Сањми Абўалї ибни Сино дар
инкишофи илми химия
Абўалї ибни Сино файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби маъруфи тољик мебошад. Абўалї ибни Сино яке аз олимони машњури Шарќ, энсиклопедист ва олиме мебошад, ки бо тадќиќоти муњими худ дар инкишофи илми љањонї сањми арзандае гузоштааст. Дар дањсолагї сарфу нањв ва илми адабро омўхта, баъдтар асосњои мантиќ, фалсафа, фиќњ ва риёзиётро азбар кардааст. Баъдан ба омўзиши тиб машѓул шуда, онро ба хубї аз худ намудааст. Ў аллакай дар сини 17-солагї чун олими баркамол шинохта шудааст.
Осори Абўалї ибни Сино нињоят зиёд аст. Ў зиёда аз чорсад асар навиштааст, ки мутаассифона баъзеи онњо то ба мо омада нарасидааст. Аз асарњои мањфузи олим, бахусус «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наљот», «Ал-њосил ва-л -мањсул», «Ишорот ва танбењот», «Донишнома» ва «Ал-ќонун фи-т-тиб» ањамияти бузурги таърихї, фарњангї ва илмї доранд. Ў њодисањои гуногуни табиатро ба таври даќиќ шарњ дода, дар соњаи илми табиатшиносї низ хидмати беандоза кардааст.
А.Я.Барисов ба тадќиќоти Абўалї ибни Сино чунин бањо додаст: «Ибни Сино аз љумлаи олимонест, ки роли онњо барои тараќќиёти илму маданият, фалсафа ва тиб дар Аврупо нињоят калон аст ва њељ гоњ аз хотирњо фаромўш нахоњанд шуд».
Мувофиќи маълумоти мављуда зиёда аз 100 асари Абўалї ибни Сино то замони мо омада расидааст, ки аз онњо 58 асари фалсафї, 20 асари тиббї, 11 асар оид ба табиатшиносї ва 4 асар марбути назм аст.
Асари асосии Абўалї ибни Сино, ки ўро дар љањон машњур гардонидааст, «Ал-ќонун» буда, аз 5 љилд иборат аст ва аз он табибони Шарќ ва Ѓарб истифода мекунанд.
Њангоми тадќиќи моддањо, Абўалї ибни Сино ба об ањамияти калон додааст. Ў обро њамчун офаранда, вайронкунанда ва њалкунандаи њамаи љисмњои дигар њисобидааст. Дар мавриди алоњида њалшавии ягон моддаро дар об аз як шакл ба шакли дигар мубаддалшавї мешуморад. Азбаски дар об металлњои гуногун ба андозае њал мешаванд, Абўалї ибни Сино ба обњои минералї диќќати махсус медињад. Масалан, ў навиштааст, ки агар дар обњои минералї миќдори муайяни тилло ва нуќра њал шуда бошанд, чунин обњо ба организм таъсири хуб мерасонанд. Инчунин ў оид ба оби муќаттар, яъне оби бо усули буѓронї тоза кардашуда, ки хосияти хуби њалкунандагї дорад, маълумоти пурра додаст.
Абўалї ибни Сино ба металлњо ањамияти љиддї медод. Ў мисли дигар кимиёшиносони замони худ ба симоб ањамияти аввлиндараља медињад. Инчунин ў низ мисли пешгузаштагон ва њамзамонони худ тиллоро асоси њамаи минералњо њисоб мекард.
Дар асрњои IX-XII дар Осиёи Миёна нисбат ба дигар минералњо симобро зиёд истифода мекарданд. Аз рўи баъзе маълумотњо дар ин давра истењсоли симоб ба садњо тонна расидааст. Намакњои баъзе металлњои вазнинро чун дорувор тавсия менамуданд. Њанўз дар давраи Абўалї ибни Сино усулњои тайёр кардани намаки ош ва сулема маълум буд. Хосияти зањрнокии сулемаро дониста, ин моддаро чун доруворї истифода мекарданд. Барои солим нигоњ доштани дил ва тоза кардани хун истифода шудани тилло ва нуќра яке аз воситањои самарабахш дониста мешуд.
Аз њамаи ин нишондодњо ва њодисањои замона Абўалї ибни Сино бохабар буд ва ба онњо бо чашми хирад нигоњ мекард. Лекин ў дар тадќиќоти илмии худ аз њамзамононаш хеле пеш меистод. Масалан, ў ба аќидаи алхимиявии табдилёбии металлњои ѓайриасил ба металлњои асил зид буда, мубаддалшавии баъзе намуди металлњоро ба металлњои дигар имконпазир шуморидааст. Шояд олим дар ин љо хосияти дар амалгама њосил намудани металлро дар назар дошта бошад. Алхимикњо, менависад Абўалї ибни Сино, хўлањое њосил мекунанд, ки танњо намуди зоњирии онњо ба металлњои асил монанданд, лекин онњо тилло ё нуќраи холис нестанд. Дар ин хусус ў навиштааст: «Имконияти бадалшавии як метал ба метали дигар то њол ба ман ноайён аст, ман инро имконнопазир мешуморам, чунки барои ин як роњи муайяне нест».
Абўалї ибни Сино ба таъсири байни њамдигарии љисмњо диќќат додааст. Дар натиљаи таъсири байни њамдигарии љисмњо пайвастагињое њосил мешаванд, ки миќдори яке аз онњо нисбат ба дигараш зиёд аст. Љисмњои оддї њељ гоњ љисми дигареро аз худ хориљ карда наметавонад. Ба њамин тариќ, дар осори Абўалї ибни Сино мављудияти химияи ѓайриорганикиро мушоњида кардан мумкин аст. Њамин гуна фикрро як ќатор тадќиќотчиёни таърихи химия низ эътироф менамоянд.
Асарњои илмии Абўалї ибни Сино оид ба истифодаи растанињо чун доруворї ва тарзи тайёр кардани доруворињои гуногун низ ањамияти оламшумули таърихї ва илмї дорад. Аз растанињои табобатии номбаркардаи ў дар тиби имрўза васеъ истифода карда мешавад. Аз баъзеи ин растанињо дар саноати тиббї ба миќдори зиёд доруворї истењсол мекунанд.
Абўалї ибни Сино энсиклопедисти њаќиќї мебошад. Фаъолияти эљодї ва илмии Абўалї ибни Сино аз њама бештар соњаи тиббро фаро гирифтааст ва бесабаб нест, ки ў дар Ѓарб номи лотинишудаи «Авитсена»-ро сазовор гаштааст ва бо ин ном машњуру маъруф аст.
© ООО «Знанио»
С вами с 2009 года.