"Закария Рози (Разес) и химия" на таджикском языке
Оценка 4.6

"Закария Рози (Разес) и химия" на таджикском языке

Оценка 4.6
Лекции
doc
химия
8 кл—11 кл
05.11.2020
"Закария Рози (Разес) и химия" на таджикском языке
Закариёи Рози ва илми химия.doc

МУЊАММАД ИБНИ Закариёи Розї

ва илми химия

 

         Закариёи Розї олимест, ки дар маркази њамонваќтаи Аљам ба тањќиќ пардохт ва дар он рўзгор, ки васоили тањќиќ ва мутолиа бар одамон ба осонї дастрас намешуд, дар фарогирии илм чунон саъй кард, ки чун яке аз саромадони давру замони худ шинохта шуд ва асарњои фаровоне ба ёдгор гузошт. Тибќи нишондоди баъзе сарчашмањо асарњои доир ба химия таълифкардаи Розї ба 26 адад мерасад. Аз онњо «Китоб-ун-шавоњид» (китоби иќтибос), «Китоб-ул-асрор» (китоби сирњо) ва «Китоб-сирр-ил-асрор» (китобу сирру асрорњо) то замони мо омада расидаанд, ки аз байни онњо дутои охирин ањамияти бузурги илмию таърихї доранд. Розї дар ин ду асар: «Китоб-ул-асрор» ва «Китоб-сирр-ил-асрор» нуќтањои асосии химияро дар замони худ баён сохтааст. «Китоб-сирр-ил-асрор» охирин асари ўст ва мусаллам аст, ки дар давраи пириаш таълиф шудааст. Тибќи фармудаи худи Розї ин китоб идома ё иловаи китоби аввалааш ба њисоб меравад.

Дар ќисми дуюми «Китоб-сирр-ил-асрор» Розї њамаи асбобњоро ба ду гурўњ таќсим менамояд:

1) Асбобњо барои гудохтани металлњо;

2) Асбобњо барои коркарди моддањои ѓайриметаллї ё худ барои дигар амалиётњои химиявї.

Ба ин гурўњњо кўраи оњангарї, дами оњангарї, болѓањо, буттањо, анбур, бутбарбут, яъне бутта болои бутта, ќайчї, кўза, њар гуна косањо, зарфњои шишагин, ќифи шишагин, дег, тоба, уѓурча, уѓурдаст, элак, сўян, печ, филтр, оташдони доирашакл, њаммоми обї ва регї, лампаи нефтї ва бисёр дигар асбобњо дохил мешаванд. Розї инчунин дар бораи чї тавр ва дар кадом маврид истифода бурдани ин асбобњо маълумот медињад.

Дар соли 1948 олими англис Ч.Зингер ба асбобњои аз тарафи Розї баён карда шуда бањои сазовор дода, инчунин навишта буд: «Лабораторияи англисии баъд аз њазор сол бавуљудомада аз лабораторияи Розї он ќадар њам фарќ намекард».

Ў дар ин асар кашфиёт ва муваффаќиятњои муњими замонашро дар соњаи химия баён менамояд. Дар ин асар ў баъзе хулосањои назариявие мебарорад, ки ин аз аќидањои алхимиявии замонааш тамоман фарќ мекунад.

Дар «Китоб-сирр-ил-асрор» Розї дар бораи усулњои гудохтан ва њал кардани  баъзе металлњо хеле хуб маълумот додааст. Аз рўи гуфтаи Розї, ки асар баъзе амалиётњои алхимиявиро дар бар мегирад, тибќи фармудан ё амр кардан касро зуд ба маќсад мерасонад. Ин китоб аз якчанд боб иборат буда, асосан роњњои гудохтан ва ранг додани металлњо, аз як њолат ба њолати дигар  гузаронидани пайвастагињо, протсессњои суфтакунии металлњо, њалшавї, сублиматсия, калсинатсия ва ѓайрањоро дар бар мегирад. Дар ин китоб якчанд усули гудохтани металлњоро нишон додааст. Сањми Розї дар лаборатория барои тоза ва њосил кардани металлњо (тилло, нуќра, мис, оњан, ќалъагї) бузург аст.

Розї дар «Китоб-сирр-ил-асрор» инчунин оид ба протсессњои табаддулоти металлњо маълумот додааст. Худи ў низ ба ин протсесс боварии калон дошт. Барои ин, аз рўи аќидаи Розї ба металлњо бо тарзњои махсус моддањои таркибан тайёрро илова кардан лозим аст. Ў тазаккур медињад, ки донишњои назариявї дар асоси таљрибањои амалї пайдо мешаванд. Розї металлњоро бо роњњои гуногун санљида мекўшад металлњои наве њосил намояд, ки ба тилло ва нуќра монанд бошанд. Ин протсесс  ба Розї муяссар гаштааст, зеро ў дар бораи имконияти њосил кардани чунин хўлае, ки њаќиќатан аз рўи намуд (ранг) ба тилло наздик бошад, сухан меронад, зеро дар он ваќт тилло мафњуми имрўзаашро доро набуд. Дар он замон мављуд будани фаќат ягона элементи химиявї – метали тиллоро намедонистанд ва аксар ваќт њамаи металлњои ранга, вазнин ва ба гармї тобовару нисбатан ба таъсири њавои атмосфера устуворро тилло мешумориданд. Усулњои санљиши тилло, ки дар њамон замон маъмул буданд, далели ин фикр мебошанд.

Худи Розї нисбат ба дигар алхимияшиносони замонаш бењтар мефањмид, ки хўлањои тайёркардаи вай њоло тиллои баландсифат нестанд. Дар баробари ин ў чунин мешуморад, ки њоло усули пурра ба тиллои холис (њаќиќї) табдил додани металлњои оддї пайдо нашудаст. Њамин тавр, барои исботи ин, ки хўлаи њосилшуда тиллои холис нест, Розї реаксияњоеро баён мекунад, ки бо ёрии онњо њамаи ќисмњои таркибии ин хула аз нав дар њолати аввала њосил мегарданд.

Гуфтан зарур аст, ки Розї ба проблемаи асосии алхимия мубаддалшавї ё худ мубаддалкунии металлњои ѓайриасил  ва металлњои асил (мисли тилло ва нуќра)-ро ба таври ратсионалї њал кардааст. Розї дар асарњояш тамоман беасос будани аќидаи алхимияшиносонро, ки гўё ба ў табдили металлњои муќаррарї ба тиллои њаќиќї муяссар шуда бошад, рад кардааст.    

Закариёи Розї дар  «Китоб-сирр-ил-асрор» дар бораи амалиёти реаксияи баргарданда, ки дар натиљаи он моддањои ба реаксия дохилшуда аз нав ба њолати аввала бармегарданд, нахустин бор дар таърихи химия изњори аќида кардааст. Ин фикри Розї ба анъанањои алхимия мухолиф буда, аз нуќтаи назари илмї дуруст аст. Њамин тариќ, Розї ба фањмиши њодисањои њаќиќии химиявї тамоман наздик мешавад.

Розї доир ба суръати реаксияњои химиявї маълумот дода, аввалин бор дар бораи гуногунии металлњо боварии калон дошт, аммо вай њаракат мекард, ки ба ин протсесс бо роњи таљриба муваффаќ гардад.

         Закариёи Розї фано шудани љисмњои оламро на фано шудани материя, балки баргаштан ба сўи љузвњои таќсимнопазири он медонад. Ин љузвњо аз назари ў азалї, абадї ва фанонопазиранд. Ин далели он аст, ки Розї ба баќои модда бовар доштааст.

         Њамин тавр, олим оид ба баќои моддањо дар табиат изњори аќида намуда, зимни он масъалаи андозаро ба миён гузошта, таъкид кардааст, ки њар як љисму њодиса андозаи њастии худро дорад ва чун аз он бигзарад, моњияташ таѓйир меёбад.

         Дар назарияи маърифат Розї аќидаи донисташавандагии оламро эътироф менамояд. Ў изњор мекунад, ки инсон ба донистани њама чиз ва њодисањо ќодир аст ва дар олам чизе нест, ки аќли инсон ба он роњ наёбад. Назарияи маърифати Розї аз љињати моњияти худ ба назарияи инъикос хеле ќаробат дорад, чунки ў донишро натиљаи таъсири ашё ва њодисањо ба эњсосњои инсон медонад. Олам ва аќсому њаводиси рангини он аз њамин љузвњо таркиб ёфтааст ва дар охир боз ба онњо бархоњанд гашт.

Розї дар асари худ «Китоб-ул-асрор» омўзиши илми химияро ба ќисмњои асосї ва ё зина људо менамояд:

«Маърифат-ул-ањокир» (донистани моддањо) ва «Маърифат-ул-тадобир» (донистани амалиётњо). Дар таърихи химия нахустин бор Розї њамаи моддањоро ба се синф: минералї, растанї ва њайвонї таќсим карда, оид ба намояндањои њар яке аз ин гурўњњо маълумот додааст. Масалан, вобаста ба моддањои минералї дар бораи металлњо  (тилло, нуќра, мис, оњан, ќалъагї, ќурѓошим, симоб); ѓайриметаллњо (сулфур, оксидњо (оксиди мис, оксиди ќурѓошим, оксиди оњан), намакњо (сулфати мис, сулфати оњан, сулфати алюминий, сода, мармар, танакор), инчунин дар бораи хўлањо маълумот додааст. Розї њосилаи моддањоро низ ба гурўњњои алоњида људо мекунад. Ў аввал онњоро ба ду гурўњ: «љисмњо» ва «ѓайриљисмњо», яъне металлњо ва ѓайриметаллњо људо намуда, сипас мисолњо меорад. Масалан, мувофиќи аќидаи Розї ба металлњо латун (биринљї), инчунин хўлањои њафт металли дар њамон замон маълум (тилло, нуќра, мис, оњан, ќалъагї, ќурѓошим, симоб) дохил шуда, ба ѓайриметаллњо  оксидњои мис, оњан, ќурѓошим, тило ва нуќра мансуб мебошанд.

Розї «Китоб-ул-асрор»-ро асари асосии худ мењисобад. Ин китоб  њам аз лињози сохт ва њам аз лињози мўњтаво љолиб буда, дар инкишофи химияи асри миёнагии Шарќу Ѓарб хидмати шоистае кардааст ва дар омўзиши химия ва таърихи пайдоишу тањаввули он наќши бузурге дорад. Китоби мазкур дар шакли дастхат бо забони арабї дар ибтидои асри XIX маълум буд ва тарљумаи он бо забони немисї ба ќалами донишманди немис Юлиус Руско тааллуќ дорад, ки он соли 1937 ба табъ расидааст. Дар айни њол нусхањои он дар китобхонањои Лейпсиг, Германия, Њиндустон, Донишгоњи Гутенген, Аскарион (Испания) ва Тошкент мањфуз мебошанд.

Розї дар соњаи химия нисбат ба пешгузаштагон ва олимони замони худ ќадаме пеш гузоштааст, яъне аз доираи алхимия ба химияи њаќиќї гузашта ба дарки моњияти баъзе њодисањо ва ќонуниятњои химия ноил гаштааст.

Розї доир ба моддањои растанигии гиёњї, ушнаю њайвони мўйдор, хун, зањра, маѓзи сар, пешоб, тухм, садаф, шох ва роњњои тозаю истифода бурдани онњо низ маълумот дода, таъкид менамояд, ки олимон бояд ба ин моддањо њам диќќати љиддї дињанд, зеро онњо аз ањамият холї нестанд.  

         Закариёи Розї оксиди мис, оксиди ќурѓошим ва оксиди оњанро мешинохт ва хосиятњои онњоро медонист ва аз он истифода мебурд. Ин пешнињодњо барои ташаккули мафњумњо оид ба кислотањо, намакњо ва асосњо имкониятњои хуберо ба вуљуд меоваранд.

Закариёи Розї доир ба ду навъи намакњо: сулфати мис, сулфати оњан, сулфати алюминий, сода, малахит, мармар, танакор ва ѓайра маълумот додааст. Дар омўзиши пайвастагињои химиявї, Розї кори пурќиматеро анљом додааст, ки то њоло ањамияташро гум накардааст.

Розї то андозае ба назарияи флогистон (гармизо), ки асосгузори ин назария химияшиноси немис И.И. Бихер  ва Г.Э. Штал мебошанд, замина гузошта буд. Аз таърихи химия маълум аст, ки ин назария дар замони худ  дар инкишофи химия наќши мусбат бозидааст.

Бояд гуфт, ки барои таърихи илми химия назарияи Розї ањамияти махсус дорад ва ў яке аз намояндагони бузурги илми љањонї ба њисоб меравад. Њоло дар ягон асари маълуми Розї оид ба он, ки олим назарияи сулфуру симобии пайдоиши металлњоро эътироф кардааст, ё аз он истифода бурдааст, ишора ва ё маълумоте вуљуд надорад. Аммо ў ба имконияти мубаддалшавии металлњо бовар дошт. Масалан, Розї чунин мењисобид, ки агар металлњо дар таносубњои гуногун пайваст шаванд, он гоњ металлњои нави рангаш ба тилло ё нуќра монандро њосил кардан мумкин аст, лекин олим таъкид менамояд, ки он металлњои нав набуда, балки хўлаи металлњо мебошад. Як ќатор хўлањои аз рўи намудашон бештар ба тилло ва нуќра монандро, ки Розї њосил карда буд, ба љои тиллоњои тайёркардаи устодони Баѓдод мепиндоштанд.

Хулоса, Розї на танњо алхимик, балки олими химия ба шумор меравад. Ин аст, ки аз таљрибаи андўхтаи Розї ва усулњои кори ў дар соњаи химия олимони Ѓарб дар асри XVIII истифода бурдаанд. Масалан, химиядони голландї Герман Бугаве асари худ «Элементи химиявї»-ро дар рўњи асари Розї «Китоб-ул-асрор» мураттаб сохтааст, яъне дар он аввал  моддањо, баъд асбобњо ва дар охир протсессњои химиявї бо шарњашон љой дода шудаанд.

 

                                                        Зумратов А.Х. ва Эшова Г.Т.

                                                                 омўзгорони шањри Душанбе


МУЊАММАД ИБНИ Закариёи Розї ва илми химия

МУЊАММАД ИБНИ Закариёи Розї ва илми химия

Розї дар «Китоб-сирр-ил-асрор» инчунин оид ба протсессњои табаддулоти металлњо маълумот додааст

Розї дар «Китоб-сирр-ил-асрор» инчунин оид ба протсессњои табаддулоти металлњо маълумот додааст

Дар назарияи маърифат Розї аќидаи донисташавандагии оламро эътироф менамояд

Дар назарияи маърифат Розї аќидаи донисташавандагии оламро эътироф менамояд

Закариёи Розї доир ба ду навъи намакњо: сулфати мис, сулфати оњан, сулфати алюминий, сода, малахит, мармар, танакор ва ѓайра маълумот додааст

Закариёи Розї доир ба ду навъи намакњо: сулфати мис, сулфати оњан, сулфати алюминий, сода, малахит, мармар, танакор ва ѓайра маълумот додааст
Материалы на данной страницы взяты из открытых истончиков либо размещены пользователем в соответствии с договором-офертой сайта. Вы можете сообщить о нарушении.
05.11.2020