) <CODE> </CODE>; C) <EM> </EM>; D) <KBD> </KBD>;
15. Кадом тег дар санади HTML барои ҷудокунии қисмҳои нисбатан муҳими матн истифода бурда мешавад?
A) <CITE> </CITE>; B) <CODE> </CODE>; C) <EM> </EM>; D) <KBD> </KBD>;
16. Кадом тег дар санади HTML барои ҷудокунии матни аз клавиатура дохилкардаи корбар истифода бурда мешавад?
A) <CITE> </CITE>; B) <CODE> </CODE>; C) <EM> </EM>; D) <KBD> </KBD>;
17. Кадом тег дар санади HTML барои кашидани хатҳои уфуқӣ истифода бурда мешавад?
A) <MARQUEE>…</MARQUEE>; B) <HR хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>; C) <FONT хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>;
D) <BODY хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>;
18. Забони HTML имконияти истифодабарии чанд сатҳи сарлавҳаҳоро муҳайё месозад?
A) H1,H2,H3,H4; B) H1,H2,H3,H4,H5; C) H1,H2,H3,H4,H5,H6;
D) H1,H2,H3,H4,H5,H6;H7
19. Тарзи дурусти навишти теги абарпайвандро муайян намоед.
A) <А HREF="example.html"> Пайванд B) <А SRC="example.html"> Пайванд</А>
C) <А BGCOLOR="example.html"> Пайванд</А> D) <А HREF="example.html"> Пайванд</А>
20. Кадом тег дар санади HTML барои инъикоси рӯйхати рақамнок истифода бурда мешавад?
A) <UL>…</UL>; B)>; B) <DL> … </DL>; C) <FONT хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>; D) <OL> … </OL>;
21. Теги <OL> соҳиби чанд хосият мебошад?
A) FACE; B) SIZE; C) START, TYPE; D) ALIGN;
22. Тарзи дурусти навишти теги OL-ро муайян намоед.
A) <OL START=n ТУРЕ=намуди_хисобкунак>; B) <EMBED хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>; C) <MARQUEE>…</MARQUEE>; D) <А HREF="example.html"> Пайванд</А>;
23. Кадом тег дар санади HTML барои инъикоси рӯйхати нишонадор истифода бурда мешавад?
A) <UL>…</UL>; B) <DL> … </DL>; C) <FONT … </FONT>; D) <OL> … </OL>;
24. Тарзи дурусти навишти теги OL-ро муайян намоед.
A) <OL START=n ТУРЕ=намуди_хисобкунак>; B) <>; C) <MARQUEE>…</MARQUEE>; D) <А HREF="example.html"> Пайванд</А>;
25. Кадом тег дар санади HTML барои ҷадвалсозӣ истифода мешавад?
A) <UL>…</UL>; B) <DL> … </DL>; C) <TABLE> … </TABLE>; D) <OL> … </OL>;
Чоряки 4.
1. Таъйиноти хосияти BORDER дар теги TABLE аз чӣ иборат аст?
A) Ғафсии хатҳои сарҳадии ҷадвалро бо пиксел муайян мекунад; B) Бари ҷадвалро бо пиксел ё фоиз аз бари равзанаи браузер муайян менамояд; C) Баландии ҷадвалро бо пиксел ё фоиз аз баландии равзанаи браузер муайян менамояд; D) Ранги заминаи ҷадвалро муайян мекунад;
2. Барои яксонсозии сутунҳои ҷадвали кадом хосияти тегҳои TH ё TD истифода мешавад?
A) src; B) href; C) colspan; D) rowspan;
3. Барои яксонсозии сатрҳои ҷадвали кадом хосияти тегҳои TH ё TD истифода мешавад?
A) SRC; B) HREF; C) COLSPAN; D) ROWSPAN;
4. Барои гузоштани аудиофайл дар санади HTML кадом тег истифода бурда мешавад?
A) <MARQUEE>…</MARQUEE>; B)<EMBED хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>; C) <IMG хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>; D) <BODY хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>;
5. Барои аниматсияи иттилоот дар санади HTML кадом тег истифода бурда мешавад?
A) <MARQUEE>…</MARQUEE>; B)<EMBED хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>; C) <IMG хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>; D) <BODY хосияти 1=қимати 1 ... [хосияти N=қимати N]>;
6. Барои дар формаҳои HTML сохтани майдонҳои навъи гуногун чанд теги шаклсоз мавриди истифода қарор дорад?
A) <UL>…</UL>, <DL> … </DL>; C) <TABLE> … </TABLE>; D) <TEXTAREA>, <SELECT> ва <INPUT>;
7. Хосияти type=”square” ба кадом тег тааллуқ дорад?
A) <UL>; B) <SELECT>; C) <INPUT>; D)<IMG>;
8. Хосияти “bgcolor” ба кадом тег тааллуқ дорад?
A) <TABLE>; B) <SELECT>; C) <INPUT>; D)<IMG>;
9. Хосияти “BACKGROUND” ба кадом тег тааллуқ дорад?
A)<B>; B) <SELECT>; C) <INPUT>; D) <TABLE>;
10. Хосияти “HREF” ба кадом тег тааллуқ дорад?
A)<A>; B) <SELECT>; C) <INPUT>; D) <TABLE>;
11. Кадоме аз ин тугмачаҳо нодуруст сохта шудааст?
A) <input type="checkbox">; B) <imput type="reset">; C)<input type="image">;
D) <imput type="submit">;
12. Кадоме аз ин тугмачаҳо дуруст сохта шудааст?
A) <input type="checkbox">; B)<input type="href">; C) <input type="image">;
D) <input type="src">
13. Тарзи дурусти пайваст намудани парвандаи “style.scc”-ро ба санади HTML муайян намоед.
A) <link rel="stylesheet" href="style.css”; B) <img src="stylesheet" href="style.css” ; C) <a href="stylesheet" href="style.css”; D) <link href="stylesheet" src="style.css”;
14. Барои муайян намудан ранги заминаи санад дар CSS кадом хосият истифода мешавад?
A) color; B) background-color; C) font-family; D) text-align;
15. Барои радифсозии матн дар CSS кадом хосият истифода мешавад?
A) color; B) background-color; C) font-family; D) text-align;
16. Барои истифодаи навъ ё гарнитури ҳуруф дар CSS кадом хосият истифода мешавад?
A) color; B) background-color; C) font-family; D) text-align;
17. Дар кадом хосият фосиласозӣ аз чап дар CSS истифода шудааст?
A) color: MediumSeagreen; B) background-color: LightSteelBlue; C) font-family: Palatino Linotype; D) padding-left: 20pt;
18. Дар кадом хосият андозаи ҳуруф дар CSS истифода шудааст?
A) color: MediumSeagreen; B) background-color: LightSteelBlue; C) font-size: 14pt: Palatino Linotype; D) padding-left: 20pt;
19. Кадом тег навъи майдонеро муайян мекунад, ки тавассути он корбар иттилооти матнии бисёрсатраро дохил карда метавонад?
A) TEXTAREA; B) SELECT; C) INPUT; D) FONT?
20. Кадом тег навъи майдонеро муайян мекунад, ки тавассути он ба корбар имконияти бо тарзҳои дигар дохил кардани иттилоот таъмин карда мешавад?
A) TITLE; B) SELECT; C) INPUT; D) FONT;
21. Кадом тег навъи майдонеро муайян мекунад, ки тавассути он корбар аз равзанаи тасмадор ё менюи худкушо имконияти иттилооти заруриро интихоб кардан дошта бошад?
A) TITLE; B) SELECT; C) INPUT; D) FONT;
22. Теги <input type=”checkbox”> барои чӣ истифода бурда мешавад?
A) Аломатҳои дохилшавандаи рамзи махфиро бо ситорачаҳо иваз мекунад; B) Барои гузоштани баайрақчаҳо дар шакли квадратча майдоне месозад, ки тавассути он банди зарурӣ нишонагузори карда мешавад; C) Имконият медиҳад, ки аз теъдоди бандҳои мавҷуда яктоашон интихоб арда шавад; D) Барои сохтани тугмае истифода мешавад, ки ҳангоми пахши он додаҳои воридшаванда барои коркард ба барнома-скрипти сервер равон карда мешаванд;
23. Теги <input type=”radio”> барои чӣ истифода бурда мешавад?
A) Аломатҳои дохилшавандаи рамзи махфиро бо ситорачаҳо иваз мекунад; B) Барои гузоштани баайрақчаҳо дар шакли квадратча майдоне месозад, ки тавассути он банди зарурӣ нишонагузорӣ карда мешавад; C) Имконият медиҳад, ки аз теъдоди бандҳои мавҷуда яктоашон интихоб арда шавад; D) Барои сохтани тугмае истифода мешавад, ки ҳангоми пахши он додаҳои воридшаванда барои коркард ба барнома-скрипти сервер равон карда мешаванд;
24. Теги <input type=”password”> барои чӣ истифода бурда мешавад?
A) Аломатҳои дохилшавандаи рамзи махфиро бо ситорачаҳо иваз мекунад; B) Барои гузоштани баайрақчаҳо дар шакли квадратча майдоне месозад, ки тавассути он банди зарурӣ нишонагузори карда мешавад; C) Имконият медиҳад, ки аз теъдоди бандҳои мавҷуда яктоашон интихоб арда шавад; D) Барои сохтани тугмае истифода мешавад, ки ҳангоми пахши он додаҳои воридшаванда барои коркард ба барнома-скрипти сервер равон карда мешаванд;
25. Теги <input type=”submit”> барои чӣ истифода бурда мешавад?
A) Аломатҳои дохилшавандаи рамзи махфиро бо ситорачаҳо иваз мекунад; B) Барои гузоштани баайрақчаҳо дар шакли квадратча майдоне месозад, ки тавассути он банди зарурӣ нишонагузори карда мешавад; C) Имконият медиҳад, ки аз теъдоди бандҳои мавҷуда яктоашон интихоб арда шавад; D) Барои сохтани тугмае истифода мешавад, ки ҳангоми пахши он додаҳои воридшаванда барои коркард ба барнома-скрипти сервер равон карда мешаванд;
Скачано с www.znanio.ru
Материалы на данной страницы взяты из открытых источников либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.