РУШДИ ФАНЊОИ ДАЌИЌ – ТАҚОЗОИ ЗАМОН
Гузашти марњилањои гуногуни олами башарият, дар њама давру замон собит намудааст, ки мояи бузургдошти њар инсон, пеш аз њама, илму дониш, хираду маънавиёт ва заковати гиро мебошад. Мањз илму маънавиёт ва фазилату тавонмандии асил аст, ки инсонро ба мартабаву љойгоњи махсус расонида, амалкарди он метавонад њар яки моро љањоншумулу шуњратёр гардонад. Тавзењи нуктаи мавриди назар ин аст, ки агар ба даврањои омўзиши масири паймудаи рўзгордории инсоният дар муддати чанд садсолаи охир, дар риштањои илмию пажуњишї ба таври воќеї назар афканем, пайдост, ки фанњои даќиќу табиатшиносї ва илмњои марбут ба ин равия миёни миллати тољик мавќеъ ва љойгоњи махсуси худро доро буданд. Аз љумла, Абўалї ибни Сино, Абўрайњон Берунї ва Умари Хайём барин садњо фарзонафарзандони миллати тољик, њамчун меъмори илмњои даќиќу табиатшиносї эътироф шуда, бо осори гаронбањои нодири тањќиќотиашон умри миллати моро њаёти љовидонї бахшиданд. Болотар аз њама, агар ба умќи таърих назар афканем, муайян мегардад, ки бештари олимони Ѓарб бењтарин дастоварди илмњои даќиќро аз олами Шарќ гирифтаву дар њаёт татбиќ кардаанд.
Дар ин самт њељ љойи шакку шубњаи дигаре нест, ки мутахассисону коршиносони соња яке аз бартарињои асосии пешрафту комёбињои арзишманди риштањои илмию истењсолии солњои 60-уми ќарни гузаштаро дар мутобиќсозии самараноки илм бо истењсолот ва иљрои маќсадноки корњои пажуњишї унвон менамоянд.
Бо дахли пањлуи дигари ин масоили умдаи љомеа агар аз дидгоњи таърих каме жарфтар назар афканем, маълумамон мегардад, ки мављи татбиќи роњкорињои илм бо истењсолот муњаррики асосии манбањои иќтисодиро дар бар гирифта, боиси афзун шудани садњо корхонањои бузурги истењсолї ва тавлиди бештари барномањои дигари иќтисодї низ гардидааст.
Бо ин васила Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба масъалаи боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии мамлакат таъкид бар он доштанд, ки дар марҳилаи навбатии рушди соҳоти гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебояд ба илмҳои дақиқу табиатшиносӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, зеро дурнамои пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳз ба ин илмҳо зич вобаста аст. Дар ин радиф, аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод шуд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад.
Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки пас аз ҳалли муваффақонаи вазифаҳои таъхирнопазири сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии рӯзгор талаб ба миён ниҳодааст, ки кормандони соҳаи маориф, дар навбати аввал, “назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”. Албатта, зарурати рушди ҳарчи бармаҳалтари фанҳои зикршударо мутахассисон ва олимони ин соҳаҳои пешбаранда бо дилу ҷон дастгирӣ мекунанд. Зеро, итминони комил дорем, ки онҳо чунин соати саидро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Умеди калон доштанд, ки Пешвои хирадпеша ва дурбини тоҷикон ҳангоми таснифи вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату миллат ба беҳтар намудани таълими фанҳои дақиқу риёзӣ ва, умуман, илму ҳунарҳои замонавӣ ҳатман эътибори дучанд медиҳанд. Агар ба моҳияти вазифагузории навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар назар афканем, дармеёбем, ки иҷрои он ба фардои нисбатан тӯлонитаре муқаррар карда шудааст. Ва ин беасос нест. Бемайлон рушд бахшидани таълими силсилаи фанҳое, ки онҳоро “дақиқ” гуфтан расм шудааст, кӯшишу масрафоти зиёд ва вақти бештар талаб менамояд. Аз ин ҷост, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2020 - 2040 ба таври расмӣ “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуд. Бешубҳа, дар бадали ду даҳсола дар ҷодаи таълими фанҳои дақиқ ҷунбиши назаррасе ба амал оварда мешавад.
Ҳадафи тадриҷан рушд додани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳарчи ҷиддитар аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва, умуман, илму ҳунарҳои замонавӣ комилан равшан мебошад: хоҷагии халқи Тоҷикистонро бидуни ба шуғли доимӣ ва дӯстдоштаи насли наврас ва ҷавонон табдил додани илму пешаҳо ва ҳирфаҳои техникӣ равнақ бахшидан ғайри имкон аст.
Аслан, аз худ намудани математика, химия, биология, физика, омӯзиши шохаҳои гуногуни иқтисодшиносӣ, информатикаю омор ва амсоли онҳо барои ҷомеаи мо амали нав нест. Айни замон, ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам олӣ теъдоди назарраси омӯзгорон ба таълими ин фанҳо машғуланд. Лекин солҳои охир Пешвои миллат дар ҳар фурсати мусоид гӯшрас менамуданд, ки ба хотири эъмори давлати пешрафтаи дорои иқтисодиёти тавоно мо бояд ислоҳоти куллии маорифро таъмин карда, дар ин раванд ба соҳаҳои калидӣ, мушаххасан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, то ба сатҳи байналмилалӣ боло бурдани азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таълими самарабахши пешаю ҳунарҳои техникӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Ва ҷиҳати муваффақона ба ҳаёт татбиқ намудани нақшаҳои ҷиддие, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иҷрои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумат мураттаб ва тасдиқ карда мешавад, потенсиали тавоное дорад. Устодону донишҷуён аз сафҳои пеши ислоҳотгарони маорифи Тоҷикистони азиз мақоми арзандаи хешро дарёфта, баҳри он мекӯшанд, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, аз худ кардани ҳунарҳои замонавии техникӣ ҷавобгӯи тақозои айём бошад ва ба шарофати он Ватани маҳбубамон ҳамеша дар радифи мамлакатҳои пешрафтаи олам мақоми шоиста касб карда тавонад.
Азизбек ЗУМРАТОВ,
омӯзгори
МДТ литсейи №3, шањри Душанбе
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.